ТАРАННУМИ СУЛҲУ ДӮСТӢ ВА МАҲКУМ НАМУДАНИ ҶАНГУ ХУНРЕЗӢ ДАР ОСОРИ КЛАССИКОНИ ТОҶИК

Адабиёти бадеӣ дар маърифати ҳаёт, инсоншиносӣ ва идроки қонуниятҳои ҷамъияту табиат ба хонанда мадад мерасонад, дар байни мардум маърифату донишро паҳн мекунад ва инсонҳоро парвариш медиҳад, хонандаи худро соҳибфарҳанг мегардонад. Осори барҷастаи бадеӣ дар арзиши маърифат гоҳо аз чанд осори илмӣ болотар меистад. Масалан, ҷумла донишҳое, ки хонандагон аз панду андарзҳои Рӯдакӣ, «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, «Хамса»-и Низомӣ, «Маснавӣ»-и Ҷалолиддини Балхӣ барин осор меомӯзанд, дар асл ҳам беназир ҳастанд.

Адабиёти бадеӣ доир ба таърихи гузаштаи халқ, фарҳангу тамаддуни милливу ҷаҳонӣ дониши хонандаро густарда мегардонад. Он донишҳое, ки мо аз омӯзиши илмҳои гуногун ҳосил мекунем, ба воситаи омӯзиши осори бадеӣ пурра ва комил мешаванд.

Чунончи, достони «Рустам ва Сӯҳроб»-и Фирдавсӣ ҳам хонандаро на танҳо бо дониш мусаллаҳ месозад, дар айни замон ӯро аз ҳар ҷиҳат тарбия ҳам мекунад. Образҳои барҷастаи ин асар хонандагонро дар рӯҳи хислатҳои ҳамидаи инсонӣ парвариш мекунанд ва дар айни замон нисбат ба рафтору кирдори ношоиста нафрату адоватро бедор месозанд. Дар симои образҳои ин асар накӯкориву ахлоқи пок, инсофу адолат, раҳму шафқат, вафодориву садоқатмандӣ, худогоҳиву ифтихори миллӣ, инсондӯстиву меҳанпарварӣ, иродаву тамкин, ҳиммату ҷавонмардӣ, шуҷоату ростӣ, ҷоннисорӣ дар роҳи озодии ватан барин хислатҳои ҳамидаи инсонӣ тасвир карда мешавад, ки барои хонанда намунаи ибрат аст. Тасвири муассири ин сифатҳои инсонӣ хонандаро ба ваҷд наоварда намемонад ва дар парвариши ахлоқи шоистаи онҳо таъсири пурзӯр мегузорад. Дар айни замон, тариқи нақшҳои манфур тинати шогирдон аз бадбинӣ, ноинсофӣ, кина, ҳасад, бухл, ҳарисӣ, бадахлоқӣ ва қасосгирӣ барин хислатҳои ношоиста пок мегардад.

Яъне дар ҷараёни омӯзиши адабиёти бадеӣ баробари моҳияти маърифатӣ арзиши тарбиявии онро низ ҳамеша дар мадди назар доштан зарур аст. Омӯзиши адабиёт яке аз воситаҳои муҳими инкишофи ҷаҳони ботинии шогирдон ба ҳисоб меравад. Шарти маърифатию тарбиявӣ талаб мекунад, ки дар раванди омӯзиши осори бадеӣ ягонагӣ ва ҳамбастагии ҷараёни таълиму тарбия ба ҳисоб гирифта шавад.

Мусаллам аст, ки «Шоҳнома»-и безаволи Ҳаким Фирдавсӣ перомуни ҳаёту зиндагӣ ва муборизаҳои шадиди гузаштагони мо ба муқобили истилогарони беруна, ҳифзи ватан, расми ватандорӣ, муҳаббати он, ифтихор аз миллату ватан аз замони офариниши одам то ба асрҳои миёна нақл мекунад. Баробари тасвири ҳаёти гузашта дар ин шоҳасар лаҳзаҳо аз ҳаёти асрҳои Х ва ХI — аз замони ҳукмронии Сомониён то салтанати Fазнавиён оварда шуда, сиёсати давлатдорӣ, ҷангу хунрезиҳо барои тоҷу тахт, ғояи ваҳдат ва ягонагии халқу ватан инъикос шудааст ва дар ҳамин замина муносибати шоир ба ин ҳодисаҳои таърихӣ муайян шудааст.

Дар алоқамандӣ бо ғояҳои ватандӯстӣ ва шоҳи одил масъалаи ҷангу сулҳ ба миён меояд, ки он ҳам дар саросари «Шоҳнома» акс ёфтааст. Бинобар он ки «Шоҳнома» асари бузурги қаҳрамонист, бештари саҳифаҳои онро тасвири густурдаи корзору набардҳо баҳри истиқлол ва озодии Ватан ва маҳкум кардани ҷангҳои кинхоҳӣ ташкил медиҳанд. Тамоми ҷангу ҷидолҳо, махсусан, муборизаи Рустам, Сӯҳроб ва паҳлавонони дигари Эрону Тӯрон аслан ба хотири барқарор намудани сулҳу салоҳ ва адлу дод сурат мегиранд. Бинобар ин ҳам шоир қаҳрамонии паҳлавононро бо самимияти тамом ба қалам меоварад. Аммо баробари тасвирҳои ҷозибаноки майдони набард андешаҳое аз забони қаҳрамонон ва аз номи худи шоир ифода гардидаанд, ки аз эътирози шоир нисбат ба ҷангу хунрезиҳо гувоҳӣ медиҳанд, мисли ин ки вақте душман аз сулҳ сухан мегӯяд, ба теғ даст бурдан раво нест.

Ҳарчанд Фирдавсӣ ҷангҳо ва қаҳрамониву паҳлавониҳоро бо шӯру ҳаяҷони бузург тасвир менамояд, худ тарафдори ҷангу хунрезӣ нест, балки тарафдори ҷангест, ки ба хотири дифоъ аз марзу буми хеш бурда мешавад. Бинобар ин дар ҳама ҳол бартариву беҳтарии сулҳу салоҳро бар ҷанг таъкид намудааст:

Зи ҷанг оштӣ, бегумон, беҳтар аст,

Нигаҳ кун, ки говат ба чарм андар аст.

Инчунин Низомии Ганҷавӣ ҳам дар «Искандарнома» ба ғайр аз тасвири ҷаҳонкушоии Искандари ҷаҳонгир дар мавридҳои мувофиқ оид ба ахлоқи ҳамида таваққуф мекунад. Ӯ мазмуну мундариҷаи достонро баробари васфи ахлоқи писандида ба ташвиқ намудани ғояе, ки Абулқосими Фирдавсӣ онро ба тариқи «Ҳама рӯи гетӣ пур аз дод шуд, Ба ҳар ҷой вайрона обод шуд» муайян кардааст, равона намуда, мегӯяд:

Дил аз банди беҳуда озод кун,

Ситамгар наӣ, дод кун, дод кун!

Аз ин рӯ, шоир мавқеи панду насиҳатро дар тарбияи инсон ва камолоти фардияти он ҳамчун фарди муфиди ҷамъиятӣ ниҳоят бузург медонад.

Дар достон силсилаи афкори шоирро дучор меоем, ки он ба мавзӯи муносибату равобити ҳаррӯзаи байни одамон бахшида шуда, бештар ақидаҳои ба ҳам ғамхору меҳрубон, ҳомию мададгор, дӯстдору мушфиқ ва ҳалиму мусоҳиб буданро ташвиқ менамояд. Масалан, дар байти зер:

Камозор шав, к-аз ҳама доғу дард

Кам озор ёбад камозор мард.

«Искандарнома» гарчанде ба мавзӯи оламкушоиву ҷаҳонгирии як нафар шоҳи давраи атиқа бахшида шудааст ва аз ин рӯ ба назар чунин вонамуд мегардад, ки гӯё он ба ҳамду санои ҷангу ҷангҷӯй ва тадбири ғоратгариву хонумонсӯзии Искандар бахшида шуда бошад, аммо дар достон тасвири майдони ҷанг, хунрезӣ, забткорӣ нонамоён буда, бештар тавсифи дӯстӣ, сулҳандешӣ, меҳмоннавозӣ, базму шодӣ, ташвиқи фикрҳои инсондӯстӣ тантана менамояд.

Шоир бо як ҳисси нафрат ба он шамшере менигарад, ки сар мебурад ва дигар аъзои баданро пора-пора мекунад. Низомии Ганҷавӣ аз забони Искандари фотеҳ аламу ҳасрати дилашро изҳор намуда, таъкид мекунад, ки хуни бегуноҳони дар майдони масоф рехтаро Искандар ҳам бо ашки дида мешӯяд:

Ба ибрат дар он куштагон бингарист,

Бихандид пайдову пинҳон гирист,

Ки «чандин ҳалоиқ дар ин доругир,

Чаро кушт бояд ба шамшеру тир?!»

Гарчанде Искандари Низомӣ даъвати оламгирӣ кардаасту ба ин мақсади худ ноил гардидааст, аммо нуқтаи назари шоир зидди ҳаракати ҷаҳонгирӣ намудан аст. Шоир кӯшиши оламгириро чизи бемаънӣ мешуморад. Вай равшан изҳор мекунад, ки табиати олам чунон сохта шудааст, ки ҳар як қисмати он ҷамъияти худу сарвари худро дорост. Аз ин рӯ таъкид мекунад:

Муроде, ки дар сулҳ гардад тамом,

Чӣ бояд сӯи ҷанг додан лаҷом.

Аз ин рӯ, омӯзгорони макотиби таҳсилоти миёна ҳангоми натиҷагирӣ аз чунин осори гаронқадр нуктаҳои зикршударо бояд ҳамеша дар мадди назар доранд, то насли наврас аз андешаҳои баланди гузаштагони худ баҳраҳо бардоранд ва дар ҳаёти ҳаррӯзаи хеш он осорро намунаи ибрат қарор диҳанд.


Муллоаҳмад Аҳмадов,

устодиМуассисаи давлатии таълимии

«Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи

академик Бобоҷон Ғафуров»

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ