​Сабаб ва моҳияти рӯйдод дарки ҳам зарур аст!...

Яке аз сабабҳои лангиши мо дар ҷанги иттилоӣ бо қирғизҳо ва дарк накардани иллатҳои такрори пайвастаи ҷангу ҷӯшҳои бемаънӣ шояд дар ноогоҳии мо аз таърихи чунин кашокашҳост...

...Барои халқи тоҷик бисёр ҷабр шуд. Ҳуҷуми ин дафъаи қирғиз ҳам як ҷабри навбатӣ ба тоҷикон гардид ва адовату надомати бисёреро ба вуҷуд овард. Афсус, аз ҳар тараф хабари ҳуҷум, хароб кардан, оташ задан ва, аз ҳама бадтар, ханҷар задан ба ҷону ҷигари мардум ба гӯшҳо расида ва нолаву фарёди кушташудагон ба фалак печида, табъу айши ҳамагон талх шуд... Боз ҳам ҳамон доғе мемонад, ки солҳои сол дар қалбҳои мардум нақши хира хоҳад дошт. Доғи аз даст додани нахлҳои саркашидаи миллатро кашидан ҳам ба аҳли ин миллат ва ҳам ба пайвандон аз ҳарчи бештар мушкилтар аст...

Аз тарафи дигар, аз он тарафи қирғизтаборон ҳам ангезаву андешаҳое гӯшхарош мерасанд, ки гӯё мо – тоҷикон хоҳони ҷанг бо Қирғизистони кунунӣ ҳастем, ба мулкашон ҷанг мебарем, хонаҳояшро оташ мезанем, мардумашонро мекушем. Ин гуна тамоюли фикрии бисёр бад – айбдор донистани мо дар кашокаш аввалҳо дар миён набуд, он хоса дар чанд кашокаши охир мағзу моҳият пайдо кард ва то ҷое барои хира кардани обрӯю эътибори мо дар назди ҷомеаи башарӣ заминаи муосид фароҳам оварданӣ шуд...

Ҳеч надонистам, чаро ин нукта фаҳмида нашуд ё нафаҳмида истодаанд, ки “ҷанг офату бадбахтии даҳшатнокест, ки ҳар ҷо аз иқтидораш берун сар мезанад...” Ҷангро Черчил ба “феҳрасти иштибоҳоти дағалона” ҷой дода буда, ки беваҷҳу бесабаб набудагист.

Ин гуна мантиқи андеша дар ҳар кашмакаши хунини қирғизҳо бо аҳли Тоҷикистон ҳазор маротиба ва бо ҳазор роҳ ба гӯшашон рехта шуда, аммо гӯши суханшунав куҷост, ки онро хуб бишнаваду нағз дарк кунаду ба ҷонаш пазираду минбаъд аз чунин иштибоҳоти нангин даст бардорад. Аз сиёҳ кардани эътибори мо бояд даст бардошт. Ба курсии гуфтушуниди усулӣ бояд нишаст...

Агарчи раҳбарият ва ҷомеаи қирғизӣ имрӯз қатор-қатор дар воситаҳои таблиғиаш тоҷикро ба саркардагӣ дар ҳуҷумва куштор муттаҳам мекунад, чаро худаш то ҳол салоҳиятмандона аз пайи падид овардани як механизми устувор, комилиёр ва роҳҳои усуливу дурусти ҳаллу фасли қазияи тоҷику қирғиз намешавад ва дар ин ҷода тарҳҳое муфиду мондагору инсонпарварона ба миён намегузорад ва бо аҳли хиради кишвари мо дар сари мизи гуфтор ҷиддӣ ва сахт намешинад? Куҷо шуд он рӯзҳои маданияту адабиёташ, ки андаке бошад ҳам таъсиргузор буд!? Наход тарҳи андешаи миллии қирғизӣ чунин моҳият дошта бошад? Хуб, агар мо саркардаи ҷанг бошем, чаро намекӯшад ниҳодҳои моро ба курсии роҳати суҳбат даъват намуда ва иштибоҳҳои моро ба гӯшамон расонад? Мо огоҳем, ки роҳбарияти Тоҷикистон ва мақомоти Қирғизистон борҳо пайи гуфтушунид буд (то ба Иссиқкӯл ва баъдҳо ҳам) ва агарчи ин гуфтушунидҳо хеле муҳим буданд, дар бисёр маврид натиҷа надоданд ва дар ин амр “нақши” қирғиз барҷаста буд. Ин ҳаргиз аз он сабаб набуд, ки мо тарроҳи ғасби замини қирғиз бошем ва ҳар дафъа бо ин мақсад ба марзи онон чашм дӯзем, балки ин амр аз заъфу зарфияти танги мусолиматомезии ҷониби он омадаҳо рух дод. Инҳо қонуну фармону созишномаҳои ба имзорасидаро аввалин шуда вайрон карданд. Пас маълум мешавад, ки ниҳоди аввали қудратии қирғизӣ қобилияти нишастан ва ҳаллу фасл мунсифонаи қазияро дар рӯҳи ҳамсоягӣ, бародарӣ ва созишкорӣ надорад. Зеро агар чунин қудрату имкони ботаҳаммулонаи шишт медошт, ҳаргиз чунин рухдодҳои марговар дар минтақаҳои назди сарҳад ба ин гӯшношунидӣ ба миён намеомаданд. Пас онҳо дар ғами осоиштагиву амн набудаанд ва ба ҳар шарту шароити ба назари худашон матлуб мақсаду маромашонро ба миён монданианд.

Агар чунин намебуд, онҳо кайҳо аз имкониятҳои замони гуфтугӯи тамаддунҳо ба кор мебурданд, ки дергоҳ фаро расида ва аммо ҳоло ҳам ҷомеаи қирғизӣ, ки худро дар чашми ҷомеаҳои башарӣ пешрафта ба ҷилва оварданӣ мешавад, қазияро ба дурустӣ ва мунсифона ҳаллу фасл карданӣ нест. Баръакс, тарафи Тоҷикистонро дар назди ҷомеаи башар сиёҳ карданист. Ин маъниро корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ чанд рӯз аст, ки дар чашми мардум гузошта ва ҳамагон аз сабаҳои он ошноӣ пайдо карда истодаем, ки такрор кардан намехоҳам...

Хулоса тайи чандин сол аст, ки ҳодисаҳои хунин рух медиҳанд, чӣ қадар харобкорӣ мешавад ва чӣ қадар мардум оғӯштаи хун, аммо Қирғизистон одат карда, ки дар пойгоҳҳои хабариву таҳлилиаш тоҷиконро сабабгор ва оғозгари куштор ва амалҳои нангину мудҳиш нишон диҳад.

Ба ростӣ корҳое шуда истодааст, ки ақли инсон намегирад...

Онҳо агар ахлоқномаҳо – асарҳои ахлоқӣ мехонда бошанд, хубу нек медонистанд, ки бавуҷудоварандаи бадӣ худи бадкоронанд, ки онро оғоз мебахшанд ва боз ба ин гуна бадрафторӣ ва бадкешӣ тарафи муқобилро муттаҳам ҳам менамоянд. Ин гуна рафтор ростӣ ба ҷузъи асосии рӯҳиёту равон – таркиби психологӣ ва меҳвари асосии корбарии раҳбарияти қирғиз табдил ёфта мондааст, ки аз дасти он мо имрӯз азоб кашида истодаем. Дар асл аз дунё инро донистем, ки дар назди бадиву бадкорӣ ақли ҳар касе ҳам кутоҳ аст ва гирифтани пеши роҳи бадӣ мушкили рақами як аст. Фикр мекунам нафари бад бадиашро албатта ба ҳар роҳ мекунад ва дар таърих борҳо корҳое шуда, ки дар пеши бадӣ ростӣ ҳамеша мағлуб омадааст. Ростӣ бо бад сарукор доштан рӯсиёҳӣ меоварад. Ба амали норости тарғибгарии тоҷикбадбинонаву тоҷиксиёҳкунии қирғизҳо меандешаму бори дигар ба ин фикр меоям, ки наход аз ин варта баромадани мо чунин мушкил бошад, ки ба ин омадаҳо моҳияти азалияти худамонро фаҳмонда натавонем ва дар ивазион ки заминҳоямонро бе ин ҳам гирифтаанд, боз ҷони пайвандони тоҷикро ҳам аз даст диҳем. Бояд роҳе ёбем, ки аз рӯйсиёҳ шудани тоҷикон дар чашми олам аз ҷониби сиёсати қирғизӣ дар амон бимонем...

Ба фикри ман самтгирии бархе аз раҳбарияти қирғиз аз сиришту табиати асливу азалии халқашон дар гузашта маншаъ мегиранд. Ин на ба он маънист, ки тамомии қирғизҳо аз кӯчаи маданият нагузашта ва ҳамаи онҳо аз “А” то ба “Я” харобкору қотил бошанд. Ба он қирғизҳое, ки ба саҳми тоҷикон дар одам шудани тоҷикон қоил буда ва нақши тоҷиконро дар қоматафрозии мардуми қирғиз комилан дарк мекунанд, бояд сипос гуфт. Ба ин маънӣ, қирғизҳои мунсиф ва хушбин ҳам кам нестанд ва албатта банда ҳаргиз ба амбитсияву торҳои асаби онон расиданӣ нестам. Аммо кешу роҳу равиши раҳбарияти кунунии Қирғизистон аз он кешҳову роҳу равишҳои мунсифтабору хушандеш набудааст, ки набудааст...

Аз ҳамин хотир чунин раҳбарият ба хуни мардуми осоишта зомин боқӣ хоҳад монд, ҳамакнун имрӯзҳо дар ин марҳалаи ҳассос мавҷи норозигиҳои худи халқи қирғизро ҳам мешунавем, ки номунсифии онҳоро собит мекунад, дар сиёсат камтаҷриба, на аз кӯчаи сиёсат гузаштани онҳо, балки авомхулқ, кӯчагиандеш ва парвардаи ниҳодҳои ноасл будани онҳоро бозтоб мекунад. Наход ҳадафи амнияти миллӣ дар он кишвар бар пояи меъёрҳои андешаи дурусту саҳеҳу мунсифона нагузошта шуда бошад. Амнияти миллӣ на фақат ҳифзи амнияти он миллат, балки беғараз муносибат доштан ба миллатҳои дигар ҳам бояд бошад. Амнияти миллӣ ниҳоди миллаткуши дигар кишварҳо набояд бошад. Пас ин гуна раиси амнияти миллиро сад қамчин бояд зад, то дар назди аҳли миллате, ки бо ихлосу муҳаббат ба гузаштагонаш дарси адабу муҳаббат омӯхтааст, қадру қимати худашро дарк кунад.

Дигар дунёи мо дунёи ба сари қудрат омадани чунин нафарон набояд бошад, аммо афсус, “нодонӣ, бетаҷрибагӣ, бехабарии ин ду нафар имрўзҳо сабаби сар задани низоъ дар минтақаҳои наздисарҳадӣ, хунрезӣ ва ҷиноятҳои мухталиф гашта истодааст”...

Ба корбарони шабакаҳои худиамон низ чанд матлаб барои гуфтан дорам. Албатта ин нукта на сад, балки шояд ҳазор дар сад дуруст аст, ки дар мавридҳои даргирии оташи ташаннуҷи байни қавмӣ ба шӯру эҳсос набояд дода шуд. Ба эҳсос омадану ба воҳима овардани аҳли ҷомеа кори хубу усулӣ нест... Аммо, афсус, аз чунин корбарӣ – салоҳиятмандона ё бидуни он дасти шуғли ҳарчӣ бештар доштан ба амали тарғиби қазияи ҷангу хунрезӣ ва коридани ахбори мухталиф ва ба эҳсосу шӯри зиёдатӣ овардани мардумамон ҳам ҳаллу фасли масъалаи тоҷику қирғиз ба даст наомадааст. Кашокаши мазкур танҳо бо як қирғиз куштан ва хонаашро аланга задан ҳаллу фасл нахоҳад шуд.

Ин нуктаро бисёриҳо дарк кардаанд, ки қазияи қирғиз дар асл таърихи беш аз сад сола дорад ва барои ҳаллу фасли он дарки аслу моҳияти ҳамаи рӯйдодҳои марбут ба он арзишу аҳаммият дорад. Бинобар ин дар ҳар изҳори назар бояд огоҳ буд, аз ҳар шӯридагиву хунҷӯшии ҷавонӣ низ бояд дар канор буд, ҳарчанд ба ҳузури ҷавонмардоне пуршӯр ва шуҷоъ имрӯз зиёд ниёз дорем...

Аз тарафи дигар, албатта аз ҳар матлаби хабаргузороне, ки аз амали ба салоҳ овардани вазъ ва оташбасгӯиҳо дарак медиҳанд, бояд хушнуд бошем... Аммо имрӯз ба мо чунон таҳлиле бояд, ки тарафи даргири қирғизро ҳамеша ба хулосаи ҷиддӣ биоварад, аз гуфтушунидҳои мо имкони ба мувофиқа расидани ҳамешагӣ фароҳам бошад. Дар хабаргузориҳои тарафи муқобил акси рухдодро мебинем. Бинобар ин, мо бояд механизме устувор ва усулиеро дарёбем, ки чунин мушкилотро бар манфиат ва бо дарозумрӣ ҳаллу фасл карда тавонад. Хабарҳои ҳаргунаву мавсимӣ хастакунанда ва камнатиҷа аст...

Имрӯз бояд аз таҳлили амиқи гузаштаи муаммои мазкур барои ояндаи хуши худамон биандешем:

...АГАР КОР ИН ХЕЛ – мисли чанд рӯзи охир ва пештара рафтан гирад, оё Модари Тоҷик – Модари Исфара, Модари Чоркӯҳ, Модари Хоҷаи аъло, Модари Ворух, Модари Овчӣ-Қалъача ва... Модари ҳар гӯшаи дигари Тоҷикистони азизамон боз дар навбати қурбонии фарзанди дигараш хоҳад истод?...

...АГАР КОР ЧУНИН рафтан гирад, оё боз минбаъд ҳам чандин тоҷики бечораи синасӯзе дигар “қуръаи фол”-и тиру туфанги ҳамсоя хоҳад гашт!?...

...АЗ ҲАМА БАД, агар кор чунин рафтан гирад, боз Модари Тоҷик, Модари Исфара, Модари Чоркӯҳ, Модари Хоҷаи аъло, Модари Ворух, Модари Овчӣ-Қалъача ва... Модари ҳар гӯшаи дигари Тоҷикистони азизамон фардо танҳо ва танҳо барои одамкушии типпи ҳамсоя фарзанд хоҳад зойид?...

Ин ва нуктаҳои дигар воқеан андешиданианд.

Дар бораи муноқишаи қирғиз дар сарҳадҳои тоҷикӣ, хоса Исфара ҳазорҳо матлаб гуфта ва навишта шудааст. Аммо, фикр мекунам, дар баробари ҳазор сабабу иллати худиву нохудӣ акнун ба қонуни фалсафии детерминизм – аслҷӯйӣ ва сабабҷӯйӣ низ бояд такя кард (инро чанд нафар андешамандон ҳам таъкид кардаанд) : Дар бештари мавриди даргир сабаби аслӣ дар характери аслии қавмии ҳамсояҳост, ки метавонад идома ёбад... Чанд оташнизоъ ва, баробари ин, чандин оташбас дар чанд соли охир ин хулосаро собит карда истодаанд...

То сабаби дард равшан нашавад, одам мурдан мегирад.

Сабаби муноқишаи қирғиз таърихи беш аз сола дорад.

Танҳо бо маҳкум кардани разолати имрӯзаи қирғиз ҳаргиз домани мақсуд ба каф нахоҳад омад...

Субҳони Аъзамзод – устоди ДДХ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ