​Такомули сифатӣ, шаклӣ ва мазмунӣ дар дарсҳои кушод

Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дарсҳои кушод ҳам дар шакли ҳузурӣ ва ҳам маҷозӣ(онлайн) вусъати тоза мегирад. Танҳо даҳаи якуми моҳи ноябр ду дарси онлайнӣ аз ҷониби дотсенти кафедраи журналистика ва назарияи тарҷума Ғафурзода Дилбар дар мавзуи “Осори бадеӣ ва публитсистии Сотим Улуғзода” ва муаллими калони кафедраи молия ва андоз Мирбобоева дар мавзуи “Танзим ва назорати фаъолияти ташкилотҳои маблағгузории хурд” сурат гирифт.

Ҳамзамон, даҳ дарсҳои кушоди сатҳи донишгоҳ, аз ҷумла профессори кафедраи таърих, назария ва методикаи таълими мусиқӣ Султоналӣ Худойбердиев аз фанни эҷодиёти мусиқии халқи тоҷик бо донишҷӯёни курси чорум, дотсенти кафедраи химияи умумӣ ва методикаи таълими он Ҷӯлиева аз фанни химияи d ва f – элементҳо бо магистрантони курси якум,дотсенти кафедраи педагогикаи иҷтимоӣ ва касбӣ Раҳмонова аз фанни логопедия бо донишҷӯёни курси дуюм, дотсенти кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти тоҷик Пулодова аз фанни услубшиносӣ бо донишҷӯёни курси чорум, муаллими калони кафедраи фонетика ва лексикологияи забони англисӣ Раҷабова аз фанни грамматикаи амалӣ бо донишҷӯёни курси якум, муаллими калони кафедраи санъати тасвирӣ ва ҳунарҳои халқӣ Эшонова аз фанни расмкашӣ бо донишҷӯёни курси сеюм, муаллими калони кафедраи педагогика ва психологияи томактабӣ Мансурова аз фанни педагогикаи томактабӣ бо донишҷӯёни курси дуюм, муаллими кафедраи табиӣ – риёзӣ, тарбияи эстетикӣ ва методикаи таълими онҳо Осимова аз фанни технология ва методикаи таълими он бо донишҷӯёни курси сеюм, муаллими кафедраи химияи органикӣ ва амалӣ Ёқубова аз фанни химияи технологӣ ва биотехнология бо донишҷӯёни курси чорум ва аъзои Ассотсиатсияи омӯзгорони ҷавони донишгоҳ, муаллими кафедраи кори бонкӣ Қобилова аз фанни қонунгузории бонкӣ бо донишҷӯёни курси сеюм дар сатҳи баланди касбӣ баргузор гардиданд.

Дар доираи дарс аз усулњои муњимму судманд ва муосири таълим истифода шуданд.

Маврид ба таъкид аст, ки раёсати донишгоҳ ҷиҳати ташкил ва баргузории мунтазами дарсҳои кушоду намунавӣ, иштироки омӯзгорон ба дарсҳои ҳамдигар ва иштироки омӯзгорони ҷавонба дарсҳои омӯзгорони ботаҷриба таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд, зеро самарабахшии донишандўзӣ, чӣ дар марҳила ва на­ти­ҷаҳои инкишоф ва чӣ дар ташаккули ҷаҳонбинии илмӣ ва си­мои маънавии шогирдон ба мазмун, намуд, тарзу во­си­таҳо ва ташкили раванди таълим вобаста аст.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ