Паём – омили асосии рушди иқтисоди рақамӣ
Нуқтаи меҳвари Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ маҳз талқини илмомӯзӣ буд. Сарвари давлат аз аввал то анҷоми паёми хеш танҳо бар ин таъкид доштанд, ки танҳо тавасссути омӯхтани илму дониш, фаро гирифтани чанд забони хориҷӣ метавон ба рушди бештари илм, техникаю технологияи навтарин ва дигар самтҳои муҳиму пешрафтаи илми чаҳонӣ дастрасӣ пайдо намуд.
Дар Паёми имсолаи худ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуданд, ки “Тоҷикистон дар ҷодаи гузариш ба рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ ҷиҳати таъмин намудани шаффофияти муносибатҳои иқтисодиву молиявӣ қадамҳои устувор гузошта истодааст”. Пешвои муаззами миллат ба масъулин дар солҳои 2025-2030 ҷиҳати пешбурди иқтисоди рақамӣ дар самтҳои мухталиф, супориш доданд, ки диққати махсус дода шавад.
Пеш аз ҳама такмили фаврии заминаҳои ҳуқуқӣ ва қабули санадҳои дахлдор дар самти гузариш ба иқтисоди рақамӣ. Фароҳам овардани истифодабарии шабакаҳои панҷ – ҷӣ (5G), инчунин инкишоф додани инфрасохтори рақамӣ, рушди марказҳои коркарди маълумот, таъсиси махзани мукаммали миллии маълумот.
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки рақамикунонии пурраи хизматрасониҳои давлатӣ ва ташкили махзани ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ, яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи маҳсулини соҳа мебошад.
Инчунин қайд намуданд, ки яке аз самтҳои асосии рақамикунонӣ ин рушди сармояи инсонӣ бо роҳи омӯзиш ва бозомӯзии кадрҳо доир ба технологияҳои иттилоотӣ дар дохил ва хориҷи кишвар ва баланд бардоштани маърифати истифодаи технологияҳои рақамӣ мебошад.
Дар замони пешрафти техникаю технология истифодаи васеи зеҳни сунъӣ дар пешниҳоди хизматрасониҳо ва низоми бақайдгирии давлатӣ, яке аз чораҳои зарурӣ ва саривақтӣ ба ҳисоб меравад, қайд намуданд Пешвои муаззами миллат.
Афзун бар ин, интернет ҳамчунон бо мақсади ташкил, омодасозӣ ва сармоягузории фаъолиятҳои ҳаросафкан бо таваҷҷуҳ ба тундгароии ҷавонон истифода мешавад. Таҳдиди ҳамлаҳои киберӣ ба зерсохтҳои муҳими иттилоъотӣ, низоми мудирияти иншооти саноатӣ, муҷтамаъи сӯзишворӣ-энергетикӣ ва таробарӣ (нақлиёт) низ вуҷуд дорад. Аз ин лиҳоз сарвари давлат таъкид намудан, ки андешидани чораҳо дар самти таъмин намудани амнияти киберии махзанҳои маълумот пурзӯр карда шаванд.
Самти дигаре, ки Пешвои муаззами давлат қайд намуданд, то ки диққати махсус дода шавад, ин ташаккул додани соҳибкории рақамӣ ва рушди савдои электронӣ мебошад. Бояд қайд намуд, ки қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тиҷорати электронӣ” 24-уми декабри соли 2022 қабул шуда ва аз 1-уми январи соли 2023 ҳукми амал пайдо кардааст. Бояд қайд намуд, ки қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тиҷорати электронӣ” муносибатҳои ҷамъиятиро дар соҳаи тиҷорати рақамӣ танзим карда ва ба ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии иштирокчиёни савдои электронӣ, инчунин, таъмини фаъолияти онҳо нигаронида шудааст. Самтҳои асосии сиёсати давлатӣ дар соҳаи тиҷорати электронӣ ин дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии тиҷорати электронӣ; фароҳам овардани шароит барои ҷалби сармоягузорӣ; технологияҳои муосир ва таҷҳизот барои амалӣ намудани тиҷорати электронӣ; ҳавасмандгардонии тадқиқоти илмӣ-техникӣ, омодагӣ, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кадрҳо ва мусоидат ба ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи тиҷорати электронӣ” мебошанд.
Аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати вусъат бахшидан ба равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи имкониятҳои технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт солҳои 2025 – 2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» пешниҳод гардид.
Иқдоми навбатии Пешвои муаззами миллатро чун иқдомҳои пешина саривақтӣ ва зарурӣ меҳисобем чунки дар замони муосир пешрафти иқтисодиёти давлат ва амнияти он вобастагии зич ба техникаю технологияҳои пешрафта ва кадрҳои баландихтисоси соҳаҳои иқтисодиёти рақамӣ, технологияҳои рақамӣ ва барномарезӣ доранд.
Дар факултети телекоммуникатсия ва технологияҳои иттилотии МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” бо дастгирии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раёсати донишгоҳ дар се соли охир 2 лабораторияи таълимӣ, 2 лаборатория илмӣ-таҳқиқотӣ бо таҷҳизотҳои муосир ифтитоҳ ёфтанд. Дар лабораторияҳои мазкур донишҷӯён, магистрантону докторантон, олимону ҷавонон ва устодони донишгоҳ корҳои илмӣ-таҳқиқотии худро пеш мебаранд. Дар ду соли охир донишҷӯён ва устодони факултет дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва вилоятӣ, олимпиадаҳои фаннӣ сазовори якчанд ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд.
Дар факултет ҷиҳати нуқтаи дигаре, ки дар Паёми Пешвои миллат ироа гашт, ки дар он Пешвои муаззами миллат қайд намуданд, ки“.. дар ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар ҷиҳати тайёр намудани мутахассисони самти технологияҳои рақамӣ ва барномарезӣ факултаю кафедраҳои дахлдор таъсис дода шаванд” барои соли хониши 2025-2026 ихтисосҳои “Зеҳни сунъӣ”, “Web-дизайн ва графикаи компютерӣ” ва “Технологияҳои иттилоотӣ дар соҳаи телекоммуникатсия” барои кушодан пешниҳод карда шудааст.
Хулоса, Паёми навбатии Пешвои миллат як санади пурарзишест, ки дар ҳар яки онҳо метавон чанд лаҳзаи ишораткунанда ва илҳомбахшро пайдо кард. Муҳимтарин хусусияти ин паём дар он аст, ки таҳсилоти инсон, саҳми инсон дар камолоти маънавию маърифатии ӯ, эҷодиёти инсон дар тамоми соҳаҳои ҳаёти иҷтимоӣ-иқтисодӣ, фарҳангӣ ва сиёсӣ ҷои марказӣ дорад. Дар маҷмӯъ, Пешвои миллат фарҳангу маънавиятро объекти асосии пешбарандаи ҷомеаи тоҷик медонанд ва амалӣ шудани аҳдофи дигари давлатӣ низ аз фархангу масъул вобаста аст. Ҳамаи мо бояд рафти иҷрои вазифаҳои ба миён гузоштаи Сарвари давлат дар самтҳо ва масъулиятҳои дар назди мо гузошташуда софдилона назорат намуда, сиёсати созанда ва созандаи Пешвои миллатро дастгирӣ намоем.
Нуриллозода Хушбахт номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент, декани факултети телекоммуникатсия ва технологияҳои иттилоотӣ