​Оқибати фитнаангезӣ!

Гурӯҳи фитнаангезу дасисабози кишвари ҳамҷавор – Ҷумҳурии Қирғизистон бо дастгирии бевоситаи сиёсатмадорони навбаромади хасакӣ бо ҳар баҳонаю далелҳои беасос хостанд ҳудуди қонунии деҳаи Ворухро ғасб намоянду аз они худ кунанд. Сиёсати одилонаю устуворонаи роҳбарияти олии кишвар, маҳорату матонати мақомотҳои давлатӣ, ватандӯстиву иродаи матини мардуми кишвар дар заминаи якдилию ваҳдат тавонистаанд, ки садди устувор муқобили чунин бадзотон бунёд намоянду якпорчагии кишвар таъмин гардад. Вале, пурзӯр гардидани реҷаи ҳифзи марз ва ҷорӣ гаштани баъзе маҳдудиятҳо ба таҳкими меъёрҳои ҳуқуқӣ мусоидат карду равотиби озодонаи мардум бо ҳар сабабҳо коҳиш ёфт. Хусусан, муносибатҳои озоди иқтисодии сатҳи оддии байни аҳолии маҳалҳои ҳамҷавор канда шуду аз он ҳарду ҷонибҳо (бештар мардуми қирғизтабор) зарар диданд.

Ҳангоми равуо дар ҳудуди вилояти Суғд солҳои қаблӣ аз ҳаёти пурхурӯшу савдои ҳамарӯзаи сокинони деҳоти Хистеварз дар шаҳракҳои Қирғизистон ва амали баръакс мушоҳида мегардид, ки ягон тоҷик муқобили ин муносибатҳо набуд ва алҳол низ нест. Вале, манзараи ҳузнангези ҳудудҳои Қирғизистон қади шоҳроҳи Конибодом - Хуҷанд алҳол харобазори давраи баъдазҷангиро ба ёд меоварад. Рӯидани алафҳои бегонаи тухмбаста, дарахтони мевадиҳандаи хушкида, нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории вайроншудаю фурӯрафта, мағозаю тӯйхонаҳои беодами фарсуда, заминҳои корами бекорхобида ва даҳҳо манзараҳои ногувори дигар шаҳодат медиҳад, ки дар аксарияти онҳо савдою муомилот ва фаъолият вобаста ба мардуми Тоҷикистон будаасту алҳол соҳибкорони қирғизи соҳиби ин нуқтаҳо ҳоли табоҳ доранд. Ҳатто, пурсиши сарироҳии сокинони шаҳраки Арқа ин далелҳоро тасдиқ менамоянд. Эҳтимол меравад, ки дар минтақаҳои ҳамҷавори дигар бо Қирғизистон чунин ҳолат мавҷуд бошад.

Айни ҳол дар қисмати тоҷикистонӣ танҳо раванди бунёдкориву ободонӣ идома ёфта истодааст. Вале, мардуми маҳалҳои ҳамҷавор аз он ҷумла, тоҷикистониён бар он ақидаанд, ки чанде аз фитнаҷӯёни қирғиз мардумро бо суханҳои бофтаи беҳуда фирефтаву хостанд холҳои сиёсӣ ба даст оваранд. Қирғизҳо яъне, шаҳрвандони оддӣ аз ин амалҳо пушаймонанду нисбат ба мардуми тоҷику тоҷикистонӣ эроде надоранд. Баръакс, ғамгинанд, ки риштаи бисёрсолаи дӯстиву рафоқат, хешу таборӣ, робитаҳои иқтисодӣ ва ғайра беҳуда канда гардид ва барқарорсозии мутлақи онҳо ғайриимкон аст. Хоҳони он лаҳзаҳоянд, ки рафтуомади озод байни маҳалҳои ҳамҷавори ҳарду мамлакат тезтар барқарор гардаду мароми осудаи ҳаёт тантана кунанд.

Ана ин аст, оқибати фирефташавӣ ба дасисабозону фитнаангезон! Бинобар ин, таҳаммулу сабурӣ, зиракиву ҳушёриро бояд пеша кард. Вагарна, тешазанҳо ба пайи худ теша мезананду халос!

Собиров М.С.-дотсенти кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкологияи МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ