НАЗАРЕ БА ПАРВАРИШИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ

Худшиносӣ сарчашмаи шинохти арзишҳои маънавӣ, моддӣ ва фарҳангии миллат, арҷгузорӣ ва эҳтиром ба таърих, фарҳанг, забон, адабиёт, расму оин, ҷашнвораҳо, анъанаҳо, дин ва тамаддун аст. Мувофиқи андешаҳои муҳаққиқон роҳҳои расидан ба худшиносӣ ва худогоҳӣ гуногунанд [3,96].

Дар ин хусус, академики маъруфи тоҷик М.Шакурӣ истинодан ба гуфтаҳои таърихшиноси рус В.О.Ключевский чунин ибрози назар кардааст: «...чун ниёгонро меомӯзем, худро мешиносем. Имрӯз мо тоҷиконро зарур омадааст, ки аҷдодро биёмӯзем, то худро бишносем. Ҳеҷ яке аз риштаҳои худшиносии шахс ва ҷомиаро бидуни ёди таърихӣ тасаввур наметавон кард. Ҳар амали муҳимми иҷтимоъӣ он гоҳ кам ё беш амали огоҳона хоҳад буд, ки аз ёди таърихӣ раҳнамоӣ дида бошад. Ёди фарҳангӣ яке аз шартҳои асосии моҳияти маънавӣ пайдо кардани ҳастии инсон аст ва низ бидуни донистани таърих даст намедиҳад. Бидуни худшиносӣ ба арсаи таърих пой гузорем, бо чашми пӯшида ва гӯши ношунав қадам хоҳем зад» [5, 30-31].

Воқеан ҳам, академик М.Шакурӣ дар асарҳои арзишмандаш бисёр паҳлӯҳои омӯзиш ва парваришро баррасӣ намуда, масъалаҳои баланд бардоштани маънавият, пешгирии камсаводиро аввалиндараҷа гузоштааст. Дар ин радиф эътибори ҷиддӣ додан ба таълиму тарияи инсонгароӣ ва худогоҳии миллиро бисёр афзал донистааст [4, 5].

Мавриди зикр аст, ки нахустин мактаби тарбияи худшиносии мардуми тоҷику форс ҷаҳонбинии ориёӣ мебошад. Осори хаттии мардуми тоҷик асарҳои куҳани адабӣ, фарҳангӣ ва мазҳабии он, аз ҷумла «Авесто», «Дарахти ассурик», «Ёдгори зарирон», «Андарзи Озарбади Меҳраспандон», «Андарзи доноён ба Маздистон», «Андарзи Хусрави Қубодон», «Андарзи дастур ба беҳдинон», «Андарзи Беҳзоди Фаррухпирӯз» ва ғайра мебошанд, ки меъёрҳои ахлоқиро дар робита ба ҷанбаҳои мухталифи ҳаёти инсонӣ фаро гирифтаанд ва таҷассумгари назарияҳои худшиносӣ мебошанд. Баъдан, устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абӯшакури Балхӣ, Дақиқӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Абулқосими Фирдавсӣ ва муосирони дигари онҳо дар адабиёти навини форсиву тоҷикӣ суннати андарзофариниро ривоҷу густариш додаанд.

Дар ин хусус, академик М.Шакурӣ дар асари «Хуросон аст ин ҷо» бо дарки васеи масъулиятшиносӣ, ҳисси баланди ватандӯстӣ ва хештаншиносӣ мавзуъро пайгирӣ намудааст: «Мо тоҷикон бояд фахр бикунем, ки аҷдоди мо тамаддуни бузурге, ки бунёди он ба фарҳанги волои маънавӣ буд, ба вуҷуд овардаанд ва мо меросбари онем. Мо бояд сари ифтихор баланд бидорем, ки гузаштагони одамиятпарвари мо барои бузургдошти одамизод, барои хештаншиносии маънавию ахлоқии инсон, барои аз олоиш пок доштани сиришти вай асрҳои аср теша ба пойи андеша задаанд, аммо сохтани дастафзори ҳамакушӣ ва ҷаҳонхӯриро фикр накардаанд. Мояи ифтихори зодагони тамаддуни ориёист, ки аз миёни онҳо пайғамбарсифатоне чун Зардушт, бузургоне чун Ибни Сино ва Фирдавсӣ, Саъдӣ ва Ҳофиз, Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхӣ баромадаанд...» [5, 25].

Аз муҳтавои мероси ниёгон бармеояд, ки ҷавҳар ва асли ҳикмати ориё ҷанбаҳои инсонгароёна дорад. Масалан, Аттор худшиносиро аз он ҷиҳат тарғиб мекунад, ки дар заминаи он дар шахс метавонад, фазилатҳои дигари инсонӣ, аз қабили тавозуъ, гузашт, инсоф ташаккул ёбад. Дар байти зер басо содаву фаҳмо ғояи худшиносиро таъкид кардааст:

Бандагӣ аз худшиносӣ шуд тамом,

Нест марди беадаб соҳибмақом [2, 35].

Дарвоқеъ, табиати инсон аксар дорои сифатҳои худхоҳӣ ва худписандӣ буда, кӯшиш мекунад, ки хубиҳо ва тавоноиҳои худро бузургтар, вале айбу камбудиҳои хешро куллан пинҳон намояд, ё хурдтар нишон диҳад. Дар ин маврид, ба ақидаи Саъдӣ, мушкилот ва ё монеа ин аст, ки бархе аз одамон ҳангоми худбаҳодиҳӣ хато ё худ айбҳои хешро ба сомеъ изҳор намекунанд, ки ин нуктаро ӯ таҳти таъбири «пардаи пиндор» дар ҳикояте ифода намудааст. «Ёд дорам, ки дар айёми туфулият мутааббид будаме ва шабхезу мулаъи зуҳду парҳез. Шабе дар хидмати падар нишаста будам ва ҳама шаб дида ба ҳам набаставу мусҳафи азиз бар канор гирифта ва тоифае гирди мо хуфта. Падарро гуфтам:

– Аз инон яке сар барнамедорад, ки дугонае бигузорад. Чунон хоби ғафлат бурдаанд, ки гӯйӣ нахуфтаанд, ки мурдаанд.

Гуфт:

– Ҷони падар, ту низ агар бихуфтӣ, беҳ аз он ки дар пӯстини халқ уфтӣ» [6, 56-57].

Шайх Саъдӣ дар ин ҳикоят онҳоеро танқид кардааст, ки айби дигаронро мебинанду айби худашонро намебинанд, ё худ танҳо аз пайи айби дигарон ҳастанд. Шаб то рӯз нахуфтану ибодат кардан ва Қуръон дар каф доштан суде надорад, агар дар ҷустуҷӯи айби дигарон бошӣ!

Баъди соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба даст омадани истиқлолияти сиёсию фарҳангӣ мавзуи худшиносии миллӣ яке аз мавзуъҳои мубрами рӯз қарор гирифта, мавриди таваҷҷӯҳи давлату ҳукумат ва аҳли фарҳанг қарор гирифт. Заминаи асосии худшиносии миллӣ осори илмӣ-адабӣ ва публитсистии устод Садриддин Айнӣ, Абулқосим Лоҳутӣ, Пайрав Сулаймонӣ, Мирзо Турсунзода, Ҳабиб Юсуфӣ, Мирсаид Миршакар, Сотим Улуғзода, Ҷалол Икромӣ, Раҳим Ҷалил, Абдусалом Деҳотӣ ва дигарон шинохта шуданд, ки дар мавзуъҳои гуногуни сохтмони ҳаёти нав навишта шуда, халқи тоҷикро ба ҷаҳониён шиносонид [4,58].

Дар «Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» низ оид ба масъалаи рушди тарбияи хештаншиносӣ ва худогоҳии миллӣ диққати ҷиддӣ дода шудааст. Таъкид гардидааст, ки тавассути тарбияи хештаншиносӣ ва худогоҳии миллӣ шаҳрванд бояд мутааллиқи миллат, давлати соҳибистиқлол, соҳиби Ватан ва ҳуқуқу озодиҳо будани худро дарк кунад ва онҳоро эҳтиром намояд. Донад, ки вазифаҳои ӯ дар назди давлат, ҷамъият ва оила аз чӣ иборат аст. Баҳри иҷрои онҳо ҷидду ҷаҳд намояд. Манфиатҳои худро бо манфиати давлат, ҷомеа ва оила пайваста тавонад [1,5].

Ҳамин тариқ, бемуҳобо, устоди фақид академик М. Шакуриро аз чеҳраҳои олӣ ва намунавии зиёии хештаншинос ёд мекунем, ки тарғибгари волотарин суннатҳои аҷдодӣ, муҳофизи илму фарҳанг буд. Равшанфикре, ки бо ҳастии тамом дилаш ба ояндаи миллаташ месӯхт ва масъалаи хештаншиносиро аз равзанаи илму маънавият мӯшикофона ва дилсӯзона меҷуст ва решаи онро бо парвариши маънавият устувору ногузир медонист, зеро ҳар қадар ки худшиносию худфаҳмӣ дақиқтар бошад, инсон ҳамон қадар оқилтар, боадолаттар, самимитар ва босабртару дилсӯзтар мегардад. Ин сифатҳо, хоса дар замони муосир мақоми аввалиндараҷа касб мекунанд, зеро яке аз масъалаҳои ҷомеаи башарӣ ифротгароӣ ба шумор меравад ва ба мавзуи инсонгароӣ, хештаншиносӣ ва арзишҳои миллӣ иртиботи қавӣ дорад.

Пайнавишт:

1. Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон / Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистоназ 3 марти 2006, № 94.– С. 4-19.

2. Аттор, Фаридуддин. Аз Панднома / А.Фаридуддин. –Душанбе: Маориф, 2016.– 40 с.

3. Бобоева, И. Нақши таҳаммулпазирӣ ва хештаншиносӣ дар раванди ҷаҳонишавӣ / И. Бобоева // Маводи конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Макбати сиёсии Пешвои миллат». – 2022. – №3. – С. 370-375.

4. Шакурӣ, М. Инсонгароии омӯзиш ва забони миллӣ / М.Шакурӣ. –Душанбе: Пайванд. – 2002. – 306 с.

5. Шакурӣ, М. Хуросон аст ин ҷо / М.Шакурӣ. – Душанбе. – 362 с.

Шакурзода, О. Шарҳи «Гулистон» / О. Шакурзода. – Душанбе: Адиб, 2014. – 540 с.

6. Энсиклопедияи миллии тоҷик. – Душанбе, 2017. Ҷ.6.– 660 с.


Муҳаббат Тиллохоҷаева,

мудири кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти тоҷики

факултети филологияи тоҷики Муассисаи давлатии таълимии

«Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров»

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ