Нотавонбинии хоинони миллат...

Тавре огаҳем Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ ба шоҳигарии Белгия ва сипас ба Фаронса сурат гирифт.

Ҳамчунин бояд тазаккур дод, ки Пешвои миллатро як қатор шахсони расмӣ ҳамроҳӣ доранд. Санаи 11 октябр Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба шоҳигарии Белгия ташриф оварданд, ки дар шаҳри Брюсел намояндагони воломақоми кишвари мазкур самимона пешвоз гирифтанд. Худи ҳамон рӯз Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Шӯрои Аврупо Шарл Мишел мулоқот карданд. Инчунин дар шоҳигарии Белгия Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти палатаи Намояндагони Белгия, Ноиби Президенти Комиссияи Аврупо намояндаи Олии Иттиҳоди Аврупо оид ба сиёсати хориҷӣ ва амният Жозеп Боррел мулоқот оростанд. Дар доираи мулоқот муҳимтарин масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷонибаи иқтисодӣ ва тиҷоратӣ дар доираи барномаҳои қабулгардида мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ҳамчунин ҷонибҳо доир ба масъалаи амнияти минтақавӣ мулоқот намуда, дар ин раванд ба ҳаллии қазияи Афғонистон изҳори назар намуданд.

12 октябр Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Подшоҳи Белгия Алоҳазрат Филип мулоқот намуданд. Дар доираи мулоқот масъалаҳои ҳамкориҳои байниҳамдигарии Тоҷикистону Белгия мавриди муҳокима ққарор гирифта, инчунин доир ба вазъи кунунии Афғонистон таваҷҷӯҳи махсус намуданд. Ҳамчунин Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Брюсел бо Намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо хонум Тери Ҳакала ва Дабири кулли Созмони ҷаҳонии гумрук Кунию Микурия мулоқот намуданд. Зимни мулоқот муҳимтарин масъалаҳои мукаммалгардонии маъмурияти гумрук, низоми фаъолияти маъмурии гумрукӣ ва дигар масъалаҳои муҳимро муҳокима намуданд.

Санаи 12 октябр сафари расмии Пешвои миллат ба Ҷумҳурии Фаронса идома ёфт.13 октябр Пешвои миллат бо Президенти Фаронса Эмануэл Макрон мулоқот намуданд. Дар мулоқоти сарони давлатҳо ҳамкориҳои дуҷонибаи давлатҳо дар доираи созмонҳои сиёсию фарҳангӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, ҳамчунин дар доири сӯҳбат ҷонибҳо ба рушди ҳамкориҳои минбаъдаи дуҷониба дар соҳаҳои энергетика, мошинсозӣ, металургия, химия ва истихроҷи канданиҳои фоиданок таваҷҷӯҳи махсус зоҳир намуданд.

Сафарҳои расмии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба кишварҳои Белгия ва Фаронса барои рушди ҳамкориҳои Тоҷикистон дар сиёсати хориҷӣ аҳамияти муҳим дорад. Аммо хоинони миллат ба мисли Муҳиддин Кабирӣ, Муҳаммадиқболи Садриддин ва баъзе дигар ҳаммаслакон ва косалесони онҳо пешравӣ ва рушди сиёсати хориҷии Тоҷикистонро нодида гирифта, онро мехоҳанд, ки ба ҳангомаю чашми ҳасуд нодида гиранд. Ба тамоми халқи шариф Тоҷикистон муроҷиат карданӣ ҳастем, ки ба суханони чуни н хоинон ва ватанфурӯшон бовар накунанд. Ҳама хуб медонад, ки ин хоинони миллат барои пешрафти Тоҷикистон ягон амалеро анҷом надодаанд, балки ҳамеша дар пайи бадгӯӣ ва тӯҳмату бӯҳтон нисбати давлату ҳукумати тоҷикон буда, ҳеҷ нафъе барои пешрафти мамлакат анҷом надодаанд.

Муҳамадизода М.Б., муаллими кафедраи умумидонишгоҳии таърихи халқи тоҷик

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ