Тафаккури солим ба ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистон зарур аст!

Дар замони муосир дар ҳаёти сиёсӣ таҳаввулотҳои сиёсӣ ба таври зиёд рух дода истодаанд, ки боиси ташвишу нооромиҳо мегарданд. Минтақаи Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва таъмини амнияти давлатӣ тадбирҳои зарурӣ андешида, дар доираи он муносибати ҳамкорӣ ва дипломатиро дар тамоми соҳаҳо ба роҳ монда истодааст. Қайд кардан лозим аст, ки дар раванди пешбурди низоми давлатдорӣ аз ҷониби ашхоси муайян ҳаводисе ҷой доранд, ки боиси фаъолияти нодурусти институтҳои демократӣ мегардад. Давлату Ҳукумати Тоҷикистон нисбати омӯзиш ва дарки арзишҳои дини мубини Ислом тамоми шароитҳоро муҳайё намудааст. Аммо аз ҷониби баъзе ашхосони ба ҳама маълум принсипҳои давлату давлатдорӣ риоя нагардида, фазои соф халалдор гардид ва дар таъмини амнияти кишвар монеаи ҷиддӣ ба вуҷуд оварда шуд.

Аз таҷрибаи нангини асри гузашта ба худ бардошт гирифта, халқи тоҷик намегузорад, ки минбаъд лаҳзаҳои даҳшатбори чанги шаҳвандӣ такрор ёбанд. Сабақи таърихӣ то ҳол асари хешро дар хотираи мардум боқӣ монда, аз ҷиҳати равонӣ ба руҳияти ҷомеа таъсири амиқ гузоштааст. Дар замони ҳозира «қаҳрамонҳо»-е дар ҷамъият ёфт шуда истодаанд, ки дар саҳнаи сиёсӣ фикри хешро озодона баён намуда истодаанд. Роҳбари ҳозираи ҳизби наҳзатиён Муҳиддин Кабирӣ аз хориҷи кишвар истода, тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ва радиои “Озодӣ” иттилоотҳои мухталифро ирсол намуда, дар байни қишрҳои гуногуни ҷомеа, махсусан ҷавонон тухми ҷудоӣ ва афкори носолимро баён карда истодааст.

Шаҳрвандони ватандӯсти кишвар ин рафтору амалҳои нолоиқи М.Кабириро зери танқид гирифта, набояд фирефтаи он шаванд. Ҳар яки онҳо кӯшиданашон лозим аст, ки ҳушёрии сиёсӣ ва зиракии сиёсиро аз даст надода, Ватани азизи хешро боз ҳам ободтар созанд. Барои ин донишу ҷаҳонбинии сиёсӣ, маърифати сиёсӣ ва фарҳанги сиёсиро афзун намуда, сиёсати созанда ва бунёдкорро интихоб намуда, ягонагӣ ва ваҳдати миллиро эътироф намудан зарур мебошад.

Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамарӯза қадамҳои устувори хешро дар арсаи байналхалқӣ гузошта, кўшиш менамояд, ки барои пешбурди сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон камари ҳиммат бандад ва Ватани азизро боз ҳам обод намояд.

Диловар Аскари

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ