Сафари хотирмон

13 октябри соли равон сафари навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Ҷумҳурии Фаронса бо маросими истиқболи расмӣ дар назди Қасри Елисей оғоз гардид.

Ба пешвози сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳни ҳавлии Қасри Елисей бо парчамҳои ҳар ду давлат идона оғоз шуда, бо горди фахрӣ саф кашида шуд.

Меҳмони олиқадр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Президенти Ҷумҳурии Фаронса муҳтарам Эмануел Макрон гарму самимӣ истиқбол гирифтанд. Нахуст Президенти Ҷумҳурии Фаронса Эмануел Макрон мехмони олимақом, сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро ба кишвараш хайрамақдам намуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои пешвози самимӣ изҳори сипос намуда, қаноатмандии худро аз робитаҳои сиёсии Тоҷикистону Фаронса, ки дар руҳияи эҳтирому назардошти манофеи миллии ду кишвар иброз доштанд.

Тарафҳо зимни мулоқоти ҳамкории самарабахши машваратхои сиёсии байниидоравӣ, тавсияи ҳамкориҳои бештар дар бахшҳои мухталифи энергетика, металургия, саноати сабук, мошинсозӣ ва истихроҷи канданиҳои манфаитнокро баррасӣ карда, онҳоро самтҳои афзалиятноки ду кишвар номиданд. Боз шароитҳои фарохтари ҳамкорӣ дар соҳаҳои нақлиёти логастикӣ, телекоммуникатсионӣ, электронӣ, кишоварзӣ ва рушди инфрасохтори туризм ва дигар масоилҳо баррасӣ карда шуд.

Яке аз масоилҳои калидӣ, ки тамоми ҷаҳонро фаро гирифта буд ва то ҳол мавҷуд аст ин пандемияи коронавирус мебошад, ки ба рушди муносибатҳои ҳамкорӣ таъсири манфӣ расонида аст, таваҷҷўҳи хоса аз ҳарду ҷонибҳо, зоҳир гардид. Бемории коронавирус, ки тамоми ҷаҳонро ба таҳлука қарор додааст бештар таъсири манфии худро руи соҳаи ҳамкориҳои байналмилалӣ, соҳаи иқтисодиёт, сиёси ва таълим гузаштааст.

Имрўзҳо ҷомеаи ҷаҳонро бемории сироятии коронавирус ба ташвиш овардааст. Давлатҳои абарқудрати дунё тамоми чораҳои заруриро баҳри бартараф кардани ин вирус ва омода намудани позаҳр тадбирҳо андешида истодаанд.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ