​НАҚШИ СУЛҲИ БЕНАЗИРИ ТОҶИКОН ИБРАТЕСТ БАҲРИ ҶАҲОНИЁН

Бо шарофати роҳи муайянкардаи Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар қасри Арбоб баргузор гардида буд, тавассути талошу муборизаҳои фарзандони фарзонаи миллат, шароити аҳли хирад ва кӯшишу ғайрат ва сиёсати хирадмандонаи Сарвари кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими давлати соҳибихтиёр, демократӣ, дунявӣ ва ягона, пойдории сулҳ ва ризоияти миллӣ дар панҷ соли пас аз иҷлосияи таърихӣ корҳои азиме ба сомон расонида шуд, ки барои ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ мусоидат намуд.

Мусаллам аст, ки сулҳу осоиш, ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ кори саҳлу осон набуд. Роҳи басо душвор ва пурпечутобро паси сар кардан лозим омад.

Раванди мутассили музокироти байни тоҷикон ба мақсади пойдории сулҳ дар кишвар, хотима бахшидан ба амалиётҳои ҷангӣ дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон, ҳалли мушкилоти гурезаҳо ва таъмини ризоияти миллӣ бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз шуд.

Бо иқдоми бевоситаи роҳбари давлат аз 5-ум то 19-уми апрели соли 1994 бо миёнравии Созмони Миллали Муттаҳид дар Москва вохӯрии нахустини ҳайати ҳукуматӣ бо намояндагони мухолифин доир гардид.

Дар марҳилаҳои аввали музокирот масъалаҳои марбут ба хотима додани амалиёти ҷангӣ, андешидани тадбирҳо доир ба барқарорсозӣ ва таҳкими ҳусни тафоҳум, бозгашти бемамоният ва бехатарии гурезаҳо ба Ватан мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Дар анҷоми марҳилаи аввал комиссияи муштарак оид ба гурезаҳо таъсис дода шуд.

Марҳилаи дуюми музокирот байни тоҷикон аз 18-ум то 28-уми июни соли 1994 дар шаҳри Теҳрон доир гардид. Тарафайн муваффақ шуданд, ки дар ҷараёни гуфтушунидҳои басо мураккаб, консепсияи оташбас бо дар назардошти ақидаҳои изҳоргардида мавриди муҳокимаи муфассал қарор диҳанд. Лоиҳаи протокол доир ба усулҳои назорат аз тарафи намояндаи махсуси Муншии умумии Созмони Миллали Муттаҳид пешниҳод карда шуд.

Аммо дар баррасии масъалаи марбут ба муҳлати татбиқи созишномаи оташбас ихтилофи назарҳо ба амал омад, ки он барои ба имзо расидани Созишнома ва қатъи амалиёти ҷангӣ монеъ шуд.

Марҳилаи сеюми музокироти байни тоҷикон аз 20-уми октябр то 1-уми ноябри соли 1994 дар шаҳри Исломобод доир шуд. Дар ин музокирот ба тарафҳо муяссар гардид, ки муҳлати амали созишномаро ба муҳлати се моҳ дароз кунанд.

Гуфтан ҷоиз аст, ки барои ба Ваҳдати Миллӣ расидан ба халқи тоҷик боз дигар халқиятҳову мамлакатҳое, ки дар ҳамон давраи барои Тоҷикистони тозаистиқлол душвор бетараф намонда, дасти ёрӣ дароз карданд, ки яке аз чунин амалҳои башардӯстонаи онҳо дар миқёси давлати онҳо баргузор гардидани гуфтушинидҳо байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мухолифин ба ҳисоб меравад.

Ҳамчунин, дар ин музокирот тарафҳо роҷеъ ба зарурияти таъмини кафолатҳои иловагӣ дар мавриди амнияти аҳолии осоиштаи маскуни водии Қаротегин ва роҳи ба ин минтақа фиристодани нозирони ҳарбии СММ ва пурсамар сохтани фаъолияти созмонҳои байналхалқии ҳифзи ҳуқуқ андешаҳои худро баён намуданд.

Марҳилаҳои навбатии музокирот дар шаҳри Ашқобод доир гардида, дар таърихи гуфтушуниди миёни тоҷикон бо номи даври бетанаффус ворид шуд. Ин гуфтушунид аз зермарҳилаҳои зерин иборат аст:

- аз 30 ноябр то 22 декабри соли 1995 - зермарҳилаи аввал;

- аз 26 январ то феврали соли 1996 - зермарҳилаи дуюм;

- аз 8 июл то 22 июли соли 1996 - зермарҳилаи сеюм;

Дар зермарҳилаи якуми даври бетанаффус Протокол дар бораи принсипҳои асосии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид.

Қобили тазаккур аст, ки бидуни мавҷуд будани душвориҳо дар раванди музокироти Ашқобод, нуқтаи назари тарафҳо роҷеъ ба муаммоҳои мубрам, аз қабили иҷрои Созишнома дар бораи оташбас, дароз намудани муҳлати фаъолияти миссияи СММ ва Комиссияи муштарак оид ба назорат аз болои оташбас, баргардонидани гурезаҳо бо ҳамдигар хеле наздик буданд.

Дар давраи панҷуми музокирот тасдиқ шуд, ки мулоқот дар сатҳи олӣ барпо шавад.

8 октябри соли 1996 дар шаҳри Теҳрон гуфтушунид миёни гурӯҳҳои кории Ҳукумати Тоҷикистон ва намояндагони ИМТ оғоз ёфт.

Ҳадафи асосии ин вохӯрӣ таҳия намудани санаде буд, ки мебоист се гурӯҳи масъалаҳоро фаро мегирифт: дароз кардани муҳлати оташбас, табодули асирони ҳарбӣ ва маҳбусон, роҳҳои ҳамкории мухолифин бо Ҳукумати Тоҷикистон.

Марҳилаи муҳим дар раванди ба эътидол овардани низои байни тоҷикон аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарии ИМТ имзо шудани «Протокол дар бораи танзими авзои ҳарбию сиёсии минтақаи доғ» буд.

Таърихи 23-юми декабри соли 1996 дар шаҳри Москва созишномае ба имзо расид, ки мутобиқи он тарафҳо уҳдадор шуданд, ки ҳама гуна музокиротро то 1-уми июли соли 1997 ба анҷом расонанд. Ҳадафи асосии ин созишнома қатъи ҷанги гражданӣ дар ҷумҳурӣ буд.

Қисми асосии созишномаро протокол дар бораи вазифаҳо ва ваколатҳои асосии Комиссияи оштии миллӣ (КОМ) ташкил менамуд.

27 июни соли 1997 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, сарвари иттиҳоди нерӯҳои мухолифини Тоҷикистон ва намояндаи махсуси котиби Генералии СММ дар шаҳри Москва ба Шартномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ имзо гузоштанд.

Санади мазкур ба музокироти байни тоҷикон, ки таҳти сарпарастии СММ беш аз се сол идома ёфт, ҳусни хотима бахшид.

Таҷрибаи сулҳи тоҷикон дар роҳи расидан ба сулҳ, ба Ватан баргардонидани садҳо ҳазор гузераҳо ва муҳоҷирони иҷборӣ аз ҷониби созмонҳои бонуфузи байналхалқӣ, давлатҳои алоҳида ҳамчун падидаи нодир эътироф шуда, мавриди таҳлилу омӯзиш қарор гирифтааст.

Бо мақсади омӯзиши таърихии сулҳи тоҷикон ва тоҷикистониён дар шаҳрҳои Душанбе, Санкт-Петербург, Москва конференсияҳои илмию амалии байналхалқӣ ва симпозиумҳо гузаронида шудаанд.

«Тоҷикистон - таъкид намуд собиқ Муншии умумии СММ Кофе Анан – ба бисёр мамлакатҳо дар бобати яктарафа кардани ихтилофоти дохилӣ ибрати беназир нишон дод. Ба фикрам ин саҳми Тоҷикистон ба таърихи эҷоди сулҳ аст».

Бо таъбири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, омили асосии расидан ба сулҳ дар Тоҷикистон аз ниҳод ва замири халқи тоҷикбархоста ба тафаккури созандаву иродаи қавӣ, фитрати баланду дӯстпарваронаи ин мардум вобаста аст. Дастоварди бузургтарини мо, ки на танҳо насли имрӯзаи кишвар, балки наслҳои оянда низ аз он ифтихор хоҳанд кард, таъмини сулҳу осоиштагӣ ва ризоияти ҷомеаи Тоҷикистони соҳибистиқлол аст.

Имрӯз, ки мо сулҳро ҳамчун ғояи миллии Тоҷикистон эълон кардаем, таъкид мекунанд, Пешвои миллат – ҳамаамон чӣ хурду чӣ бузург, боистино бояд ин гавҳари гаронбаҳоро эҳтиёт кунем, онро ҳифз намоем ва нагузорем, ки ба ин кохи муҳташами миллат, ки номаш хонаи сулҳ аст, осебе расад.

Бо таъбири Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон – «Арзиши муқаддасу таърихӣ омили муҳимтарини ҳамаи дастовардҳои миллати мо баъди истиқлолияти давлатӣ, бешубҳа, сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ мебошад».

Имрӯз, ки Тоҷикистон узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ гардидааст, метавонад дастовардҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангии худро барои ҷаҳониён бо арзи сипосу ифтихор ва сари баланд нишон диҳад, ки яке аз ин дастовардҳои беназири сиёсиву таърихии Тоҷикистони соҳибистиқлол ин бешубҳа Ваҳдату ягонагӣ ва сулҳу осоиштагӣ ба ҳисоб меравад ва мо халқи сарбаланди тоҷик бояд аз он ифтихор кунем ва онро ҳамчун гавҳараки чашм нигоҳ дорем, ба қадри ҳамаи кӯшишу талошҳо ва заҳматҳои шабонарӯзии Сарвари муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва меҳнати софдилонаи халқи сарбаланди тоҷик бирасем ва онро ҳифз намоем.

А.Р.Абдуллоева,

муаллими калони кафедраи

умумидонишгоҳии сиёсатшиносии

Муассисаи давлатии таълимии

«Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи

академик Бобоҷон Ғафуров»

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ