​РОҲҲОИ МУҚОВИМАТ БА ҲОЛАТИ РӮҲИИ ТЕРРОРИСТӢ ВА ЭКСТРЕМИСТӢ

Зуҳуроти терроризм ва экстремизм аз ҷумлаи падидаҳои номатлуби умумибашарист, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст. Ба таъбири Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “ҷуғрофиёи он дар саросари ҷаҳон васеъ шуда, бештар аз 100 кишвари ҷаҳонро фаро гирифтааст”.Дар ҷомеа падидаву равандҳо ва ҷараёнҳои сершумор мавҷуданд. Зуҳури ҳар яки онҳо ҳатман фикру мулоҳиза, таҳлилу тавсиф ва назариёти гуноугунро ба бор меоварад. Ҳарчанд баъзеи онҳо муддатҳои зиёд аст, ки дар заминаи илмҳои гуногун мавриди омӯзиш қарор мегиранд, аммо то кунун таҳлили ҳамаҷонибаро соҳиб нагаштаанд. Терроризм дар радифи он падидаҳоест, ки ҳанӯз таҳлилу барррасии ягона ва дақиқро соҳиб нагардидааст.

Пайдоиши экстремизми зӯроварона ва терроризми як гурӯҳи хурди одамони таҷовузкор алайҳи аксарияти аҳолӣ, дар падидаҳои мушаххаси иҷтимоӣ-равонӣ зоҳир мешаванд. Экстремизм ё ифротгароӣ як шакли фаъолияти сиёсиест, ки принсипи демократии парламентро эътироф намекунад. Мақсади асосии он сарнагун, яъне барҳам додан ва дигаргун сохтани сохти конститутсионӣ мебошад. Экстремизм равшану кушод терроризмро дастгирӣ ва ба он маблағгузорӣ мекунад. Экстремизм ҳуқуқҳои шахсро эътироф ва риоя намекунад. Ҳуқуқи интихоб кардан, овоздиҳии пинҳонӣ дар раъйпурсиро низ эътироф наменамояд.

Бояд зикр кард, ки дар моддаи 8 – уми Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон омадаст: «Дар Тоҷикистон ҳаёти ҷамъиятӣ дар асоси равияҳои гуногуни сиёсӣ ва мафкуравӣ инкишоф меёбад. Мафкураи ҳеҷ як ҳизб, иттиҳодияи ҷамъиятӣ, динӣ, ҳаракат ва гурӯҳе наметавонад ба ҳайси мафкураи давлатӣ эътироф шавад. Иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсӣ дар доираи Сарқонун ва қонунҳо таъсис меёбанд ва амал мекунанд. Ташкилотҳои динӣ аз давлат жудо буда, ба корҳои давлатӣ мудохила карда наметавонад таъсис ва фаъолияти иттиҳодияҳои жамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсие, ки нажодпарастӣ, миллатгароӣ, хусумат, бадбинии иқтимоӣ ва мазҳабиро тарщиб мекунанд ва ё барои бо зӯрӣ сарнагун кардани сохтори конститутсионӣ ва ташкили гурӯҳҳои мусаллаҳ даъват менамоянд, манъ аст»!

Террор аз забони лотинӣ (terror – тарс, даҳшат, ҳарос) гирифта шуда, ба маънои муосираш дар охирҳои асри XVIII ҳангоми Инқилоби Бузурги Фаронса истифода шудааст. Он як навъ сиёсат, идеология ё амали иборат аз таҳдид, фишороварӣ ва зӯрӣ нисбати шахсони алоҳида, гуруҳи одамон, ҷомеа, ҳокимият, институтҳои ҳокимиятӣ, давлат ва низоми идоракунии он буда, баҳри расидан ба ҳадафҳои иқтисодӣ, сиёсӣ, идеологӣ, геополитикӣ ва имкониятҳои гуногуни таҳрезшуда равона гардидааст. Ҳоло зиёда аз 200 навъи маънидоднамоии терроризм мавҷуд аст, ки ҳеҷ яки он умумиэътирофгардида намебошанд. Дарки падида бошад аз тавсифи мафҳумии он осон нест, зеро бо вуҷуди хусусияти бисёрҷабҳа доштанаш боз омили бавуҷудоӣ дар дохили як давлат ва мавқеъ гирифтан, инчунин дар миқёси байналхалқӣ зуҳур карданаш як қатор мушкилотҳоро дар равшаннамоӣ ва маърифати худ ба миён овардааст.

Терроризм яке аз манфуртарини экстремизми сиёсист. Мафҳуми экстремизм бошад, аз забони фаронсавӣ (extremism) ва лотинӣ (extremus) гирифта шуда, маънои канораро дорад. Экстремизм маънои риояи ифрот, пеш аз воситаҳои зӯроварии моликият барои ноил шудан ба ҳадафҳо ифода мешавад. Хоҳиши вайрон кардани устувории иҷтимоии мавҷуда зоҳир мешавад. Заминаи назариявии экстремизмрорадикалии идеологӣ ташкил медиҳад.Экстремизм дар пояи пайравӣ ва ё эътиқод ба ҳиссиёт, амал, стратегия ё муносибат ба касеву чизе сар зада, ҳолату вазъияти махсус зоҳиршавиро дорад. Амалиёти экстремистӣ аз доираи эътирофи умум дур буда, дар он созиш, гуфтушунид ва ризоият бо субъектони он душвор ё имконнопазир аст. Фаъолияти экстремистӣ аслан тавассути таблиғоту ташвиқот (осоишта) ва тавассути ҷанг ё низои мусаллаҳона сурат мегирад. Терроризм як навъи мусаллаҳона ва муташаккилонаи экстримизм ба ҳисоб меравад.

Мафҳуми фаъолияти экстремистӣ (терроризм) дар қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 июли соли 2002 «Дар бораи мубориза бо экстремизм» дар моддаи сеюми қонуни мазкур фаъолияти экстремистон чунин маънидод карда шудааст:

- экстремизм – ин аз ҷониби шахсони ҳуқуқӣ ва ҷисмонӣ зоҳир намудани чунин шакли амалҳои ниҳоӣ мебошад, ки ба вайронкунии тартибот, таъғир додани сохти конситутсионӣ дар мамлакат, ғасби ҳокимият ва ба даст даровардани ваколатҳои он, афрӯхтани оташи низоҳои нажодӣ, миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ даъват мекунанд;

- фаъолияти экстремистӣ – фаъолияти шахсони ҳуқуқӣ ё ҷисмонӣ доир банақшагирӣ, тайёр намудан ва амалӣ кардани амалҳое мебошанд, ки ба мақсадҳои зерин нигаронида шудааст:

а) ба таври зӯрӣ таъғир додани сохти конситутсионӣ ва вайрон кардани якпорчагии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

б) таҳдид ба бехатарии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ба даст овардани ваколатҳои ҳукуматӣ;

в) ташкили дастаҳои мусаллаҳонаи ғайриқонунӣ;

г) амалӣ кардани фаъолияти террористӣ;

д) барангехтани низои нажодӣ, миллӣ ё динӣ ҳамчунин низои иҷтимоӣ, ки бо зӯроварӣ ё даъват ба зӯроварӣ алоқаманд аст;

е) паст задани шаъни миллӣ;

ж) амалӣ кардани бетартибиҳои оммавӣ, вайронкориҳо дар зери пардаи идеологӣ, сиёсӣ, нажод, миллӣ, динӣ ё худ нишон додани нафрат ба ягон гурӯҳи иҷтимоӣ;

з) ташвиқи волоият ё паст задани шаҳрвандон аз рӯи муносибати онҳо ба дин мансубияти иҷтимоӣ, нажодӣ, миллӣ, динӣ ва забон;

Воқеан терроризм дар адабиёти гуногуни ҳуқуқӣ ҳамчун дараҷаи охирини зуҳуроти экстремизм фаҳмида мешавад. Омилҳои асосии сар задани терроризмро ба омилҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, динӣ ва маънавӣ тақсим намудан мумкин аст.

Бояд таъкид кард, ки террорист – субъект, терроризм – сиёсат ва террор – воситаи ба амалбарории ин сиёсат аз ҷониби субъект аст.Шахсият ва хусусияти психологии субъектони терроризм аз ҷониби бисёр олимони соҳаи психологиямавриди омӯзиш қарор дода шудааст. Мутаассифона шахсияти террористон аз дидгоҳи равоншиносӣ то ба дараҷае мавриди таҳқиқ қарор нагирифтааст.Умуман дар адабиёти гуногуни илмӣ роҷеъ ба субъектони терроризм ва психологияи махсуси фарқкунандаи онҳомаълумотҳои гуногун мавҷуданд, ки онро “психологияи террорист” меноманд:

Бераҳмӣ (террористон медонанд, ки бо амали содиркардаи худ ҷони чандин нафаронро аз байн мебаранд, вале онро содир мекунанд);

Дилмондагӣ аз ҳаёт (террорист пеш аз содир намудани амале худро бояд бовар кунонад, ки рӯзе мемирад ва ё агар дастгир шавад, умри мнбаъдаи ӯ паси панҷараи зндон мегузарад);

Ҳисси нафрат (ба худ, ба шахсони алоҳида ва ба ҷомеа);

Фанатизм (таассуб);

Ноустувори психологӣ, бемориҳои психикӣ;

Боварӣ ба он, ки амали ҳақро содир мекунад.

Аввалин омӯзиши шахсияти террористро аз диди равоншиносӣ олимони хориҷӣ Ч.А. Рассел ва Л.Х.Мелник анҷом додаанд. Онҳо шахсияти350 пешвоёни гурӯҳҳои террористӣ аз Аргентина, Бразилия, Олмон, Ироқ, Эрон, Ирландия, Италия, Ҷопон, Фаластин, Испания, Туркия, Уругваймавриди омӯзиш ва таҳлил қарор доданд.

Муҳаққиқи итолиёвӣ Ф.Бруно якчанд хусусиятҳои психологии террористро муайян кардааст:

муносибати дудила ба қудрат;

фаҳмиши таҳрифшудаи воқеият;

пайравӣ ба намунаҳои рафтори стандартӣ;

ҷудошавии эмотсионалӣ аз оқибатҳои амалии онҳо;

номуайянии нақшҳои ҷинсӣ;

хурофотпарастӣ, боварӣ ба ҷодугарӣ;

тафаккури стереотипӣ;

амалҳои эҷодкорона;

манбаъҳои маҳдуди иттилоот;

пойбандӣ ба меъёрҳои қавии фарҳангӣ

Бояд таъкид намуд, кифаъолияти терроризм дар зери доктринаҳои гуногуни идеологию сиёсӣ, алалхусус исломӣ таъсис ёфтааст. Таъсири экстремистон аз рӯи он нишондоде муайян мегардад, ки гӯё онҳо худро пайравони ҳақиқии Ислом мешуморанд. Аз ин хотир дар тасаввуроти баъзе мамлакатҳо дарки нодуруст ҷой мегирад. Яке аз мутахассисони пешбарандаи соҳаи фиқҳ дар Россия Леонид Сюкияйнен мегуяд, ки пурқудруттарин силоҳ бар зидди терроризм ин арзишҳои воқеии исломӣ ва дарки дурусти шариат мебошад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои худ борҳо таъкид мекунанд, ки «террорист дар асли худ миллат, мазҳаб ва ватан надорад ва душмани Худову бандагони ӯст. Ин гуна неруҳо аз номи Ислом амал намуда, номи неки онро доғдор мекунанд ва манфиатҳои душманону бадхоҳони фарҳанги волои Исломро пиёда месозанд».

Воқеан терроризм аз Ислом дур аст ва дини муқаддаси Ислом бояд қувваи асосии худро бар зидди идеологияҳои экстримистонаи терроризм равона созанд. Имрӯзҳо олимони дини Ислом дар масъалаи бегонагии терроризм азин дини муқаддас андешаҳои зиёдро баён менамоянд. Аслан ҳадафи террористон қатли шаҳрвандони бегуноҳ буда, ин амали мудҳишро барои таҳдиднамоии давлат нишон медиҳанд.

Пешгирии фаъолияти экстремистӣ дар қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 июли соли 2002 «Дар бораи мубориза бо экстремизм» дар моддаи нуҳуми қонуни мазкур чунин шарҳ дода шудааст:

Бо мақсади пешгирии фаъолияти экстремистӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ аст:

а) ташкил кардан, ба қайд гирифтан ва фаъолият намудани ташкилотҳои экстремистӣ ва ё ташкилотҳое, ки барои амалӣ шудани экстремизм мусоидат мекунанд;

б) фаъолияте, ки ба тарғиби экстремизм алоқаманд аст, аз ҷумла паҳн кардани маводҳои экстремистӣ;

в) ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омадан, аз Ҷумҳурии Тоҷикистон рафтан ё ба воситаи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаштани шахсоне, кидар фаъолияти экстремистӣ иштирок кардаанд;

г) додани ҳуҷҷат барои истиқомат кардан ба шахсоне, ки дар фаъолияти экстремистӣ иштирок намудаанд;

д) ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул намудани шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки дар фаъолияти экстремистӣ иштирок намудаанд;

е) гузаронидани митингҳо, намоишҳо, раҳпаймоиҳо ва ё дигар баромадҳои оммавӣ, ки хилофи талаботҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.

Пешгирии фаъолияти экстремистӣ ҳамчунин амалӣ намудани дигар чораҳоро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намудааст, дар бар мегирад.

Бо мақсади пешгирии фаъолияти экстремистӣ мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва идоракунӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимиятӣ давлатӣ ва мақомоти худидоракунии маҳаллӣ дар доираи ваколатҳояшон бо тартиби афзалиятнок чораҳои пешгирӣ, аз ҷумла тарбиявӣ, тарғибии ба пешгирии фаъолияти экстремистӣ равонашударо мегузаронанд. Бар ин асос, дар шароити имрӯза зарурати он пеш меояд, ки бояд ҳамагӣ дар навбати аввал хусусиятҳои равоншиносии шахсияти террорист омӯхта шавад, то тавассути таъсиррасонии психологӣ ба фаъолияти ояндаи он ҷиҳати муқовимат ва пешгирӣ таъсир равсонида шавад.


Ҳусейн Зайтметов,

номзади илмҳои психологӣ, дотсенти

Муассисаи давлатии таълимии

«Донишгоҳи давлатии Хуҷанд

ба номи академик Бобоҷон Ғафуров»

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ