​Мунодии мунофиқ!

Вазъи пуртаҳлукаи сиёсии замони муосир фарди соҳибақлу озодандешро бефарқ гузошта наметавонаду водор менамояд, ки ҷомеа бояд ваҳдату якдилиро пеша намояду ба ободкориву бунёдгарӣ машғул бошад. Инчунин, ҷомеаи соҳибфарҳанги демократӣ вазифадор аст, ки бар зидди унсурҳои сунъии мухолифини тамаддуни башарӣ муборизаи беамон барад. Хусусан, тарғиби ғояҳои ифротӣ, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҷониби хоини мазҳабфурӯш Муҳиддин Кабирию думравони палидаш паҳн менамояд, амали ноҷавонмардона мебошаду мебояд барои фардони ватанпарвари худогоҳ манбаи интиқод ва муқовимат гардад. Охир ин аблаҳони ҳамҷинсгарои фосиқ чунон мунофиқ ҳастанд, ки суханҳояшон бадбӯю ғашин мебошад. Андеша дар он аст, ки мабодо, Худо накунаду нафари соддадили ҷомеа ба иғвою дасисаи наҳзатиён бовар кунаду ақли солими хеш бой диҳад.

Гарчанде. ки ҳар фарди солимақл, ба истиснои роҳбару думравони ташкилоти террористию экстремистии наҳзат дарк мекунад, ки танҳо фарҳанги волою тамаддунофарии халқи тоҷик бо сарварии шахсиятҳои ватандӯсту содиқ ба Ватан, дурандешу дурбин, хирадманду оқил тавонист дар муддати кӯтоҳ мамлакатро орому обод намояд, ки боиси фахри ҳар фарди ватандӯст мебошад.

Муҳиддин Кабирию думравони чоплуси ӯро то кадом андоза шайтон задааст, ки ақлу мантиқи сухан гум кардаанду ба ҳаёти ҷомеа баҳои воқеӣ дода наметавонанд?! Онҳоро фаҳму фаросат тарк кардаву ақл бохтаанд, ки воқеияти ҳолро таҳлил карда наметавонанду мағзи нерӯ бардоранд? Чунон нобиною кару гунг ҳастанду маблағи садақаи хоҷагони хориҷиашон намегузорад, дуртар аз бинии фисолуди худ бинанд?

Амалҳои андешидаи роҳбарияти олии кишварамон мусоидат намуд, ки бемории марговари COVID – 19 ҷилавгирӣ карда шаваду қудрати иқтисодӣ имкон дод, ки аз хориҷа ваксинаҳои боэътимод харидорӣ гардаду эмкунии ройгони аҳолӣ таъмин карда шавад. Тадбирҳои хирадмандонаи роҳбарияти кишварро сарони давлатҳои ҳамсоя маъқул дониставу ҷонибдорӣ намудаанд, ки исботи он дар устувории вазъи сарҳадот бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон зоҳир гаштааст. Созмонҳои байналмиллалии иқдому пешниҳодҳои кишварамонро дастгирӣ намуда пайваста кӯмакҳои молиявиро дареғ намедоранд. Таҷрибаи сулҳофарии тоҷикон, таъмини суботи ҷомеа, таҳкими арзишҳои демократӣ, сиёсати ободу бунёдкории роҳбарияти олии Тоҷикистон ва дастовардҳои сершумори даврони соҳибистиқлолироҷаҳониён хуб дарк кардаву обрӯву манзалати Тоҷикистон аз муносибати хубисарони давлатҳои ҳамҷавори дӯст ҳувайдост. Лекин муғризони донотароши наҳзатӣ бо бухсу бахилӣ ҳамаи инро надида мегиранду наҳ мезананд, ки худ исботи амали пастфитратӣ, палидӣ ва аблаҳонаи ин тоифаи мунофиқ аст, ки мунодии ҳарзагӯи онҳо аз қабили Муҳаммадиқболи Садриддину дигарони чоплус мебошанд.

Собиров М.С.-дотсенти кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкологияи МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ