​Соҳибмаърифат бояд буд!

Давлатдорӣ раванди мураккабест, ки аз хизматчиёни давлатӣ фарҳангу маърифат, донишу саводи касбӣ, малакаю маҳорати ташкилотчигӣ ва аз ҳама бештар масъулияти баландро талаб менамояд. Бинобар ин, на ҳар мансабдори давлатӣ метавонад дар иҷрои вазифаҳои касбӣ муваффақу комёб бошад. Алалхусус, бахилию ҳасуд, иғвоангезиву дасисабозӣ, худнамоию фирефтаи бозиҳои сиёсӣ шудани хизматчиёни давлатӣ боиси коҳишёбию инқирози давлатдорӣ шуда метавонад. Ҳамаи ин нокомиҳо аз паст будан ё набудани маърифати маънавӣ маншаъ мегираду дар оқибат мансабдорро шарманда месозад. Аммо, нобуд гаштани як – ду сиёсатмадори сатҳи баланди давлатӣ ба ҷомеа таъсире нарасонад ҳам, барои аҳли бесаводони каммағз малҳами фитнаангезӣ аст.

Тамошоилаҳзаҳои баҳси байни мансабдорони давлатии мамлакати ҳамсоя - Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба кадом тӯй рафтану бо кӣ ҳамнишин шудани якдигар инъикоси дараҷаи маърифати онҳо асту таасуфовар мебошад. Бар ивази он, ки дар парлумон оид ба ҳаллу фасли мушкилотҳои рушди ҷомеа ғайрат кунанду ҳалли масъалаи идораи ҷомеаро дар рафъи аҳдшиканиҳои байнимарзиро дарёбанд, ин худобехабаронибемаърифат вақти худ беҳуда мегузаронанд. Хуб мешуд, ки дар байни мардум тафриқаандозӣ накунанду баръакс фаҳмонанд, ки муносибати хуб бо ҳамсоягон аз ҳар ҷониб манфиатовар аст. Хусусан, таъкид намоянд, ки созишномаҳои байнидавлатӣ ҳуҷҷати расмӣ мебошаду риоя накардани онҳо ба обрӯву эътибори давлат футур мерасонад. Вале, худи мансабдорони бемаърифат дарк карда наметавонанд, ки харидории аслиҳаву дастгоҳҳои бесарнишин ба иқтисодиёти кишварамон зарбаи мудҳиш асту камбизоатии мардумро меафзояд. Мебояд андеша кунанд, ки чашмалоӣ ба марзи бегона амали палид асту беҳтараш бояд ба ободиву хуррамсозии марзи худ машғул шуд.

Ҳамаи ҳангоматалабиву майдонбозиҳои тӯдаи мансабдорони давлатии ҷумҳурии ҳамсоя баҳри талоши молу мулки давлатӣ асту шаҳодати ғамхори худ, на ғамхории халқ будани онҳост. Ин хизматгорони халқ ба фитнаю дасисабозиҳо ғӯтидаанду ақлу хирад гум кардаанд. Бар замми ҳамаи ин бемаърифативу ҷаҳолат ҳалли аломатгузории сарҳадоти баҳсиро кашол медиҳанду паймоншиканӣ мекунанд. Ҳайҳот, ки мансабдоранду ифодаи мавқеи халқи оддиро доранд. Вагарна, чун мурдахури бадкирдор рафтор доранду сазояшон берун аз ҷомеа махавӣ шуданашон аст!

Собиров М.С.-дотсенти кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкология ва туризми МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ