Таъсири манфии шабакаҳои иҷтимоӣ ба тафаккури ҷавонон
Эҳтиром гузоштан ба неъматҳои бебаҳо, аз ҷумла истиқлолияту давлатдории миллӣ вазифаи ҳар як шахси баору номуси тоҷик мебошад. Махсусан ин рабт дорад ба ҷавонон, ки эшон давомдиҳандаи амалҳои неки волидону устодон ба шумор мераванд. Таҳлилҳо нишон доданд, ки яке аз сабабҳои рушди ин ё он кишвар аз босаводу бомаърифатии қишри ҷавони ҷомеа сахт вобастагӣ дорад. Бинобар ин, ин насл бояд бо рафтору кирдору ахлоқи неки худ ҳифзкунандаи арзишҳои миллӣ ва суботи миллати худ бошад. Ҷавонон бо неруи созандае, ки доранд бояд самаранок истифода баранд. Таърих исбот сохтааст, ки миллати тоҷик аз қадимулайём то ба имрӯз дорои хислатҳои худшиносиву ватандӯстӣ, урфу одат ва маданияти воло буду имрӯз низ ин рисолатро аз даст надодааст. Исботи ин гуфтаҳо он фарзандони баору номус ва олимоне, ки бо беҳтарин амалҳояшон то имрӯз номашон дар таърих бо ҳарфи заррин сабт гардидааст, мебошанд. Аз ҷумла, метавонем дар ин радиф номи Асосгузори адабиёти муосири тоҷик устод Айниро ёдовар шавем, ки барои ҳимояи вожаи «тоҷик» ё миллати тоҷик чи қадар заҳмату ҷоннисориҳо кардааст.
Имрӯз дар рӯзгори мо яке аз сарчашмаҳои муҳими дастрасӣ ба иттилоъ интернет маҳсуб мешавад. Имрӯз дар баробари истифодаи интернету шабакаҳои иҷтимоӣ ҳамчун дастовард як нуктаро бояд ба инобат гирифт, ки ин дастовард дар баъзе ҳолатҳо мушкилот низ ба миён меорад. Албатта, ҳамаи мо аз фоидаи интернет бохабарем, вале вақти он расидааст, ки мо бояд ҷиҳати таъсири манфии он нисбат ба ҷавонону наврасон ҳарф занем.
Агар интернетро бо фарҳанги дуруст истифода баранд, аз ҳама ҷиҳат вақтро сарфа кардан мумкин аст. Масалан дар интернет маводҳои гуногун мавҷуд аст, ки на ҳама вақт воқеӣ будан ё на будани онро дарк менамоянд.
Дар замони муосир шабакаҳои иҷтимоӣ бештар ба ҷавонону наврасон таъсир гузошта истодаанд. Аксарияти ҷавонону наврасон тавассути телефонҳои мобилии худ ё дигар техналогияи муосир метавонанд ба саҳифаҳои «фейсбук», «инстаграм», «телеграм» ва даҳҳо намуди дигар шабакаҳои иҷтимоӣ даромада, бо дӯстони маҷозии худ суҳбат намоянд, филм тамошо намоянд, ашёҳои лозима харидорӣ намоянд ва ё дигар корҳоро анҷом диҳанд.
Таъсири бади шабакаҳои иҷтимоӣ борҳо аз тарафи олимони гуногун исбот шудааст, вале ҳоло ҳам истифодаи он бо суръати баланд идома дорад. Пеш аз ҳама он ба психологияи ҷавонон таъсири манфӣ мерасонад. Табодули фикру ақида бо шахсони ношинос ба руҳи ҷавонону наврасон таъсир гузошта, хотираи онҳоро заиф месозад ва ба бепарвоию депрессия оварда мерасонад. Зеро фазои маҷозӣ як фазои идоранашаванда маҳсуб гардида, дар он ҳар лаҳза иттилои гуногун ҷойгир карда мешавад, ки мутолибаи на ҳамаи он ба манфиати хонанда, бахусус, насли наврас ва ҷавонон мебошад.
Боиси таассуф аст, ки баъзан ба ҷойи истифода аз имкониятҳои муассири он шабакаҳои иҷтимоӣ бо мақсаду ҳадафҳои ғаразнок мавриди истифода қарор мегиранд. Шабакаҳои иҷтимоӣ дар маркази диққати гурӯҳҳои мухталифи ифротгаро (экстремистию террористӣ) қарор доранд. Хатари шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҷониби ин гурӯҳҳо асосан дар инкори арзишҳои умумибашарӣ ва таблиғи амалҳои ношоиста, аз ҷумла нашъамандӣ, майзадагӣ, қонуншиканӣ, коррупсия, таблиғи зӯроварӣ, бадахлоқӣ ва намудҳои дигари ҷиноят зоҳир мегардад. Яке аз сабабҳои ҷалби ҷавонон ба ҷараёнҳои тундрав низ маҳз интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ маҳсуб мешавад. Дуруст аст, ки ҷавонон ба сифати нерӯи созанда бо истифодаи пурсамар аз технологияи муосир, хусусан интернет ва бо андешаи солими худ метавонанд дар рушди ҷомеа саҳмгузор бошанд ва идеяву созандагии ҷавонон метавонад барои бунёди давлату ҷомеаи солим мусоидат намояд. Аммо агар як ҷавоне дар натиҷаи истифодаи нодурусту танзимнашудаи интернет фирефтаи ким кадом як гурӯҳи манфиатҷӯ гардад, ин омил метавонад дар оянда ба ваҳдату оромии кишвар хатар эҷод намояд.
Бояд қайд кард, ки ҳар як ҷавон фарҳанги истифодаи шабакаҳои иҷтимоиро донад ва тафаккури худро баланд намояд.
Бесабаб нест, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар як баромаду вохӯриашон бо аҳли зиё, намояндагони мақомотҳои давлатию ҷамъиятӣ пайваста ба таълиму тарбияи насли наврас ва ҷавонон таваҷҷӯҳи хоса зоҳир карда, дар ҳалли ин масоил ояндаи дурахшон ва пешрафти Тоҷикистони навинро таъкид менамоянд. «Тарбияи кӯдак- зикр намуданд Пешвои миллат – аз оила оғоз гардида, дар натиҷаи ҳамкории мактаб ва оила густариш меёбад»
Пеш аз ҳама падару модаронро зарур аст, ки танзиму назорати истифодаи интернет аз ҷониби фарзандонро ба ҳайси як бахши ниҳоят муҳими барноми тарбиявии худ бипазиранд, то фарзанди онҳо дар оянда “Боғи падар” бошад, на баръакс. Онҳо ояндасозони ҳар ҷомеа маҳсуб мешаванд ва хубу бади ҷомеа ба чигунагии тарбияи онҳо вобаста аст. Мутаносибан, дар оила, бояд ҷиҳатҳои хубу бади истифодаи шабакаҳои иҷтимоиро фаҳмонд. Маҳз аз беназоратии волидон аксар вақт ҳодисаҳои нохуш сари фарзанд меояд, ки ин аз назорат дур мондан ва ба мағзшӯӣ гирифтор шудани фарзанд дар сомонаҳои иҷтимоӣ мебошад.
Саъдии бузургвор дар мавриди тарбияи фарзанд мегӯяд:
Чу хоҳӣ, ки номат бимонад ба ҷой,
Писарро хирадмандӣ омӯзу рой.
Ки гар ақлу раъяш набошад басе,
Бимириву зи ту намонад касе.
Аз ин ҷо равшан мегардад, ки масъулияти падарону модарон хеле сангин аст, чунки сарнавишти ҷомеа ба дасти онҳост, зеро хонавода мисли як мадрасае аст, ки афроди ҷомеа дар он тарбият мешаванд ва падару модар дар он мадраса нақши муаллимро доранд. Пас солимии ҷомеа ба чигунагии фаъолияти ин маркази тарбиявӣ аз муаллимони он вобаста аст. Яъне агар хонавода муҳити солим дошта бошад ва падару модар худ аз маърифати комил бархурдор бошанд, метавонанд афроди солим ва муфидеро равонаи ҷомеа созанд, вагарна ҷавонони тарбиянаёфта ба ҷомеа ворид хоҳанд шуд. Дар урфият низ мегӯянд: Устод чӣ гуна - шогирд намуна. Бешак ҳар падару модар фарзанди худро дӯст медорад ва мехоҳад, ки фарзандаш ахлоқи хуб дошта бошад, аз падару модар итоат кунад ва ҳамчун шахсияти муфиде барои ҷомеа ба бор ояд. Аммо расидан ба ин мақсад танҳо бо хостан намешавад, балки барои амалӣ шудани ин хостаҳо ва орзуҳо бояд падару модар вазифаи худро дар баробари фарзандон ва ҷомеа бишносанд ва мувофиқи он амал кунанд.
Дар мактаб низ аз тарафи омӯзгорон таҳлили дурусти истифодаи интернет бояд фаҳмонида шавад. Ба роҳ мондани муносибати оқилона нисбат ба вақт низ аз ҳамин қабил ба ҳисоб меравад.
Ҷавонон мебояд технологияҳои иттилоотиро барои илмоомӯзӣ, таҳқиқот барои навоварӣ истифода намоянд, зеро танҳо бо назардошти ин талабот кадрҳо ба бозори меҳнат мутобиқ мешаванд.
Ҳамин тавр, ҷавонон бояд дарк намоянду ҷанбаҳои мусбат ва манфии истифодаи шабакаҳои иҷтимоиро омӯзанд ва маҳдудиятро барои истифода аниқ намоянд. Бархе аз мутахассисон масъалаи маҳдудият гузоштанро дар истифодаи интернет роҳи ҳал мешуморанд, лекин пеш аз гузоштани маҳдудият бояд фарҳанги истифодабарӣ дуруст ба роҳ монда шавад. Фарҳанги дурусти истифодаи интернет пеш аз ҳама аз доштани донишҳои соҳавӣ сарчашма мегирад. Ҷавонон қишри осебпазири ҷомеа мебошанд. Мутаносибан, ҷавонони мо бояд дарки баланди сиёсӣ дошта бошанду зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва бо донишҳои мукаммал мусаллаҳ бошанд.
Ҳамин тариқ, метавон хулоса кард, ки интернет ҳам ҷанбаи мусбӣ ва ҳам манфиро доро аст. Чӣ гуна аз манфиатҳои доштаи интернет истифода кардан аз истифодабаранда вобастагӣ дорад. Ҳар шахс бояд хулоса карда тавонад, ки чи тавр интернетро самаранок истифода бурдан мумкин аст.
Юсупова Манзураҷон – дотсент, мудири кафедраи
методикаи таълими забонҳои хориҷии факултети забонҳои хориҷӣ