​Ошкоршавии бадтинатии наҳзатиён

Баъди соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳизбҳои сиёсӣ бо барномаҳои худ ба майдон омаданд ва мутаассифона дар ин миён Муҳиддин Кабирӣ ва ҳаммаслакону ҳампешагонаш бо истифода аз номи ислом ҳизби худро “озод”, “тозакор”, “ободкор”, “ватандор” пиндошта дар паси парда рафтори хоинона бо супориши хоҷагони хориҷиашон мекардаанд, ки хушбахтона дер давом накард. Аз рафтори хоинона ва муғризонаашон кулли мардуми Тоҷикистон ва ҷаҳон огаҳ гашт, аммо ин хоинон хостори пиёда сохтани андешаҳои ифротиашон дар ҷомеа ҳастанд. Бо барномаҳои пучу бемаъниашон мехоҳанд тафаккури ҷомеаро вайрон созан, аммо бехабар аз он, ки кулли мардуми шарифи Тоҷикистон аз онҳо нафрат дорад. Хосатан мо ҷавонон зидди андешаҳои ифротии М.Кабириӣ ва пайравонаш ҳастем ва дар ягон маврид намегузорем, ки ба фазои сулҳу осоиштаи кишвари азизамон халал ворид созад.

Ин афроди нохалаф (наҳзатиён) бо истифода аз номи дини мубини ислом мехоҳанд худро дар ҷомеа муаррифи кунанд, аммо рафтору кирдору пиндорашон як иблисеро мемонаду бас! Кабирӣ ва ҳампешагони хоинаш фазои сулҳу субот ва оромии ватани моро дидан намехоҳанд. Онҳо дар тинату ботинашон мардонагӣ, втандӯстӣ, виҷдон ва амсоли инҳо кайҳо мурдааст! Хоинони ватан ба хотири пулу мол ва манфиатҳои шахсӣ ба тамоми супоришҳои хоҷагони хориҷиашон омодаанд.

Халқи тоҷик кайҳост, ки ба хотири ободии кишвар озодона бо сарвариву дастгирии ҳамаҷонибаи Пешвои муаззами худ дастболо аст! Кайҳост дар қатори дигар давлатҳо тараққӣ карда истода,, устуворона қадам мениҳад.

Моҳамагуна фаъолияти “ободкорона”-и наҳзатиёнро намеписандем! З-ин сабаб ин наҳзатиёни наҳс забони худро бипӯшанду моро ба ҳоли худ гузоранд!!!

Мо ҷавонон ба андешаҳои муғризонаву ифротӣ дода намешавем ва ҳамеша ҷонибдорӣ аз сиёсати хирадмадонаи Пешвои миллат намуда, барои пойдории сулҳ ва Ваҳдати миллӣ ҳама нерӯи худро равона месозем!

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ