Мулоқоти собиқадорони соҳаи матбуот бо донишҷӯёни ихтиосҳои рӯзноманигорӣ
Дар толори факултети филологияи тоҷик бо собиқадорони соҳаи матбуот, рӯзноманигорони саршиноси вилоят мулоқот доир гардид. Ташаббуси мазкур ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик роҳандозӣ гардида, ба он донишҷӯёни ихтисосҳои рӯзноманигорӣ ҷалб гардиданд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар вохӯрии мазкур Илҳом Ҷамолиён, раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон дар вилояти Суғд, Карим Шариф собиқадори матбуоти тоҷик, Аминҷон Шарифзода, сармуҳарири рӯзномаи вилоятии “Ҳақиқати “Суғд”, Дилбар Самадова, дотсенти кафедраи журналистика ва назарияи тарҷума иштирок намуданд.
Декани факултет профессор Ӯлмасзода Замира чорабиниро ифтитоҳ бахшида, аз таърихи матбуоти тоҷик ёдоварӣ намуд.
Меҳмононзимни маърӯзаҳои худ оид ба таърихи рӯзномаи аввалини тоҷик “Бухорои Шариф”, нақши рӯзноманигор дар иҷрои рисолати рӯзноманигорӣ, интихоби дурусти касб, нақши матбуоти миллӣ дар бозтоби воқеият, расонидани иттилоот ва тарғиби арзишҳои фарҳангӣ ва иҷтимоии ҷомеа маърӯзаҳо намуданд.
Мулоқоти мазкур иқдоми муфид ва самарабахш барои табодули фикрҳо ва таҷриба байни мутахассисони соҳаи матбуот ва донишҷӯён гардид.
Маркази иттилоот ва таҳлил