Таъсири манфии шабакаҳои иҷтимоӣ ба психологияи ҷавонон
Ҷаҳонишавӣ – раванди таъсиррасони омилҳои байналмилалӣ, аз қабили робитаҳои иқтисодӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ, иттилоотӣ ба ҳаёти иҷтимоии ҳар як кишвари алоҳида маҳсуб мебошад. Тоҷикистон чун узви комилҳуқуқи ҷомеаи башарӣ ба раванди ҷаҳонишавӣ ворид гашта, дар шароити мураккаб ва пуртасоди ҷаҳонӣ саъй ва кӯшиш баҳри дифои манфиатҳои миллӣ ва ҳифзи истиқлолияти хеш равона намудааст. Дар ин самт мавқеъ ва кӯшишҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боиси таҳсин ба дастгирӣ мебошад, ки манофеи миллии Тоҷикистонро дар арсаи байналмиллалӣ ҳимоя намуда, имиҷи сиёсии Тоҷикистонро боз ҳам боло мебардорад.
Дар замони муосир, замони тараққиёти илму техника технологияҳои инноватсионӣ, инкишофи босуръати ҷомеа нақши иттилоот рӯз аз рӯз меафзояд. «Иттилоот, нишондиҳандаи муҳим ва асосии прогресси ҷамъият ба шумор меравад. Иттилоот ҳамавақт ба фоидаи ҷамъият хизмат карда, дар намуди техникаю технология ҳамчун барандаи шакли махсуси фарҳанг баромад намуда, дониш, таҷриба ва муоширати одамонро дар низоми муносибатҳои иҷтимоӣ бой мегардонад»
Шабакаи умумиҷаҳонии Интернет шабонарӯз дар фаъолият мебошад. Меъёрҳои ахлоқии он аз ҷониби истифодабарони шабакаи умумиҷаҳонии Интернет мунтазам вайрон карда мешаванд, ки боиси вайроншавии маънавиёт, бехобӣ, хасташавӣ, заифии ҷинсӣ, хотирпарешонӣ, бадҷаҳлӣ, маъюсӣ, тарсу воҳима ба дигар ҳолатҳои манфии психологӣ мегарданд. Яке аз ҷиҳатҳои манфии ғайриахлоқии истифодабарии Интернет ин шабонгоҳ баъди соати 00:00 дақиқа мебошад, ки ширкатҳо пардохти маблағҳои онро ройгон менамоянд, дар натиҷа аксари истифодабарандагони шабакаи ҷаҳонии Интернет аз хоб монда, сари Интернет то саҳар менишинанд, ки ба дараҷаи касбият, самаранокии меҳнат, саломатӣ зиёни зиёд меорад. Ҳоло дар олами иттилоот мафҳуми «терроризми иттилоотӣ» пайдо гаштааст, ки бо паҳннамоии иттилооти иртиҷоӣ ба мафкураи наврасону ҷавонон таъсири манфӣ гузронида, онҳоро аз арзишҳои ахлоқӣ дур меоранд.
Бояд гуфт, ки айни замон дар шабакаи интернет чунин шабакаҳои иҷтимоӣ, ба монанди “Instagram”, “Facebook”, “Twitter”, “Telegram”, “WhatsApp”, “Wechat”, “TikТok”, “Snapchat”, “Pinterest”, “Signal”, “Youtube”, “Rutube”, “IMO”, “В контакте”, “Одноклассники”, “Viber”, “Мой мир”, “Мир тесен”, “Yandex: мой круг”, “MYSPACE”, “BeOn” ва ғайра мавҷуд аст.
Ширкатҳои “Coogly”, ”Twiter”, ”Facebooke”, “Mail.ru”озодии Интернетро фароҳам сохта кӯшиш менамоянд, ки аудиторияи худро дар давлатҳои пасошуравӣ боз ҳам васеъ намоянд. Дар ҳақикат почтаи электронӣ Е-Mail.ru мизоҷони зиёд дошта, пайваста дар он, онҳо саҳифаи (почта) худро ташкил намуда, бо дӯстону ҳамсабақоне, ки дар дохил ва хориҷи кишвар кору фаъолият ва зиндагӣ доранд, мукотибаи электрониро анҷом медиҳанд, ки он бисёр манфиатнок аст. Инчунин шабакаи иҷтимоии «Одноклассники» бояд доираи васеъи ахлоқӣ дошта бошад, мебоист самаранок истифода бурда шавад, то ҳар бинанда ҳангоми ворид шудан аз баъзе мавзӯҳои муҳокимашаванда баҳрае бардошта, фарҳанг ва маънавиёти ахлоқии худро қавӣ гардонад. Вале ин бештар вақт ба манфиати кор истифода бурда намешавад, зеро бо дидани баъзе манзараҳои муҳокимашаванда дар ин саҳифаҳо рӯҳияи шахс хаста гашта, шууру ахлоқ коста мегардад. Аз ҷониби СААД зиёда аз 57-ҳазор сайтҳои экстримистӣ қатъ карда шуданд.
Бо баромади телефонҳои мобилии ”Smatfon”, “Apply” ва дигар телефонҳои ҳасос мавқеи Интернет дар онҳо хеле мустаҳкам гашт, ки аксари истифодабарии онро маҳз ҷавонон ташкил медиҳанд. Ҳоло телевизионҳои муосире, ки истеҳсол мешаванд, рақамӣ буда, ба воситаи системаи Windows бо Интернет ба воситаи симкортҳо (карта) фаъол гардонида мешаванд, ки пайвастшавиро бо Шабакаи умумиҷаҳонии Интернет таъмин менамоянд, ки бо ин роҳ доираи истифодабарони онҳо васеъ гашта, ба вазъи ахлоқӣ ва психологии шаҳрвандон ба таври фаврӣ таъсир мерасонад.
Шабакаи умумиҷаҳонии Интернет, ки замоне ташаббускор ва муассиси он Вазорати мудофиаи ИМА ба шумор меравад, ба тамоми ҷабҳаҳои ҳаёти иҷтимоӣ-сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, тиҷоратӣ, ҳарбӣ ва коммуникатсионӣ ворид гаштааст, ки хоҳ нохоҳ ба системаи глобалӣ табдил ёфта, фазои интеллектуалии ҷаҳонро идора ва танзим менамояд. Ресурсҳои интернетӣ лаҳза ба лаҳза тағийр меёбанд, ба гурӯҳҳои ифротгароён, террористон, ҳизбҳои ғайрилегалӣ, созмонҳои ғайрирасмӣ, фардҳои алоҳидаи манфиатдор, сиёсатмадорон ва ғайра роҳи васеъ мекушоянд. Маҳз ба воситаи Интернет дар як қатор кишварҳои Араб, Миср, Тунис, Алҷазоир, Яман, Ливия, Сурия «Таркишҳои иҷтимоӣ» бо номи «Баҳори арабӣ» ба вуҷуд оварда шуд, ки боиси нооромиҳои сиёсии ин кишварҳо гашт, ки то ҳол дар вазъи мураккаби иқтисодӣ-иҷтимоӣ ва сиёсӣ қарор доранд, ҳамоно ҳуҷумҳо ба ин кишварҳо тавассути Интернет идома дорад, ки боиси нооромиҳои иҷтимоӣ гаштааст. Аз сабаби паст будани маърифати ноболиғону ҷавонон аксаран ба ин ҳуҷумҳои интернетӣ дода шуда, мафкураи онҳо заҳролуд карда мешавад, ки агар он сари вақт пешгирӣ карда нашавад, оқибатҳои ногувор ба бор меорад.
Аҳамияти он дар муайяннамоии таъсироти шабакаҳои иҷтимоӣ ба ҳаёти сиёсию идеологии ҷавонони кишвар мебошад. Ҳар рӯз дар миқёси ҷумҳурӣ ҳазорон ҷавон ба воситаи «Одноклассники», «Facebook», IMO, Viber ва амсоли инҳо дар гуфтугӯ, муайяннамоии вақти мулоқот, дарёфти ҳар гуна хабарҳо мебошанд. Дар ҷаҳони муосир ҷавонон барои қонеъ кардани талаботи худ дар муносибат бо ҷомеа зарурати истифодабарии шабакаҳои иҷтимоиро дуруст меҳисобанд.
Истифодабарандагони ин шабакаҳои иҷтимоӣ дар кишварамон, ки аслан ҷавононанд, қариб тамоми фаъолияти ҳаррӯзаи худро (таҳсилот, омӯзиши ҳар гуна касбҳо, ба кӯча баромадан, маишат кардан, ба клубҳои варзишию фарҳангӣ ва меҳмонӣ рафтан ва амалҳои дигар) ба истифодабарии шабакаҳои иҷтимоӣ иваз кардаанд.
Имрӯз шабакаҳои иҷтимоӣ воситае гардидааст, ки гуруҳҳои манфиатҷӯ онро майдони иғвоангезии хеш қарор додаанд. Онро барои ҳимояи манфиатҳои худ мавриди истифода қарор медиҳанд. Инчунин, тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ҷавононро ба гуруҳҳои экстремистию террористӣ ҷалб менамоянд, ки ин низ як таҳдиди ҷиддӣ барои ҳар як давлат, махсусан Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Воқеияти ин гуфтаҳоро мо солҳои гузашта ҳангоми шомил шудани як қатор ҷавонони гумроҳи тоҷик ба гуруҳҳои экстремистию террористии ба ном «Давлати исломӣ» мушоҳида намуда будем. Инчунин, дигар хатару таҳдидҳое низ ҳастанд, ки тавассути шабакаҳои интернетӣ ба ҷавонон таъсири манфии хешро мерасонанд. Аз ин рӯ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои охир муборизаро бар зидди шабакаҳои ичтимоӣ пурзӯртар намуда истодааст, ки хеле саривақтӣ ва бамавқеъ мебошад.
Хулоса, дар шароити имрӯзаи ҷаҳон ба шаклгирии мафкураи ҷавонону наврасон паҳнамоии иттилоот тавассути ВАО ва сомонаҳои интернетӣ, махсусан шабакаҳои иҷтимоӣ нақши калидиро мебозад. Шабакаҳои иҷтимоӣ дар қатори дигар воситаҳои паҳнкунандаи иттилоот тавонистанд дар муҳлати хело кӯтоҳ ҷойгоҳи махсуси худро ёбанд. Яъне шабакаҳои иҷтимоӣ метавонанд барои тарбия кардани насли солими ҷомеа ва ҳам ифротӣ намудани насли наврас ҳамчун сарчашмаи асосии таблиғкунандаю инъикоскунанда дар фазои иттилоотӣ баромад намоянд.
Раҳимбобоева Замира,
муаллими кафедраи забони
олмонӣ ва забони хориҷии дуюм