​НАҚШИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ДАР РУШДИ УСТУВОРИ ҶОМЕА

Санаи бисту ҳафтуми июни соли 1997 дар таърихи навини давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ҳамчун яке аз санаҳои муборак ва тақдирсоз, яъне рӯзи баҳамоиву оштӣ ва эълони иттиҳоди ҷовидонаи миллати куҳанбунёди тоҷик бо ҳарфҳои зарин сабт шудааст.

Воқеан, иттиҳоди миллӣ неъмати бузург ва муқаддасе мебошад, ки тамоми пешрафту комёбиҳои давлатамон ва саодати рӯзгори мардумон аз он ибтидо мегирад.

Бо шарофати ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон муҳимтарин унсури бунёди давлат – ягонагии миллӣ таъмин гардид ва марҳилаи ниҳоят душвору ноороми солҳои аввали истиқлолияти кишвар паси сар монд. Лозим ба ёдоварист, ки Тоҷикистони азизи мо ҳанӯз дар оғози солҳои истиқлолият дар натиҷаи фитнаву нерӯҳои бадхоҳи дохиливу хориҷӣ ба гирдоби мухолифатҳои сиёсӣ ва баъдан ба оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ гирифтор шуд ва хавфи воқеъии аз харитаи сиёсии ҷаҳони муосир нест шудани Тоҷикистони соҳибистиқлолро ба миён овард. Дар чунин вазъияти ҳассос Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати дувоздаҳум) аз 16 ноябр то 2 декабри соли 1992 дар қасри фарҳангии Арбоби хоҷагии ба номи Саидхоҷа Ӯрунхоҷаеви Хуҷанди бостонӣ баргузор гардид ва вакилони мардумӣ нисбати интихоби Сарвари ояндаи давлат – дурандешона ва оқилона рафтор карда, яке аз вакилони фаъоли Шурои Олӣ, ҷавони сарсупурдаи миллат, фарзанди асилзодаи тоҷик, инсони боиродаву ҷасур Эмомалӣ Раҳмонро Сарвари давлат интихоб намуданд.

Сарвари ҷавону тозаинтихоби кишвар Эмомалӣ Раҳмон нахустин бор ба ҳайси Сардори давлат баромад карда, ба вакилони мардумӣ ва тамоми мардуми кишварамон изҳор доштанд: «Ман оғози кори худро аз сулҳ сар хоҳам кард. Ман тарафдори давлати демократии ҳуқуқбунёд мебошам. Мо бояд ҳама ёру бародар бошем, то ки вазъро ором намоем».

Бо ҳидояти Сарвари давлат ва ибрати шахсии ӯ роҳбарони қувваҳои мухолифин Парчами нав қабулшудаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро бӯсида дар сари дастархони оши оштӣ ҷамъ омаданд, ки ин ҳама оғози кори сулҳоварӣ буд. Маҳз қавииродагӣ ва ҷасурию хайрхоҳии Сардори давлат буд, ки ҷонибҳо баъди гуфтушунидҳои зиёд ба шартҳои ҳамдигар розӣ шуда ба ваҳдат расиданд. Бисту ҳашт сол муқаддам, 27-уми июни соли 1997 дар шаҳри Москва Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ имзо шуд. Ин санади сарнавиштсози миллӣ ба раванди тақвияти сулҳ, амнияти воқеӣ дар мамлакат, ноил шудан ба дастовардҳои бузурги кишвари мо роҳи васеъ кушод.

Дар Муроҷиатномаи худ ба муносибати имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аҳамияти бузурги таърихии ин рӯйдоди фараҳбахшро барои миллати тоҷик ва тоҷикистониён таъкид намуда гуфта буданд: «Талошҳо ва умеду орзуҳои 5-6 соли охир оид ба нигоҳ доштани давлатдории миллии тоҷикон дар ин рӯзи нек ҷомаи амал пӯшиданд. Имрӯз ман метавонам қайд намоям, ки гарчанде насли имрӯзаи миллати тоҷик дар оғози роҳ пешпо хӯрда бошад ҳам, вале имрӯз ғолибият насиби он гардид, зеро тавонист бар қувваи бадӣ пирузӣ ёбад, аз таъсири қувваҳои бадкина, ки мафкураи мардуми моро фаро гирифта, сабаби марги ҳазорҳо одамони ҷавон шудааст, озод гардад. Ақлу хирад ғолиб баромад. Он рӯзе, ки дар ҳар як шаҳру ноҳия, ҳар як деҳу дар ҳар як оила интизор буданд, фаро расид».

Ваҳдати миллии тоҷикон ганҷи бебаҳоест, ки бо ранҷу машаққатҳои зиёд ва гузашта аз он дар натиҷаи ҷонбозиву қурбониҳои ҳазорон нафар фарзандони фидоии миллат ба даст омадааст. Он волотарин шоҳасари миллӣ маҳсуб ёфта, мавриди омӯзиши кулли мардуми сулҳхоҳи олам қарор дорад. Чунон ки худи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намудаанд: «Ваҳдати миллӣ ва таҷрибаи сулҳофарии тоҷикон аз ҷумлаи сабақҳои басо арзишмандест, ки ҳам дар дохили кишвар ва ҳам дар сатҳи ҷаҳонӣ мавриди қабулу омӯзиш қарор гирифт. Ваҳдати миллиро, бешубҳа метавон ҳамчун самараи талошҳои хурду бузурги Ватани азизамон маънидод кард ва ба ҳамин хотир ҳар яки мо вазифадорем, ки онро мисли гавҳараки чашм ҳифзу нигаҳдорӣ намоем».

Имрӯз Ваҳдати миллӣ ва таҷрибаи сулҳофарии тоҷикон, ки ҳосили талошҳои хастанопазири Сарвари муаззами давлат аст, аз ҷумлаи сабақҳои басо арзишмандест, ки натанҳо дар кишвари маҳбубамон, балки дар сатҳи байналмиллалӣ низ мавриди истифода қарор гирифтааст. Тавре Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд мекунанд, таҷрибаи мо дар ҷодаи таъмини сулҳ, ба Ватан, ба макони зист баргардонидани қариб як миллион гурезаҳо ва ташкили ҳамгироии иҷтимоии онҳо аз тарафи ташкилоту созмонҳои бонуфуз, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, воқеъбинона арзёбӣ шуд ва ҳамчун модели нодири сулҳоварӣ эътироф гардид.

Ваҳдат арзишест, ки миллати моро аз ҳалокат нигоҳ дошт, ба сӯи ояндаи дурахшон раҳнамун сохт, рукнҳои давлатдорӣ ва низоми ҳуқуқиро дар мамлакат таҳким бахшид. Танҳо баъд аз ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар шаҳри Москва аввалин иқдоми Ҳукумати ҷумҳурӣ ин баргардонидани фирориён ба ватан буда, то соли 2000 ин иқдоми наҷиб хуб ҷамбаст гардида дар натиҷа «мо ба марҳилаи рушд ворид шудем ва пешрафти босуботи иқтисодиёт, беҳтар намудани сатҳи зиндагии мардумро тавассути суръат бахшидани корҳои бунёдкориву созандагӣ ва татбиқи ислоҳоти фарогир дар ҳамаи соҳаҳо таъмин намудем».

Имрӯзҳо, сиёсати иқтисодиву иҷтимоии давлат қабл аз ҳама ба таъмин намудани рушди устувори иқтисодӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум, беҳбудӣ бахшидан ба ҳифзи иҷтимоии табақаҳои ниёзманди аҳолӣ ва фароҳам овардани шароити зарурӣ барои тарбияи насли солиму бомаърифат равона гардидааст. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 апрели соли 2010 қайд карда буданд: «Мақсади асосии сиёсати иқтисодии давлати Тоҷикистон ба роҳ мондани рушди устувори иқтисодӣ буда, ҳамаи нақшаҳои мо асосан дар доираи се ҳадафи стратегӣ, яъне таъмини мустақилияти энергетикӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ бахшидани кишвар ва таъмини амнияти озуқаворӣ таҳрезӣ гардидаанд».

Ҳар чи зудтар амалӣ гардонидани ҳадафҳои стратегии кишвар таъмин намудани истиқлолияти энергетикии мамлакат, аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани он, таъмини амнияти озуқаворӣ ва ба мамлакати саноатӣ аграрӣ табдил додани Тоҷикистон дар рушди иқтисодиву иҷтимоии кишварамон нақши муҳим доранд.

Аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани Тоҷикистон, сохтмони роҳу пулҳои дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Дар ин замина, дар мамлакат бунёди иншоотҳои азими аҳамияти умумидавлативу байналхалқидошта, оғоз гардида, татбиқи барномаҳои иқтисодӣ таъмин гашта истодааст. Кушода шудани роҳи мошингарди Кӯлоб – Хоруғ – Қулма – Қароқурум, нақби мошингарди Анзоб, пулҳо дар сарҳади байни Тоҷикистону Афғонистон, таҷдиди роҳи Душанбе – Қӯрғонтеппа – Кӯлоб, инчунин идомаи босуръати таҷдиди шоҳроҳи Душанбе – Нуробод – Ҷиргатол – Саритош азнавзозии роҳҳои мошингарди Душанбе – Хуҷанд – Чанок, сохтмони нақби мошингарди «Истиқлол», нақбҳои Шаҳристону Шаршар, силсилапулҳои азим дар сарҳади байни Тоҷикистону Афғонистон самараҳои файзбахши истиқлол ва сулҳу ваҳдат буда, дар самти раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва рушди бемайлони иқтисодии кишвар дастовардҳои беназир мебошанд.

Дар Паёми худ Президети Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 26-уми апрели соли 2013 таъкид намуданд, ки «бо кушодашавии нақби «Шаҳристон» Тоҷикистон аз бунбасти коммуникатсионии дохилӣ пурра раҳоӣ ёфта, ба як сарзамини воҳид табдил ёфт».

Дар даҳ соли охир ҷиҳати раҳоӣ ёфтани кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ ва баромадан ба бандарҳои обии ҷаҳонӣ 23 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии қариб 3,2 миллиард сомонӣ амалӣ карда шудааст. Дар натиҷа 1650 километр роҳҳои мошингард таҷдиди бунёд гардида, 109 пул ва 27 километр нақб сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. Дар умум дар солҳои истиқлолият дар соҳаи нақлиёти кишвар 59 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 24 миллиард сомонӣ амалӣ гардида, беш аз 2400 километр роҳҳои дорои аҳмияти байналмиллалӣ, 326 пул, 6 нақби мошингузар ва 220 километр роҳи оҳан сохта ба истифода дода шуданд.

Дар давраи соҳибистиқлолии кишвар ҷиҳати ҳалли мушкилоти соҳаи энергетика ва рушди он 34 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 57,2 миллиард сомонӣ амалӣ карда шудааст. Дар «Барномаи дарозмуддати бунёди силсилаи нерӯгоҳҳои хурди барқӣ дар давраи солҳои 2009-2020» дар қаламрави мамлакат сохтмони 190 нерӯгоҳи хурди барқии оби дар назар дошта шуда, ҳамчунин ба кор андохтани Нерӯгоҳи барқи обии «Сангтӯда-2» идомаи корҳои барқарорсозии Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун», таҷдиди нерӯгоҳҳои амалкунанда, аз ҷумла Норак, Қайроққум, силсиланерӯгоҳҳои барқии обӣ дар ҳавзаи дарёҳои Варзобу Вахш ва сохтмони дигар нерӯгоҳҳои барқи обӣ ба нақша гирифта шуда буд. Қабули «Барномаи давлатии дарозмуддати бунёди силсилаи нерӯгоҳҳои хурди барқӣ дар давоми солҳои 2009-2020» раванди ислоҳоти энергетикиро дар мамлакат таккони тозае бахшид. Дар натиҷаи ин тадбирҳо дар даврони соҳибистиқлолӣ 287 нерӯгоҳи барқи обии хурду бузург, 1,5 ҳазор километр хатҳои интиқоли барқи баландшиддат, 50 зеристгоҳи баландшиддати барқӣ бунёду таҷдид ва дар маҷмуъ 75 фоизи инфрасохтори энергетикии кишвар азнавсозӣ гардидааст.

Дар солҳои истиқлоли давлатӣ дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла дар соҳаи саноати сабук, мошинсозӣ, химия, коркарди маъдан ва металлҳо, масолеҳи сохтмон ва саноати хӯрокворӣ зиёда аз 2200 коргоҳ ва корхонаи нав бо беш аз 58 ҳазор ҷойҳои нави корӣ сохта ба истифода дода шудааст. Фақат соли гузашта 300 коргоҳу корхонаҳои нави саноатӣ бо беш аз 6500 ҷойи корӣ, 157 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва биноҳои иловагӣ барои 63 ҳазор нафар хонанда, 108 муассисаи тиббӣ ва ба масоҳати беш аз 1,2 миллион метри мураббаъ манзили истиқоматӣ сохта ба истифода дода шудааст.

Мусаллам аст, ки соҳаи кишоварзӣ дар амалигардонии яке аз ҳадафҳои стратегии давлатамон таъмини амнияти озуқавории кишвар мавқеи ҳалкунанда дошта, ҳамзамон манбаи асосии таъмини аҳолӣ бо маводи озуқа, корхонаҳои саноатии мамлакат бо ашёи хом ва самти муҳимтарини таъмини шуғли аҳолии мамлакат ба ҳисоб меравад.

Солҳои нахустини истиқлол бар асари ҷанги шаҳрвандӣ дар бахши кишоварзӣ вазъи душвори иҷтимоӣ, бекормонии оммавӣ, пастшавии музди меҳнат, беқурбшавии пул, ба қарз фурӯ рафтани деҳқонон ҳукмфармо буд. Танҳо бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Президенти кишвар мутобиқи фармонҳои №342 аз 9.10.1995 ва №874 аз 1.12.1997 ҳафтоду панҷ ҳазор гектар замин барои хоҷагиҳои ёрирасони шахсии шаҳрвандон ҷудо гардид, ки дар кори бо маҳсулоти озуқа таъмин намудани аҳолӣ нақши мунир гузошт. Тибқи таҳлилҳо рушди миёнаи солонаи истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар давоми солҳои 1997-2020-ум 7,3 фоизро ташкил дода, ҳаҷми он дар ин давра 5 баробар афзоиш ёфт. Соли 2020 нисбат ба соли 1991 истеҳсоли ғалладонагиҳо қариб 5 баробар, картошка 7,7, сабзавоту зироатҳои полезӣ 4 ва мева 3 баробар зиёд шудааст. Дар давраи соҳибистиқлоли дар соҳаи кишоварзи 22 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ дар ҳаҷми беш аз 5,4 миллиард сомонӣ татбиқ шудааст. Ҳоло дар кишвар боз 7 лоиҳаи дигар ба маблағи 2,4 миллиард сомонӣ амалӣ гардида истодааст. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар кишвар зиёда аз 112 ҳазор гектар боғу токзори нав бунёд гардид, ки барои ҳифзи амнияти озуқавории кишвар нақши муҳим дорад.

Ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, яъне соҳаҳои илму маориф ва тандурустӣ ҳамеша дар меҳвари сиёсати давлату Ҳукумати мамлакат қарор дорад.

Соли 2020 дар кишвар 157 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ, миёнаи касбӣ ва синфхонаи иловагӣ барои 63 ҳазор ҷойи нишаст бунёд гардид. Умуман аз соли 1991 то ба имрӯз дар мамлакат 3240 муассисаи нави таълимӣ барои 1 миллиону 400 ҳазор хонанда ва 2723 иншооти тандурустӣ мавриди истифода қарор дода шудааст.

То замони истиқлол дар Тоҷикистон 13 муассисаи таҳсилоти олӣ бо 69 ҳазор донишҷӯ фаъолият намояд, имруз шумораи он ба 41 адад бо фарогирии 245 ҳазор донишҷӯ ва дар маҷмуъ бо назардошти шумораи донишҷӯёне, ки дар хориҷи кишвар таҳсил менамоянд, 285 ҳазор нафар мебошанд.

Соли 2011 бо мақсади тақвият бахшидани робитаи оила бо мактаб ва баланд бардоштани ҳисси масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд пас аз таҳия ва муҳокимаи умумихалқӣ қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» қабул гардид. Шубҳае нест, ки қонуни мазкур барои дар руҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ ва ҷавонмардию ахлоқи ҳамида ба воя расонидани ҷавонон, риояи арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ нақши муҳим бозида истодаст.

Ҳар як шаҳрванди бошарафи Тоҷикистон ба туфайли истиқлолият ва ваҳдати миллӣ имрӯз хуб дарк намудааст, ки Ватан танҳо марзу бум ва ҳудуди муайяни ҷуғрофӣ нест. Ватан пайванди ногусастании наслҳои дирӯзу имрӯзу фардо, муҳофизати истиқлолият ва дастовардҳои он, пос доштани хотири неки аҷдодон, ҳифз ва гиромидошти мероси таърихиву фарҳангӣ ва саъю талоши доимӣ ба хотири пешрафти давлату миллат ва шукуфоии Ватани аҷдодӣ аст.

Таҷлили ҷашну бузургдошти шахсиятҳои ҷаҳоншумули адабӣ, илмӣ сиёсиву мазҳабӣ ба монанди 1100 - солагии давлати Сомониён, 2700- солагии «Авасто», 2500-солагии шаҳри Истаравшан, 2700-солагии шаҳри Кӯлоб, Соли бузургдошти тамаддуни ориёӣ, 5500-солагии Саразми бостон, 1150-солагии зодрӯзи поягузори шеъри тоҷику форс Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, таҷлили солгарду нашри осори безаволи Носири Хусрав, Умари Хайём, Муҳаммад Ғаззолӣ, Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ, Мирсайид Алии Ҳамадонӣ, Камоли Хуҷандӣ, Маҳастии Хуҷандӣ ва бузургони дигар барои баланд бардоштани ҳисси худшиносӣ, зинда ва мустаҳкам намудани хотираи таърихӣ, дарки масъулияти ватандорӣ, омӯзишу ҳифзи фарҳанги миллӣ мусоидат карда, дастоварди беназиру саҳифаҳои пурарзиши давлатдории навини тоҷикон дар даврони истиқлол маҳсуб меёбанд.

Эълон гардидани соли 2009 ҳамчун Соли бузургдошти Имоми Аъзам шаҳодати аз ҷониби роҳбарияти мамлакат ҳифзу эҳёи на танҳо арзишҳои миллӣ, балки поксозиву эҳтироми дину мазҳаб низ ба ҳисоб рафта, он аз ҷониби ҷомеаи Тоҷикистону берун аз он далели муҳаббату иродат ва эътиқоди олии Президенти кишвар ба дини мубини ислом, мазҳаби ҳанифӣ ва арзишҳои миллӣ дониста мешавад.

Натиҷаи ҳамин сулҳу ваҳдат буд, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ кишвари Тоҷикистонро эътироф кардааст ва ташаббусҳои Президенти мамлакати моро дар ҳалли масъалаҳои муҳими минтақа ва ҷаҳон дастгирӣ менамояд. Аз ҷумла, яке аз ташаббусҳои Эмомалӣ Раҳмон аз тарафи СММ ҳамчун ҷашни байналмилалӣ эълон гардидани Наврӯз мебошад, ки аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф ёфт. Соли 2010 бо ташаббуси бевоситаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва як қатор кишварҳои дигар тибқи ҳуҷҷатномаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид ҷашни аҷдодиамон «Наврӯзи Аҷам» мақоми байналмилалиро соҳиб гашт. Натиҷаи заҳматҳои Сарвари мамлакати мо дар ҷодаи сулҳ буд, ки ӯ ҳамчун яке аз сиёсатмадори барҷастаи ҷаҳон шинохта шуда, соҳиби ҷоизаҳои бонуфузи байналхалқӣ, аз ҷумла унвони баланди фарҳангию сиёсии «Пешвои асри XXI» гардид.

Созишномаи сулҳи тоҷикон имкон дод, ки дар мамлакат ҷашнвораҳои бузурги миллӣ, форуми тоҷикони ҷаҳон гузаронида шуда, шаҳри Душанбе ба маркази чорабиниҳои боҳашамати байналхалқӣ табдил ёбад. Дар суханронии маҷлиси тантанавии анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон таъкид намуд, ки «Сулҳу осоиш ва ваҳдати миллӣ раҳнамои миллати тоҷик ба марҳилаи нави зиндагӣ – барқарорсозӣ ва ободонии Ватани азиз гардиданд. Агар ниёгони мо дар аҳди Сомониён намунаи олитарини усул ва сохтори давлатдории мутамаддинро офарида бошанд, пас баъди ҳазор сол давлати имрӯзаи тоҷикон фарҳанги сулҳофарӣ ва ваҳдати миллиро ба ҷаҳониён чун як неъмати бебаҳо ва дастоварди беназир пешкаш намуд».

Дар бораи аҳмияти Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллии Тоҷикистон Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин гуфтаанд: «Созишномаи умумӣ аз лиҳози аҳмияти фавқуллодаи худ бо Эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як радиф меистад. Агар Эъломия ба Тоҷикистон ба таври расми истиқлол ва соҳибихтиёрӣ ато карда бошад, пас Созишнома сулҳу суботро дар сарзамини мо таъмин сохт».

Истиқлол ва ваҳдати миллӣ арзишҳои волое мебошанд, ки давлати моро пойдору устувор нигоҳ медоранд ва аз ин хотир вазифаи муқаддаси ҳар яки мо аст, ки пояҳои давлатдории миллии худро боз ҳам таҳким бахшида, барои фардои дурахшони миллат заҳматкашӣ намоем. Зеро озодӣ, дӯстиву бунёдкорӣ ва созандагии фарҳанги миллӣ аз рукнҳои арзишманди ниёгони мо мебошад ва имрӯз он тақвияти худро ёфта истодааст. Эҳтироми ҳамин рукнҳои миллии гузаштагон буд, ки мо ба Ваҳдати миллӣ расидем ва ин иродаи шикастнопазири мо минбаъд низ густариш хоҳад ёфт.

Ҷамолиддин Абдукаримов,

Назира Маҳмудова,

дотсентони Муассисаи давлатии таълимии

«Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи

академик Бобоҷон Ғафуров»

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ