​Сафари кории Пешвои миллат ба Фаронса

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Призиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 12-октябри соли равон бо сафари расмӣ ба шаҳри Парижи Ҷумҳурии Фаронса ташриф оварданд. Дар фурудгоҳ Призиденти кишварро намояндагон ва Призиденти Фаронса Эмануэл Макрон ба шукуҳи шахомати хоса пешвоз гирифтанд.

Сафари расмии Призиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Фаронса дар қасри Элисей бо истиқболи расмӣ оғоз гардид.Дар қаср парчамҳои ҳар ду давлат идона ороста шуда буданд. Мавзӯи асосии ки сарварон бояд матраҳ кунанд ин вазъи имрўзаи кунунии Афғонистон буд. Ҳар ду давлат аз кишварҳое ҳастанд, ки бар зидди Ҳукумати Толибон дар Афғонистон зид ҳастанд. Дар мулоқоти онрўза зимни баррасии масоили амниятӣ дар минтақа ба вазъи мураккаби сиёсат ва гуманитарӣ дар Афғонистон тавваҷўҳи хоса зоҳир намуданд. Пешвои миллат- Эмомалӣ Раҳмон бори дигар аз мавқеи устувори Тоҷикистон оид ба ҳалли қазияи Афғонистон андешаронӣ карда таъкид доштанд,ки таъмини амнияти ин кишвар омили муҳими суботи миллӣ ва тамоми минтақаро ташкил медиҳанд. Хамкориҳои судманди Тоҷикистону Фаронса идомаи сиёсати геополитики кишвар бо давлатҳои Аврупо инъикоси он аст, ки минбаъд дар ин самт робитаҳои дипломатӣ густариш меёбанд. Гуфта мешавад, ки ҳамчун дар доираи сафар Эмомалӣ Раҳмон 13 –уми октябр дар маросим ифтитоҳи намошгоҳӣ нигорҳои таърихӣ «Тоҷикистон –кишвари рудҳои тиллоӣ ки дар осорхонаи миллии санъати шарқ –Гимеи шаҳри Париж доир мегардад иштирок мекунад. Инчунин иштироки Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии бахшида ба рўзи фарҳанги Тоҷикистон ба дар дафтари кори Юнеско (Созмони миллали мутаҳҳид оид ба масъалаҳои илм маориф ва фарҳанг ба накша гирифта шудааст.

Зарур шуморида шуд, ки барои ҳалли мушкилоти сиёсӣ ва гуманитарӣ дар ин кишвар ҷомеаи ҷаҳонӣ давлатҳо ва созмонҳои бонуфуз бояд бетараф набошад.

Сармуаллимаи кафедраи умумидонишгоҳии сиёсатшиносӣ Абдуҷабборова Роҳат Абдувоҳидовна

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ