Пайванди таммадунҳо

Санаи 13 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Фаронса Эманнуэл Макрон дар маросими ифтитоҳи Намоиши нигораҳои Тоҷикистон таҳти унвони “Тоҷикистон - кишвари дарёҳои тиллоӣ” дар Осорхонаи Гимейи Ҷумҳурии Фаронса иштирок карданд. Ҷоизи қайд аст, ки то ба имрӯз ин бузургтарин намоиши Тоҷикистон аст, ки дар қитъаи Аврупо ба ҷаҳони Ғарб пешкаш мегардад. Ин тадбир дар доираи таҳкими муносибатҳои ҳамкории ду кишвар дар бахши фарҳанг роҳандозӣ гардида, саҳми бузурги сарони давлатҳо дар пайванд сохтани тамаддунҳо ва мардумон мебошад.

Боиси ифтихор аст, ки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Эманнуэл Макрон таъриху тамаддуни миллати шарафманди тоҷик, саҳми фарзандони баруманди тоҷик дар рушди тамаддуни башарӣ, мавзеъҳои таърихӣ, давлатдории тоҷикон дар асрҳои гуногун ва қадима будани сарзамини ганҷхези Тоҷикистонро муаррифӣ карданд. Яке аз хусусияти хоси намоишгоҳ дар он аст, ки осори ба маъраз гузошта шуда аз ҳудуди имрӯзаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бозёфт гардидаанд.

Зимни боздид аз ин намоишгоҳ мардумони Фаронса ва дигар кишварҳои Аврупо имкон доранд бо осори шаҳраки Саразми бостонӣ, ки ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО шомил мебошад, шинос гарданд. Бозёфтҳои таърихӣ гувоҳӣ медиҳанд, ки осори фарҳангиву ҳунармандии қадимаи халқи тоҷик ба ҳазорсолаи чоруми то мелод мансуб мебошанд. Бояд гуфт, ки барои муаррифии таъриху тамаддуни бою қадима ва санъати нотакрори миллати тоҷик дар осорхонаи Гимей 211 адад нигора аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва Осорхонаи миллии бостоншиносии Тоҷикистон дастрас гардидаст, ки тавассути онҳо тамоми зебоиҳои табиӣ ва таърихи нотакрори халқи тоҷик ба мардуми Фаронса нишон дода мешавад.

Тамошобинони намоишгоҳ имкон пайдо мекунанд, ки тавассути нигораҳои намоишгоҳ ҷаҳони маънавии худро оид ба давраҳои гуногуни таърихии миллати тоҷик, ба монанди давраи пеш аз мелод- “Оини зардуштӣ”, “Империяи Ҳахоманишиҳо”, “Давлати Юнону Бохтар”, “Империяи Кушониён” ва “Давлати Сосониён” ғанӣ гардонанд.

Намунаҳои пешниҳодшуда ба аврупоиҳо имкон медиҳанд, ки дар бораи кишвари зебои кӯҳистони мо маълумоти бештар гиранд ва дар рушди ҳамкориҳои Тоҷикистону Фаронса саҳм гузоранд.

Малика Томирис

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ