Пешрафти кишвар аз пешгирии коррупсия сарчашма мегирад

Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати иҷтимоист ва ҳар як фарди он кӯшиш менамояд, ки дар шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодона зиндагӣ намояд. Аз ин рӯ, фаъолияти ниҳодҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ низ барои расидан ба ин ҳадафи бузург нигаронида шудааст. Яке аз монеаҳои асосӣ дар самти таъмини шароити зиндагии арзанда барои сокинон мавҷудияти коррупсия ба ҳисоб меравад. Мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳимтарин вазифаи давлат ва мақомоти он ба ҳисоб рафта, таҳкими истиқлолият, соҳибихтиёрии давлатӣ ва таъмини амнияти ҷамъиятӣ низ аз ин фаъолият вобаста мебошанд.
Дар ҷаҳони муосир дар қатори дигар зуҳуроти хавфнок, аз қабили терроризм, экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, инчунин масъалаи дигари мубрам коррупсия мебошад. Коррупсия ва дигар амалҳои дорои хусусияти коррупсионидошта барои рушди иқтисодиёт ва некӯаҳволии мардум, амалишавии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, суботу оромии ҳар як кишвар хатар эҷод менамояд.
Коррупсия – кирдоре (ҳаракат ё беҳаракатие) мебошад, ки аз ҷониби шахси барои иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор ё шахсони ба он баробаркардашуда бо истифода аз мақоми хизматии худ ва имкониятҳои он барои ба манфиати худ ё шахси дигар ғайриқонунӣ ба даст овардани неъматҳои моддию ғайримоддӣ, бартарӣ ё имтиёзҳои дигар содир карда мешавад, инчунин ба ин шахс бевосита ё бавосита додани неъматҳои моддию ғайримоддӣ, бартарӣ ё имтиёзҳои дигар ба субъектҳои ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоқаманд бо мақсади моил кардан ё мукофотонидани онҳо барои содир намудани чунин ҳаракатҳо ба манфиати шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ. Бо мақсади таҳияву татбиқи тадбирҳои ҳуқуқии зиддикоррупсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор қонунҳо қабул гардиданд. Аз ҷумла: қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хизмати давлатӣ”, “Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом”, “Дар бораи экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ”, “Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва ғайра. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии худ, инчунин бо дарназардошти зарурати таъхирнопазирии таҳияи усулҳои нави пешгирӣ ва мубориза бо коррупсия ҷиҳати такмили минбаъдаи қонунгузории зиддикоррупсионӣ чораҳо меандешад. Тавре ишора гардид дар ин самт қонуну барномаҳои соҳавӣ қабул шудааст. Фаъолияти самарабахши мақомоти давлатӣ, ташкилоту муассисаҳо, шахсони мансабдори давлатӣ, шахсони ба онҳо баробаркардашуда ва шаҳрвандон тавассути пешгирӣ ва ошкор намудани ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ ва дигар амалҳое, ки барои коррупсия шароит фароҳам меоранд, таъмин карда мешавад. Моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба коррупсия” субъектҳои муқовимат ба коррупсияро ба ду гурӯҳ ҷудо намудааст:1. Субъектҳои бевосита ба коррупсия муқовиматкунанда; 2. Субъектҳое, ки дар муқовимат ба коррупсия иштирок менамоянд. Ҳар ду гуруҳи субъектҳои муқовимат ба коррупсия дорои ваколатҳои муайян мебошанд, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба коррупсия” ва дигар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст. Дар маҷмуъ, мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси татбиқи ҳамаҷонибаи тадбирҳое сурат мегирад, ки ба Конвенсияи СММ зидди коррупсия комилан мувофиқанд. Рафъи коррупсия бо роҳи дар тафаккури аҳолӣ бедор кардани эҳсоси таҳаммулнопазирӣ нисбат ба рафтори коррупсионӣ, гузаронидани экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, муқаррар намудани талаботи махсус нисбати шахсони ба мансабҳои давлатӣ таъиншаванда, ҷорӣ намудани тартиби аз кор озод намудани шахсони дар амалҳои коррупсионӣ дастдошта ва баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқӣ, имконпазир мегардад. Тадбирҳои зикргардида аз ҷумлаи роҳҳои маъмултарини мубориза бо коррупсия мебошанд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон барои роҳандозӣ намудани онҳо пайваста саъю талош менамояд.
Коррупсия дар шароити муосир аз мушкилоти дохилӣ ба хусусияти муаммои байналмилалиро ба худ касб кардааст. Ин зуҳуроти номатлуб решаҳои амиқи таърихӣ дорад ва баробари ташаккулёбии давлатҳо ба вуҷуд омада, арзи ҳастӣ намудааст. Боиси тазаккур аст, ки коррупсия дар баробари дигар хатарҳои ҷаҳонӣ ба яке аз масъалаҳои глобалӣ табдил ёфта, ба раванди иқтисодию иҷтимоии ҷомеа ва мафкураи инсоният таъсири манфӣ расонида истодааст.
Коррупсия ва масоили муборизаю муқовимат бар зидди он ҳамеша аз ҷониби созмону ташкилотҳои байналмилалӣ, махсусан Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун яке аз вазифаҳои аввалиндараҷа эътироф карда шудааст.
Ин аст, ки барои пешгирӣ аз ҳама гуна ҷинояту ҷинояткорӣ ва муборизаи беамон бурдан бо фаъолияти коррупсионӣ 31 октябри соли 2003 Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза бар зидди коррупсия қабул карда шуда, рӯзи 9 декабри соли 2003 дар шаҳри Меридаи кишвари Мексика дар Конфронси сиёсии сатҳи баланд бо иштироки намояндагони зиёда аз 100 давлат барои ҳамроҳшавии дигар давлатҳои ҷаҳон баргузор гардид. Аз ин ҷост, ки санаи 9 декабр ҳамчун “Рӯзи байналмилалии мубориза бо коррупсия” пазируфта шуд.
Тавре ки ба ҳамагон маълум аст, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар самти таъмини ҳифзи ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунии инсону шаҳрванд, инчунин ҷамъияту давлат аз коррупсия, ошкор ва барҳам додани ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ, васеъ намудани татбиқи чораҳои пешгирикунанда дар мубориза бо коррупсия, ҳамкорӣ бо қишрҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, васеъ ва фаъол гардонидани ҳамкориҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи мубориза бо коррупсия чорабиниҳои муҳим таҳия ва дар амал татбиқ намуда истодааст.
Мубориза ва муқовимат бо фасод ё худ коррупсия амали дастаҷамъона буда, набояд онро ба зиммаи танҳо мақомоти ваколатдори давлатӣ вогузор намуд. Ҷиҳати муқовимат ба ин падидаи номатлуб ва решакан намудани он борҳо роҳбарияти олии мамлакат таъкидҳои судманд намуда буданд.
Аз ин лиҳоз, барои пешгирӣ кардани кирдорҳои коррупсионӣ, фароҳам овардани фазои оштинопазир ба он ва ба ин раванд, ҷалб намудани тамоми мақомоти давлатӣ, воситаҳои ахбори омма ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ аз ҷониби субъектҳои мубориза бар зидди коррупсия бояд чораҷӯӣ карда шавад.
Мавриди зикр аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ ва ташаббусҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қадамҳои устувори худро дар самти мубориза бо коррупсия гузошта, барои пешгирӣ аз ин вабои аср тамоми заминаҳои ташкилию ҳуқуқиро фароҳам овардааст. Бо мақсади мустаҳкам намудани сиёсати зиддикоррупсионӣ ва таҳкими асосҳои ҳуқуқӣ ва мубориза бо коррупсия санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор қабул ва мавриди амал қарор дода шуданд.
Аз ҷумла, дар амалияи кишвари мо масъалаи мубориза ва муқовимат бо ин зуҳуроти номатлуб сараввал бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди коррупси” аз 25 июли соли 2005, №100 мавриди танзими ҳуқуқӣ қарор гирифта буд. Баъдан бо таъсисёбии Агентии давлатии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Агентии давлатии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 20 марти соли 2008, №374 ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба коррупсия” аз 7 августи соли 2020, №1714 фазои зиддикоррупсионии кишвар ва заминаҳои ташкилию ҳуқуқии он мустаҳкам карда шуд.
Тазаккур бояд дод, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ баҳри амалӣ намудани чорабиниҳо доир ба муқовимат ба коррупсия гувоҳи ташаккули сиёсати давлатии зиддикоррупсионӣ ва кафолати ноил гардидан ба дастовардҳо дар ин ҷода шинохта шудааст. Бо иҷрои талаботи нақшаи чорабиниҳои амалисозии стратегияҳои номбурда ҷиҳати тақвияти шаффофияти раванди идоракунии давлатӣ, ҷорӣ намудани маҳдудиятҳои пешгирикунанда дар соҳаи хизмати давлатӣ, муқаррар кардани ҷавобгарӣ барои содир намудани тамоми кирдорҳои коррупсионӣ ва ошкору пешгирӣ намудани чунин кирдорҳо заминаҳои боэътимод фароҳам оварда шуд. Махсусан бо мақсади ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ин самт Шурои миллии муқовимат ба коррупсия, дар вилоятҳо, шаҳр ва ноҳияҳо комиссияҳои ҷамъиятӣ оид ба пешгирии коррупсия таъсис дода шуданд.
Дар фарҷом ҳамин нуқтаро зикр кардан зарур аст, ки ҳамаи мақомотҳо ва аҳолии ҷумҳуриро мебояд бар зидди кирдорҳои коррупсионӣ муборизаи беамон бурда, дастуру супоришҳои Пешвои миллатро, ки дар Паёми навбатӣ ироа гардид, сармашқи кори хеш қарор диҳанд ва барои зиндагии шоиста ва бо дасту дили пок ҳаёт ба сар бурдан камари ҳиммат банданд.
Ҳомидова Дилфуза, муаллими калони кафедраи тарҷума ва грамматикаи забони англисӣ