​Омӯзиши забонҳои хориҷӣ талаботи замони муосир

Забон воситаи муомилот ва муоширати одамон аст. Донистани ин ё он забон ба кас имконият медиҳад, ки аз бурду бохт, имконияту вазъият ва камбудию талаботҳои рӯзмарраи ҳаёт огоҳ гардад. Донистани забони ғайр донистани воқеияти ҳаёти миллати дигар ва кулли дигаргуниҳои олам аст.

Забони хориҷиро шумораи зиёди мардум ҳамчун як воситаи алоқа дар роҳи ноил гаштан ба мақсадҳои худ мешуморанд, аммо танҳо чунин шакли хулосабарорӣ дуруст нест. Забони хориҷӣ инчунин, метавонад чун пуле бошад, ки ду соҳилро ба ҳамдигар мепайвандад, яъне ду халқро ба ҳам ошно месозад, ки ин низ яке аз мақсад ва ҳадафҳои Пешвои миллат ба шумор меравад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста дар ҳар паёму баромадҳояшон ба масъалаи омӯзиши забонҳои хориҷӣ таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуда, вазифадор намудаанд, ки ҳамгоми ҷомеаи ҷаҳонӣ бошем. Аз ин лиҳоз, ҳар як ҷавони миллатамон вазифадор аст, ки забон омӯзад ва ҳамқадами замона бошад. Инсон ҳамон вақт ҳамқадами замона шуда метавонад, ки аз фарҳангу маданияти худ огоҳ бошад. Зеро дар умум фарҳанг дарбаргирандаи ҳамаи паҳлӯҳои муҳими ҳаёти иҷтимоӣ ба ҳисоб меравад, ки аз бар кардани он, дарк карда фаҳмидани он, яке аз сарчашмаҳо дар авҷи камолоти инсон арзёбӣ карда мешавад. Доираи фарҳанг маҳдуд нест, вақте ки инсон донандаи забонҳои хориҷӣ мебошад, барои ӯ ҳамаи дарҳо дар роҳи огоҳ шудан на танҳо аз фарҳангу маданияти худ, балки аз фарҳанги халқу миллати дигар низ кушода аст.

Имрӯз насли замони истиқлол аз наслҳои пешина бо савияи илму дониш, сатҳи тафаккур, одобу ахлоқ, маърифату ҷаҳонбинӣ куллан фарқ мекунад, ки ин метавонад боиси ифтихори мо бошад. Дар тӯли солҳои Истиқлолият дар кишварамон барои пешрафти кулли соҳаҳои рушди ҷомеа асос гузошта шуда муҳаё гардид ва муассисаҳои махсуси таълимӣ ва эҷодӣ таъсис гардидаанд, ки ҳар сол садҳо ҷавонон ба ин муассисаҳо дохил мешаванд. Ҳадаф аз дохил шудан ба муассисаҳои олӣ натанҳо дар соҳибикасби хуб шудан, балки ҷиҳати тарғиби идеяҳои муҳими фарҳанг корҳои шоистаро ба анҷом расонидан аст.

Имрӯз ҷавонон дар бисёр донишкадаҳои бонуфузи хориҷӣ низ таҳсил доранд. Ин ҷавонон дар оянда содиқона ба миллат ва ватани худ хизмат ва кору фаъолият хоҳанд бурд. Онҳо бояд дар рушди фарҳанг, иқтисоди миллӣ ҳиссаи назарраси худро гузоранд. Дар баробари ин, ҷавонондар дохил ва хориҷи кишвар дар бахшҳои мухталиф таҳсил карда, соҳиби касбу ихтисосҳое шуда истодаанд, ки барои кишварамон зарур мебошанд. Барои ноил шудан ва ба таври комил иҷро намудани мақсадҳои дар боло зикршуда мо метавонем гуфт, ки омӯзиши забонҳои хориҷӣ ҳамчун роҳбалад хизмат хоҳад кард. Яъне забонро калиде матавон ҳисобид, ки моро барои баромадан ба олами бекарон ва омӯзиши илму фарҳанги ҷаҳонӣ хизмат менамояд. Хушбахтона имрӯзҳо бо ташаббуси оқилонаи Президенти кишвар асосгузори сулҳу ваҳдат дар кишварамон ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ аҳамияти калон дода шудааст, ки яке аз он “Барномаи такмили таълим ва омӯзиши забони русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” мебошад, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 августи соли 2019 таҳти рақами 438 қабул гардид. Мақсади асосӣ аз таҳияи чунин барнома дар он мебошад, ки бо ёрии ин барнома мушкилотҳое, ки дар соҳаи таълимии фанҳо ва забонҳои мазкур нишон диҳад аз байн барад. Ҳангоми омӯзиши забонҳои хориҷӣ тоҷикзабонон бо адабиёт ва фарҳанги ин миллатҳо шиносоӣ пайдо мекунанд.

Донистани якчанд забон дар ҷаҳони муосир метавонад имконияти ҷавононро васеъ гардонад ва ҳамзамон метавонад дар роҳи нерӯи хешро дар соҳаҳои гуногун сарф кардан шароити фароҳам муҳайё созад. Омӯзиши адабиёт бо забонҳои хориҷӣ дар муассисаҳои таълимӣ вазифаи рушди умумии инсонпарвариро дар бар мегирад ва айнан дар ҳамин бартарӣ ва манфиати бечунучарои он нақш мегирад. Албатта Пешвои миллат низ таъкид кардаанд:

“Забон оинаест , ки дар он симои пурҷилои миллат равшан инъикос мешавад ва мо бояд ба қадри ин нишонаи ҳастии миллатамон расем ва дар баробари ин ба омӯзиши забонҳои русиву англисӣ ҳамчун забонҳои муоширатии байналмиллалӣ эътибори ҷиддӣ диҳем. Мо омӯзиш ва аз худ кардани забоҳоро на барои худнамоӣ, балки бо мақсади маърифатнок гардидани ҷомеа густариш медиҳем”. Пешрафти ҷомеа ба пешравии ҷавонон вобастагии зич дорад, зеро ояндаи кишварамон дар дасти ҳар як ҷавононибо нангу номуси кишвар мебошад.

Дар яке аз Паёмҳои Президенти кишварамон, ки санаи 21 декабри соли 2022 баргузор гардида буд, чунин омадааст: “Ҳоло дар ҷомеаи мо насли нави соҳибистеъдод, илму донишдӯст ва фарҳангпарвару забондон ба камол расида истодааст ва мо онҳоро аз ҳар ҷиҳат бояд дастгирӣ намоем”. Маҳз он ҷавонон метавонанд номбардори халқу ватанбошанд, ки бо илму дониш ва кирдору рафтори худ барои ободии кишвару пешравии он саҳм гузоранд. Боиси ифтихор аст, ки имрӯзҳо ҷавонони кишвар низ дар амалӣ гардонидани дастуру супоришҳои Пешвои мӯҳтарам кӯшиш ба харҷ дода истодаанд.

Шахсро он вақт забондон метавон ҳисобид, ки бо баробари забонҳои хориҷӣ сараввал аз забони модари хеш ҳамаҷониба огоҳ бошад. Мавриди зикр аст, ки дар рӯзҳои охир фардияти тоҷик бо тамоми кишварҳои дунё алоқаи дӯстӣ дорад, ки ин ҳама бо шарофати забондонии кишварамон мебошад. Донистани забони хориҷӣ ягон ҷиҳати номатлуб надорад ва баръакс, ин хислат шахсро ба воломақомӣ ва кишварро ба муваффақияту пешравӣ ноил хоҳад кард. Дар раванди забономӯзӣ мо натанҳо дониши худро, балки ҷаҳонбинӣ ва доираи фикрии худро низ васеъ мегардонем.

Ба ҳама маълум аст, ки муколама тавассути забон ҷараён мегирад ва вақте ки муколамаи фарҳангҳо мегӯянд дар пеши назар муколама бо забонҳои хориҷӣ шакл мегирад. Қайд кардан ҷоиз аст, ки барои муколамаи фарҳангҳо набояд танҳо мо забонҳои хориҷиро аз бар намоем, балки дар тарғибу ташвиқи забони модарии худ низ ҳиссагузор бошем. Боиси ифтихор аст, ки забони тоҷикӣ яке аз забонҳои бостонии ҷаҳон ба шумор меравад, ки то ба давраи мо чандин пайроҳаю тазодҳоро тай намуда, солим омада расидааст.

Забони тоҷикӣ яке аз арзишҳои гаронбаҳою таърихии ниёгони мо ба ҳисоб меравад, ки садҳо ҳазор нобиғагони таърихӣ мисли Румиву Саъдӣ, Рӯдакиву Ҷомӣ, Айниву Турсунзода ва дигарон ба ин калому шеваи зебо достонҳо офаридаанд, шеърҳо эҷод намуда суханҳои пурарзиши худро то ба мо мерос гузоштаанд. Мо бояд фахр аз он кунем, ки зодаи ин сарзаминем ва насли миллати дорои фарҳангу таърихи қадима ҳастем. Фаромӯш набояд кард, ки вазифаи мо ин нигоҳдошти мерос, яъне дастовардҳоеро, ки насиби мо гаштанд то ба наслони ояндаи миллатамон бе ягон талафот, илова ва дучанд гардонида расонем. Мавриди зикр аст, ки мақомдорони хориҷӣ дар ҷашну маросимҳои миллию давлатӣ шеърҳои тоҷикӣ қироат мекунанд ва ин аз он мужда медиҳад, ки забони тоҷикии мо низ дар арсаи ҷаҳонӣ мавқеъ ва мақоми худро ёфтааст. Суханони дар боло омадаро бо баромадҳои Ҳю Филпотт сафири Бритониё ва Ирландия ва бо қироати шеъри Румӣ аз тарафи сафири Амрико Ҷон Марк Поммершайм асоснок карда метавонем. Илова бар ин, дар давоми баромади худ Ҷон Марк Поммершайм бо як мисраи пурмазмуни Ҷалолиддини Румӣ– “ҳамдилӣ аз ҳамзабонӣ беҳтар аст” анҷом дод. Ин худ аз он дарак медиҳад, ки барои муколамаи фарҳангҳо, барои фаҳмиши якдигар набояд миллатҳо якзабон бошанд, муҳимтарин ва ҷиҳати назаррас дар он аст, ки онҳо дар фикру ақида бо ҳам шарик ва муттафиқ бошанд. Алалхусус дар замони имрӯза, ки бо гуногунии мафкуравӣ ва омезиши фарҳангиву ҷаҳонишавӣ коҳиш доранд, таҳаммулпазириро роҳ дар раванди суботкорӣ, ҳамфикрии миллатҳо ва фарҳангҳо метавон ҳисобид.

Дар навбати худ фаромӯш набояд кард, ки омӯзиши забонҳои хориҷӣ ба мутахасис имконияти ҳамгироии фаъолият, имконияти пешбурди тиҷорат ва муносибат, имконияти миёнравӣ дар ҳалли масъалаҳо ва ғайраро пешкаш менамояд, ки инро имконияти бузург дар роҳи ноил шудан ба ҳадафҳои худ метавон ҳисобид.

Ғиёсова Сурайё, муаллими калони кафедраи тарҷума ва грамматикаи забони англисӣ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ