Роҳу василаҳои пешгирӣ аз терроризму экстремизм

Терроризм дар замони ҳозира яке аз масъалаҳои муҳим ва ҷиддии глобалӣ ба шумор меравад. Мавҷудияти терроризм аз паси худ қурбоншавии аҳолиро мебарад, инчунин арзишҳои моддӣ- фарҳангӣ, маданиятӣ вайрон мешавад, ки азнавсозии онҳо асрҳо давом мекунад.Терроризм байни гуруҳҳои иҷтимоӣ ва миллӣ кина ва нобовариро пайдо месозад. Актҳои террористӣ ба зарурияти ташкили системаи байналхалқии мубориза бар зидди он оварда расонид. Барои баъзе одамон, гуруҳҳо, ташкилотҳо терроризм роҳи ҳалли проблемаҳои сиёсӣ динӣ ва миллӣ гардидааст. Терроризм ба он намуди зӯрии ҷиноятӣ дохил мешавад, ки қурбони он мардуми бегуноҳ ё шахсе мешавад, киягон хел муносибат ба низоъ надорад.

Терроризм ҳамчунмасъалаи глобалӣ диққатӣ махсус на омӯзишро талаб мекунад ва бинобарин соҳаи васеъро барои тадқиқот пешниҳод менамояд. Мақсади таҳқиқ, омӯзиш ва таҳлили табиати терроризм, оқибатҳои манфии он дар таррақиёти хоҷагии ҷаҳонӣ, омӯзиши таъсири терроризм ба низоъҳои байналхалқӣ ва миллӣ инчунин ҳолати муосири мубориза бар зидди терроризм мебошад. Дар замони мо терроризм яке аз унсурҳои вайронкунандаи ҷинояткорӣ барои давлат ва ҷамъият мебошад. Терроризм ба ҷараёни сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, равонӣ-рӯҳӣтаъсири худро мерасонад. Терроризми муосир дорои имконияти бузурги молиявӣ ва иқтисодӣ мебошад, ки онро на давлат ва на ҷамъият назорат карда наметавонад. Он системаи дохилии идоракуниро дорад, ки муқобили давлат барои ба манфиат ноил шудан мубориза мебарад. Барои ноил шудан ба мақсадҳои сиёсӣ ва иқтисодии худ террористон сиёсати молиявиро истифода мебаранд, ки он аз амалиётҳои ҷиноятӣ ба монанди фурӯши маводи мухаддир, яроқу аслиҳа ва ғайраҳо иборат аст. Дар таърих терроризм ҳамчун воситаи муборизаи сиёсӣ дар ҳаёти дуниявӣ ва динӣ зиёд ба назар мерасад. Таърих шоҳиди қатли рақиб аз тарафи рақиб аст, ки баъди он каллаи қатлшударо ба маърази тамошо барои тарсонидани омма мегузоштанд. Дар таърихи муосир ҳам ҳодисаҳои даҳшатовари террор аз диктатураи фашистӣ сар карда то қатли сарваронисиёсии Ҳиндустон ИндираГандӣ ва ШМА Ҷон Кеннедӣ, ки сирри қатли онҳо ҳоло ҳам то охир муайян нашудааст. Умуман рӯ овардан ба ҳодисаи террористӣ дар вазъияти гузариши ҷомеа, мухолифатҳои иҷтимоӣ ё сиёсӣ тезутунд мешаванд, бештар мушоҳида мегардад. Бесуботию ноамонии сиёсӣ, иҷтимоиюиқтисодии ин ё он кишвар сабаби пайдоиши терроризм шуда метавонад. Дар давраи ҳозира чанд намуди фаъолияти террористӣ мавҷуд аст: терроризми давлатӣ, оппозитсиони, байналхалқи, динӣ, этникӣ, иқтисодӣ, идеологӣ, сиёсӣ ва ғайра.Фарқи байни терроризми давлатӣ ва оппозитсионӣ он аст, ки аз тарафи давлат амалӣ мешавад.

Актҳои террористӣ алоҳида ё гуруҳӣ иҷро карда мешавад. Акти террористи дохилидавлатӣ ҳамчун ҷинояти вазнин аз рӯи қонунгузори миллии мамлакат дида баромада мешавад. Дар замони ҳозира баъзе намудҳои зӯрии дохилидавлатӣ характери ҳуқуқӣ-ҷиноятӣ дорад, ки таҳдиди қонунии байналхалқӣ ва тартиботи ҳуқуқӣ, муносибатҳои байнидавлатӣ, марказ ва асоси байни ҳамаи намуди алоқаҳои байналхалқиро дар бар мегирад. Объекти ҷинояткории байналхалқӣ ӯҳдадории байналхалқӣ дар соҳаи таъмини ҷаҳонӣ, байналхалқии бехатарӣ ва ҳамкории халқҳо ва миллатҳо ба ҳисоб меравад, ки дар ин бобат ташкилоти СҲШ мисол шуда метавонад. Барои шахсияти террорист ҳиссиёти ҷаҳони негативӣ хатарнок аст, ки дар натиҷаи таъсири як қатор омилҳо ба амал меояд. Аввал ба он номувофиқоӣ байни тарзи моделӣ идеалии ҷаҳон асли дохил мешавад. Ин тазот дар ниҳоят барои шахсиятӣ террорист ҳолати “Ман-хуб, ҷаҳон- бад”-ро характернок менамояд. Ин ҳолат ба худмуҳофизати рӯҳи оварда мерасонад. Ҳамин тавр тарбияи шахсиятӣ террорист табиати худамалкунии деструктивиро қабул менамояд ва бо воситаи рад кунӣ фикри нав дар консепсияи боварӣ ба ҳақиқатӣ худ тавлид менамояд. Аз ҳама дараҷаи актуалии таҳлили психологии шахсият аз рафтори террористҳои, танҳо ки вақтҳои охир масъаларо назди системаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакатҳои гуногун гузоштаанд ва акси васеъродар васоити ахбори омма гирифтаанд, ифода менамояд.

Барои пешгирии бомуваффақияти терроризм ва назорат аз болои он кӯшиши ҳамаи компонентҳои асосӣ дар ҳаёти сиёсӣ- ҷамъиятӣ, инчунин мавҷудияти озодии давлатӣ- сиёсӣ барои мубориза бар зидди терроризм ногузир мебошад. Ҳамаи намудҳои назорат ва пешгирии терроризм бояд ба якдигар алоқаманд бошанд ва ҳамдигарро пурра созанд. Дар замони муосир чунин намудҳои пешгирӣ маълум ҳастанд: дохилидавлатии сиёсӣ, ҳуқуқи институтсионалӣ ва байналхалқии сиёсӣ, назорати ҳуқуқӣва институтсионалӣ.

Назорати сиёсии дохилидавлатӣ аз болои терроризм ва терроризми байналхалқӣ инҳоро дар бар мегирад:

А) сиёсати умумиҷаҳонии давлат

В) сиёсати антитеррористӣ

Сиёсати умумиҷаҳонии давлатӣ равонасозии мустақилияти фаъолияти давлат дар соҳаи қонунгузорӣ, ки мубориза бар зидди ҷинояткориро танзим менамояд, муайян сохтани сохтори органҳои юститсияи ҷиноятӣ тартиб ва намуди функсионалии он дараҷаи иштироки ҷамъият дар мубориза бо ҷинояткорӣ мебошад.

Умуман барои назорат ва пешгирии терроризм дар давлат бояд барномаи зерин амал намояд:

- ҳамкори байни мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, органҳои судӣ ва тафтишотӣ;

- таъсини назорати самараноки аслиҳа, ашёҳои тарканда ва моддаҳои хавфнок;

- муҳофизати самараноки шоҳидони актҳои террористӣ, судҳо ва коркунонии судӣ, ки дар ҷараёни қазовати актҳои террористӣ иштирок карданд;

- азнавкоркардабароии принсипҳои роҳбарӣ барои васоити ахбори омма бо мақсади роҳ надодан ба овозаҳо;

Сиёсати антитеррористии давлат бояд дар чунин асосҳо сохта шавад:

•Такмили базаи қонунгузорӣ ва ҳуқуқи байналхалқии назорати террористӣ;

Таъмини пурраи ҳуқуқҳои юридикии ҳамаи иштирочиёни ҷараёнҳо, ки бо назорати террористон алоқаманданд;

Амалисозии назорат дар шароити қонуни миллӣ ва байналхалқӣ;

Коркардабарорӣ ва истифодаи пурраи методҳои махсус.

Назоратиҳуқуқӣ - бояд давлат базаи ҳуқуқиро барои мубориза ва пешгирии терроризм бо роҳи қабули актҳои меъёрии махсус ба расмият дарорад. Ин актҳои меъёри принсипҳои зеринро дорад:

1-қонунӣ

2-чораҳои пешгирии терроризм

3-гузашткунии минемалӣ ба террорист

4-ҷазо барои амали сохтани фаъолияти террористӣ.

Назорати институтсионалӣ – системае, ки бо мақсади мубориза бар зидди терроризм ташкил карда шудааст. Ҷои махсус дар фаъолияти давлатӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятии мубориза бар зидди терроризм ба ташкилотҳои байналхалқӣ вогузор карда шудааст. Бо вуҷуди равияҳои номбаршуда мубориза бояд самаранок ва ба дараҷаи бехатарсозӣ ва мустаҳкамсозии қонунҳо, ки муборизаи терроризмро ба танзим медароранд, ӯҳдадории онро муқаррар менамоянд, гузаронида шаванд.

Дар ҷаҳони муосир терроризм бисёр мураккаб ва пешбининопазир гардида истодааст. Бинобар ин назди ҷомеаи ҷаҳонӣвазифаи бо усулҳои дохилӣ ва байналхалқӣ камтар кардани он истодааст. Муборизаи самараноки зидди терроризм аз муборизаи зидди сабабҳои пайдоиши он вобаста аст, яъне ҳам дар сиёсати дохилӣ ва ҳам дар сиёсати хориҷӣ зидди беадолатии иҷтимоӣ, зулму ситам, низоъҷӯию зӯроварӣ мубориза бояд бурд.

Думаева Зарина, ассистенти кафедраи

забони олмонӣ ва забони хориҷии дуюм

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ