Роҳҳои пешгирии ифротгароии ҷавонон дар таъмини амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ эълон шудааст ва ӯҳдадор гардидааст, ки тамоми шароитро барои зиндагии бошарафона ва рушди озоди шаҳрвандон фароҳам меорад. Ба ин хотир, ҳалли тадриҷии мушкилоти иҷтимоии ҷомеа яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати дохилии давлат аст. Дар сиёсати иҷтимоии давлат масъалаи боло бурдани сатҳи зиндагӣ ва фарҳанги сиёсии ҷавонон мавқеи махсус дорад ва ин беҳуда нест. Ҷавонон аксарияти аҳолии Тоҷикистонро ташкил медиҳанд, ки ба гуфтаи Президенти кишвар мутарам Эмомалӣ Раҳмон онҳо давомдиҳандаи кору фаъолияти насли калонсол, нерӯи созанда ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, хулоса ояндаи миллат ва давлат мебошанд[1].
Бояд қайд кард, ки ҷавонони имрўза бо сабаби тағйироти азими иқтисодӣ, иттилоотӣ, равонӣ, фарҳанги ҳаётӣ сахт дигаргун мешаванд ва ин бояд зимни таҳияи сиёсати давлатии нав оид ба ҷавонон ба инобат гирифта шавад. Ба шарофати кӯшишҳои Ҳукумат ва роҳбарияти кишвар низомї ҳамоҳангсозии ташкили таълими ҷавонон дар кишвар ва хориҷа ба роҳ монда шудааст. Ҳар сол шумораи ҷавононе, ки бо дастгирии фонди махсуси Президенти ҷумҳурӣ дар хориҷа таҳсил мекунанд, меафзояд. Имрӯз бештар аз 30 ҳазор ҷавонони мо дар муассисаҳои олии таълимии кишварҳои хориҷӣ аз ҳисоби давлат таҳсил мекунанд.
Дар шароити буҳрони иқтисоди миллӣ, ки боиси афзоиши мушкилоти иҷтимоӣ ва соири мушкилоти дохилӣ мегардад, дар кишвар инҳитоти ҷавонон ва болоравии сатҳи ҷинояткорӣ дар байни насли наврас ба назар мерасад. Аксарияти ҷавонон аз бекорӣ ва камбағалӣ азият мекашанд. Ин ба нерӯҳои ифротӣ, ки кӯшиши ҷалби ҷавонон ба тарафи худ доранд, суръати иловагӣ мебахшад.
Ҷавонон бояд имконияти ба даст овардани кори арзандаро мувофиқи қобилияти фардии худ дошта бошанд. Дар ҳақиқат, ҷомеа бояд шароити барои ҷавонон пешниҳод кардани имкониятҳои фаъол ва баробарро дошта бошад, яъне кори мувофиқ дар мутобиқат бо имкониятҳо ва маҳорати онҳо. Мавҷуд набудани чунин имкониятҳо хавфи афзудани тундравшавӣ дар байни насли ҷавонро ба вуҷуд меорад ва бесуботиро таҳрик медиҳад. Дар ҳоле, ки чунин омилҳо мисли ташвиқи адолати иҷтимоӣ ва баробарии даромадҳо, рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва оила, аз ҷумла, нақши занон, барои таъмини суботу оромӣ аҳамияти муҳим доранд, таҳқиқоти мазкур ба нақши шуғл дар пешгирии ба ном «ифротишавии ҷавонон» такя мекунад. Он ҳамчунин муҳим будани мавҷудияти озодии эътиқод ва имкониятҳои мутобиқро барои маълумоти динӣ дар кишвар қайд мекунад, зеро чунин тадбирҳо дар байни ҷавонон тундравии мазҳабии мавриди назарро метавонанд нармтар намоянд.
Ифротишавӣ – ин мафҳум барои тасвири раванди тадриҷии тағйирот дар нуқтаи назар ва рафтори одамони ифротишуда истифода мешавад. Ин тағйирот пазируфтани нуқтаи назар ва мафкураҳо, ҳамдардӣ ба иқдомоти шадид барои ҳалли мушкилоти таъйиншударо фаро мегиранд; дар баробари ин, ҳама чиз дар ҷаҳон шурўъ мегардад ба тақсимшавӣ ба «сиёҳ» ва «сафед» ва барои муколама ҷой намемонад (ё ниҳоят кам мемонад) – қайд мекунад коршиноси маълуми байналхалқӣ оид ба масъалаҳои терроризм, ифротгароӣ ва тундгароӣ М. Таарнби[2].
Таҳқиқотҳо нишон медиҳанд, ки ҳангоме ки қисми зиёди ҷавонон ба ҳаёти иқтисодию сиёсии ҷомеа фаъолона ҷалб шудааст, ин афзалияти онҳост, аммо нодида гирифтан ва табиъзи ҷавонон дар шароити бесуботии сиёсӣ метавонад сабаби нооромиҳо ва эътирозҳо гардад. Дар аксари мавридҳо дар рӯ ба рӯи интихоби он, ки дар муассисаҳои давлатӣ бо маоши каму ночиз ба кор дароянд ё ба соҳибкорӣ бо маоши бигузор шубҳанок, лекин бисёр манфиатовар гузаранд, ба шабакаҳои гурӯҳҳои ҷинояткор меафтанд. Дар чунин шароит наврасон ва ҷавонон ба ҳадаф ва манбаъи зуҳуроти зидди иҷтимоӣ табдил меёбанд ва дар сафҳои сохторҳои ҷиноятӣ, динӣ, ифротӣ ва террористӣ қарор мегиранд.
Дар баробари ин, ҷавононе, ки дар дар таълимгоҳҳои ғайрирасмии динӣ таҳсил мекунанд, аз ҷониби ниҳодҳои давлатӣ назорати муназзам карда намешаванд. Сабабҳои асосӣ дар ин маврид харобшавии ахлоқӣ дар байни наврасон, ба таври доимӣ ба тарбияи фарзандон машғул шуда натавонистани волидайне, ки танҳо ба таъмини кӯдакони худ бо хӯрок ва либос машғуланд, мебошанд. Мушкилот дар пешбурди ислоҳот дар низоми маориф, инчунин фаъолияти сусти ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ дар робита бо созмонҳои ҷамъиятӣ ба пурзӯршавии фаъолияти ташкилотҳои ифротӣ, ки наврасонро ҳамчун воситаи арзони татбиқи ҳадафҳояшон истифода мекунанд, оварда расонд.
Афзоиши исломгароӣ ва ҷалби кӯдакон ва наврасон ба гурӯҳҳо ва ҷамъиятҳои ифротӣ ба зиёдшавии ҳиссаи ҷавононе, ки барои таҳсил ба кишварҳои мусулмон ва араб мераванд, мусоидат мекунад. Хусусан рафтани ҷавонон барои таҳсил бо роҳҳои ғайрирасмӣ боиси нигаронист. Маҳз, берун аз назорати давлати худ қарор гирифта, ҷавонони тоҷик аллакай зери таъсири сахти ҷараёнҳо ва равияҳои исломие мисли салафиҳо, қодириҳо, аҳмадиҳо ва ғайра қарор гирифтаанд. Онҳо ба Ватан баргашта бо сабаби мавриди фишори шадиди рӯҳониёни расмӣ қарор гирифтан ва надоштани қобилияти бурдани гуфтугую баҳсҳо дар сатҳи фарҳангӣ, сабабгори сар задани ҳар гуна бетартибиҳо ва қонуншиканиҳо дар ҷомеа мегарданд.
Таҳлили вазъияти марбут ба тундгароии исломии ҷавонон аз он шаҳодат медиҳад, ки агар дар оғози солҳои 90-уми асри ХХ тундгароии ҷавонон хусусияти таҷовузкорона дошт ва аз нофаҳмию ҳолати эҳсосии онҳо бармеомад, лекин амалҳои даҳсолаҳои охир баёнгари он аст, ки тундгароии нави ҷавонон ба интихоби бошууронаи мафкуравии насли нав такя мекунад ва ин мавҷ аз тарафи ҷавонони омодашуда ва фаъол идора карда мешавад.
Таҳқиқи масъалаҳои тундгароӣ ва зўроварӣ дар заминаҳои сиёсӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки падидаи тундгароӣ зуҳуроти мураккаб буда, якчанд ҷанбаҳоро дарбар мегирад. Ва чунин нуқтаи назар содда ва хатост, ки фақат ақидаҳои сиёсӣ, боварҳои динӣ, мушкилоти иқтисодӣ ва шахсӣ ҷавононро барои шомил гардидан ба гурӯҳҳои ифротӣ маҷбур мекарда бошанд. Таҳлили раванди ифротишавии ҷавонон дар кишварҳои Европа, Шарқи Наздик, Осиёи ҷанубӣ ва Африкаи Шимолӣ омилҳои дигарро нишон медиҳанд. Аксарияти таҳлилгарон ба ҷанбаҳои анъанавии сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, динӣ ва фарҳангӣ, инчунин ҷанбаҳои таърихӣ ва гендерии масъаларо низ ҳамроҳ мекунанд.
Таҳлили сабабҳои паҳншавии ифротгароии динӣ дар шакли салафӣ-ваҳҳобӣ дар ҷумҳурӣ имкони ошкорсозии омилҳои дар байни аҳолӣ устувор гардидани мавқеи онро фароҳам меорад.[3]
Маъмулан, олимон се хусусияти фарқкунандаи зуҳуроти салафияро ҷудо мекунанд.
Якум – диндории сахт, пойбанди зиндагии комилан шахсии пӯшида будан, кӯшиш мекунанд, ки таълимоти асосии тарзи тафакури салафияро риоя кунанд.
Дуюм – комилан сиёсӣ. Ақидаҳои салафиҳо асосї фаъолияти сиёсиро, ки мақсади ниҳоиаш гузаронидани ҷамъият ба тарафи ҷомеаи аз тарафи қонунҳои шариат идорашаванда мебошад, ташкил медиҳанд.
Сеюм – салафиҳо-ҷиҳодиҳо, ҳадисиҳо, ки тағйироти имрӯзаро қабул надоранд. Онҳо тасдиқ мекунанд, ки ақидаи муборизаи мусаллаҳонаро таблиғ мекунанд ва гузариши тадриҷии ҷомеаро қабул надоранд. Онҳо чунин меҳисобанд, ки муборизаи мусаллаҳона имконияти ягона барои наҷоти мусулмонон ва бунёд кардани ҷомеаи боадолатона, ки тибқи шартҳои ислом амал кунад, мебошад.
Имрӯз дар Тоҷикистон салафиҳои навъи аввал зиёд мегарданд. Бо таълимоти салафия онҳо ҳангоми таҳсил дар хориҷа (дар Миср, Покистон ва ғ.) ва тавассути Интернет шинос гардидаанд. Дар Тоҷикистон масъалаҳои динӣ маъмулан дар сатҳи ҷомеа ва оила ҳал карда мешаванд. Муассисаҳои ибтидоӣ ё маҳаллии динӣ нисбат ба муассисаҳои марказӣ таъсири бештар доранд. Ташкилотҳои ҷамъиятӣ таъсири суст доранд. Ҷавонон ба ҷойи он, ки ба китоб ру оранд, барои кӯмак ва маслиҳат ба муллоҳо ва рӯҳониён муроҷиат карданро афзалтар меҳисобанд. Ин хусусан дар деҳоту маҳаллаҳо, ки ҳар як нафар шахси маъруфи динии худро дорад, ба назар мерасад.
Омили дуюм – ин мушкилоти иҷтимоӣ-иқтисодӣ, рушди демографӣ ва душвориҳои марбут бо кор таъминкунии ҷавонон мебошанд. Ин омилро ҷузъи калидии тундгарошавии аҳолӣ ва хусусан ҷавонон, ки бо сабаби набудани имкониятҳо ба осонӣ ба таъсир ва таблиғоти ҷараёнҳои ифротӣ дода мешаванд, номидан мумкин аст. Боиси нигаронии махсус мавҷудияти шабакаҳои тавонои маблағгузорӣ аз хориҷа ва фаъолияти мубаллиғон, чи дар ватан ва чи дар кишварҳои қабулкунандаи муҳоҷирони меҳнатӣ мебошанд. Тавре ки шарҳи нашрияҳо нишон медиҳад, бекорӣ, вазъияти вазнини ҳуқуқӣ дар муҳоҷирати меҳнатӣ ва муҳити бегонаи фарҳангӣ-динӣ ҷавононро хусусан аз Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ўзбекистон ба аъзогии ташкилотҳои ифротӣ тела медиҳанд.
Мушкилоти иҷтимоӣ-иқтисодӣ, ки аз онҳо кишвар азият мекашад, ба ҳолати аксарияти хоҷагиҳои манзилӣ таъсир гузоштаанд. Роҳи ягонаи халосиро хонаводаҳои тоҷик дар муҳоҷират мебинанд. Имрӯз тибқи омори расмӣ, тақрибан 50% -и тоҷикистониҳо ба сифати муҳоҷирони меҳнатӣ дархориҷа кор мекунанд, аммо сарчашмаҳои мустақил ин нишондодро аз як миллион бештар меҳисобанд, ки ин маънои ба муддати чанд моҳ дар сол ё ҳатто якчанд сол пайи ҳам дар хориҷа қарор доштани аз чоряк то нисфи мардони дорои қобилияти меҳнатро дорад. Муҳоҷирони меҳнатӣ асосан ба Россия ва Қазоқистон мераванд, ки дар он ҷо бо ҳолати мушкили иҷтимоӣ, мавҷуд набудани дастгирӣ аз тарафи ҳукумат ва маъмурият, ҳатто зуроварӣ ва бадбинӣ дучор мегарданд. Муҳоҷирони меҳнатӣ ҳадди ақал дар Россия нисбат ба ватани худ чор маротиба зиёдтар пул кор карда метавонанд, лекин онҳо дар аксар ҳолатҳо қурбонии ҳамлаҳои миллатгароён, ҷиноятҳои бераҳмии муҳофизони тартибот, шароити хатарноки меҳнат, инчунин шартномаҳои меҳнатии дар заминаҳои дурўғин басташуда мегарданд.
Муҳоҷирати меҳнатӣ ҳамин тавр, дар коҳиши сатҳи қашшоқӣ, суботи иҷтимоӣ ва макроиқтисодӣ нақши калидӣ мебозад. Вале шуғли нопурра инчунин ҷузъи модели муҳоҷират аст, зеро аксари муҳоҷирон ба корҳои ғайриихтисосӣ ё мавсимӣ машғуланд. Баъзе муҳоҷирон ба Тоҷикистон бо маҳорати нави зимни кор дар хориҷа гирифтаашон бар мегарданд, аммо чунин муҳоҷирон мисли пештара ақаллиятро ташкил медиҳанд. Ҷавонон бештар ба муҳоҷират майл доранд, зеро онҳо дар кишвари аслии худ саҳми кам доранд ва уҳдадориҳои оилавии камтар доранд. Барои он ки зиндагии худро дар ватан ташкил кунанд, аз ҷумла хона харанд, оиладор шаванд, сармояи аввалия даркор аст. Ҳамин тавр, муҳоҷират дар замони ҳозира қариб ки як расми ба зиндагии ҳаёти мустақилона гузаштан аст. Воқеан наздики аз се ду ҳиссаи муҳоҷирони тоҷик синну соли аз 20 то 39 сола доранд.
Яке аз омилҳои асосии ифротишавии ҷавонон ин надоштани донишҳои оддӣ дар бораи асосҳои дини ислом мебошад. Бо сабаби ноогоҳӣ ва бесаводии динӣ ҷавонони тоҷик ба ҷойи муассисаҳои таълимии исломӣ ба пойгоҳҳои омодасозии ҷангиён меафтанд, ки онҳоро амалан ба фаъолияти террористӣ роҳнамоӣ мекунанд. Тайи солҳои охир як қатор ҷавонон аз Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сабаби даст задан ба амалҳои террористӣ ва ифротгароёна дар кишварҳои хориҷӣ, инчунин дар дохили кишвар ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуда буданд, ки бештар аз даҳҳо нафар зимни анҷом додани чунин амалҳо нобуд гардидаанд.
Ҳамин тариқ роҳҳо ва воситаҳои рафъи ифротгароии ҷавононро дар қаринаи таъмини амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳлил намуда, ба чунин хулоса расидем:
- ба андешаи мо, масоили пешгирӣ аз ифротгароии ҷавонон танҳо бо афзун ва таҳким намудани нерўҳои қудратӣ ҳалли худро намеёбад. Ин вазифа маҷмӯи чораҳои ташкилию ҳуқуқӣ, тарбиявию ташвиқотӣ, такмили ҳамоҳангсозии фаъолияти ташкилотҳои давлатию ҷамъиятиро талаб мекунад, ки ба инҳо қабл аз ҳама дохил мешаванд:
- афзалияти бештарро дар мубориза бо ифротгароии ҷавонон ба рафъи сабабу шароити бавуҷудоварандаи рафтори нодўруст додан муҳим аст, чун инҳо дар ҷомеа масъалаҳои ҳалнашудаи иҷтимоию иқтисодӣ мебошанд, ки ҳанўз аз давраҳои пеш боқӣ монда буд; сиёсати давлатӣ дар соҳаи динӣ мебошанд, ки бархе аз масъалаҳои он то ҳоло ҳали худро наёфтааст; фишороварӣ ба арзишҳои маънавии ҷомеа; масъалаҳои гендерӣ, масъалаи ҷойҳои корӣ, масъалаи паст будани музди меҳнат ва ғайраҳо.
ташкили идораи ҳимояи иҷтимоии аҳолӣ ва таъсиси хизматрасонии иҷтимоӣ, ташкили майдончаҳои варзишӣ барои наврасон ва ҷавонон, ташкили комиссия оид ба ҳимояи ҳуқуқҳои ҷавонон ва наврасон, ташкили идораи рушди таҳсилот, ташкили маркази табиатшиносони ҷавон, маркази рушди илмҳои риёзӣ, маркази техникҳои ҷавон, маркази кимиёшиносони ҷавон, марказҳои мусиқӣ ва ғайраҳо барои пешгирии ифротишавии ҷавонон аҳамияти калон дорад.
- пурзўр намудани чораҳои бо ҷои кор, ҷои хоб ва таҳсилот таъмин намудани ҷавонон ва наврасоне, ки аз муассисаҳои гуногуни ислоҳотӣ баргаштаанд. Чунки бе дахолати ташкилотҳои давлатӣ онҳо мавқеи худашонро дар ҷомеа намеёбанд.
- коркарди стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон барои пешгирии онҳо аз падидаҳои номатлуб, ба мисли ифротгароӣ, терроризм, одамрабоӣ, нашъамандӣ ва ғайраҳо муҳим аст. Махсусан баланд бардоштани ҳисси ватанпарастӣ, ҳуввияти миллӣ ва башардустӣ.
- ташаккул додани ғояи миллӣ, дӯстӣ, ваҳдат ва ҳамоҳангии минтақаҳои мухталифи мамлакат дар муттаҳидии ҷавонон бар зидди ифротгароӣ ва терроризм муҳим аст.
- ташаккули шахсияти дорои ҷаҳонбинии дунявӣ, омўзонидани технологияи муосир роҳи беҳтарини дўршавӣ аз ифротгароӣ буда, дарнаврасон ва ҷавонон сифатҳои шахсӣ ва таҷрибаю малакаҳои ҳаётиро ташакул медиҳад.
Холматова Фарида – сармуаллимаи кафедраи кори бонкӣ, факултети иқтисодӣ, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров
[1] Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои Миллат мўтарам Эмомали Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. [Манбаи электрони]. URL: President.tj/noole
[2] Таарнби, М. Исламистская радикализация в Таджикистане: Анализ тенденций в настоящее время [Текст] / М.Таарнби. - Душанбе, 2012. - С. 5.
[3] Мухаммад, А.Н. Проблемы экстремизма в виртуальном пространстве Центральной Азии [Текст] / А.Н. Мухаммад, П.А. Махмадов. // Евразийский юридический журнал. №5 (96). Москва-2016 - С. 78.