Сабабҳои пайдоиш ва роҳҳои пешгирии экстремизм ва терроризм
Терроризм аз забони лотинӣ (terror – даҳшат, ҳарос) гирифта шуда, ба маънои муосираш дар охирҳои асри XVIII ҳангоми Инқилоби Бузурги Фаронса истифода шудааст. Терроризм як навъ сиёсат, идеология ё амали иборат аз таҳдид, фишороварӣ, зурӣ нисбати шахсони алоҳида, гурӯҳи одамон, ҷомеа, ҳокимият, институтҳои ҳокимиятӣ, давлат ва низоми идоракунии он буда, баҳри расидан ба ҳадафҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иделогӣ, геополитикӣ ва имкониятҳои гуногуни таҳрезишуда равона гардидааст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба низоми нави ҷаҳонӣ ва масъалаҳои глобалии ҳалталаб, аз ҷумла терроризму экстремизми динӣ дар созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ чанд маротиба ширкат ва суханронӣ намуда, ин зуҳуроти номатлубро маҳкум намуданд. Натиҷаи таъкид ва огоҳии саривақтии Президенти кишвар, буд, ки садҳо нафар волидони ғофил аз ҳолу аҳволи фарзандонашон, ки дар таълимгоҳҳои ифротгароии динӣ ва террористии кишварҳои хориҷӣ қарор доштанд, ба изтироб афтода, барои бозпас омадани онҳо чораҳои қатъӣ андешиданд. Зимнан маълум мегардад, ки ҳисси ватандустию ватанпарастӣ дар замири баъзе шаҳрвандони Тоҷикистони соҳибистиқлол заиф гардида, дар назди виҷдони худ азоб накашида, аз як тараф "лофи ватандорӣ" мезананд ва аз тарафи дигар бо роҳҳои гуногун фарзандони болиғ ва қобили худро аз хизмати ҳарбӣ мегурезонанд ва ё бо сабабҳои дигар ҳатто наврасони пур аз орзӯю омолро ба роҳи торику пурпечутоби ғарибӣ гусел мекунанд.
Боиси таассуф аст, ки ҷавонони гумроҳ ва бехабар аз аслу нажод ва эътиқоди динии ростгаро дар байни ҷомеаи мо аҳён-аҳён пайдо гашта истодаанд. Онҳо ба доми фиреб афтода, беҳтарин атои Офаридгор - аҳли худро ба ҳиллаю найрангҳои муғризона ва хоинонаи душманони миллат ва давлати хуқуқбунёди тоҷикон бохтаанд. Заъфи зиракии сиёсии ҷавонон, арҷ нагузоштан ба арзишҳои миллӣ, расму оини миллӣ, муқаддассоти динӣ ва ғайра ба бадхоҳони миллати тоҷик имкон медиҳад, ки сафи тарафдорони худро афзун намоянд. Боздошт ва безараргардонии афроди ҷиноятпеша дар Шарқи мамлакат далели гуфтаҳои болост.
Терроризм аз нуқтаи назари ҳуқуқӣ : «Ин содир намудани амалҳое мебошанд, ки ба одамон хатари марг ба миён меоварад, истифодаи он мақсади ҷисмонӣ, бартараф кардани рақибони сиёсӣ, вайрон кардани бехатарии ҷамъиятӣ, тарсонидани аҳолӣ ё расонидани таъсир барои аз тарафи ҳокимият қабул кардани қарорҳо мебошад». Терроризм ин куштор, аҳли ҷомеар ба эҳсоси доимии тарсу ҳарос гузоштан барин падидаҳо бошад, экстремизм ин даъват ба нооромӣ, даъват ба ғасби ҳокимият аст.
Экстремизм (ифротгароӣ) ва шакли ниҳоии он – терроризм (даҳшатафканӣ) ҳам барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҳам барои ҷомеаи мо хатари ҷиддии воқеӣ доранд. Дар таърихи тамаддуни инсонӣ охири асри ХХ-ум ва ибтидои асри XXI шояд давраи пурғамтарин аз нуқтаи назари қисмати одамон, халқҳо, миллатҳо, системаҳои иҷтимоӣ ва тамаддун бошад. Чунки вазъи кунунии ҷаҳони муосир ва паҳншавии босуръати зуҳуротҳои басо мураккаб ва барои ҷомеаи башарӣ даҳшатовари ифротгароии динию мазҳабӣ, экстремизм ва терроризми сиёсию миллатгароёна тамоми давлатҳои ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст. Имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст.
Тули даҳсолаҳои охир ин зуҳуротҳо торафт авҷ гирифта, ба муаммои муҳими на танҳо кишвари мо, балки ҷомеаи ҷаҳонӣ табдил ёфта истодааст. Қайд кардан зарур аст, ки терроризм ва экстремизм боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш – таҳдид ё истифодаи зӯроварӣ, расонидани зарари вазнин, бенизомӣ, тағйири сохти конститутсионӣ дар мамлакат, ғасби ҳокимият ва аз они худ кардани ваколатҳои он, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ мебошад. Пеш аз оне, ки сабабҳои пайдоиши ин зуҳуротҳои номатлубро муаян намоем сараввал мехостем оиди мохияти онҳо чанд сухан гӯем.
Экстремизм (аз забони лотинӣ (extremes) гирифта шуда, маънои охирин, канораро дорад) – фаъолияти сиёсие, ки барои амалӣ гардидани мақсадҳои авантюристӣ, моҷароҷӯии худ, зуригарии ҷисмонӣ, услубҳои ҳарбӣ террор ва фитнаро истифода мебарад. Ҳоло ҳеҷ кас гуфта наметавонад, ки аввалин амали террористӣ кай, дар куҷо ва бо кадом мақсад сар задааст. Маълум аст, ки падидаҳои хатарафзо инсониятро дар ҳама давраҳо ҳамроҳӣ намуда рӯз то рӯз шаклу шеваҳои навро касб кардааст. Гарчанде аз тарафи муҳуқиқону сиёсатмадорон қариб 120 намуди шарҳи ин падидаҳо пешбинӣ шуда бошад, аммо то ҳол таърифи дурусту ягонаи онҳо муаян нашудааст.
Тавре, ки Пешвои миллат дар Паёми навбатии худ қайд карданд “дар арсаи байналилалӣ то ҳол таърифи ягонаи мафҳумҳои «терроризм» ва «террорист» вуҷуд надорад, ки ин ҳолат ба истифодаи меъёрҳои дугона ва духӯрагиву гуногунфаҳмиҳо мусоидат карда истодааст”. Аз ҳама ташвишоваораш ин аст, ки барои ба ҳадафҳои сиёсӣ расидан ташкилотҳои террористию экстремистӣ аксаран зери ниқоби шиорҳо ва арзишҳои динӣ амал карда ба эътиқоди динии шахсон таъсир мерасонанд.
Моро зарур аст, ки рафтори ҷавононро дар хориҷи кишвар низ зери назорат гирем. Бо мақсади пешгирӣ намудани терроризму экстремизм, махсусан пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои макзур давлатро мебояд чораҳои зеринро дар ҷомеа фароҳам оварад: Баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ, некуаҳволии халқ, дастгирии қишрҳои мухталиф ва таъмини имтиёзҳо ба ниёзмандон; Ба низом даровардани муҳоҷирати меҳнатӣ, ба тадриҷ коҳиш додани сатҳи болоравии он ва дар дохили ҷумҳурӣ бо кор таъмин намудани шаҳрвандони кишвар; Баланд бардоштани маърифат ва фарҳанги сиёсиву ҳуқуқии кишвар, бахусус, наврасону ҷавонон;Ҳалли масъалаи муносибати дурусти давлат ба дин, озодии виҷдон ва эҳтироми арзишҳои динӣ.
Дар ин робита, мувофиқи мақсад шуморида мешавад, ки амалҳо оид ба паст намудани зуҳуроти экстремистӣ дар муҳити ҷавонон ба самтҳои зерин равона карда шаванд: – ба муносибгардонӣ ва беҳтар намудани муҳитииҷтимоии ҷавонон, дар он ташкил намудани фазои мусоид барои ҳамкориҳои созанда, тарғиби эҳсосоти мусбат аз иштирок дар амалишавии лоиҳаҳои иҷтимоӣ ва ҳавасманд гардонидани ҷавонон аз натиҷаи ба дастовардаи он, инчунин аз таҷрибаи ҳалли масоили насли ҷавон; – ташаккули механизмҳои таҳлили ифротгароии ҷавонон, коркард намудани усулҳо барои нест кардани он ва дар ҷои он ташкил намудани соҳаҳои иҷтимоии созанда; – ба вуҷуд овардани механизмҳои пурмаҳсули таъсир ба раванди иҷтимоикунонии ҷавонон ва ворид намудани онҳо ба фазои иҷтимоӣ-фарҳангии ҷомеа; – баланд бардоштани сифати таълиму тарбия дар оила, мактаб ва муассисаҳои олӣ; – ба ҷои кор ва музди хуб таъмин кардани ҷавонон; – баланд бардоштани ҳамкории мақомоти давлатӣ бо ҷавонон; – таъсис додани марказҳои ёрии равонӣ ба ҷавононе, ки бо мушкилот рӯ ба рӯ мешаванд; – баланд бардоштани нақши ҷавонон дар ҷомеаи шаҳрвандӣ.
Мо, аҳли ҷомеа набояд ба он роҳ диҳем, ки мафкураи кӯдакон бо иттилооти нолозим пур карда шавад, балки омӯзгорон, волидон, сохторҳои маориф, фарҳанг тадбирҳои мушаххас андешем, чорабиниҳои ҷолиб доир кунем, ки бачагон ба он ҷалб гардида, дар майнаашон ақидаву афкори солим ҷо гардад. Алалхусус, дар деҳоти дурдаст ба касбомӯзӣ,ба махфилҳои гуногун ҷалб намудани бачагон эътибори ҷиддӣ диҳем.
Вазъи имрӯзаи бамиёномада тақозо мекунад, ки ҳар яки мо ҷавононро зиракии сиёсиро аз даст надода, баҳри ҳифзи сулҳу суботи ҷомеа, оромиву осудагии кишвар корҳои мушаххасро ба амал барорем. Имрӯз мо, омӯзгорон аҳли ҷомеаро зарур аст, бори дигар ба кори таълиму тарбия, пурсамар гузаштани вақтибачагон, ҷалби онон ба маҳфилҳои ҳунаромӯзӣ ҷиддӣ назар кунем.
Дар чунин вазъият ҳар як фарди соҳибмаърифат, ҷавонони бонангу номус ва хосатан падару модарро масъулияти азим мебояд, зеро аҳамияти ҷиддӣ зоҳир намудан дар тарбияи насли наврас ва ҷавонон яке аз омилҳои мубориза бар зидди падидаи нанговари ҷомеаи имрӯза – терроризм ва ифротгароӣ маҳсуб меёбад. Ҳар кадоми мо бояд ба тақдири Ватанамон бепарво набошем, бояд Ватанамонро бо қалбамон дӯст дорем, ҳама мақомот, сохторҳо, аҳли ҷомеа якҷоя амал намоем.
Луфов М.Т. – мудири кафедраи педагогика ва психологияи томактабӣ