МУСУЛМОНОНИ КОМИЛ КИСТ?
Ҳамагон хуб медонанд, ки ниёгони мардуми шарифи Тоҷикистони соҳибистиқлол аз қарни шашуми мелодӣ то инҷониб дини мубини Исломро пазируфтаанд ва дар маҳзаби ҳанафияи суннӣ итоат ба Офаридгору меъёрҳои шариат доранд. Мусаллам аст, ки дар китоби муқаддаси динӣ – Қуръони карим тамоми меъёрҳои фаъолияти инсон аз рафтору одоб то садоқати ватандориву оиладорӣ муайяну муқаррар карда шудаанд ва фардони боорияту номус ҳаёти худро мутобиқ ба онҳо пеш мебаранд. Масалан, қайди эҳтироми хоса ба волидайну аҳли пайвандон, истифодаи оқилона, сарфаҷӯёнаю ҳифзи сарватҳои табиӣ, покиву накӯкорӣ, сариштакорӣ ва ҳазорон арзишҳои олии инсонӣ дар ин китоби муқаддас ва асарҳои динӣ шаҳодат медиҳанд, ки фарди мусалмон покизакору мутеъ ба меъёрҳои динӣ бояд бошад.
Мусалмони комил буданро ҳама орзу мекунанд, вале мутаасифона на ҳама сазовори ин унвони баланд мешаванд. Дар аксарияти ҳол номуваффақии банда бо сабаби камбудиву норасогии худ ба вуқӯъ мепайвандад. Дар доираи баёни кунунии андешаҳои кӯчаки худ мехостам ба ҷомеа нигоҳи холисонаро ҷиҳати бандаҳои ношукри ифротзада – террористон иброз дорам. Зеро, дар замони муосири муборизаи шадиди иттилоотӣ неруҳои ихтилофангезе бисёр шудаанд, ки мақсаду маромашон ғаразноку кинахоҳӣ буда фардҳои ҷавону зудбоварро ба доми худ мекашанд ва дар оянда барои иҷрои амалҳои кушторӣ (террористӣ) истифода баранд.
Ин нерӯҳои палид дар байни ҷомеа пинҳониву рӯирост ба олудакунии майнаи насли ҷавон бо роҳи ваъдаи маблағҳои калон, фирефтани нафарони саводи динӣ надошта, бо ваъдаи равона шудани муҷоҳид ба биҳишт дар дунёи сонӣ ва ҳоказо машғуланд. Бо сабабҳои гуногун наметавон аниқ кард, ки ҳамсуҳбатат чӣ мехоҳад ва номаълуму ботадриҷ ба доми фиреби ӯ фаромадан имконпазир аст. Бар замми он, ин тӯдаи разилони беномус бо воситаи шабакаҳои иҷтимоӣ ба фитрати ҷавонони камтаҷриба ҳуҷуми руҳиву равонӣ мекунанду барои корҳои ғайриинсонии худ пайрав ё иҷрокунандаи амалҳои террористӣ пайдо мекунанд. Ин гуфтаҳоро ба вуқӯъ пайвастани ҳазорон амалҳои террористӣ дар саросари мамлакатҳои олам давоми даҳсолаҳои охир исбот менамоянд, ки дар натиҷаи он ҳазорон нафар бегуноҳон куштаву захмӣ шудаанду хисороти зиёде ба биною дигар арзишҳои моддӣ расонида шудааст.
Дар ин ҳолат саволе ба миён меояд, ки ин террорист мусалмон аст ё куффор? Зеро, нобакорони ниқоби исломӣ пӯшида, ки фарзандони нафарони мусалмонанд, чӣ тавр ба куштор, сӯи қасд ба ҳаёти шахси дигар даст заданд, мусалмон буда наметавонанд. Чунки, онон ба ҷони бандаи Худованд қасд кардаанд! Ҳол он, ки танҳо Парвардигори олам ва танҳо ӯ ҳуқуқи ҷон бахшидан ба банда ва рағми он дар муҳлати муайянро дораду халос. Танҳо Худованди муттаол қисмати бандаашро муайян мекунаду боқимонда танҳо иштирокчӣ дар саҳнаи зиндагонӣ ҳастанд. Аз ин андешаҳо хулосае бармеояд, ки террорист худро кӣ мепиндорад, ки қасди ҳаёти банда мекунад ва ба зидди гуфтаҳои Офаридгори олам амал мекунад?! Ӯ магар мусалмон аст?
Бар замми он, волидайни ин нафарони ҳаромзодаи нобакор мусалмонанд? Хешу табор, ҳамсояҳову ёру дӯстони террорист мусалмонанд? Наход нафароне, ки аксаран аз ҳолу аҳволи ҳаёти фарзанд ё наздикон мебояд огоҳ бошанд, бо бепарвову бефарқӣ, бетарафӣ, мусоҳилакорӣ ва ҳоказо метавонанд сазовори унвони «мусалмон» бошанд? Охир, маҳз онон метавонистанд, ки аввало бо тарбия, панду насиҳат ҷавононро аз гумроҳӣ боздоранд, баъдан агар ба халқу Ватан содиқ мебуданд, дар навбати аввал мақомоти дахлдори давлатиро аз рафтори ноҷояи фарди раҳгумзада бохабар мекарданд! Зеро, «илоҷи воқеа пеш аз вуқӯъ» гуфтаанд ва ин ҳикмати халқӣ ҳоҷат ба исбот надорад.
Тасаввур намоем, ки имрӯзҳо дар миқёси Тоҷикистони соҳибистиқлол ба мардум озодии динӣ дода шудаасту теъдоди масҷиду намозхонон маҳдуд карда намешавад. Ҳазорон нафар сафари ҳаҷ мекунанду давлат бо роҳу воситаҳои гуногун ба мардум барои иҷрои дархостҳои диниашон шароити мусоидро фароҳам овардааст. Акнун, қазоват фармоед, ки нафари мусалмонтарош, ки зидди ташаккули терроризму террористон ягон амали боазои назаррас анҷом надодааст, мусалмони комил аст?
Оё нафаре, ки сафари ҳаҷ кардаасту худро «ҳоҷӣ» меҳисобад, вале, фарзандон, ҷиянаш, хешовандаш, ҳамсояаш ё нафари дигаре аз аҳли пайвандонаш шомили созмонҳои террористӣ шудаанд, мусалмони комиланд? Охир ин палидони разил бар зидди давлатдорие, ки арконҳои динии онҳоро ҳифзу таъмин кардааст, бархостани террористонро пешгирӣ карда натавонистанд – ку? Аксаран, агар мехостанду садоқати ватандорӣ медоштанд, ҳангоми оғози «мағзшӯй»-и ҷавон ин раванди номатлубро саривақт решакан мекарданд!? Пас онҳо мусалмонанд?
Фарди босаводи Худотарсу имондор дар навбати аввал мебояд баҳри ҳифзи оилаи худ давлате, ки ӯро бо амну оромӣ дар оғӯш гирифтааст, муҳофиз бошад. Танҳо дар чунин ҳолат метавонад дар оиладорӣ низ муваффақ бошад. Мехостам аз хотироти аскари низомие ёдовар шавам, ки мегӯяд «ман агар Ватани худро баҳри орому осудагии ҳаёти фарзандонам ҳифз накунам, кӣ мекунад. Ман намехоҳам фарзандонам мутеи нобакорони миллатгаро бошанд, ҳаёташон доимо ноорому носолим бошад».
Дар ин радиф боисрор таъкид менамоям, ки терроризм ва зуҳуроти он дар ҷомеа, хатари бевосита ба ояндаи давлату ҷомеа, аз ҷумла фарзандони солеҳамон дорад ва мебояд дар набард бо ин падидаи номатлуби замони муосир набояд канораҷӯй буд. Мусаллам аст, ки танҳо муқовимати дастаҷамъонаи тамоми қишрҳои ҷомеа ва мунтазам метавонад, омили пешгири шомилёбии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротзада гардад.
Дар ин ҷода, ҳар як узви ҷомеа бояд фаъолу серғайрат бошанду бо ҳушёриву зиракии сиёсӣ, содиқона, бо серҷуръативу ҷасорат муборизаи беамон барад. Дар акси ҳол, ҳолате ба амал меояд, ки дар назди виҷдону имони хеш суоле пайдо мешавад, ки « ҳамчун ватандори содиқ ба Ватанам ва чун мусалмони комил ба дини аҷдодиам чӣ кардам»?
Агар давоми зиндагони худ ба ин суол ҷавоби мусбати қонеъ пайдо накардед, чӣ суд аз ин ҳаёт? Омадему хӯрдем, пӯшидану рафтем бошаду пайу изи муайяни накӯ нагузошта бошему касе бо некӣ ёдовар нашавад, пас ҳаётамон аз ҳаёти ҳашароти муфтхӯр чӣ фарқе дорад?! Бинобар ин, ҳар фарди бономуси ватандӯст вазифадор аст, ки пайваста баҳри пешгирии зуҳуроти терроризму экстремизм дар ҷомеа мавқеи фаъолу пешсафонаро пиёдасозӣ кунад. Вагарна вой бар мусалмонию вой ба ватандорӣ чунин фардони беномус!?
Мурод Собиров,
дотсент, мудири кафедраи экология ва ҳифзи
табиати факултети геоэкология ва туризм
Музаффар Абдухолиқзода,
дотсент, декани факултети геоэкология ва туризм