​Решаҳои ифротиёнро бояд аз замин барканд!

Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва пайомадҳои манфии он ҳимояи манфиатҳои милливу давлатӣ аз масъалаҳои асосист. Агар возеҳ баён кунем, майдони аслии ҷангҳои иттилоотӣ, ки дар замони муосир ба як зуҳуроти анъанавӣ табдил шудааст, ВАО мебошанд.

Аслан, ҷанги иттилоотӣ барои инсоният нав нест. Баръакс, агар силоҳҳо гоҳ-гоҳ хомӯш шаванд ҳам, аммо ҷангҳои лафзӣ ва набардҳои иттилоотӣ байни давлатҳо ҳеҷ гоҳ қатъ намешуданд. Коршиносон ва дигар алоқамандони ҳамин соҳа роҷеъ ба маъракаҳои таблиғотии мураккаб, ки бо ёрии онҳо сиёсатмадорон аз қадим кӯшиш мекарданд, ки рақибони худро заиф ва рӯҳияи онҳоро бишкананд, муфассал нақл кардаанд. Аммо аз ингуна ҷангҳои лафзӣ дар асри бистуяк, ки асри иттилоот буда, истифода аз технологияҳои нави иттилоотиву коммуникатсионӣ як ҷузъи ҷудоинопазири ҳаёти башар ба ҳисоб меравад, хеле фаровон истифода мешаванд.

Дар чунин шароити мураккаб натанҳо намояндагони ВАО, балки кулли ҷомеаро лозим меояд, ки бо саводи расонаӣ мусаллаҳ бошанд ва баҳри ҳимояи манфиатҳои миллӣ огоҳонаву ҳушёрона иқдом варзанд.

Дар ин майдон имрӯз баъзе аз аъзо ва тарафдорони ТЭТ ҲНИ худро шоҳиди воқеаҳои муҳими сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар нишон дода, ба муваффақиятҳои Тоҷикистон санг мезананд ва муаммои ҷузъии онро бидуни баррасиву хулосагирӣ ба осмони ҳафтум мебаранд, ки онро ҳеҷ ба ҳақиқат наметавон рӯ ба рӯ сохт.

Ман фикр мекунам бо ин муборизаҳои иттилоотӣ онҳо чӣ мехоҳанд? Дар ҳоле, ки ҳар як дақиқаву соат барои инсоният қимат меистад. Агар дар барномаҳои баҳсии онҳо як муамморо пешниҳод кунӣ чун муши гурбадида ба чор тарафи девор худро мезананд, вале ягон натиҷае ва ҳосиле дар даст нахоҳӣ бардошт.

Пас мо ҷомеаи солим, дорои мулки ободу ваҳдатофаринро зарур аст, ки ҷавобан ба ин муборизаҳои иттилоотӣ ҷавоби воқеӣ дода, лонаи ин гурӯҳҳои иғвогарро вайрон ва тухми онҳоро пароканда сохт то ки дар ҷомеаи мо реша паҳн накунанд.

Гулафзо Ҷӯраева – омӯзгори факултети забонҳои шарқ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ