РАВОБИТИ ДАВЛАТ ВА ДИН: СИЁСАТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ДИН
Чунон дину давлат ба ҳам андаранд,
Ту гӯӣ ду дурре зи як гавҳаранд.
На бе тахти шоҳӣ бувад дин ба пой,
На бе дин бувад шаҳриёре ба ҷой.
(Абулқосим Фирдавсӣ)
Масъалаи равобити давлат ва дин, нақшу таъсири дин дар тафаккур ва ҳаёти сиёсӣ-иҷтимоии мардум аз давраҳои қадим то ба имрӯз диққати олимону муҳаққиқони зиёдро ҷалб намуда, мавриди омӯзиши ҳамаҷониба қарор гирифтааст, зеро ки вазифаҳои аввалиндараҷаи ҳам давлат ва ҳам дин пеш аз ҳама, муттаҳид намудани мардум ҷиҳати расидан ба ҳадафи умумӣ маҳсуб меёбад. Алоқамандии сиёсат ва динро инкор кардан имконнопазир аст ва он таърихи тӯлонӣ дошта, дар таъмини сулҳу субот, амният ва рушди ҷомеа нақши муассир дошт ва ҳоло ҳам дорад. Бисёре аз олимону муҳаққон бар он ақидаанд, ки агар то асри XVII дар миқёси ҷаҳон таъсири дин ба таркиби сиёсии ҳокимият, дар муайян намудани сиёсати дохиливу хориҷии давлат хеле муқтадир буд, пас, баъди вусъат ёфтани ҳаракати маорифпарварӣ, ки аввалин бор дар Аврупои Ғарбӣ сар мезанад, ҷойгоҳ ва нақши дин дар ҷомеа ва таъсири он ба равандҳои сиёсӣ заиф гардид. Аммо, бояд таъкид намуд, ки шиддат гирифтани ҷараёни секуляризатсия дар ҳудуди мамлакатҳои гуногуни ҷаҳон низ, натавонист таъсири динро ба сиёсат ба пуррагӣ нест кунад.
Имрӯз низ таъсири сиёсат ба дин ва таъсири дин ба сиёсат баръало мушоҳида мешавад ва характери алоқамандии ин ду соҳа бошад, яке аз омилҳои муҳимтарини таъмину амнияти дохилидавлатӣ, минтақавӣ ва байналхалқӣ маҳсуб меёбад. Воқеан чӣ тавр шакл гирифтани муносибати давлат ва дин бо низоми сиёсии ҷомеа низ алоқмандӣ дорад. Қобили зикр аст, ки омилҳои зерин ба муносибати байниҳамдигарии давлату дин метавонанд таъсир расонанд:
- маърифати динии мардум;
- ҳолати маорифи динӣ;
- шароити иҷтимоиву иқтисодии аҳолӣ;
- низоми сиёсии ҷомеа;
- вазъи геополитикии минтақа ва ҷаҳон;
- мавҷудияти як ва ё якчанд дин, мазаҳаб ва пайравони онҳо дар ҷомеа.
Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз ба даст даровардани Истиқлолияти давлатӣ, роҳи инкишофи давлатдории демократӣ ва дунявиро, пеш гирифт, ки бархе аз гӯрӯҳҳои манфиатҷӯи хоҳиши сохтмони низоми давлати исломидошта напазируфтанд ва мутаассифона, ин ҳолат яке аз сабабҳои сар задани ҷанги шаҳрвандӣ дар миқёси кишвар гардида, боиси қурбониҳои азими ҷонӣ, талафоти калони иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маънавӣ шуд, монеаҳои ҷиддие барои расидан ба ин ҳадафҳои воқеан муҳим эҷод намуд. Дар чунин шароити вазнин ва номусоид саҳифаи нави Тоҷикистони соҳибистиқлол оғоз гардида, зери роҳбарии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати мустаҳкам намудани пояҳои давлатдорӣ, муттаҳид сохтани миллат ва ҳимояи мавқеи устувори сиёсии кишвар дар ҷаҳони хориҷӣ қадамҳои назаррас гузошта шуд. Дар солҳои аввалини соҳибистиқлолӣ парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади роҳ надодан ба хуруҷи ҳизбҳои идеологияи динидошта ва пешгирии бунёди давлати теократӣ қарорро дар бораи дохил намудани тағирот ба Конститутсияи амалкунанда қабул намуд ва тибқи он Тоҷикистон давлати дунявӣ гардид, ки заминаи мусоидро барои таъмини ҳуқуқи аҳолӣ ба озодии афкор, виҷдон, дин ва этиқод фароҳам овард.
Дар замони соҳибистиқлолии кишвар бо мақсади ҳамоҳанг намудани равандҳои ҳаёти динӣ ва таълиму тадқиқи масоили диншиносӣ ва хусусан, исломшиносӣ, Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шурои уламои Маркази исломӣ, Донишкадаи исломии бо номи Имоми Аъзам – Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит таъсис дода шуданд. Воқеан «имрӯз сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ дар мувофиқат бо принсипҳои конститутсионии ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки аз плюрализми сиёсӣ ва идеологӣ дар муносибатҳои байни ташкилоту созмонҳои давлатӣ ва динӣ дар ҷомеаи дунявӣ маншаъ мегиранд, амалӣ карда мешавад. Бар асоси қонунгузории Тоҷикистон давлат ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро қатъи назар аз миллат, миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди дини, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва молу мулк эътироф, риоя ва ҳифз менамояд». Ба маротиб афзудани шумораи иттиҳодияҳои динӣ (имрӯз тақрибан 5000 масҷид дар қаламрави кишвар фаъолият мекунад), нашри зиёди адабиёти илмӣ-динӣ (масалан, «Таърихи Табарӣ», «Кимиёи саодат», «Маснавӣ»-и Мавлавӣ ва ғ.), бузургдошти шахсиятҳои динию фарҳангии миллати тоҷик, аз ҷумла Имоми Аъзам Абуҳанифа (бо ибтикори Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Соли 2009 – Соли бузургдошти Имоми Аъзам эълон гардид), Имом Бухорӣ, Имом Ғаззолӣ, Мавлонои Балхӣ, Камоли Хуҷандӣ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ ва ғайра тарҷумаи Қуръони карим ба забони тоҷикӣ, ташкили ҳамасолаи мусобиқа барои ҳофизони Қуръон, тармими ҷойҳои муқаддас, фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати ба ҷо овардани адои маносики Ҳаҷ ва Умра (мутобиқи ҳиссаи муқарраршуда дар як сол тақрибан 6000 шаҳрвандони кишвар адои Ҳаҷ менамоянд) далели гуфтаҳои болоянд. Илова бар ин, бунёди яке аз масҷидҳои калонтарин дар шаҳри Душанбе бо ғунҷоиши 115 ҳазор намозгузор дар як вақт нишондиҳандаи ғамҳориҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати қонеъ гардонидани талаботи маънавии шаҳрвандон маҳсуб меёбад.
Имрӯз Тоҷикистон ҳамчун давлати дунявӣ дар асоси Конститутсия ва қонунҳои ҷорӣ ба ҳар як шахрванди худ баробарии ҳуқуқҳои диниро новобаста аз он, ки шаҳрванд ба кадом дин этиқод дорад, кафолат медихад. Маҳз барои ҳамин дар қисми 1 моддаи 8 Конститутсияи Ҷумхурии Тоҷикистон омадааст, ки «Дар Тоҷикистон ҳаёти ҷамъиятӣ дар асоси равияҳои гуногуни сиёсӣ ва мафкуравӣ инкишоф меёбад», ва дар қисми 4 моддаи зикргардида гуфта мешавад: «Иттиҳодияҳои динӣ аз давлат ҷудо буда, ба корҳои давлатӣ мудохила карда наметавонанд». Ин меёрҳои Конститутсия, асос ва пояи сохтори давлатдории дунявӣ буда, ба ҳар як шахс хуқуқи озодона муайян кардани муносибати худ нисбати ин ё он дин инъикос менамояд, ки он ба таври пуррагӣ дар моддаи 26 Конститутсия зикр гардидааст: «Ҳар кас ҳуқуқ дорад муносибати худро нисбат ба дин мустақилона муайян намояд, алоҳида ва ё якҷоя бо дигарон динеро пайравӣ намояд ва ё пайравӣ накунад, дар маросим ва расму оинҳои динӣ иштирок намояд».
Баъд аз Конститутсия санади меъёрӣ-хуқуқии танзимкунандаи хуқуқу озодиҳои муносибати шахс нисбат ба динро як қатор қонунҳои мамлакат, монанди Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва аз он ҷумла «Консепсияи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи дин» ташкил медиханд. Инчунин имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор санадҳои муҳими танзимкунандаи равобити дин ва давлат амал менамоянд. Аз ҷумла, бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз «4» апрели соли 2018, № 1042 Консепсияи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи дин тасдиқ шудааст. Консепсияи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи дин мақсаду вазифаҳо ва самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи динро бо дар назар доштани манфиатҳои миллии кишвар муайян ва танзим менамояд. Сиёсати давлатӣ дар соҳаи дин амалӣ намудани вазифаҳои асосии зеринро пайгирӣ менамояд:
- ҳифзи истиқлолияти давлатӣ ва манфиатҳои миллӣ, таҳкими суботи ҷомеа ва амнияти миллии кишвар, рушди устувори робитаҳои созандаи давлат ва иттиҳодияҳои динӣ;
- таъмини татбиқи кафолатҳои конститутсионӣ дар соҳаи озодии виҷдон, фароҳам овардани шароиту имкониятҳои беҳтар ҷиҳати татбиқи ҳуқуқи шаҳрвандон ба пайравӣ кардан ва ё накардан ба ягон дин, ба таври озод интихоб кардан ва тағйир додани эътиқоди динӣ;
- таъмини баробарии шаҳрвандон дар назди қонун, новобаста аз муносибат ба дин ва эътиқод;
- такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ;
- таъмини мақом ва нақши аслии дин ҳамчун манбаи маънавию ахлоқӣ ва тарбиявии аҳли ҷомеа, тақвият додан ва ба самти созандагӣ равона намудани неруи маънавию ахлоқии ҷомеа;
- мусоидат ба раванди эҳёи фарҳангу худшиносии миллӣ, посдории мероси маънавию фарҳангӣ ва анъанаҳои динию таърихии мардуми тоҷик;
- ташаккули низоми шаффофу муосири таълимоти динӣ ва тафаккури динии ҷомеа, ҳимояи гуфтугӯи доимӣ ва таҳаммулпазириву ҳамзистӣ байни дину мазҳабҳо ва иттиҳодияҳои динии гуногун, инчунин таҳкими фазои ваҳдату ризоият дар ҷомеа;
- пешгирии барангехтани кинаю адоватӣ динӣ, падидаҳои номатлуби ифротгароӣ дар муҳити динӣ;
- ҷалби иттиҳодияҳои динӣ ба раванди бунёди давлати дунявӣ дар ҳалли масъалаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа.
Қонунхо ва санадҳои зикргардида дар якҷоягӣ механизми ҳифзи хуқуқу, озодӣ ва манфиатҳои инсон ва шаҳрвандро ташкил дода ба ҳар шахс принсипҳо ва меёрҳои сохтори давлати дунявиро кафолат медиҳад. Аз он ҷумла конунҳои намбаршуда ҳаҷми хуқуқу озодии шаҳрвандонро дар соҳаи дин пурра гардонида, меёрҳои онро ба таври аниқ мефаҳмонад.
Аммо, мутаассифона, барои бархе аз гурӯҳҳои манфиатҷӯе, ки дар сиёсигардонии дин нақши калон доранду динро чун воситаи расидан ба ҳадафҳои ғаразнокашон истифода мебаранд, тадбирҳои андешидашудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро танқид мекунанд. Чунин ҳолат хоси як давлат ё минтақа набуда, дар миқёси байналмиллалӣ низ зиёд ба назар мерасад.Боиси нигаронист, ки ҳоло дар фазои сиёсии чаҳон, ҳар гуна созмонҳо ва харакатҳои гуногуни ифротгароёнаву террористии хусусияти динидошта фаъолият доранд, ки на танҳо ба амнияти давлатҳои алоҳида, балки тамоми ҷаҳон таҳдид мекунанд. Даҳсолаҳои охир дар чаҳон эктремизм ва терроризми динӣ ба яке аз муаммоҳои ташвишовартарини чаҳон мубаддал гардидааст. Дар Конфронси байналмиллалии сатҳи баланд таҳти унвони «Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез» ки моҳи майи соли 2018 дар Душанбе баргузор гардид, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки «Имрӯзҳо дар гӯшаҳои гуногуни сайёра миллионҳо нафар одамон гирифтори хафу таҳдид ва оташи ҷангу низоъҳо гардидаанд ва зуҳуроти терроризму ифротгароӣ ба хатари бесобиқаи ҷаҳонӣ табдил ёфта, оқибатҳои фоҷиабору дарозмуддати ҷамъиятиву сиёсӣ ва маънавиро ба бор меорад».
Ҳамин тариқ, шакли муносибати давлат ва дин аз омилҳои гуногун, аз ҷумла, сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, геополиткӣ ва дараҷаи маърифати динии шаҳрвандон вобастагии зич дошта, дар таъмини сулҳу субот ва амнияти давлату миллат нақши муассир дорад. Илова бар ин, имрӯз доштани стратегияву консепсияи равобити дину давлат зарур арзёбӣ гардида, он метавонад боиси аз байн бурдани баҳсҳои барзиёди динӣ ва ҳалли бисёре аз муаммоҳои динии кишвар гардад.
Бердишукуров А.,
номзади илмҳои фалсафа, устоди
Муассисаи давлатии таълимии
«Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
ба номи академик Бобоҷон Ғафуров»