​Таҳрифоти маърифатӣ ва эмотсионалӣ дар шахсияти террорист: таъсири эътиқод ва эмотсия ба қабули қарорҳои экстремистӣ

Терроризм яке аз таҳдидҳои ҷиддитарин ба ҷомеаи муосир мебошад. Он ба эътиқоди радикалӣ асос ёфтааст ва бо амалҳои зӯроварона барои ноил шудан ба ҳадафҳои сиёсӣ, динӣ ё идеологӣ ҳамроҳӣ мекунад. Фаҳмидани механизмҳои психологии қабули қарорҳо аз ҷониби террористон метавонад ба таҳияи стратегияҳои муассири пешгирӣ мусоидат кунад. Яке аз хусусиятҳои асосии психологии террористон таҳрифҳои маърифатӣ хатогиҳои систематикӣ дар тафаккур мебошанд, ки дарки воқеиятро таҳриф мекунанд. Ин таҳрифҳо, ки бо ҳолати эмотсионалӣ тақвият дода шудаанд, дар қабули қарорҳои экстремистӣ нақши муҳим доранд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун яке аз давлати калидии Осиёи Марказӣ дар минтақаи осебпазирии зиёд ба таҳдидҳои экстремистӣ ва террористӣ қарор дорад. Омезиши омилҳои геополитикӣ, мушкилоти иҷтимоию иқтисодӣ ва инчунин заминаи таърихӣ мавзӯи мубориза бо терроризмро дар ин кишвар хеле муҳим мегардонад.

Бояд зикр кард, ки ҶумҳурииТоҷикистон бо Афғонистон ҳамсарҳад аст, ки хатари ворид шудани идеологияҳои экстремистӣ ва гурӯҳҳои мусаллаҳро ба қаламрави кишвар афзоиш медиҳад. Пас аз бозгашт ба ҳукумати ҳаракати "Толибон" дар Афғонистон(соли 2021), таҳдиди нооромшавии минтақа ба таври назаррас афзоиш ёфт. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мубориза бо воридшавии идеологияҳои радикалӣ дар сафи пеш қарор дорад ва барои ҳифзи сарҳад тадбирҳои фаъолро дастгирӣ мекунад.

Илова бар ин, шаҳрвандони тоҷикистон ба сафи созмонҳои террористии берун аз кишвар, аз ҷумла дар Сурия ва Ироқ фаъолона ҷалб карда шуданд. Бозгашти ҷангиёни собиқ ва радикалҳо ба амнияти дохилии кишвар таҳдиди ҷиддӣ дорад, зеро онҳо на танҳо метавонанд таблиғи ақидаҳои экстремистиро идома диҳанд, балки амалҳои террористиро низ ташкил кунанд.

Бояд гуфт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар радифи дигар кишварҳои ҷаҳон бо ин зуҳуроти номатлуб мубориза бурда, талош менамояд, то ки аз пайомади ногувори ин гуна амалҳо ҷилавгирӣ намояд. Вобаста ба ин ва баҳри тадбиқи сиёсати давлатӣ дар ин самт, аз ҷониби Ҳукумати мамлакат як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва зерқонунӣ қабул ва мавриди амал қарор дода шудаанд [9]. Аз ҷумла, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мубориза бар зидди терроризм" (соли 1999), Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи муқовимат ба экстремизм" (соли 2020), фармони Президенти Ҷумурии Тоҷикистон Дар бораи тадбирҳои пурзӯр кардани мубориза бо терроризм аз 21 апрели соли 1997, №707, Барномаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пурзӯр намудани мубориза бар зидди терроризм дар солҳои 2000-2003, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 июли соли 2000, №320 тасдиқ шудааст, Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 ноябри соли 2016, №776 тасдиқ гардидааст, Консепсияи ягонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ), ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2006, №1717 тасдиқ шудааст, Конвенсияи Шанхай дар бораи мубориза бо терроризм, ҷудоихоҳӣ ва ифротталабӣ, ки бо қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 январи соли 2002, №513 тасдиқ шудааст ва Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025, ки бо бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2021, №187 тасдиқ шудааст, қабул гардиданд, ки барои муборизаи оштинопазир бурдан бо чунин зуҳуроти номатлуб мусоидат намудаанд ва тадбирҳои иловагӣ роҳандозӣ гардида истодаанд.

Ҳадафи асосии мо дар мақолаи мазкур таҳқиқи таҳрифҳои маърифатӣ ва эмотсионалӣ дар шахсияти террористон, инчунин таъсири онҳо ба раванди қабули қарорҳои экстремистӣ мебошад.

Мутаасифона дар замони имрӯза тавсифи шахсияти террорист то дараҷаи репрезентативӣ ошкор ва муайян нагардидааст. Аз ин хотир оиди ин масъала мо метавонем танҳо ба маълумотҳои гуногун такя намуда, барои дарки шахсияти террорист як қатор хусусиятҳоро ба онҳо хос гузорем.

И.В. Линдер ва С.А. Титков чунин андешаи ҷалбкунандаеро исботшуда мешуморанд, ки қисми зиёди террористон – одамонанд, ки дар хурдӣ аз таваҷҷӯҳи навозишу меҳрубонии модар маҳрум мондаанд. Дар онҳо тез тез бемории қисми пушти пардаи гӯш, рушди нокомил, осебҳои психологии давраи кӯдакӣ ва баъзе бемориҳои модарзодӣ ба мушоҳида мерасанд. Қисми зиёди онҳо одамонеанд, ки бо нуқсонҳои баланди ифодаёфтаи шахсӣ вонамудшуда мебошанд. Инчунин онҳо таъкид мекунанд, ки террористон дар овони кӯдакӣ ва ҷавонӣ бо зуҳуротҳои гуногуни таҳқироту пастзанӣ вохӯрдаанд, аммо худсобиткунии хешро ба роҳ монда натавонистаанд. Баъдан ба сатҳи рушди дигар гузашта, онҳо дарк кардаанд, ки онҳо метавонанд на танҳо ба дилозорон, балкӣ аз ҷамъият низ интиқоми хешро ситонанд. Инҳо одамонеанд, ки натавонистанд идеяҳои хешро амалӣ гардонанд. Чунин ҳолат ноқаноатмандиро ба пеш меорад ва хоҳиши исботкунии “Ман” бо ҳар роҳу восита пайдо мегардад [7, с.62].

Таҳрифи маърифатӣ ғаразҳо ё хатогиҳои систематикӣ дар тафаккур мебошанд, ки дарки иттилоотро таҳриф мекунанд ва ба хулосаҳои нодуруст оварда мерасонанд. Масалан, таъсири тасдиқ-тамоюли ҷустуҷӯ ва қабули иттилооте, ки эътиқоди мавҷударо дастгирӣ мекунад — дар радикализатсия нақши калидӣ мебозад [1].

Эмотсия инчунин ба раванди қабули қарорҳо таъсири назаррас мерасонанд. Эмотсияи манфӣ, аз қабили хашм ва нафрат, ба афзоиши эътиқоди радикалӣ ва сафедкунии зӯроварӣ мусоидат мекунанд. Масалан, террористон метавонанд амалҳои худро ҳамчун амали адолат тавассути эҳсосоти интиқом ё ҳимояи арзишҳои худ қабул кунанд [3].

Террористон аксар вақт бо пойбандии шадиди идеологияи худ ва эҳсоси истисноии шахсӣ ва иҷтимоӣ тавсиф карда мешаванд. Барои онҳо дихотомияи тафаккур хос аст онҳо ҷаҳонро “ба худ” ва “бегонагон” тақсим мекунанд ва имкони ба бегонагон зӯроварӣ карданро дуруст меҳисобанд. Ин таҳрифи маърифатӣ дар зери таъсири ҳолатҳои эмотсионалӣ, ба монанди хашм ё тарс тақвият меёбад.

Ҳувияти иҷтимоӣ дар радикализатсия нақши муҳим мебозад: террористон метавонанд худро як қисми гурӯҳи "мазлум" ҳисоб кунанд, ки ба ташаккули ҳисси ҷудоӣ ва оштинопазирӣ бо тамоми ҷаҳон мусоидат мекунад [3].

Таҳрифи маърифатӣ ба қабули қарорҳои террористон таъсири мустақим мерасонад. Тафаккури сиёҳ ва сафед-тамоюли дидани ҷаҳон дар ифрот - ба шахсиятҳои радикалӣ имкон медиҳад, ки зӯровариро ҳамчун роҳи ягонаи ҳалли мушкилот бубинанд. Иллюзияи назорат низ нақши муҳим мебозад: террористон метавонанд иштибоҳан бовар кунанд, ки амалҳои онҳо метавонанд вазъи сиёсӣ ё иҷтимоиро ба таври назаррас тағйир диҳанд.

Ғайр аз ин, террористон аксар вақт амалҳои худро тавассути атрибутсияҳои таҳрифшуда оқилона мекунанд. Масалан, онҳо метавонанд ниятҳои душманонаро ба онҳое нисбат диҳанд, ки эътиқоди онҳоро шарик намекунанд ва таҷовузро ҳамчун мудофиаи маҷбурӣ қабул мекунанд.

Эмотсияҳо метавонад таҳрифоти маърифатиро афзоиш диҳад ва рафтори экстремистиро эҳтимоли бештар кунад. Хашм ва нафрат дарки воқеиятро таҳриф мекунанд ва ба эҷоди симои душманонаи ҷаҳоне мусоидат мекунанд, ки дар он зӯроварӣ асоснок мешавад. Масалан, террористон метавонанд ҷаҳонро ҳамчун як ҷои пур аз беадолатӣ, ки барои барқарор кардани тартибот дахолати зӯроварӣ талаб мекунад, қабул кунанд.

Ғайр аз он, тарс дар радикализатсия нақши муҳим мебозад. Тарс аз таҳдиди воқеӣ ё тахайюлӣ метавонад шахсиятро водор созад, ки дар идеологияи радикалӣ, ки ҳалли оддӣ пешниҳод мекунад ва амниятро тавассути зӯроварӣ ваъда медиҳад, муҳофизат кунад.

Таҳрифоти маърифатӣ ва эмотсионалӣ бо ҳам зич алоқаманданд. Эътиқоди террористон аксуламалҳои эмотсияи онҳоро ташаккул медиҳад ва эмотсияҳо дар навбати худ эътиқоди радикалиро тақвият медиҳанд. Масалан, ғазабе, ки аз беадолатии даркшуда ба вуҷуд омадааст, метавонад ба ақидаҳои идеологӣ оварда расонад, ки дар ниҳоят ба қарори зӯроварӣ оварда мерасонад. Эмотсияҳо катализатори амалҳои радикалӣ шуда, таҳрифотро дар тафаккур ва дарк тақвият медиҳанд.

Бештари террористон дар вақташ барои муборизаи баъзе ҳуқуқу озодиҳо аз тарафи давлат маҳкум шуданд, ба назари эътибор гирифта нашуданд, дар рӯихатҳои сиёҳ номҳояшон навишта шуда буд, муҷозотҳои муайяни ҳуқуқӣ низ ба онҳо таъсир гардида буд ва ҳамаи ин зуҳуротҳо дар дили онҳо ҷамъ мешуд ва терроризм барои онҳо ба яке аз воситаҳои интиқоми иҷтимоӣ мубаддал мегардад [5].

Бисёре аз террористони маъруф таҳрифҳои маъмулии маърифатӣ ва эҳсосиро нишон медиҳанд. Масалан, дар амалҳои террористони радикалии динӣ аксар вақт таъсири бардурӯғ ба назар мерасад. Яъне ба ақидаи онҳо эътиқод ва идеяи онҳоро бештар одамон дастгирӣ менамояд. Онҳо чунин фикр мекунанд, ки қаҳрамони ҳақиқӣҳастанд ва бештари мардумон аз пайи идеяи онҳо ҷонканиҳо мекунанд.Чунин ақидаҳо онҳоро ба зӯроварӣ тақвият медиҳад, зеро онҳо боварӣ доранд, ки онҳо аз номи гурӯҳи калонтар амал мекунанд.

Инак, фаҳмидани нақши таҳрифоти маърифатӣ ва эмотсионалӣ дар рафтори экстремистӣ метавонад дар таҳияи барномаҳои муассири пешгирӣ ва барқарорсозӣ кӯмак кунад. Терапияи маърифатии рафторӣ (ТМР) яке аз усулҳои имконпазири ислоҳи дарки таҳрифшуда мебошад, ки ба шахсони алоҳида кӯмак мекунад. Дар натиҷаи истифодаи ТМР онҳо дарк мекунанд, ки ақидаҳо ва вокунишҳои онҳо хато аст. Ғайр аз он, танзими эмотсионалӣ метавонад ба паст шудани сатҳи таҷовуз ва душманӣ мусоидат кунад.

Ҳамин тариқ, мубориза бо терроризм ва радикализатсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон равиши ҳамаҷонибаро талаб мекунад, ки таҳкими амният дар марз, барномаҳои иҷтимоӣ оид ба пешгирии экстремизм дар байни ҷавонон ва ҳамкории байналмилалиро дар мубориза бо шабакаҳои террористии дар бар мегирад. Аҳамияти мавзӯъ на танҳо ба мушкилоти дохилии кишвар, балки ба ноустувории умумии Осиёи Марказӣ низ вобаста аст, ки мубориза бо терроризмро барои амнияти миллӣ ва минтақавӣ афзалият медиҳад.

Таҳрифоти маърифатӣ ва эмотсионалӣ дар раванди қабули қарорҳои экстремистӣ нақши калидӣ доранд. Онҳо эътиқоди радикалиро тақвият медиҳанд ва амалҳои хушунатомезро сафед мекунанд. Фаҳмидани ин таҳрифҳо ва таҳияи усулҳои ислоҳии онҳо қадамҳои муҳим дар мубориза бо терроризм мебошанд.

Зайтметов Ҳ.А., Шарифиён М.Ш., Ғоибзода К.Ш.

Адабиёт

  • Барон Р. А., Бирн Д.Психологияи иҷтимоӣ. Питер, 2003. – С.121
  • Виктороф Ҷ. Шуури террорист: баррасӣ ва танқиди равишҳои психологӣ. Маҷаллаи ҳалли низоъҳо, 2005. – С.15
  • Жаринов К.В. Терроризм и террористы. – М., 1999. – С. 14
  • Зокиров Г Н. Донишномаи сиёсӣ. – Душанбе, 2007. – С.553
  • Канеман Д., Тверски А. Ҳукм дар шароити номуайянӣ: эвристика ва таассуб. Нашриёти донишгоҳи Кембриҷ, 1982. – С.13
  • Лансов С.А. Террор и террористы. – М., 2004. – С. 10
  • Линдер И.Б., Нечипоренко О.М., Титков С.А. По ту сторону зеркала. С. 61-62.
  • Тейлор М. ва Хорган Дж. Асосҳои психологӣ ва рафтории терроризми фундаменталистии исломӣ. Терроризм ва зӯроварии сиёсӣ, 2006. – С.55
  • Тоирзода Малика Тоир. Терроризм ва экстремизм-хатари сартосарии ҷомеаи ҷаҳонӣ. с. 2021

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ