НӮШДОРУИ НАҶОТИ БАШАР

Ташаббуси навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қатъномаи “Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда”,ки дар Иҷлосияи 79-уми Маҷмааи умумии Созмони милали Муттаҳид манзур гардид, маншаъ аз фароянди тамоми мардумони олам ва воқеияти ҷаҳони муосир дорад. Пешвои миллат, солҳост, ки аз чунин минбарҳои баланд мушкилоти сайёраро мавриди баррасӣ қарор дода, иттиҳоди тамоми сокинони кишварҳои ҷаҳонро барои ҷилавгирӣ аз муаммоҳое чун ифротгароӣ, зуроварӣ, ҷангу хунрезӣ ки дар ҷаҳони муосир доман паҳн мекунад, амри муҳим барои расидан ба ҳадафҳои фардофрӯз ба шумор меоваранд. Мардуми олам шоҳид ҳастанд, ки Пешвои миллати тоҷик ва тамоми тоҷикони олам, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ташаббускорони аввалин ҳамоиши байналмилалӣ дар мавзуи ““Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез”, ки моҳи майи соли 2018 доир гардид, мебошанд ва минбаъд чунин ҳамоишҳо ба таври муттасил дар кишвари мо бо ҳузури пажуҳишгарону коршиносони ватаниву ҷаҳонӣ идома ёфта истодаанд. Ҳанӯз соли 2012 бо нашри китоби “Мавлоно ва тамаддуни инсонӣ” Пешвои миллат нақши пуртаъсири андешаҳои ин мутафаккир ва шоиру донишманди бузурги миллатро дар рушди ҳамдиливу ваҳдати инсонӣ дар ҷаҳони муосир талқин намуда, афкорашро “нӯшдоруи наҷоти ҳақиии башар” унвон намуда, навишта буданд: ““мо, имрӯз дар оғози қарни ХХI низоми воқеан инсонгароёнаи ақоидӣ-фикрӣ, фарҳангӣ-маънавӣ, иҷтимоӣ ва рисолати инсонии Мавлонои кабирро нӯшдорӯи наҷоти ҳақиқии башарӣ дармеёбем. Ва ба андешаи мо чунин рисолати ӯ рисолаи ҷовидонӣ хоҳад буд”.

Ҳамакнун дар шароити муосири вазъи ҳассоси ҷаҳон, ки барои имрӯзу фардо ва махсусан наслҳои оянда хатарзост, пешниҳоди ташаббуси навбатии Пешвои миллати мо оид ба қатъномаи навбатии “Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда” дар ҳақиқат “нӯшдорӯи наҷоти башар аст”, зеро ҳамдиливу ҳамзистӣ, фарҳанги сулҳофаринӣ ваҳдати инсонӣ маҷмуан фардои башариятро равшану афрӯзанда нигоҳ медоранд. Пешвои миллат ҳамчун мубашшири сулҳ ва бунёдгузори тарҳи сулҳи миллӣ ва ҳамакнун ҷаҳонӣ дар заминаи омӯзаҳои муҳим, таҷрибаҳои собиту озмудаи хеш ин тарҳи муҳим ва сарнавиштсоз барои ҷомеаи инсониро манзур карданд. Дар навиштаҳои арзишманди Пешвои миллат дар бораи донишмандону бузургони адабу андешаи миллати мо борҳо мақоми ин чеҳраҳои мондагори миллат аз манзари тарғиби сулҳу ваҳдат муқаррар шудааст. Аз ҷумла, дар китоби “Чеҳраҳои мондагор” Мирсайид Алии Ҳамадонӣ ҳамчун таблиғгари фарҳанги сулҳу хосттри ваҳдату субот” муаррифӣ шудааст. Воқеан, андешаи сулҳпарварӣ ва сулҳхоҳӣ ғояест, ки чандин ҳазорсолаҳо аз тамоюлҳои муҳим афкор ва аандешаҳои бузургони моро ба вуҷуд овардааст. Вожаи сулҳ ҳамчун паёми наҷот ҳанӯз дар паёмҳо ва Эъломияи Куруши Кабир зикр шудааст: ““Вазъи дохилии Бобул ва ҷойгоҳи муқаддасаш қалби маро такон дод. Ман барои сулҳ кўшидам. Набонид мардуми дармондаи Бобулро ба бузургӣ кашида буд, коре, ки дархури шони онон набуд. Ман бардадориро барандохтам. Ба бадбахтиҳои онон поён бахшидам. Фармон додам, ки ҳамаи мардум дар парастиши Худои худ озод бошанд ва ононро наёзоранд. Фармон додам, ки ҳеч кас аҳолии шаҳрро аз ҳастӣ соқит накунад…. Фармон додам тамоми ниёишгоҳҳоеро, ки баста шуда буд, бикшоянд. Ҳамаи худоёни ин ниёишгоҳҳоро ба ҷоҳои худ бозгардондам. Ҳамаи мардумонеро, ки пароканда ва овора буданд, ба ҷойгоҳҳои худ баргардондам. Хонаҳои вайрони ононро обод кардам. Ҳамаи мардумро ба ҳамбастагӣ фаро хондам».

Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар китоби “Чеҳраҳои мондагор” бо таъкид бар ин арзиш ва мақоми беназири Куруши Кабир дар таъмини сулҳу озодиву эътиқодоти қавмӣ ва муносибати инсонсолорона бо мардумони ҷаҳон, таъкид доштаанд: “Эъломияи Куруши Кабир, ки аз фарҳанги ориёӣ ва ақоиди инсондўстӣ сарчашма мегирад, нахустин ҳуҷҷати таърихиест, ки эҳтироми ҳуқуқ, озодии мазҳабу эътиқод ва ҳифзи дороии шаҳрвандонро пуштибонӣ кардааст”.

Мурур ба чандин осори мансури боқимонда аз даврони куҳани таърихи миллати мо низ ин амрро собит мекунад, ки дар меҳвари аксари онон, масоили сулҳҷуӣ, оштии милливу мазҳабӣ, ҷилавгирӣ аз қатлу куштор ва дар умум роҳ кушодан ба ваҳдати инсонӣ қарор дорад. яке аз куҳантарин китобҳои ахлоқии ниёкони мо – “Андарзномаи Озарбади Меҳроспандон” унвон дорад, ки асаре маҷмўи дар одоб ва ахлоқу тарбияи инсонӣ ба шумор меравад. Нуктаи қобили таваҷҷўҳ он аст, ки дар ҳошияи ин китоби нодири куҳан чанд тафсирҳое ба унвони рисолаҳои мустақил ба қалам омадаанд, ки мазмун ва мундариҷаи аслии онро тавассути шарҳи мафоҳими аслии он шарҳу тавзеҳ додаанд. Аз ҷумлаи чунин расоил навиштае бо номи “Бисту ду вожа aз Озарбоди Маҳраспандон” боқӣ мондааст, ки муҳимтарин аркони ахлоқӣ аз нигоҳи ин китобро дар ҳамин бисту ду мафҳум тавзеҳ додааст. Ба назар мерасад, ки зимнан ин бисту ду вожа бисту ду рукни барҷастаи ахлоқи башарӣ маҳсуб меёбанд. Дар миёни онҳо ду рукни барҷаста ва муҳим, ки дар умум решаҳои таърихии муқовимати мардуми тоҷикро бо ифротгаройӣ ва зуроварӣ шарҳ медиҳанд, оштихоҳӣ, силоҳ ниҳодан ва мардумдўстӣ ба шумор мераванд. Мафоҳими мазкури аркони бузурги ахлоқи башарӣ ба гунаи зайл дар ин рисола тавзеҳ ёфтаанд:

“Нуҳум – оштихоҳӣ ҷараёни назми ҷаҳон аст, ки нигоҳдоранда, парваранда ва сомондиҳандаи ҳама офариниш ва офаридагон аст. ...Ҷовидонагӣ барқарор кардан аз роҳи оштӣ метавон кард.

Дувоздаҳум – силоҳ ниҳодан он бувад, ки дар баробари ҳама офаридагони Ҳурмузд силоҳ фурe ниҳад ва бо ҳеч кас душманӣ накунад, ки ҳар чизи бад, аз бадии Аҳриману девон бошад. Чи андешабаргузинӣ ва кирдорбаргузинӣ дар ниҳодани силоҳ бошад.

Бистум – мардумдўстӣ он бувад, ки некӣ барои ҳама некон чунон бояд, ки барои худ. Он чиро, ки барои хештан нек напазирад, ба дигар кас накунад. Некхоҳӣ он бувад, ки айбу ҳунари касонро бинигарад. Аз паси пиростани айби худ бикўшад. Хубии неконро ошкоро бигўяд. Айби эшонро на бо дуруштӣ, балки дўстона бизудояд ва ба эшон нагўяд».

Ин силоҳ ниҳодан албатта, яке аз муҳимтарин рукнҳои фарҳанги сулҳ ва даст кашидан аз ҷанг мебошад. Дар ҷавҳари ин нуктаҳои муҳими ахлоқӣ пеш аз ҳама олитарин андешаҳои инсонгаройӣ қарор дорад, ки зимнан муқовиматеро алайҳи зуроварӣ ва ифротгаройӣ тафсир мекунанд. Аз ҷумлаи аввали ин фирқа ҳувайдост, ки ҷовидонагии инсоният тавассути оштихоҳӣ, кўшиш барои сулҳ сурат мегирад ва оштихоҳӣ ҳамоно аслу моҳият ва ҷараёни назми ҷаҳонро таъмин мекунад. Ҳамин сухани ҳикматбор ва андарзи ниёи мо воқеияти ҷаҳони имрўзро тавзеҳ медиҳад, ки сабаби аслии беназми дар ҷаҳони муосир ва афзоиши марзҳои ифротгаройӣ ҳамоно дур шудани инсоният аз фарҳанги сулҳ ва оштихоҳӣ аст, ки тавассути ҷангу хушунату ҳисси бадбинӣ нисбати ҳамдигар сар задааст. Аз ин лиҳоз, дар идомаи тафсири ин рукни муҳим фалсафаи силоҳ ниҳодан ҳамчун роҳу шеваи расидан ба сулҳу низоми ҷаҳон тафсир мешавад. Шарҳи воқеии ин мафҳум, ки дар баробари тамоми офаридагон бояд силоҳ ниҳода шавад, маҷмўан инсониятро аз ҷамъи қатлу куштор ба дурӣ мекашонад ва ҳатто дар ҷавҳари ин таълимот куштори ҳаявону паррандагон чун амали хилофи ахлоқи олии инсонӣ накўҳиш мешавад. Андешаи нек ва нуфузи фарҳанги олии инсонӣ дар ҷомеа танҳо аз роҳи ниҳодани силоҳ ва сулҳу оштӣ муяссар мегардад, ки душманиро аз миёни инсонҳо ба дур меандозад. Мардумдўстӣ танҳо тавассути оштӣ ва силоҳ ниҳодан ва меҳр варзидан муяссар мешавад ва ин ҷо навъе эҳсос мешавад, ки дар ин асари ахлоқӣ марҳила ба марҳила равиши расидан ба ормонҳои олии инсонӣ тафсир ёфтаанд, ки дар умум як шеваи махсуси муқовимат бо ифротгаройӣ ва зўровариву душманиро бозтоб мебахшанд.

Дар ин нуктаи муҳим арзиш ва аҳамияти сулҳу дўстиву ҳамдилӣ дар аҳди қадим дар миёни инсоният тафсир ёфтааст, ки барҳақ имрўз низ қобили аҳамият буда, барои ҷомеаи мо дар роҳи расидан ба ҳадафҳои наҷиби пешгирӣ ва муқовимат ба ифротгаройӣ ва зуроварӣ кўмак метавонанд намояд, чун ин ѓояҳои санҷидашуда ва озмуда имрўз низ аҳамияти хешро ҳаргиз гум накардаанд ва тарѓибу талқини онҳо барои ҷомеа мо низ муфид ва қобили таваҷҷуҳ боқӣ мемонанд.

Фалсафаи оштипазирӣ ва сулҳ кардан ба унвони роҳкориҳои муҳими расидан ба иттиҳоди инсонӣ ва дур мондан аз душманиву накбат ҳамоно дар меҳвари аксари рисолаҳои куҳани таълимии ниёкони мо қарор гирифтанд. Аз ин рў, дар яке аз дигар андарзномаи дигари паҳлавӣ низ оштӣ кардан бартар аз ҷанг шуморида шуда, инсоният ба дурӣ аз кинаву адоват, боздоштани хашм даъват гардида, ҳатт фурў бурдани хашм аз савганд хўрдан авло дониста шуда, талқин мешавад, ки ба ҷойи савганд он беҳ аст, ки хашм хўрда шавад:

«Оштӣ кардан беҳтар аст ва на ҷанг кардан.

Умед гирифтан беҳтар аст ва биҳиштани кин.

Ромиш пазируфтан беҳтар аст ва боздоштани хашм.

Хўрдани хашм беҳтар аст ва на савганд”.

Ин андешаи марбут ба талбиѓи сулҳу ваҳдат ва дурӣ аз ҷангу доварӣ минбаъд низ ба ҷавҳари фалсафаи ахлоқии адабиёти мо роҳ ёфт, ки бегумон ин сухани Хоҷа Ҳофиз сарчашма дар ҳамин андешаҳои ниёкони хеш дорад:

Як ҳарфи сӯфиёна бигӯям, иҷоза ҳаст?

Ин нури дида сулҳ беҳ аз ҷангу доварӣ!

Дар марҳилаи навини таърихи давлатдории тоҷикон дар ҳаллу фасли муноқиша ва зиддиятҳо маҳз бо таваҷҷўҳ ба ҳастии ҳамин таҷрибаи таърихӣ, файзёбӣ аз фарҳанги ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамгироӣ пойдевори кохи бузурги ваҳдати навини миллии тоҷикон гузошта шуд. Дар яке аз суханрониҳои хеш ин ҳикмати ноб ва саршор аз ҳақиқату хиради таърихиро Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, чунин тавзеҳ дода буданд: "Нобасомониҳои солҳои 90-уми асри гузашта имтиҳони навбатии таърих ва озмоиши сарнавиштсозе буд, ки мардуми Тоҷикистон ва миллати хирадпешаи мо онро сипарӣ намуда, роҳи мутамаддини давлатдорӣ ва равиши ҳамбастагиро бо ҷомеаи башарӣ пеш гирифт. Маҳз бо шарофати фарҳангу оинҳои таҳаммулгарои аҷдодӣ мову шумо аз гирдоби мудҳиши ҷанги шаҳрвандӣ раҳоӣ ёфта, зимни имзои санади истиқрори сулҳ ва оштии миллӣ ба ваҳдати миллӣ ва сулҳу суботи устувор ноил гардидем, бо ҳамдиливу ҳусни тафоҳум бисёр мушкилоти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангиро ҳаллу фасл намудем. Дар ин раванд, мо пеш аз ҳама пойдевори кохи бузурги ваҳдатро гузошта, барои зиндагонии шоиставу арзандаи мардуми Тоҷикистон марҳила ба марҳила заминаи мусоид фароҳам овардем. Зеро ваҳдату ҳамбастагӣ аз суннатҳои асили мардуми тоҷик мебошад, ки барои рушду нумўи ояндаи давлат ва тақвияти минбаъдаи пояҳои давлатдорӣ мусоидат мекунад".

Бедил ҷангҳое, ки тавассути тўфангу ханҷар миёни инсонҳо эҷод мешаванд, танҳо нишонаи ҷаҳолат мешуморад, ки омил бар қатлу куштори ҳамдигар мегарданд. Аз ин рў, ҷои ин ҳама яроқу аслиҳаи марговар шоир таъбири “шамшери сулҳ”-ро мувофиқи ҳоли мардум мешуморад, ки бояд миёни мардум он бошад, ки меҳру ихлосро афзун ва кинаҳоро бурида гардонад:

З-ин тўфангу тир пархоше, ки дорад ҷаҳли халқ,

Нест мумкин то наёрад дар миён шамшери сулҳ.

Танҳо шамшери сулҳ аст, ки пархошро аз миёни халқ бардорад ва оштиву муҳаббати онҳоро биафзояд, зеро боз ҳам ба таъбири шоир агар сулҳ ба ҷанг бадал гардад, мисли онест, ки шишаи олам ба санг расад, яъне ҷаҳоне бар асари ҷанг ва нобудии сулҳ хароб шавад:

Сулҳ як мў агар ба ҷанг расад,

Шишаи оламе ба санг расад.

Қобили таъкид аст, ки Пешвои миллат, ҳанўз даҳсолаҳо пеш ба ин масъала чун яке аз равишҳои хосаи татбиқи муқовимати маънавӣ бо падидаҳое чун тарғиби фарҳанги сулҳ, оини сулҳпарварӣ, муқовимат бо ҷанг фармуданд, ки яке аз намунаҳои барҷастаи он китоби “Мавлоно ва тамаддуни инсонӣ” мебошад. Аз масоили меҳварии рисола баррасии фалсафаи ваҳдати вуҷуд дар андешаҳои Мавлоно ба шумор меравад, ки Пешвои миллат бо такя бар ҷанбаҳои иҷтимоӣ ва инсоншиносӣ ва башардўстона доштани маърифати ин мафоҳим дар пиндорҳои суханвари ориф дар кашфу дарки онҳо руҷўъ намуда, аз ҷумла таъкид доштаанд, ки “суханони Мавлоно оид ба ваҳдату ҳамдилӣ аз саъйи пайгиронаи мутафаккир ба сўи ваҳдати миллатҳо ва кулли инсоният дарак медиҳад”. Пешвои миллат бо эҷоди пайванд миёни ваҳдати Мавлонои Балхӣ ва ваҳдати миллии имрўз, ки ҳамоно сарчашма дар ҳамин афкори башадўстонаи Пири Румӣ доранд, ҷомеаи кишвари моро бар он даъват менамоянд, ки дари дилу дарвозаи ватанро барои муколамаи фарҳангҳо ва муносибат бо мардуми олам боз намоем. Ин нуктаро хеле муҳим ва амиқ тафсир намуда, изҳор доштаанд, ки “Мо, ки имрўз аз ваҳдати миллат сухан мегўем, бояд ба пайравӣ аз онҳо, хусусан ба афкору андешаи Мавлоно ба он саъй намоем, ки на танҳо дар сатҳи миллат чунин маъниҳоро бо камоли масъулият дарк созем, балки омода бар он бошем,ки барои робита ва ваҳдат бо мардуми дигари олам ва муколамаи фарҳангҳои мухталиф низ дари дил ва Ватани худро боз намоем. Фақат дар ҳамин сурат мо метавонем миллати муттаҳиди тоҷикро ба узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ чӣ дар сохаи фарҳангу маънавиёт, чӣ дар самти сиёсату иқтисодиёт табдил диҳем”.

Акнун, ки ташаббуси навбатии Пешвои миллат дар робита ба даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда пешниҳод шудааст, боварии комил дорем, ки ҷомеаи ҷаҳон аз ин пешниҳоди созанда ба шоистагӣ истиқбол мекунад, чун он воқеан нӯшдоруи наҷоти ҳақиқии башарият хоҳад буд.

Нуралӣ Нурзод,

Директори институти илмӣ- тадқиқотии илмҳо ҷомеашиносии МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров, доктори илмҳои филологӣ, профессор

Хайёмиддин Исмоилов,

Мудири шуъбаи тарбия

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ