Сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Фаронса баҳри густариши ҳамкориҳои дуҷониба

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти ҷумҳур дар манотиқи кишвар, ки бо дастовардҳо ва кушодашавии корхонаҳои саноатӣ ва мактабу кӯдакистонҳо ва консерти идона бахшида ба ҷашни бузурги миллати тоҷик баргузор шуд, озими сафарҳои расмии хеш ба давлатҳои Аврупо гардид.

Қайд кардан бамаврид аст, ки сиёсати хориҷии Тоҷикистони соҳибистиқлол аз рӯи принсипи “сиёсати дарҳои кушод” амал намуда, чуноне ки дар Паёми Пешвои миллат Э.Раҳмон аз 26 январи соли 2021 ба Маҷлис Олӣ таъкид гардид, Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳоло ҳозир бо 150 давлати ҷаҳон ҳамкориро ба роҳ мондааст.

Аз ин лиҳоз, пас аз анҷоми сафари расмӣ аз Белгия, Раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон озими кишвари Фаронса гардиданд. Таъкид кардан бамаврид аст, ки ҳамкориҳои судманди байни Тоҷикистони соҳибистиқлол ва Фаронса сол аз сол густариш ёфта истодааст. Дар давоми сафари расмӣ Пешвои миллат Э.Раҳмон, ки аз 12 то 14 октябри соли 2021 идома меёбад, масоили мубрами ду кишвари ба ҳам дӯст мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд.

Зимни сафари расмӣ дар Париж Пешвои миллат Э.Раҳмон дар баробари мулоқотҳои сатҳи баланд, инчунин дар ифтитоҳи намоиши нигораҳои таърихии “Тоҷикистон-кишвари дарёҳои тиллоӣ” дар осорхонаи ҳунарҳои осиёии “Гиме” ва дар чорабинии бошукӯҳ бахшида ба Рӯзи фарҳанги Тоҷикистон дар дафтари ЮНЕСКО ширкат меварзанд. Қобили қайд аст, ки дар кишварҳои Аврупо нуфузи геополитикии Тоҷикистон афзун шуда истодааст ва он имконият фароҳам меоварад, ки минбаъд низ дар самти мазкур сиёсати геополитикии созанда ва бунёдкор идома дода мешавад.

Қобили тазаккур аст, ки масоили вазъи имрӯзаи Афғонистон ва амнияти кишварҳои ҳамҷавор ва дур низ яке аз нуктаҳои муҳими сарварони ду кишвар ба ҳисоб мераванд. Дар ҳақиқат, ба масъалаи Афғонистон тамоми ҷаҳон таваҷҷӯҳи махсус зоҳир менамоянд ва интизориҳо доранд, ки он ба амнияти миллии кишварҳои ҷаҳони муосир, аз ҷумла Тоҷикистон монеа ба вуҷуд намеорад. Халқи афғон даҳсолаҳо инҷониб зери фишори давлатҳои абарқудрат қарор дошта, дар ин рӯзҳо низ зери зулму шиканҷаи толибон ва қувваҳои мусаллаҳи онҳо қарор дорад. Таъкид кардан зарур аст, ки масоили вазъи имрӯзаи Афғонистон ва амнияти минтақа муаммои муҳими ҳамаи кишварҳои ҷаҳони муосир ба ҳисоб меравад ва бояд тадбирҳои амалӣ андешида шаванд, то ки амнияти кишварҳои ҷаҳон таъмин гарданд.

Ҷовид

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ