Таҳаммулпазирӣ роҳ ба сулҳ аст

Ба саҳифаи рӯз дар таърих назар андӯзем санаи 16-уми ноябр дар тақвимҳои ҷаҳонӣ ба унвони рӯзи таҳаммулпазирӣ ва таҳаммулгароӣ сабт шудааст, ки ин санади сарнавиштсоз дар таърихи кишвари тоҷик беҳикмат набудааст. Зеро дар даврони ҷанги шаҳрвандӣ (1992-1997) дар Тоҷикистон нахустин даъват аз сарҷамъ намудани мардум, таъмини сулҳу якпорчагии кишвар ва оғози музокироти сиёсӣ маҳз дар Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҳз санаи 16-уми ноябр шуруъ шуда буд. Он замон Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар раванди сулҳофаринӣ пешоҳанг ва ташаббускор гардида, масъулият ва салоҳияти махсусро ба дӯш гирифтанд. Ташаббуси нахустини сулҳофаринии миллӣ аз ин давра оғоз шуда, бо вуҷуди ҷой доштани мушкилоту монеаҳои зиёд, барои миллати мо чун қутбнамои оянда дониста мешавад.
Тоҷикон халқи қадима, сулҳпарвар ва таҳаммулпазир ҳастанд, ҳамеша бо ҳамсояҳои худ дар рӯҳияи таҳаммулпазирӣ мезистанд. Ҳама давру замон ҳуқуқу озодиҳои дигаронро эҳтиром менамуданд. Таҳаммулпазирӣ аз решаи калимаи “таҳаммул” таркиб ёфта, маънии “ба сахтӣ тоб овардан”, “сабру тоқат доштан, махсусан дар вақти сахтию машаққат” фаҳмида мешавад. Мафҳуми «толерантиа»-и лотинӣ, ки дар забони тоҷикӣ бо вожаҳои таҳаммулпазирӣ, дар арабӣ – «тасомуҳ», дар русӣ – «толерантность» машҳур гаштааст, маънои «пурсабрӣ, шикебо будан ва қабул доштан»-ро дорад. Ҳамчун истилоҳи ҷомеашиносӣ он пазируфтор будан ба ҷаҳонбинӣ, тарзи ҳаёт, рафтор ва анъанаҳои дигарон аст. “Пазирӣ” шакли кӯтоҳшудаи вожаи “пазироӣ”, ки дар луғат ба маънии “қабул”, “истиқбол” шарҳ ёфтааст.
Вожаи “сулҳ” ба маънои “оштӣ, мусолимат, осоиштагӣ ва амонӣ” тафсир гардида барои дастёб гардидан ба ин неъмати бузург инсоният дар вақти дучор шудан ба сахтию машаққат сабру тоқатро пеша менамояд, яъне ҳамаи он душворию нофаҳмиҳоро таҳаммул мекунад.
Тибқи эъломияи ЮНЕСКО соли 1995 принсипҳои таҳаммулпазирӣ ба таври зерин муайян карда шудааст: «Арзиш ва меъёри иҷтимоии ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки дар ҳуқуқи ҳамаи афроди ҷомеаи шаҳрвандӣ ифода мешавад, то гуногун бошанд, ҳамоҳангии пойдор байни динҳои мухталиф, гурӯҳҳои сиёсӣ, нажодӣ ва иҷтимоӣ таъмин гардад, эҳтиром ба гуногунрангии фарҳангу тамаддунҳои ҷаҳонӣ ва халқҳои мухталиф риоя гардад, омодагӣ ба дарку ҳамкорӣ бо одамони аз ҷиҳати намуди зоҳирӣ, забон, эътиқодот, расму оинҳо ва бовариҳояшон фарқкунандабаён шавад».
Тавсифи мафҳуми таҳаммулпазирӣ дар пешгуфтори Эъломияи Созмони Милали Муттаҳид ба таври зерин сабт шудааст: «Пурсабрӣ нишон додан ва бо якдигар дар шароити сулҳ ҳамчун ҳамсоягони хуб ҳамзистӣ кардан аст».
Дар банди унсурҳои таркибии тарбияи миллии “Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3-юми марти соли 2006 таҳти №94 тасдиқ шудааст, оид ба тарбияи таҳаммул ва тоқатпазирӣ маълумоти муҳим пешниҳод шудааст. Худ тарбия чун падидаи иҷтимоӣ, фарҳангӣ, психологӣ ва педагогӣ буда, барои танзими ҳаёти инсон ва пешрафти ҷамъият хизмат менамояд. Он ҳамчун фаъолияти махсуси мақсадноки инсон барои рушди шахс ва ворид шудани инсон ба ҷараёни зиндагии воқеӣ ва бунёди ҳаёти маданӣ равона мешавад. Тавре ки аз қисмати муқаддимавии консепсияи мазкур бармеояд, мақсаду вазифаҳои ниҳоии тарбияи миллӣ ташаккули инсони комил, соҳиби Ватан, нангу номуси миллӣ, ифодагари симои зеҳнию маънавӣ, ахлоқӣ, фарҳангӣ ва арзишҳои дигари инсонӣ мебошад. Аз ҷумла, қайд шудааст, ки таҳаммул ва тоқатпазирӣ аз эҳтироми ақидаи дигарон ба миён меояд. Тоқатпазир будан яке аз сифатҳои мусбати муносибати башардӯстона доштан ба шаҳрванд ва омили асосии пешгирӣ кардани низоъҳои эҳтимолии дар байни шаҳрвандон ба амалоянда мебошад. Ҷомеаи демократӣ ба тоқатпазир ва ботаҳаммул будани шаҳрвандон эҳтиёҷи калон дорад ва онро яке аз омилҳои асосии пешрафти ҷомеа меҳисобад.
Сархати дар боло зикршуда ҳар яки мо, шаҳрвандони комилҳуқуқ ва узви ҷудонопазири ҷомеаро водор менамояд, ки барои барпо кардани муносибатҳои башардӯстона ва сулҳофар сабру тоқатпазирӣ ва ботаҳаммул буданро дар ниҳоди шахсияти худ парвариш намуда, баҳри устувории сулҳу ваҳдати миллӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ саҳмгузор бошем.
Ба хазинаи урфият такя кунем, гуфтаанд: “Сабр кунӣ аз ғӯра ҳалво мепазад” ин мақоли халқӣ ҳам ҳикмати бузургро дар худ инъикос мекунад. “Ғӯра” меваи норасидаи дарахтро мегӯянд, ки умеди боғбон барои гирифтани ҳосил аст, ки дар мӯҳлати муаяйн пухта мерасад. Боғбон ҳам бо сабру таҳаммул ва машаққати зиёд моҳҳо парваришу нигоҳубин мекунад, то самараи хуб ба даст орад. Инсоният ҳам талқин мешавад, ки босабру таҳаммул умр ба сар барад, бо орзую омоли нек интизор шавад то ба муроду мақсади худ расад. Мақоли дигар “сабр талх аст, лекин бари ширин дорад” дар ҳошияи мақоли мазкур суханони ҳикматомези намояндаи адабиёти тоҷик Луқмони Ҳаким ба хотир меояд, ки аз эшон пурсиданд: – “Кадом талхӣ бошад, ки дар охир ширин шавад?” Гуфт: Сабр.
Дар ҳақиқат меваи сабр ширин аст. Бинобар он ҳамеша ва дар ҳама кор бо сабру пуртоқат шудан лозим аст. Мегӯянд, ки санг лаъл шавад дар мақоми сабр. Калиди дари ганҷи мақсад сабр аст. То кас сабр накунад, ба мақсад намерасад.
Дар осори адабӣ ривоят мекунанд, ки шоҳе буд тезу тунд ва бесабру тоқат. Шоҳ вазири доное дошт. Рӯзе ҳарду ба шикор рафтанд. Онҳо аз паси оҳубарра тохта ба ҷои хушманзарае расиданд. Чун вақти намоз шуд шоҳ камарбандашро кушода як сӯ гузошт ва бо вазир барои адои намоз истод. Саги шикорие омада камарбанди шоҳро гирифта рафт. Ҳаминдам марди роҳгузаре аз ин ҷо гузашт шоҳ баъди намоз камарбандашро наёфт, бисёр дар ғазаб шуду аз марди роҳгузар пурсон шуд.
Марди роҳгузар бо илтиҷо гуфт, ки камарбандро надидааст. Шоҳ шамшерро гирифту раҳгузарро ба қатл расонид. Шоҳу вазир аз нав ба ҷустуҷӯи камарбанд оғоз намуданд. Ногоҳ диданд ки дуртар аз онҳо саге бо камарбанд бозӣ дорад. Шоҳ камарбанди худро шинохт ва аз куштани раҳгузар хеле пушаймон шуду гуфт: – Худоё бароям сабру тоқат ато намо, ки аз бесабрии худ гуноҳи азиме содир намудам ва хуни шахси бегуноҳро резонидам. Ин дунёву охиратамро бисӯхтам.
Вазири доно ба шоҳи пушаймоншуда гуфт: “Сабр ганҷ диҳад бесабрӣ ранҷ” ва ин панди Саъдиро хонд:
Ганҷи сабр ихтиёри Луқмон аст,
Ҳар киро сабр нест ҳикмат нест.
Аз ҳикояти боло ба чунин хулоса омадан мумкин аст, ки инсон бояд дар ҳама кор сабру тоқатро пеша кунад, зеро сабурӣ ба инсон бурдборӣ меорад ҳеҷ гоҳ аз кардаи худ пушаймон намешавад.
Сарчашмаи дигар, ки барои тоҷикон афкори таҳаммулпазириро талқин ва инкишоф додааст, ин арзишҳои бебаҳои дини мубини ислом мебошанд. Оид ба мавзуи таҳаммулпазирӣ аз нигоҳи динӣ руҷуъ кунем, мардуми тоҷик аз мазҳаби ҳанафӣ пайравӣ мекунанд ва ин мазҳаб ба унвони мазҳаби таҳаммулгаро эътироф шудааст, ин ҷост, ки сокинони кишвар мардуми ботаҳаммуланд. Сабру тоқат ва таҳаммул ба ҷузъе аз зиндагӣ ва ё одатҳои мардуми тоҷик табдил ёфтааст.
Дар ояти охири сураи “Аср” дар китоби муқаддаси “Қуръон”-и карим “ватавосав билҳаққӣ ва тавосав биссабр” гуфтаанд. Яъне, Худованд васияти сабр карданро ба бандагонаш имтиёз додааст. Ба сабр васият кардан яке аз имтиёзҳои бандагони мӯъмин аст, ки ҳамдигарро дар мушкилиҳо ба сабр даъват кунанд”. Дар Қуръони карим ба ин маънӣ омадааст, ки сабур, яъне сабркунанда бошед, ки Худо собиронро дӯст медорад. Таҳаммул аз муҳимтарин нуктаи таълимоти Ислом будааст ва ин мазҳаб ҳамеша пайравони худро ба сабр, тоқат ва шикебоӣ даъват кардааст.
Хулоса, таҳаммулпазирӣ ба як хосияти қавии мардуми тоҷик табдил ёфтааст. Масал ё зарбулмасалҳое, ки худи мардум эҷод кардаанд ва ин ба гуфтаи соҳибназарон, навъе аз нишонаи таҳаммулгароӣ ё пурсабрии сокинон будааст.
Саидхоҷаева Маликахон - дотсенти кафедраи журналистика ва назарияи тарҷума