Омилҳои амнияти миллӣ ва таълиму тарбияи насли наврас

«Илм дар шароити муосир нақши калидӣ дошта, ба рушду тараққиёти давлат мусоидат менамояд
Эмомалӣ Раҳмон
Имрўзҳо масъалаи амнияти миллӣ ва оромии шаҳрвандон дар ҷомеа аҳамияти хоса касб менамояд, зеро ҷаҳони муосир пуртазод буда, манфиатҳои кишварҳои абарқудрат ба хотири таъсири геосиёсӣ тамоми манотиқи олам, аз ҷумла, Осиёи Марказӣ ва давлатҳои дар ин минтақа ҷойгирифтаро низ барканор намегузорад. Тоҷикистон низ аз ин масъала ва оромии кишвар як сў набуда, воқеоти сиёсии ҷаҳон ба муносиботи байни ҳамсояҳо ва шуури мардуми тоҷик таъсири худро мерасонад. Бинобар дар кори давлатдорӣ ва таъмини муносибати мусбӣ бо кишварҳои ҳамсоя роҳбарони давлати моро водор менамояд, ки пайваста ҳамаи чораҳоро андешанд, ки кишвар осудаву мулк обод бошад.
Халқи тоҷик, хушбахтона, дар замони муосир сазовори Сарвари хирадманде гашта, ки ба рушди илму таълим ва маърифату маънавиёти шаҳрвандони кишвари хеш ҳамеша таваҷҷуҳ зоҳир менамояд.
Ба инкишофу такомули илм таваҷҷуҳ зоҳир кардани давлату ҳукумат яке аз муҳимтарин омилҳои рушди он дар замони муосир ба шумор меравад. Дар ин замина, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба илм ва моҳияти он чунин иброз намуданд: “Дар мамлакат, дар шароити имрўза рушди илмҳои бунёдӣ муҳим ва афзалиятнок буда, пешбурди корҳои илмиву тадқиқотӣ вазифаи аввалиндараҷаи олимони ин соҳа маҳсуб меёбад”.
Бо дарназардошти нақши бузурги илму маърифат Ҳукумати мамлакат дар даврони истиқлолият масъалаи рушди илму маорифро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоӣ эълон кардааст.
Воқеан, таърих гувоҳ аст, ки илму дониш пойдевори шаъну шуҳрат ва манзалати ҳар як миллат ба шумор меравад. Маҳз дар заминаи илму дониш ҷавонон метавонанд чун мутахассисони лоиқи давр ба камол расанду дар ҷомеаи пуртазоди кунунӣ ҷойгоҳи худро пайдо намоянд. Миллати босавод дунёро бо чашми хирад менигарад ва ҷиҳати рушди ҷомеаи ҷаҳонӣ саҳми худро пайваста мегузорад. Ин миллат тавассути кадрҳои дар заминаи маърифат парваришкарда ва ҷавонони бо нангу номусаш кишвари хешро нашъу нумуъ бахшида, оламиёнро низ аз файзи дастовардҳои худ баҳраманд мегардонад. Ва мусаллам аст, ки ҷавонони соҳибмаърифату донишманд пешбарандаю ҳифзкунандаи давлату миллат аз ҳар гуна омилҳои пурхатари ҷаҳони муосиранд. Таъкиди Пешвои миллат “Танҳо бо донишҷeе ё мутахассисе, ки мавқеи солим, ахлоқи ҳамида, ҳисси баланди ватанпарастӣ ва худшиносии миллӣ доранд, оянда метавон ҷомеаи солиму мутамаддин бунёд кард”, дар боби тарбияи насли ояндасоз, хосса дар масоили худшиносиву ватанпарастӣ ва ба ин васила бунёди ҷомеаи солиму мутамаддин ҳушдорест.
Иҷлосияи шонздаҳуми Шeрои Олӣ дар давраи басо душвори сиёсиву низомӣ бо мақсади таъмини ҳарчи зудтари сулҳу оромӣ, ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ, аз хатари нобудӣ эмин нигоҳ доштани давлат ва аз парокандагӣ раҳоӣ бахшидани миллат, ҳифзи ягонагии давлати мустақили тоҷикон, муҳайё намудани шароит барои барқарор намудани иқтисодиёти бар асари ҷанги шаҳрвандӣ харобгашта ва рушди минбаъдаи Тоҷикистон даъват шуда буд.
Дар лаҳзаҳои тақдирсози ҳаёти давлат ва халқи Тоҷикистон ба ҳам омадани фарзандони баномуси миллат, муттаҳидӣ дар атрофи Роҳбари давлат имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба як давлати ободу зебо ва рӯ ба инкишоф мубаддал гардонид.
Тоҷикистони соҳибистиқлол дорои сохтори мукаммали идоракунии давлатӣ, Ҳукумати фаъол, мақомоти олии қонунгузор ва намояндагӣ, Артиши миллӣ, ҳокимияти судӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, рамзҳои давлатӣ, яъне Нишону Парчам ва дигар рукнҳои зарурии давлатдорӣ гардид. Баъдан, ба Ҳукумати мамлакат муяссар гардид, ки шабакаи ягонаи энергетикии кишварро низ ба вуҷуд орад, ки он на танҳо омили баланд гардидани сатҳи зиндагии мардум, балки яке аз василаҳои таъмини амнияти миллӣ низ мебошад.
Имрўз мо дар шароити торафт печидаву мураккаб гардидани вазъи ҷаҳони муосир, аз ҷумла шиддат гирифтани муборизаҳои геосиёсӣ миёни давлатҳои абарқудрат, хусусияти муташаккил ва боз ҳам хатарноктар гаштани терроризму экстремизм ва дигар таҳдиду хатарҳои нав таъмини амният ва ҳифзи сулҳу субот барои тамоми кишварҳои олам, аз ҷумла барои Тоҷикистони мо ба масъалаи аввалиндараҷаву ҳаётӣ табдил ёфтааст.
Чунин вазъ аз ҳар фарди бедордилу худшиноси ҷомеаи мо тақозо менамояд, ки ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд, ба таълиму тарбияи фарзандон муносибати ҷиддӣ намоянд ва дар роҳи ҳимояи давлатдории миллиамон ҳамеша омода бошанд.
Нуктаҳои муҳими самти фаъолияти мактабу маориф барои тарбияи насли наврас, ки ҷавобгўи талаботи замон бошанд, дар баромаду дастурҳои Президенти кишварамон нишон дода шудаанд: “Дар баробари ин, Вазорати маориф ва илм дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, бахусус, дар синфҳои равияи дақиқу табиатшиносӣ дарси шоҳмотро ҷорӣ карда, дар зинаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ҳангоми таълими фанни технология азхудкунии ҳунарҳои мардумӣ, аз ҷумла, дӯзандагӣ, колинбофӣ, адрасбофӣ, чакандӯзӣ, махсусан, ҳунари пухтани таомҳои миллӣ ва дигар нозукиҳои рӯзгордориро ба роҳ монда, ба барномаҳои таълимӣ ва китобҳои дарсии ин фан иловаҳо ворид намояд.
Ҳамзамон бо ин, ҳар шаш моҳ дар байни хонандагон озмунҳои чевари беҳтарин, кадбонуи моҳир ва монанди инҳоро гузаронида, доир ба дастгириву ҳавасмандгардонии моддиву маънавии ғолибон чораҷӯӣ намояд.
Баргузор кардани чунин чорабиниҳо завқи хонандагонро ба касбу ҳунаромӯзӣ бештар карда, дар оянда ба рушди сайёҳӣ таъсир мерасонад ва боиси зиёд шудани маҳсулоти ватанӣ барои сайёҳону меҳмонон мегардад”. Ин сиёсати оқилонаву дурбинонаи сарвари давлат ва роҳбарияти давлати мо барои тарбияи насли наврас дастури муҳим ба шумор меояд. Чунин талаботи мактабу маорифро ба назар гирифта, макотиби олии кишвар, хусусан, донишгоҳҳои омўзгориро зарур аст, ки самти омодакунии кадрҳои омўзгориро, ки ба талаботи мактаб ҷавобгў бошад, муайян намояд, зеро калиди муваффақият дар ин соҳа ба дасти омўзгор аст. Омўзгори имрўза ҳамаҷониба ба талаботи давру замон мувофиқ кор кунад, то насли наврасро тибқи ин талабот ба пеш барад, ба зиндагӣ ва кору фаъолияти мустақилона ҳидоят намояд.
Донишҷўи имрўза муаллими фардо мебошад ва ў соҳиби маълумоти олӣ, дониш, ҷаҳонбинии фарох ва пухтаи сиёсӣ бояд бошад. Якчанд талаботи муҳим дар самти тайёр кардани кадрҳо бояд дар назди мактаби олӣ гузошта шавад:
-Кадрҳои донишгоҳ, мактабҳои олӣ мутахассиси хуб бошад;
-Кадри донишгоҳ, мактабҳои олӣ соҳиби унвонҳои илмӣ, одамони дорои ақидаи устувор, ҷаҳонбинии фарох бояд бошад;
-Донишҷўён саводи хубу пухтаи сиёсӣ дошта бошанд;
-Донишҷў бо забони адабии модарӣ мусаллаҳ бошад;
-Донистани забони русӣ ва хориҷӣ (ақаллан 1-2 забон) ба ҳар мутахассис зарур аст;
-Дар ҷавонон мо бояд ахлоқи ҳамида, сифатҳои неки инсониро тарбия намоем;
-Ҷавононро дар руҳияи ѓоя ва ѓурури миллӣ тарбия намудан дар мадди назари устодон ва макотиби олӣ бояд бошад.
Вазифаҳои болоиро ба назар гирифта, роҳбарони макотиби олӣ ва устодону олимонро зарур аст, стратегияи таҳсилоти олиро ба дараҷаи нав тибқи талаботи давлату ҳукумат ба роҳ монанд. Барои ин бошад, фаъолияти устодон ва маъмурияти донишгоҳҳоро дар самтҳои зарурӣ равона намудан зарур аст.
Якчанд нуктаҳое, ки зикр намудем, барои таъмини амнияти миллии мо мусоидат менамояд. Зеро мутахассиси хуб дар ҳама ҷо ва дар ҳама кор зарур аст. Кадрҳои худии мо барои амният ва истиқлоли иқтисодии ватанамон хеле муҳим мебошад. Тайёр кардани кадрҳои зарурӣ дар хоҷагии халқ ва саноати ватанӣ кори басо муҳим, ҷиддӣ ва ояндадор буда, аз масъулини соҳа талаб менамояд, ки роҳҳои босамари ташкили ин корро ҷустуҷў ва роҳандозӣ намоянд, дар ин роҳ аз таҷрибаи кишварҳои пешрафта омўзанд.
Аз ҷиҳати сиёсӣ устувор будани насли наврас барои таъмини бехатарӣ, амнияти миллӣ ва таъмини оромиву осудагӣ дар кишвари мо заминаи зарурӣ фароҳам меорад. Хусусан, дар айёми имрўза, ки терроризм ва экстремизм ба ҷомеаи ҷаҳонӣ таҳдид мекунад, аз хатари он пешгирӣ намудан на танҳо вазифаи давлат ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, балки вазифаи ҳамаи мост. Дар шуури ҷавонон ҷо гирифтани таблиѓоти бегона, зўроварӣ, шавқи молу мулкпарастӣ, майзадагӣ, нашъамандӣ, бекорӣ оқибатҳои нохуш дорад. Бояд тамоми ҷомеаро зарур аст, ба ин падидаҳо мубориза баранд, давлат ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои сари вақт решакан намудани чунин падидаҳо тамоми қудрати худро ба кор барад. Робитаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, суду прокуратура бо макотиби олӣ, мактабу омўзишгоҳҳо пайваста ҳамкорӣ намояд, саводи ҳуқуқии насли наврасро баланд бардоштан зарур аст. Дар ин самт бахши кор бо ҷавонони ҳукумати маҳаллӣ ва мамлакат, шуъбаҳои кор бо ноболиѓони идораҳои корҳои дохилӣ нақши муҳим доранд ва мутасаддиёни ин самтҳо мунтазам дар байни насли наврас бошанд ва аз руҳияи наврасону ҷавонон огоҳ бошанд, то ки дар пешгирии ҳодисаҳои номатлуб ва гароиши онҳо ба ҳаракатҳои ифротгароӣ вазифаи худро адо карда тавонанд.
Имрўз рў овардан ба фарҳанги миллӣ, ки дар тарбияи ҷавонон нақши муҳим дорад ва муҳим будани онро сарвари давлатамон таъкид менамояд: “Дар шароити кунунӣ ба омӯзиши фарҳанги миллӣ ҳамчун омили муҳимми рушди маънавии шахсият таваҷҷуҳ зоҳир кардан зарур аст. Зеро ташаккули ҳисси зебоишиносӣ ва дарки амиқи фарҳанги миллӣ дар зеҳни хонандагон эҳсоси баланди ватандӯстиро бедор намуда, онҳоро ба омӯхтани осори адабиву фалсафӣ ва иҷтимоиву маънавии мутафаккирони гузаштаи халқамон водор мекунад”.
Татбиқи як қатор қарору қонунҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иҷрои мақсади мазкур равона карда шудаанд:
-Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 июли соли 2008, №296 “Дар бораи тасдиқи “Барномаи тайёр кардани кадрҳои илмӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2015”;
-Барномаи давлатии рушди таҳсилоти касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2015;
-Дар бораи тасдиқи “Барномаи стратегии рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2016;
-Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзиму анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” №274 аз санаи 08.06.2012;
-Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” №762 аз санаи 02.08.2011;
Риоя ва иҷрои қонунҳои Тоҷикистон ва қарору барномаҳои Вазорати маорифи Тоҷикистон аз тарафи ҷомиаи мо ва масъулони соҳа, устодон, донишҷўёну хонандагон, падару модарон барои таъмини амнияти миллии мо қадаме ба пеш аст. Барои ин бояд ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ ѓамхорӣ, дилсўзӣ дошта бошад. Ташаккули ин сифат дар насли наврас вазифаи ҳамаи мост.
Дин дар ҷомеаи Тоҷикистон мавқеи муҳим дорад. Имрўз хатари гуруҳҳои ифротгаро, экстремизми динӣ, дар ниқоби ислом амал намудани террористон барои ѓарази сиёсии худашон ва геосиёсӣ ҳукумат ва мардумро дар ташвиш монондааст. Фишор ба диндорон, аз барномаи таълим гирифтани фанни таърихи дин, алифбои ниёгон, забони арабӣ, ба фикри ман, ҷавоби нодурусти сиёсатмадорон аст. Зеро мегўянд:
Ислом ба зоти худ надорад айбе,
Ҳар айб, ки бошад, ба мусалмонии мост.
Дар ин бора фикрҳои мутахассисон, олимон ва намояндагони ҷамъиятиро ба назар гирифта, ба манфиати амнияти миллӣ кор фармудан зарур аст. Чунончи, Абдуллоҳи Раҳнамо – донишманди тоҷик дар асри худ “Ислом ва амнияти миллӣ дар Тоҷикистон” ба хулосае меояд, ки:
“Маҳви бесаводии динии аҳолӣ гузаронида шавад. Бояд донист, ки танҳо дар сурати муносибати табиӣ бо ислом ва танҳо дар сурати парвариши сатҳи дурусти маърифати динӣ ислом метавонад омили суботу амнияти ҷомеа гардад”. Ин нигоҳ, ин муносибат бояд мавриди омўзиш ва мубоҳисаи соҳаҳои дахлдор гардад, то барои амнияти миллии Тоҷикистон ва ба оромиву тинҷии ҷомеа хизмат намояд, чунон ки сарвари давлат изҳор менамояд: “Мову шумо бояд як қувваи ягонаро ташкил дода, онҳоеро, ки сулҳу салоҳро дар ҷомеа халалдор карданӣ мешаванд, ҳамдигарфаҳмии байни қувваҳои сиёсиро аз байн бурданӣ мешаванд, ҳушдор диҳем”.
Очилова Меҳринисо– доктори илмҳои филолоӣ, мудири кафедраи забон ва адабиёти тоҷик, факултети забонҳои шарқ