Офтобро бо доман пушонидан ғайри имкон аст

Баъди тамошо ва мутолиаҳои наворҳое дуруғине, ки дар сомонаҳои интернетӣаз ҷониби журналистон ва рузноманигоронидавлати ҳамсоя, яъне Қирғистон паҳн шуда истодааст, одам ба ҳайрат мемонад, то кадом андоза муттаҳаманд. Беҳуда дар урфиятнагуфтаанд:“Офтобро бо доман пушида намешавад” ин дурӯғҳои беасос рӯзе фош мегардад. Охир аҳдшикастан ва ҳамлаи ногаҳонӣ ба воситаи ҳавопаймои бесарнишини “Байрактар” ва дигар намуди яроқу аслиҳа, ба сарҳади мо, ба халқи бегуноҳи назди сарҳадии мо, аз ҷониби Шумо оғоз шуда ҷабри зиёд диданд ва ба ҳалокат расиданд. Беадолатиҳо маҳз аз ҷониби Шумо оғоз ёфт, муттаҳамиро Шумо оғоз намуда боз тӯҳмат мекунед.

  • Ор доред? - Номус доред? - Шарм аз Худо кунед! Умри дурӯғ кӯтоҳ аст. Ҳақ ба дасти ҳақдор мерасад. Сабр кунед. Ба ҳар дурғи беасос ҷавоб мепурсем.

Таърих гувоҳ аст, ки халқи тоҷик боре ҳам ба ягон давлати ҳамсоя бо чашми ғаразу нияти бад даст дароз накардааст. Мардуми тоҷик аз азал сулҳофару сулҳпарвар аст. Имрўзҳо, халқи тоҷик шукри неъмати истиқлол ва ободии кишвар мекунад.Шукрона, ки дар баробари муваффақиятҳои бадастомада мушкилоти мавҷуда низ сол то сол аз байн рафта истодаанд. Мардуми шарифи Тоҷикистон дар атрофи Президенти интихобкардаи хеш беш аз ҳарвақтамуттаҳид гашта, барои шукуфоии Тоҷикистони соҳибистиқлол софдилона фидокоронаю аз сидқи дил заҳмат мекашанд. Мардуми Тоҷикистон бо таҳаммул ва солорӣ чандин мушкилотро паси сар кардааст ва хуб медонад, ки ҷангу хунрезӣ роҳи ҳалли масъалаҳо шуда наметавонад.Ва ҳамеша кушиш мекунад, ки бо роҳи муроссо ҳалли масъаларо ёбад.

Мо халқи тоҷик безор аз ҷангу хунрезӣ ҳастем. Аммо агар касе, беадолати нисбати мо кунад ба амали содир намудааш ҳатман ҷавобидучанд мепурсем.

Ба худ оед эй мардуми қирғиз! Беадолатӣ то куҷо!Бас ҷангу хунрезӣ! Моро маҷбур накунед мо ҳар порчаи замини худро ҳимоя мекунем ва дигар намегузорем, ки ягон қатра хуни ноҳақи аскарбачагони мо ба замин резад. Ба ҳар амалатон ҷавоб мепурсем. Ғасби заминҳои кардаатонро дучанд талаб мекунем. Ба рост завол нест. Мардумро фиреб накунед. Оқибат “Чоҳкан зери чоҳ” гуфтаанд.

Малика Томирис – омӯзгор,таҳлилгар

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ