​Саводнокии иттилоотӣ – омили пешгирии зуҳуроти терроризм ва ифротгароӣ

Инсон мувофиқи сатҳи донишу маърифат доимо ба ахбору навидҳои нав ба нав ниёз дорад, ки барои пешбурди ҳаёти иҷтимоӣ – иқтисодии ӯ ва ҳам маҳсулнокии заҳмати ӯ дар ҷомеа зарур мебошад. Бо гирифтани хабару огаҳӣ аз маълумот фард ҳатман бо таҳлилу муқоиса бояд шурӯъ намояд, ки дар натиҷа савод пайдо мегардаду саводнокии фард боло меравад. Бо сабаби сершумор гардидани манбаҳои дастраси иттилоотӣ солҳои охир дар назди одамон мушкилоти интихоби сарчашмаҳои боэътимоди хабарӣ пеш омад, ки бештар дараҷаи баланди саводнокиро тақозо менамояд. Зеро, аз байни маълумотҳои бисёр ҷудо намудани навиду хабарҳои воқеӣ ва ҳаққонӣ кори саҳл нест ва сатҳи баланди саводу маърифатро металабад. Алалхусус, ин амал барои насли ҷавони таҷрибаи кофии ҳаётӣ надошта душвориҳои муайянеро ба вуҷуд меоварад, ки метавонанд боиси гумроҳшавию шомилгардии ҷавонон ба ғояҳои ифротӣ ва амсоли он шавад. Бинобар ин, тарбияи насли наврас дар ҷодаи дастрасӣ, интихоб, таҳлил ва хулосабардорӣ аз манбаҳои мухталифи иттилоотӣ вазифаи хеле муҳими мақомотҳои давлатӣ ва ҳам ҷомеа мебошад. Дар ин васила гузаронидани таҳқиқотҳои мушаххас ва инъикоси натиҷаҳои он дар намуди мақолаҳои таҳлилӣ тавассути матбуоти даврӣ мавқеи муҳимро дорост.

Нашри мақолаи “Саводи иттилоотӣ – расонавӣ – тақозои замон” дар рӯзномаи сернуфузи “Нури маърифат” натиҷаи таҳқиқи чуқур ва бисёрҷабҳаи муаллифони сертаҷриба – дотсент Ҳодибоев Ф. ва рӯзноманигор Қурбонов Б. амали хеле саривақтӣ ва бонуфузи муҳаққиқӣ мебошад, ки дар ҳаллу фасли масъалаҳои қаблан зикрёфта нақши муҳимро дорост. Мӯҳтавои асосии мақола ба ташаккули саводи иттилоотӣ дар фардҳои ҷомеа нигаронида шуда бо забони оммафаҳм ва далелҳои мушаххас пешниҳод гардида ва он омили барои хонанда дастрасу фаҳмо гардидани маъною мазмуни мақола мешавад. Интизорӣ меравад, ки мақолаи мазкур мақолаи нахустин набуда мебояд силсилаи мақолаҳо бобати ин мавзӯи муҳими иҷтимоӣ мавриди интишор қарор гиранд.

Мутолиаи мақолаи мазкур имконият медиҳад, ки теъдоди ҳарчӣ бештари ҷавонон бо мӯҳтавои он ошно гардида дар ташаккули саводи иттилоотӣ – расонавии худ мавқеи дурустро интихоб намоянд. Зарур мешуморам, ки мӯҳтавои мақола ва мавзӯи пайгиришуда дар ҷараёни соатҳои тарбиявии гурӯҳҳои академии донишҷӯён мавриди муҳокима қарор гирифта бошад ва дар пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву ифротгароӣ хизмати шоиста ба бор оварад.

Ба муаллифони мақола комёбиҳои нав ба нав таманно намуда хоҳишмандам, ки таҳқиқотҳои мазкур боз ҳам пурмаҳсултар ба самъи ҷомеа пешниҳод карда шаванд.

Собиров М.С.-дотсенти кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкология ва туризми МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Дадобоев М.А.-сармуаллими кафедраи геоэкология ва методикаи таълими факултети геоэкология ва туризми МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ