НАҚШИ СОЗАНДАИ СУЛҲУ ВАҲДАТ ДАР ҲИФЗИ ИСТИҚЛОЛИ МИЛЛӢ
Дар оғози солҳои 90-уми асри гузашта давлати тозаистиқлоли мо ба гирдоби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашида шуд, ки бар асари он тамоми соҳаҳои ҳаёти кишвар ба буҳрони шадид рӯ ба рӯ гардид. Азми қатъӣ ва роҳи пешгирифтаи Ҳукумати кишвар аз ҷониби мардум самимона дастгирӣ ёфт ва дар натиҷаи саъю талоши шабонарӯзӣ ва музокироти тӯлонӣ 27-уми июни соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид. Бо имзои санади ниҳоии сулҳ хатари пароканда шудани миллат ва аз байн рафтани давлати тоҷикон рафъ гардид. Даврони навини давлатдории мо оғоз ёфта, бунёдкориву созандагӣ ва ободонии кишвар ба ҳукми анъана даромад. Барномаҳои истиқлолияти озуқаворӣ, ислоҳоти иқтисодӣ, истиқлолияти энергетикӣ, эҳёи Роҳи Абрешим ва бунёди хати нави роҳи оҳан ва даҳҳо корхонаҳои хурду бузурги саноатӣ башорате буд аз дастовардҳои давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон, ки аз файзу баракати сулҳу созиш ва ваҳдати миллӣ муяссар гардид. Ғояи ваҳдати миллӣ ва сулҳу субот дар як марҳалаи муҳимму тақдирсози таърихи кишварамон ҳамчун омили муттаҳидкунандаи ҷомеа нақши муассиру арзандаи худро ба анҷом расонид. Имрӯз, замони он фаро расидааст, ки ин падидаи муттаҳидсози миллат дар байни сокинони мамлакат, аз ҷумла наврасону ҷавонон ба сифати воситаи муҳимми таҳкими худшиносӣ ва тафаккури миллӣ ҳарчи бештар тарғибу ташвиқ карда шавад. Зеро солҳои охир дар як қатор минтақаву кишварҳои олам бо сабаби муноқишаҳои дохилӣ ва дахолати доираҳои манфиатдор одамон ба мушкилоти сангин ва ихтилофҳои мазҳабиву мафкуравӣ гирифтор шуда, ин раванди ҳалокатбор боиси фавти садҳо ҳазор нафар аҳолии осоишта, тарки ватан кардани миллионҳо нафар, аз рушду инкишоф бозмондани давлатҳо ва ҳатто аз байн рафтани рукнҳои давлатдорӣ гардидааст.
Кишвари ҷавонистиқлоли мо, ки оқибатҳои фоҷиабори чунин зуҳуротро аз сар гузаронидааст, ҳамеша ҷонибдори сулҳ дар тамоми сайёра буда, аз ҷомеаи ҷаҳон низ даъват менамояд, ки барои бартарафсозии низоъҳои харобиовар ва таъмини суботу амният дастаҷамъона талош варзанд ва музокираву мусолиҳаро ҳамчун воситаи муҳимтарини ҳалли ҳар гуна мухолифату низоъ ва ҷангу хунрезӣ пеша намоянд. Имрӯз кишвари мо аз файзу баракати Истиқлоли давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ дар шоҳроҳи рушди устувор қарор дошта, сатҳу сифати зиндагӣ, маърифату ҷаҳонбинӣ рӯ ба таҳкиму густариш дорад. Комёбиву пирӯзиҳои имрӯзаи кишвар аз самараи Ваҳдати миллӣ ва Истиқлоли давлатӣ аст. Ҳифзи дастовардҳои Истиқлол, таҳкими пояҳои Ваҳдат вазифаи ҳар як фарди ватандӯсти кишвар мебошад. Ваҳдати миллӣ ҳамчун омили муттаҳидсозандаи миллати тоҷик имкон фароҳам овард, ки бо истифодаи арзишҳои аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфта шуда дар кишварамон таҳкурсии ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ гузошта шавад ва барои беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии мардум мусоидат намояд. Истиқрори сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дастоварди бузургтарин ва воқеан, таърихии тоҷикон мебошад, ки маҳз дар натиҷаи ҳамбастагии мардуми кишвар муяссар гардидааст. Хушбахтона, роҳи дароз, пурмашаққат ва басо мушкили ихтилофоти миёни тоҷикон анҷомёфта, барои сулҳу созиш, ваҳдати ҳамагонӣ фазои мусоиди сиёсӣ фароҳам омад. Сулҳу созиш ва ваҳдати миллӣ аз сухан ба амал пайваст, ба минтақаҳои дуру наздик, ба кулбаву кошонаҳо, ба дилу дидаи мардум роҳ ёфт. Таърихи ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ чун иди умумихалқии сокинони ҷумҳурӣ дар саросари Тоҷикистон истиқбол гирифта шуд.
Таҷрибаи давлатдорӣ ва давлатсозӣ шаҳодат медиҳад, ки мо метавонем инкишофи мутаносиби ҷомеаро дар такя ба фарҳанг, таърих ва ҳувияти миллӣ таъмин созем, ки ин боиси ифтихору сарфарозист, зеро ҳамин ҳувият чун сарвати бебаҳо ва дороии адонопазири миллати сарбаланди тоҷик метавонад заминаи асосии ҳамаи созандагиҳо ва рушду такомули халқу давлати мо бошад. Аз ин рӯ, ҳамаи мо вазифадорем, ки омилҳои таҳкимбахшандаи онро ҳифз кунем ва ҳамеша ба густариши онҳо мусоидат намоем. Имрӯз ҷавҳари асосӣ ва моҳияти Истиқлол бояд маҳз Ваҳдати миллӣ бошад, зеро истиқлолро бе ваҳдат ва ваҳдати миллиро бе истиқлолияти комил тасаввур кардан имкон надорад. Андешаи миллатсози ваҳдат ҳамон вақт самараи дилхоҳ ба бор меорад, ки қабл аз ҳама моҳият ва мафҳуми Ватану ватандорӣ, қадру манзалати Истиқлоли давлатӣ, худшиносиву худафрӯзӣ, ҳувияти миллӣ ва арзишҳои волои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар қалбу шуури ҳар як шаҳрванди кишвар ҷой гирад. Ваҳдат ҳамчун омили муайянкунандаи бақои давлати миллӣ танҳо дар сурати ягонагиву ҳамдилии тамоми мардуми кишвар дар муқобили таҳдиду хатарҳои муосир ва муносибати некбинонаи гурӯҳҳои гуногуни иҷтимоӣ ташаккул меёбад. Танҳо дар фазои осудаи мамлакат ва пойдории кохи тақдирсози ваҳдат Истиқлоли меҳан бегазанд хоҳад монд.
Мавзуна Акилова,
сармуаллимаи кафедраи умумидонишгоҳии
фарҳангшиносии Муассисаи давлатии
таълимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
ба номи академик Бобоҷон Ғафуров»