Рӯзноманигорони оянда усулҳои ҷолиби таҳияи мусоҳибаро омӯхтанд
“Мусоҳиба чист ва навъҳои он кадомҳоянд” – ин суоле буд, ки дар доираи дарси лексионӣ аз фанни “Асосҳои фаъолияти эҷодии журналист” донишҷӯён байни ҳам мубоҳиса карданд.
Ба донишҷӯён дар доираи баррасии ин мавзуъ усулҳои ҷолиби омода намудани жанри мусоҳиба фаҳмонида шуда, талаботҳои асосӣ ҳангоми таҳияи он шарҳ дода шуд.
Давоми соати дарсӣ ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи маълумотнокии донишҷӯён муаллифи барномаи “Нигоҳи нав”, ки аз рӯйи жанр мусоҳиба мебошад, Салимҷон Саидов, даъват шуда буд.
Донишҷӯён тариқи пешниҳоди суол дониши худро тақвият дода, доир ба хусусият ва анвои жанри мусоҳиба иттилоъи бештар дастрас намуданд.
Таъкид гардид, ки дониши журналист аз тарзи суолгузорӣ ҳангоми таҳияи мусоҳиба нақши муҳим мебозад.
Ҳамзамон, як қатор намунаҳои жанри мусоҳиба аз матбуот ва радио низ манзури донишҷӯён гардид, ки ҷиҳати тавсеаи ҷаҳонбинии онҳо саҳми муҳим гузошт.
Маркази иттилоот ва таҳлил