НАҚШИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ЭЪМОРИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ВА ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ
Таърих собит намудааст, ки истиқлолияти комил ва рушди ҳамаҷонибаи ҳар як давлат, пеш аз ҳама, ба таъмини вазъи муътадили сиёсӣ ва амнияти иҷтимоии ҷомеа решапайванд аст. Аз ин нуқтаи назар, соҳибдавлатӣ ва ягонагии он ҷомеа ҷовидон хоҳад буд, ки ваҳдати миллӣ дар он густариш ёфта, бо иттиҳодии ҷомеа ҳадафҳои созандаи давлативу миллӣ татбиқ мешаванд ва ин раванд ба рушду таҳкими тамоми соҳаҳо мусоидат мекунад. Чунонки гузашти солҳо нишон медиҳанд, дар заминаи татбиқи босамари раванди сулҳ, вусъати фазои боварӣ ба ҳамдигар Тоҷикистон ба самти нави рушд бо суботи комил қадам ниҳода, сол то сол дар тамоми соҳаҳо – сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ дастовардҳои арзишманд ҳосил мешаванд, ки албатта, ин раванд ба нуфузи байналмилалии Тоҷикистон низ таъсири мусбат расонидааст. Дар як давраи кӯтоҳ Тоҷикистон аз кишвари ҷангдида ба кишвари сулҳофар табдил ёфта, бо кишварҳои бонуфузи ҷаҳонӣ ва созмонҳои минтақавию байналмилалӣ робитаҳои дипломатию корӣ барқарор намуд, ки ба рушди соҳаҳои мухталиф, аз ҷумла, таъмини шароитҳои ҷалби сармоя, бунёди корхонаву коргоҳҳои нав ва ба ин васила таъмин намудани аҳолӣ бо ҷойи кор, бунёди роҳҳову нақбҳо ва баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва амсоли инҳо заминаҳои устувор гузошт.
Охирин даҳсолаи асри бистум дар дили ҳар яки мо, тоҷикистониён, бо воқеаҳои таърихиву фаромӯшнашавандаи худ боқӣ мондааст. Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, бунёди шоҳроҳи Ваҳдат, таъсиси Парлумони касбӣ, қабули Конститутсияи мамлакат, боздошта шудани пастравии истеҳсолот, оғози сохтмонҳои азим ва монанди ин аз марҳалаҳои фараҳбахши зиндагии мо ва таърихи кунунии халқи тоҷику тоҷикистониён мебошанд.
Бисту ҳашт сол муқаддам, 27 июни соли 1997 дар таърихи давлатдории навини тоҷикон рӯйдоди муҳими тақдирсози миллату давлат ба вуқуъ пайваст. Имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба ин рӯзи муборак рост омад, ки он дар натиҷаи талошҳои пайгиронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардид. Ин ҳуҷҷат ифодакунандаи қатъи ҷанги дохилӣ буда, ба ҳаёти осоиштаву бунёдкорона қадам ниҳодани мамлакатро инъикос менамояд.
Рӯзи Ваҳдати миллӣ, ки мардуми кишвар хеле интизораш буданд, ниҳоят фаро расида, дар сарнавишти тоҷикон бо эҷоди сулҳу оштӣ, тантанаи сарсабзиву шукуфоиҳо ва адолати таърихӣ саҳифаи дурахшонеро ато намуд. Маҳз бо шарофати ин рӯзи ояндасоз – ваҳдати миллӣ мардуми шарафманди мо аз гирдоби ҷанги бемаънӣ ва бародаркуш халосӣ ёфта, оғӯш ба ҳамдигар кушоданд ва ҳамдигарфаҳмиву осоиштагӣ тантана кард. Аз ҳамон рӯз ибтидо ги рифта, ҳамраъйӣ ва тафоҳуми умумӣ дар инкишофи тамоми соҳаҳои ҳаёти мардум ва беҳбудии зиндагии онҳо такони тоза бахшид.
Ҷараёни ваҳдату оштии миллии тоҷикон беназир буда, он дар таърихи инсоният низ нақши худро гузошт. Падидаи нодири сулҳи тоҷикон манбаъҳои зиёд дорад. Бунёди мустаҳками иҷтимоӣ ва дастгирии сиёсати сулҳҷӯёнаи роҳбарияти давлат аз ҷониби ҳамаи табақаҳои аҳолӣ, ҳатто гурӯҳҳои мухолиф аз ҷумлаи паҳлӯҳои муҳимтарини ин падида мебошад. Имрӯз таҷрибаи сулҳофарини тоҷикон дар бобати ҳалли мусолиҳатомези низоъ, ҳам аз лиҳози назариявӣ ва ҳам аз нигоҳи амалӣ ба сарвати илми сиёсатшиносии ҷаҳонӣ мубаддал гардидааст.
Воқеияти имрӯзаи ҷомеа бозгӯи ҳамфикрӣ ва хиради баланди тамоми нерӯҳои ҷомеа мебошад, ки дар атрофи Президенти мамлакат бо мақсади ободониву ояндаи дурахшони диёри азизамон фаъолият мекунанд. Ва саҳифагардонии авроқи рангини таърихи мо низ нишон медиҳад, ки дар ҳама давру замон танҳо ваҳдату ҳамдилии мардуми тоҷик бисёр мушкилот ва низоъҳоро аз миён бардошта, тантанаи офтоби саодатро дар фарози осмони кишварамон таъмин намудааст. Ба даст овардани оштии миллӣ ва ризояти ҳамаи табақаҳои мардуми кишвар бори дигар собит намуд, ки роҳи пешгирифтаи Сарвари хирадманд – меъмори Кохи Ваҳдати миллӣ ва халқи бурдбори мо дуруст ва бебозгашт аст. Бале, сарнавишт ба халқи тоҷик лутфи беандоза кард. Чунин бахту барор на ба ҳар халқ даст медиҳад. Ба арсаи сиёсат омадани Эмомалӣ Раҳмон ногаҳонӣ ва ғайричашмдошт набуд. Ҳақиқатан ҳам ба сари давлат касе омад, ки ба маънои томаш асилу меҳанпараст ба шумор мерафт.
Таҷрибаи оштӣ ва фарҳанги сулҳе, ки Президенти муҳтарами мо амалӣ карданд, дар олам назир ва собиқа надорад ва имрӯз мактаби омӯзиши оламиён аст. Президенте, ки тавонист фарзандони парокандаву ҳиҷратнамудаву гурезаи худро бозгардонад, сазовори ҳамду саноҳо мебошад.
Аз ҷониби дигар, маҳз бо шарофати фаро расидани ваҳдату якдилии халқ имрӯз дар Тоҷикистон барномаҳои азими азнавсозиҳо амалӣ мегардад ва сарзамини маҳбуби мо ба корзори бузурги бунёдкориҳо табдил ёфтааст. Дар баробари ин, туфайли сулҳу осоиштагӣ болоравии сатҳи некӯаҳволии халқ ва комёбиҳои меҳнатӣ дар ҳама равандҳои иқтисодиву фарҳангӣ мавқеи давлати моро дар миқёси байналхалқӣ низ хеле мустаҳкам намудааст. Эътирофи сиёсати дохиливу хориҷии Тоҷикистон аз ҷониби кишварҳои ҷаҳони муосир, дастгирии ташаббусҳои байналхалқии мамлакати мо ва торафт афзудани ҳаҷми инвеститсияҳои берунӣ ба иқтисодиёти кишвар далели равшани ин гуфтаҳо мебошад. Бо қабули Созишнома ҷаҳониён бори дигар эътимод ҳосил карданд, ки тоҷикон дар ҳақиқат яке аз милллатҳои куҳанбунёди дунё, фарҳангсозу хирадманд ва сулҳхоҳ мебошад.
Таърих гувоҳ аст, ки тоҷикон ҳамеша иттиҳоду ягонагии аҳли ҷомеа ва фалсафаи таҳаммулгароиро тарғибу ташвиқ намуда, бо намояндагони дигар халқу миллатҳо, дину оин ва фарҳангҳо муносибати некбинона доштанд. Андешаи сулҳу ваҳдат дар табиату хислати мардуми тоҷикон бо арзишҳои муқаддас табдил ёфтаанд. Ҳамин ақлу хиради азалӣ ва сабру таҳаммули беназири мардуми мо буд, ки дар лаҳзаҳои бисёр ҳассос ва фоҷиабори асри гузашта – вақте ки хатари пароканда шудани миллат, аз байн рафтани низоми давлатдорӣ ба миён омад, моро наҷот бахшид.
Пайроҳаи ин сулҳи деринтизор аз Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз замоне ибтидо мегирад, ки роҳбари тозаинтихоби Тоҷикистон дар ин иҷлосия бо қатъият ва имону эьтиқоди комил гуфта буданд: «Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои Ватани азизамон садоқатмандона меҳнат мекунам».
Таърих ва миллати тоҷик ҷасорату матонати Сарвари давлати худро дар раванди таъмини сулҳ ва ризоияти миллӣ, дар чараёни баргузории гуфтушунид дар қаламрави Афғонистон ҳаргиз фаромӯш нахоҳад кард. Эмомалӣ Раҳмон бо тадбирҳои хирадмандона ва матонату ҷасорати фавқулода кишварро аз вартаи фалокат ва ҳалокат берун оварданд, мардуми парешонро сарҷамъ намуданд ва садҳо ҳазор нафар ғурбатзадагонро ба Ватан баргардониданд.
Бисту ҳашт сол дар солномаи таърих муддати тӯлонӣ нест. Вале тайи ин солҳо баҳри бунёди ҷомеаи демократӣ қадамҳои устувор гузошта шуд, ғояҳои созандагию бунёдкоронаи халқу давлат зина ба зина амалӣ гардид. Бале, тамоми ҳадафҳои мо вобаста ба ободонии Ватан танҳо дар сурати ваҳдати воқеӣ ва сулҳу суботи устувор амалӣ мегарданд.
Имрӯз мо бо итминони комил гуфта метавонем, ки Тоҷикистони азизи мо рӯз то рӯз дар тамоми ҷодаҳо рушд карда, ободу зебо мегардад ва миллати тоҷик шоистаи зиндагии арзанда ва комёбиҳофи нав ба нав мешавад.
Маҳфуза Комилова,
устоди Муассисаи давлатии таълимии
«Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
ба номи академик Бобоҷон Ғафуров»