Созмони ҳамкории Шанхай - созмони бонуфузи байналмилилалӣ

Имсол Ҷумҳурии Тоҷикистон 30-солагии Истиқлолияти давлатии худро ҷашн мегирад. Дар ин муддати аз нигоҳи миқёсҳои таърихӣ кӯтоҳ ҷумҳурии мо бо 179 кишвари ҷаҳон робитаҳои комили дипломатӣ барқарор карда, узви фаъоли созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва минтақавӣ гардид.

Санаи 17 сентябр шаҳри Душанбе дар маркази таваҷҷуҳи аҳли башар қарор гирифт, бинобар баргузории ҳамоиши навбатии сатҳи олии Созмони ҳамкории Шанхай, ки соли љорӣ 20 солагии ташкили ин созмон қайд карда мешавад. Бояд кайд кард, ки ин созмон тайи солҳои фаъолияти муассир ба ниҳоди соҳибнуфуз дар сиёсати ҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Дар кори ҳамоиши сатҳи баланд таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷараён гирифт.

Барои иштирок дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай Сарони давлатҳои аъзои Созмон - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев, Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев, Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Имрон Хон, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров, инчунин роҳбарони ҳайатҳои Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Ҳиндустон дар макони баргузории ҳамоиши сатҳи баланд дар “Кохи Наврӯз” ба ҳам омаданд.

Ба онҳо роҳбарони кишварҳои нозир, меҳмонони фахрӣ ва намояндагони воломақоми ташкилоту созмонҳои минтақавию байналмилалӣ ва сохторҳои доимоамалкунандаи Созмони Ҳамкории Шанхай, аз ҷумла Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко, Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Иброҳим Раисӣ, Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, Дабири кулли Созмони ҳамкории Шанхай Владимир Норов ва ҷонишини аввали Сарвазири Муғулистон Сайнбуянгийн Амарсайхан, муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Наталия Герман, директори кумитаи иҷроияи Сохтори минтақавии зиддитеррористии СҲШ Ҷумъахон Ғиёсов,Раиси мушовараи Комиссияи иқтисодии Авросиё, Директори иҷроияи котиботи Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё, Раиси Кумитаи иҷроия-котиби иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ, Дабири кулли Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва дигарон ҳамроҳ шуданд.

Дар ҳамоиши навбатии сатҳи олии Созмони ҳамкории Шанхай масоили вобаста ба амнияти минтақавӣ ва байналмилалӣ, ҳамоҳангсозии фаъолияти зиддитеррористӣ, таҳкими ҳамкорӣ бо кишварҳои нозир ва дигар масоили муҳим баррасӣ шуд.

Дар интиҳои ҳамоиш бастаи калони санадҳо дар маҷмӯъ иборат аз 30 ҳуҷҷат, аз ҷумла Эъломияи Душанбе дар бораи бистумин солгарди Созмони ҳамкории Шанхай ба имзо расид.

Пас аз анҷоми кори ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар ҳамин ҷо нахустин маротиба дар таърихи фаъолияти Созмони ҳамкории Шанхай гимни Созмон, ки бо пешниҳоди Тоҷикистон таҳия ва тасдиқ гардид, садо дод.
Барно Умарова

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ