Падидаҳои номатлуб – хатар ба суботи ҷомеа

Хатари терроризм ва гурӯҳҳои ифротгароӣ – муаммои асосии замони муосир гардида, фикру зикри тамоми мардуми ҷомеаи ҷаҳониро ба худ фарогир сохтааст ва бо натиҷаҳои нанговари худ ҷамъиятро ба харобаҳо ва майдонҳои ҳарбу зарб мубаддал сохтааст. Ин муаммои рӯзро тамоми олимон, сиёсатмадорон, хуллас ҳамаи солимфикрони ҷомеаи ҷаҳонӣ ба муҳокимаҳо гузоштаанд ва бо васоитҳои ахбори омма барномаҳои махсус ва иттиллотӣ пешниҳоди мардум намудаанд.
Ин падидаи нохонда ба ҷамъият ба решаҳои заҳролуди худ ба қаъри дили мардум нешҳои марговар зада торҳои асаби мардумро бо вирусҳои идеологӣ заҳролуд намуда истодааст. Нигаронии ҷомеаи башарӣ ба ин равия натиҷаҳои чашмрас дода тавонад ҳам, барои эҳъё гардидани он аз нав ба нав заминаҳо аз тарафи ташкилотҳои ғайри қобили қабули ҷамъияти ҳозира ташкил шуда истодааст. Яъне на танҳо кормандони марказҳо ва пажӯҳишгоҳҳои илмиву тадқиқотӣ барои аз байн бурдани ин ҷараёнҳои нохонда дар ҷамъият - экстремизми сиёсӣ ва терроризм ҳамеша пешсаф мебошанд, балки тамоми ҷамъият зидди ин падидаҳои номатлубанд.
Ҳадафҳои сиёсии ин ҷамъиятҳо ва ҳаракатҳои иснодовар ба замони муосир тавассути тамоми зуҳуротҳои зӯровариашон, ки дар амал дар ҷамъият татбиқ гардида истодааст, симову сурати инсониро бо кирдорҳои ҳайвонона ба ҷараёни истисморкунандаи шахсиятии инсонияти муосир мубаддал гардонида фарди солимфикрро ба шубҳа гузошта исбот намуда истодааст, ки инсон ба чунин даҳшатҳои гӯшношунид қодир будааст.
Ин ҳаракатҳо номи қувваҳои тундрав ва иртиҷоиро доро гардида инсониятро аз ҷиҳати маънавиву иқтисодӣба нодориҳо гирифтор намуда истодааст. Тамоми минтақаҳои олам фарогири ин ҷамъиятҳои ба ҷамъияти муосир нохондатаъмин гардида бо ҳодисоти ғайричашмдошт, гӯшношунид ва мудҳишу нобаҳангоми умумибашарӣ фарогир гардида, диққати ҷаҳониёнро ҷалб намуда истодааст.
Он ҳизбҳои барои ҷамъият мамнӯъ - хусусан шахсони ба худ бебовариву камсавод ва бе ҳуввияти миллиро, ки ҳатто дарки миллӣ надоранд бо маблағҳои бешумор ҷалб намуда истодааст.
Натиҷаҳои он пулҳои бедардимиён ба нокомиҳои гӯшношунид оварда расониданашро ва ба иснодҳои ҳафт пушти инсонӣ гирифтор шуданашро аъзоёни он ҷамъиятҳо дарк наменамоянд ва қобилияти фаҳмидани моҳиятҳои он ҳизбҳои барои ҷамъият нохондаро, ки худ аъзои онанд, ҳатто надоранд. Диди инсонияти олами муосир аз он мунофиқон дур аст. Зеро он ашхосони ҷамъияти инсониро бо оромиву сулҳи пойдор дида наметавониста ва диди казоии қарни технолгӣ ва нанотехнологиро надошта саводи казоии илмӣ як сӯй истад, ҳатто саводи маънавӣ надоранд. Ҳақиқатан аз натиҷа ва воқеотҳои ҳузнангези дар майдонҳои ҷамъият барпосохтаҳояшон гуфта метавонем, ки онҳо на саводи казоии илмҳои динӣ доранд ва на дунявӣ. Шарҳу эзоҳ фаҳмонидан ба онҳо фоидае надораду надорад ва танҳо нагузоштан лозим аст, ки на танҳо ҳамватанонамон, балки мардуми гумроҳгардидаи олами муосир бо он роҳҳои сарбаста гирифтор нашаванд ва онро пеша нанамоянд.
Ҳоло гарчанде сиёсатмадорон, диншиносон ва шахсони бо аҳли ҷамъият фаъолият мебурда - яъне халқи кишвари мо таҳти роҳбаладии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин раванди номатлубро аз байн барои бардоштан ва албатта барои камшавии он кӯшишҳои зиёд карда истодаанд. Муҳтарам Ҷаноби Олӣ - Ливои мо – Тоҷикон мебошанд ва мо омӯзгорон ливобардорони сулҳ ва осоиштагии олам мебошем ва ҳамешаҳо тайёрем барои решакан намудани падидаҳои номатлуби ҷамъият дар қатори аввал бошем.
Аксарияти таҳқиқотчиёни ин падида дини мубини Исломро сабаби асосии ба майдон омадани ҷамъияти падидаҳои номатлуб мешуморанд. Таваҷҷуҳи онҳо асосе надорад ва ин танҳо дастаки беасос асту халос. Диншиносони асилу босаводи олам дар ҳайратанд, ки ин ҷамъияти барои инсоният бегона тавонистааст динро силоҳи истисмори инсонияти муосир намояд. Исботи онро аз ВАО мебинем ва мешунавем, ки сиёсати ҷаҳонӣ афзоиш ва шиддат ёфтани таъсири дини мубини Исломро ба сиёсати ҷаҳонӣ ва байналмилалӣ асоси беасосу беисбот намуда чун дастак ба ҳодисотҳои номатлуб, ғайриинсонӣ ва даҳшатнок истифода мебаранд ва ба ин таскин наёфта гуфтаву бӯҳтонҳои бардурӯғ ва гӯшношунидро нисбати дини мазкур дар олами ҳастӣ паҳн мекунанд.
Аъзоёни ин ҳизбҳои ба решаи ҷамъияти муосир ва осоишта тешазананда бешууранд ва ягон исботи гуфтаҳо ва падидаҳои равияҳои дар ҷамъият ҷорӣ намудаашонро таҳқиқ намоем ҳақиқатеро намеёбем ва ҳатто ҳамшабеҳашро во намехӯрем. Онҳо бо ақидаҳои хомашон ҳаёти ҷамъиятро заҳролуд менамоянд ва ба илми олами диниву дунявии муосир сар хам карда натавониста истодаанд. Он афродони диди олам надошта барои бархурдор гардидани худ ба илмҳои асосии ҳозираву гузашта саъйе наменамоянд. Аммо ҷамъият пеш рафтааст ва пеш хоҳад рафт. Он ашхосони бетамиз бошанд мекӯшанд то бесаводӣ ва камшуурии онҳоро ҷамъият пай набарад вале бехабаранд, ки мо бохабарем. Онҳо қобилият надоштанашонро барои омӯхтани илмҳо ба халқи олам аз нишон додан мешарманд ва нооромӣ андохтан марому мақсади онҳост то ҷаҳон ба онҳо овора гарданд. Дар ҳамаи ҷамъиятҳои олам онҳо диққати мардумро бо нооромиҳои гӯшношуниди худ дар байни мардум ҷалб намуда динро ба силоҳи худ мубаддал сохтаанд ва худ аз ақоидҳои маънавӣ дуранд ва барои наздикшавӣ на худ саъй менамоянд ва на ҷамъиятро мегузоранд, ки орому осоишта бошад.
Падидаҳои номатлуб – маъхази ҳаракатҳои навбаромади диниву сиёсӣ зидди давлатҳои осоишта буда, муаммои рӯзи ҷамъияти муосир гардидааст. Идеологияи ин созмонҳо ноором намудани ҷамъият ва бо он нооромиҳо овора намудани сиёсатмадорон буда, худи онҳо аз ин нооромиҳо истифода бурда боз давом додани фисқу фасод дар ҷамъият мебошанд.
Онҳо худ бесаводанд ва шуури муосир надоранд ва барои пешгирии бесаводии худ ҷамъиятро овора намуда истодаанд.
Аз ВАО –и кишварҳо ва ватанамон созмону ҳаракатҳои барои ҷамъиятҳои динии Тоҷикистон бегона ва хатарнок Ҳизби Таҳрир ва Салафия гуфта мешунавем ва чеҳраҳои ҳузнангези аъзоёни шармсори онҳоро дар васоитҳои ахбори омма мебинем ва суханҳои онҳоро мешунавем ва ангушти ҳайрат мегазем, ки он симоҳо инсон бошанд магар? ё не?. Танҳо симои инсонӣ доранд онҳо - на тинат. Дидаву дониста мамнӯъии худро дар ҷамъият медонанд вале халосӣ ёфтанро аз ҷамъияти худ идрок наменамоянд, зеро тайёрхӯру муттаҳам гардидаанд - онҳо. Онҳо силоҳони қувваҳои тундрав ва иртиҷоӣ гардида халалдор намудан ва зӯровариву террор маромашон гардидааст, ки сабабгори вартаҳои буҳронии гуногуни сиёсиву иҷтимоӣ ва ҳамаи намудҳои бӯҳронҳои иқтисодиву ҷамъиятии олам мебошанд.
Шиддатёбии ин созмонҳои наҳс дар замони муосир яке аз монеаҳои асосии пешрафти кишварҳои на танҳо исломӣ ба шумор меравад, балки тамоми олам. Ин муаммои мавриди назари тамоми инсонияти рӯи замин гардида дар шароити муосири ҷаҳонишавӣ номи экстремизмро низ гирифтааст. Он решарониро дар ҷамъият афзуда бо номҳои Ҳизбу-т-таҳрири-л-исломӣ ва Салафия шинохта шуда истодааст. Ашхосони ифротӣ аъзоёни ин ҷамъиятанд ва дар қаъри замин реша давонида, аз беҳудудӣ ва бединиву бемиллатӣ ва беэътирофии худ дар мобайни инсоният номдор гардида, терроризмро силоҳи худ интихоб кардаанд.
Ҳамин тавр нисбати ин масъалаи муҳими рӯз ва замон чӣ қадар муҳокимаҳо ронем ва ақидаҳои худро баён намоем низ кам аст. Танҳо ва танҳо мебояд муттаҳид бошем ва бо муттаҳидӣ зидди он ҷамъиятҳои барои осоиштагии олам муборизабаранда мубориза барем. Кишвари моро пешравиҳои зиёди илмиву маънавӣ ва иҷтимоиву иқтисодӣ интизор асту халос. Дар интиҳо чунин изҳор менамоям, ки Тоҷикистон ба пеш!
ШОНАЗАРОВА Дилоро, н.и.ф., муаллими калони кафедраи умумидонишгоҳии забонҳои хориҷӣ
Адабиётҳо:
- Матнҳои Паёмҳои Ҷаноби Олӣ, Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давоми ду соли охир;
- Лоиқ Ҳусейн. Хиёнат алайҳи давлатдории миллӣ // Минбари халқ. 2008. -22 октябр.
- Нозим Нурзода. Ифротгароии динӣ ва наҳзатҳои атеистӣ омили нооромии ҷомеа // Минбари халқ. – 2016. -21 феврал.
- Нозим Нурзода. Ифротгароии динӣ ва наҳзатҳои исломӣ омили нооромии ҷомеа // Минбари халқ. 2016. – 24 феврал.
- Хуршеди Ализода. Давлат, миллат, дин ва терроризм. //Минбари халқ. 2015. -25 ноябр.