Роҳу василаҳои асосии пешгирии шомилвавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ

Имрӯзҳо яке аз падидаҳои номатлуби ҷомеаи ҷаҳонӣ дар баробари дигар мушкилоти дилгиркунанда ин терроризм ва экстремизм ба шумор рафта, барои боз ҳам инкишофу тараққӣ ёфтани ҷомеа таҳдидҳои наву сангинро эҷод менамояд. Ин ду падида ҳамчун вабо ба проблемаи ҷаҳонӣ табдил ёфта, ниҳоят номатлуб арзёбӣ мегарданд. Қариб дар ҳамаи сарораси ҷаҳон он паҳн шуда истодааст. Бисёртар ин амалҳои манфӣ зери ниқобу шиорҳо ва арзишҳои гуногуни динӣ ва сиёсатҳои бебунёд сурат гирифтаанд ва гирифта истодаанд. Имрӯз амалҳои террористӣ тез-тез ба вуҷуд омада, дар натиҷа бисёр мардумони бегуноҳ кушта ва маҷрӯҳ шуда истодаанд.Ташкилот, гурӯҳ ва ё шахсони алоҳида кирдорҳои харектери экстремистию террористӣ доштаашонро барои расидан ба ҳадафҳои нопокашон: аз байн бурдани рақибони сиёсӣ, вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ, тарсонидани аҳолӣ ва несту нобуд кардани инсоният ба кор мебаранд.
Экстремизм – (аз калимаи фаронсавии «ехtrеmismе» ва лотинии «eхtrеmus») гирифта шуда, маънояш ифротгароӣ, аз ҳад гузаштан, аз андоза гузаштан аст.
Терроризм – сиёсатест, ки ба истифодаи пай дар пайи амалҳои террористӣ асос ёфтааст. Калимаҳои ҳаммаънои терроризм (лотинӣ terror – тарс, даҳшат) чунин мафҳумҳо ба монанди “зӯроварӣ” ва “тарсонидан” мебошанд.
Радикализм (тундгароӣ) – ин пеш аз ҳама идеология, нақша, образҳои тахаюлот ва стратегия мебошад.
Намояндагони гурӯҳҳои ифротӣ бо роҳу усулҳои гуногун сараввал, бо ҷавононе кор мекунанд, ки таҷрибаи кофии рӯзгор надоранд ва сатҳи маърифати донишҳои дунявӣ ва диниашон паст буда, дар зиндагӣ бо мушкилоте, чун қашшоқӣ, бекорӣ, муҳоҷират, аз таҳсил дур мондан ва амсоли ин рӯ ба рӯ шудаанд, сару кор доранд, яъне қишри осебпазири ҷомеа бисёртар ҷавонон буда ва ташкилдиҳандаи гурӯҳҳои ифротӣ ба шумор мераванд. Аз ин рӯ, ба ҳамаи насли калонсол ва соҳиби касбу корҳои гуногун – падару модарон, омӯзгорон, ходимони дин, кормандони ҳифзи ҳуқуқ, васоити ахбори омма зарур аст, ки бо ҷавонон ва наврасон ҳамаҷониба ҳамкорӣ намуда ба онҳо роҳи дурусти ба камолрасӣ ва муваффақ шуданро дар соҳаҳои мухталифи зиндагӣ нишон диҳанд. Ба онҳо собит намоянд, ки маҳз ҷавононе, ки аз таҳсил дур мондаанд ва касби муайян надоранд аз ҳама бештар бо роҳи осон ба доми афроди тундрави беватан ва ифротгаро гирифтор мешаванд. Дар мубориза ба муқобили ин гурӯҳи ифротӣ, экстремистӣ ва террористӣ зарур аст, ки тамоми ҷомеа дастҷамъ бошанд.
Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои худ таъкид намуда буданд: “Мо бояд ҳаргиз фаромӯш накунем ва ба ҷавонони имрӯза талқин намоем, ки аз оғози солҳои 90-ум халқи Тоҷикистон бо сабаби поймол гардидани меъёрҳои ҳуқуқӣ, хусусан меъёрҳои конститутсионӣ оқибатҳои даҳшатноку фоҷиабори мухолифати мусаллаҳона ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро бо чашми худ дидем ва ин моҷаро давлати моро қариб ба вартаи нобудшавӣ оварда расонд”.Вазъи имрӯза зарурати муборизаи ҷиддиро ба муқобили ин қувваҳои ифротӣ ба миён меорад. Чи тавреки Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид доштанд, террорист ва ифротгаро миллат ва давлат надорад. Моҳиятан чунин гурӯҳҳо ва амалҳои террористию ифротгаронаи онҳо хусусияти байналхалқӣ доранд. Ва мусаллам аст, ки амалҳои ин қувваҳо барои ҳаёти осоиштаи тамоми давлатҳои минтақа, аз он ҷумла Тоҷикистон наметавонанд бехавф бошанд. Зарур аст, ки тамоми мардуми озодихоҳи Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо дар мубориза бар зидди чунин падидаҳои ифротӣ дастҷамъ бошанд. Имрӯз фурсате фаро расидааст, ки ҳамаи мо сиёсати хирадмандонаи Пешвои мииллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дастгирӣ намуда барои ҳимояи ватани худ аз таъриси манфии чунин амалҳои террористию экстремистӣ омода бошем. Ҳукумати мамлакат бар мубориза алайҳи падидаҳои манфии ҷомеа як қатор қонуну санадҳои меъёрию ҳуқуқиро қабул намудааст.
Давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти мубориза бо зуҳуроти фаъолияти ҷинояткоронаи гурӯҳҳои ифротӣ дар асоси заминаҳои қонунӣ, барои пешгирӣ намудани онҳо як қатор чораҳои зеринро андешида истодааст:
1. Баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ, некуаҳволии халқ, дастгирии қишрҳои мухталифи ҷомеа ва таъмини имтиёзҳои моддӣ ба категорияи ниёзмандон;
2. Ба низом даровардани муҳоҷирати меҳнатӣ, ба тадриҷ коҳиш додани сатҳи болоравии он ва дар дохили ҷумҳурӣ бо кор таъмин намудани шаҳрвандони мамлакат;
3. Баланд бардоштани маърифат ва фарҳанги сиёсиву ҳуқуқии шаҳрвандони ҷумҳурӣ, бахусус, наврасону ҷавонон, аз ҷумла «ҷалб намудани наврасону ҷавонон ба ҳар гуна машғулиятҳои беруназдарсии ҳуқуқтарбиякунанда;
4. Таҳия намудани барномаҳои давлатӣ, лоиҳаҳои ҷумҳуриявӣ, марказҳои иттилоотӣ-ҳуқуқӣ, маҳфилҳои мухталиф оид ба баланд бардоштани шууру маърифати ҳуқуқии онҳо;
5. Дар зери назорати давлатӣ қарор додани сомонаҳои иҷтимоии шабакаҳои интернетӣ, инчунин паҳн намудани иттилооти фошкунандаи манбаъҳои иттилоотии таҳрифшудаи сомонаҳои иҷтимоии хусусияти экстремистию террористидошта;
6. Дар байни аҳолӣ тарғибу ташвиқи ҳуқуқии иттилооти ҳуқуқӣ тавассути ба нашр расонидан ва паҳн намудани дастуру мақолаҳои оммавии ҳуқуқӣ, хусусан рекламаҳои хусусияти иҷтимоӣ-ҳуқуқӣ дошта;
7. Мукаммалгардонии қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳо ва манфитаҳои қонунии шаҳрвандон (наврасону ҷавонон)» аз фаъолияти ҷинояткоронаи гурӯҳҳои экстремистию террористӣ;
Тавре маълум аст, ба экстремизм ва терроризм бештар ҷавонон моил мебошанд. Барои ин гуна тамоюл пайдо кардани ҷавонон ниҳодҳои гуногун масъуланд. Дар миёни ин ниҳодҳо оила яке аз олатҳои асосии муқовимат бо экстремизми хушунатомез ва терроризмдониста мешавад. Маҳз дар оила тарбияи шаҳрванди оянда оғоз мешавад ва падару модар ва хешовандони наздик вазифадоранд дар кӯдак эҳсосот ва арзишҳое чун эҳтироми калонсолон, ба якдигар ёрӣ расонидан, ҳувияти миллӣ, ватандӯстӣ, масъулияти шаҳрвандӣ, ҳаммаромӣ, меҳрубонӣ ва масъулияти ҳамрайъиро парвариш диҳанд. Бидуни баҳс, маркази асос ва таҳрикдиҳандаи равандҳои омӯзишӣ, тарбиявӣ, равониву педагогӣ ва ҳуқуқиву иҷтимоӣ бояд оила бошад.
Бояд таъкид кард, ки носозгории моддӣ ва ё маънавӣ дар оила, камбуди робитаи кӯдакон бо падару модар, ғамхории кам нисбат ба хурдсолон ва ё нофаҳмӣ миёни онҳо, қатъи равобити “оила-мактаб-ҷомеа” ва ҷазби наврасон аз сӯйи фазои маҷозӣ падидаҳои манфие чун хушунат, майл ба маводи мухаддир, худкушӣ, фоҳишагарӣ, канорагирӣ ва нигилизми ҳуқуқиро ба бор меоваранд. Маҳз ба ҳамин хотир ҷомеаҳои хурд бояд муҳити асосии тарбия, ҷойи нигаҳдорӣ ва василаи интиқоли иттилоъ, фарҳанг ва арзишҳои суннатии ҳар ҷомеа боқӣ бимонанд ва бояд пуштибонии эҳсосӣ, моддӣ, иҷтимоӣ ва рушди ҳамоҳангу такомули онро таъмин намоянд.
Имрўз нақш ва моҳияти оила дар муносибатњои ноболиғоне, китаҳти таъсири ташкилкунандагон ва идеологҳои ҷаҳонбиниҳои тахрибкор қарор гирифтаанд, ба таври қобили мулоҳиза меафзояд. Зербинои кор бо чунин наврасон бояд назорати равиши зиндагӣ ва доираи муносиботи кӯдак маҳз аз тарафи наздикону пайвандонаш бошад. Аз як тараф, чунин шакли назорат бояд бидуни таъхир, системанок ва комил ва аз тарафи дигар - оромона, боодобона ва номаълум сурат гирад.
Муњаќќиќон ҳамчунин муҳиммияти шаклгирии арзишҳои маънавии шахсиятӣ, пеш аз ҳама дар давраи буҳрони ахлоқӣ, давраҳои гузариш, рукуди ҷомеа, дар шароити мушкили ҳифз ва интиқоли арзишҳои умумиэътирофшуда ва ҳадафҳои ҳаётиро таъкид мекунанд. Бо вуҷуди ин, бояд гуфт, ки имрӯзҳо пуштибонии “ячейка”-и аввалини ҷомеа ва рушдимикроиқлими оилавӣ мушкилоти иҷтимоиву иқтисодии ҷаҳонӣ ва минтақавӣ, буҳрони маънавии ҷомеава дар баробари ин, коҳиш ёфтани арзишҳои анъанавии хонаводагӣ, таназзули ҳадафҳои маънавӣ ва ахлоқии насли наврасро ба бор овардааст.
Тавре маълум аст, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 августи соли 2011 қонун барои боло бурдани масъулияти падару модар дар тарбияву таълими фарзандон дар руҳияи инсондӯстӣ, ватандӯстӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, умумиинсонӣ ва фарҳангӣ, ҳамчунин ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдакон қабул шуд. Аз ин рӯ, оилаҳо вазифадоранд, ки ин масъулиятҳои худро, ки қонун пешбинӣ намудааст, дар сатҳи зарурӣ иҷро кунанд. Аз љумла, дар Қонуни мазкур талабот оид ба ҳуқуқ ва уҳдадориҳои падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд муайян гардидаанд.
Зарур аст, таъкид шавад, ки оила дар ҳама ҳолат бояд нақши калидӣ, пешбаранда ва стратегиро дар пешгирии инҳирофоти иҷтимоӣ дар рафтори наврасон дошта бошад ва меҳвари асосӣ дар секунҷаи “волидайн – кӯдак - мактаб” бошад. Ба ибораи дигар, фарзандон барои волидайни худ ҳамеша ҳамчун кӯдаки хурдсол боқӣ мемонанд, аз ин рӯ нақши тарбиявии наздикону пайвандон дар ҳеч сурат, ҳатто ҳангоми зиндагии мустақили фарзанд набояд моҳияти худро гум кунаду дуюмдараҷа гардад, балки бояд хосияти ҳамешагӣ дошта бошад.
Рӯйхати адабиёт:
1.Собольников В. В. Деструктивная семья как фактор делинквентной социализации несовершеннолетних / В. В. Собольников // Психология. Историко-критические обзоры и современные исследования. – 2016.
2.Лопатин, И. В. Политический экстремизм среди молодежи: сущность и профилактика. – М.: Российский государственный социальный университет, 2020.
3.Грачев, А. И. Психология экстремизма и терроризма: теоретические и прикладные аспекты. – СПб.: НИЦ Профиль, 2016.
4.Определение склонности к отклоняющемуся поведению (А.Н.Орел) / Фетискин Н.П., Козлов В.В., Мануйлов Г.М. Социально-психологическая диагностика развития личности и малых групп. - М., Изд-во Института Психотерапии. 2002.
5.Якимова Т.В. Феномен познавательной аддикции в развитии одаренных подростков//Консультативная психология и психотерапия.2010.