Паёми Пешвои миллат – раҳнамои имрузу фардо
Паём – асари илмии мукаммал, насиҳатҳои падаронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, даъватҳои ҳуввиятсоз, дастуру ҳидоятҳои созанда, маслиҳату машваратҳои муҳим дар роҳи нигаҳдошту рушди арзишҳои инсониву милливу соҳибистиқлолии кишвар мебошад.
Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун ҳуҷҷати муҳимми сиёсӣ ва сарнавиштсози мамлакат ба ҳисоб рафта, барои фароҳам овардани рушди устувор дар соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии Ҳукумати кишвар нақши калидӣ дорад. Паём ҳамчун дастурамали рушди минбаъдаи кишварамон баромад менамояд. Ҳамасола дар кишвар ин ҳуҷҷати муҳим ба таври мушаххас аз ҷониби Пешвои муаззами миллат ироа мегардад, ки як соли рушди босуботи соҳаҳои муҳимми хоҷагии халқи мамлакат дар он мавриди баррасӣ қарор мегирад. Дар Паём ҳамасола дар бораи самтҳои афзалиятноки соҳаҳои кишвар, рушди бомайлони онҳо ибрози андеша карда мешавад.
Инчунин, Паёми Пешвои миллат инъикосгари арзишҳои миллию давлатдорӣ, рушди босуботи кишвар, таъминкунандаи сатҳу сифати зиндагии халқи тоҷик ба шумор рафта, барои боз ҳам афзалиятнок гардонидани соҳаҳои фаъолияти Ҳукумати кишвар ба нақша гирифтани корҳои арзишмандро замина мегузорад.
Дар Паёми ҳамасолаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба амалӣ гардидани нақшаву қарордодҳои нав дар самтҳои мухталифи ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ, маориф, тандурустӣ ба нақша гирифта шудаанд, ки дар оянда барои рушди босуботи кишвар ибрози ақида карда мешавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳар Паёми хеш дар масъалаи занону модарон таваҷҷуҳи хосса зоҳир мекунанд, барои беҳтар кардани шароити кору зиндагии онҳо тадбирҳои амалӣ меандешанд. Аз ҷумла, дар Паёми навбатӣ нисбат ба Модар суханони пурмуҳаббатро иброз доштанд. Зеро модар мазҳари меҳру муҳаббат аст. Модар мураббӣ ва тарбиятдиҳандаи аввалини фарзандон аст. Ӯ омода аст, ки ҷони худро барои тарбия ва ба камол расидани фарзандонаш фидо созад. Аз ин рӯ, модарро ба фаришта ташбеҳ додаанд, зеро аз домани модари тоҷик фарзанди барӯманд ва тоҷики оламшумул ба воя расидааст, ки барои имрӯзу фардои дурахшони Тоҷикистон сарбаландона дар хидмат аст.
Пешвои муаззами миллат ишора карданд, модарон ва ёди гиромии онҳо ҳамеша дар қалби фарзандон тапидан доранд ва меҳри модар ҳеҷ гоҳ то лаҳзаи вопасини умр аз ёди фарзанд зудуда нахоҳад гашт. Зеро тору пуди рӯҳи модарро, чунонки файласуфи ѓарбӣ Ролф Омерсон менависад, — аз меҳрубонӣ офаридаанд.
Модар барои фарзандон ҳамеша такягоҳ, мадор ва кӯҳи сабур аст. Чунонки нависандаи фаронсавӣ Оноре де Балзак менависад: “Ҳеҷ кас дар зиндагӣ наметавонад муҳаббате беҳтар, бепироятар ва воқеитар аз муҳаббати модари худ биёбад”.
Вале, дар навбати худ фарзандон бояд боиси обрӯву эътибори модар гарданд ва чунин фарзандон, албатта, фарзандони солеҳи падару модар ҳастанд. Осудагии фарзандон, бегумон, осудагии модар аст. Вақте фарзандон дар хидмати падару модар ҳастанд, онҳо мояи ифтихорашон аст. Ҳар дору надори модар фарзандонаш аст ва фарзандҳо низ ба ҳар чизе, ки муваффақ мешаванд, аз модар сарчашма мегиранд.
Бинобар ин, бо таъкиди Пешвои миллат, хидмати падару модар ҳам фарзу ҳам қарз аст. Он рисолати фарзандӣ ба шумор меравад. Аз ин рӯ, Пешвои муаззами миллат таъкид карданд, вақте ман бо модарони тоҷик мулоқот мекунам, модари худам пеши чашмам меояд, гумонам, ки бо модари худам сухан мегӯям. Ин ҳарфҳои бомуҳаббат аз фарзанде садо медиҳад, ки модари худро дӯст медорад, эҳтиром мекунад ва ба қадри хидматҳои модар мерасад.
Воқеан Паёми Пешвои миллат нақши муҳимро дар рушди давлатдории миллӣ ва ҳимояи манфиатҳои миллӣ мебозад. Бо мақсади таъмини рушди бомайлони давлатдории миллӣ ва пойдории сулҳу суботи сиёсӣ Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намуданд, ки “Дар ҳар куҷое, ки бошем, кору фаъолият намоем, нисбат ба ватани худ Тоҷикистони соҳибистиқлол хиёнат накунем. Зеро дар шароити мураккаби авзои сиёсӣ таъмини сулҳу суботи кишвар хосатан барои мо бисёр муҳим арзёбӣ мегардад”.
Дар робита бо ин суханони воломақоми Роҳбари давлат мо мардуми шарафманди тоҷик бояд шукрона аз ваҳдату соҳибистиқлолӣ намуда, барои пешрафти соҳаҳои ҳаётан муҳими кишварамон саҳми арзанда гузорем ва барои пойдории сулҳу субот ва ваҳдату ягонагӣ аз як гиребон сар барорем.
Абдуллоева Марям
муаллимаи кафедраи грамматикаи забони арабӣ