​Раҳгумзадагон чӣ роҳ меёбанд!

Одамӣ аз таваллуд самимиву пок аст, вале ин хислатро на дар ҳама кӯдак метавон мушоҳида кард. Чунки, тоифае аз навзодон ба асорати хуни нопоки аҷдодӣ ва муҳити ифротии оила аз кӯдакӣ мубталои палидию разилӣ ва балою касофат мебошанд. Баъдан, онҳо ба воя мерасанду хислатҳои шайтонии омӯхтаашонро арзишҳои башарӣ вонамуд сохта, мекӯшанд, ки майнаи солимандешонро олудаю ғализ созанд. Худ, ки раҳгумзадаанд, бар аламу интиқом мехоҳанд дигаронро низ раҳгум созанд ва қадри бошад ҳам, алами худ фурӯ нишонданд.

Иқболбӣ (Муҳаммадиқболи Садриддин) аз чунин тоифаест, ки бар асари ҳамҷинсгароӣ машҳури ҳампешагон шудаасту муваффақ ба он, ки наҳзатиёни палидро бо сардории Кабирии муртад ба доми худ кашидааст. Дар байни наҳзатиён бар замми бемориҳои бедавои хиёнату мазҳабфурӯшӣ, ватанфурӯшиву фосиқӣ навъи дигари беморӣ чун ҳамҷинсгароӣ реша давонидааст, ки далолат ба хуни нопоку тинати разили онҳо мебошад. Эҳтимол меравад, ки агар, пештар танҳо Иқболбӣ мубталои ҳамҷинсгароӣ бошад, алҳол ӯ ҳамаи наҳзатиёнро ба ин беморӣ сироят кунонидааст.

Иқболбии ноҷинс бидуни шарму ҳаё ва андешаи оқибати амал дар шабакаҳои иҷтимоӣ худро чун сиёсатшиноси доно, таҳлилгари таҷрибадор ва ровии боистеъдод вонамуд намуда, дар асл ҳамаи матнҳои сохта ва обуранг додаи хоҷагони хориҷиашро бо ваҷоҳати зишту эҳсосоти баробар ба асабдард ба самъи шаҳрвандон мерасонад. Дар ин воизӣ Иқболбӣ ақаллан нисбати ҳамтоифаҳояш ва амалҳои носазои онҳо ҳарфе намегӯяд. Ҳол он, ки ҳамаи наҳзатиён мурдору палид, дасисабозу иғвоангез, муғризу разил ва маккору айёр будани Муҳиддин Кабириву Иқболбиро хуб медонанд. Алалхусус, мардуми шарифи кишвар аз ин кирдору рафтори наҳзатиён огоҳ ҳастанду якдилона ва қотеъёна онро маҳкум мекунанд.

Ҳеҷ гоҳ ваъзхонии Иқболбӣ ба ҳадафи худ нахоҳад расид ва ягон нафар фарди солимақли кишвар фирефтаи ҳарзаҳои бофтаи ин ҳамҷинсгаро нахоҳанд шуд.

Собиров М.С.-дотсенти кафедраи экология ва ҳифзи табиати МДТ "Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров "

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ