​Мулоҳизаҳо перомуни масоили тундгароӣ ва ифротгароӣ

Доир ба масъалаи тундравӣ ва ифротгароӣ дар матбуоти илмӣ ва оммавӣ баҳсу мунозираҳо кайҳо оғоз шудаанд. Хусусан, баъд аз ба даст овардани истиқлоли давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати ин мафҳумҳо нуқтаи назарҳои гуногун пайдо гардида, имрӯз идома дорад.

Ифротгароӣ маънои тундравй, моҷараҷӯй, зӯровариро дорад, ки дар ниҳояти кор бо мафҳуми терроризм муродиф аст, Бояд гуфт, ки ин мафҳумҳо зодаи давраи истиқлолият аст, ки ҳатто дар китоби «Фарҳанги забони тоҷикй» дида наметавонем. Аз ин рӯ вақте ки мо дар бораи ифротгароӣ сухан меронем, ҳамон калимаи тундравӣ дар назар дошта мешавад. Ин мафҳум аз рӯи моҳияти худ, дорои маънои ҳодисаҳои хатарнок, даҳшатангез буда, баробари шунидан, дар одамон ҳамон замон ҳисси хатар, эҳтиёт ва инкор зоҳир мешавад.

Дар ҳамаи давру замонҳои таърихӣ гурӯҳҳои ифротгароӣ вуҷуд дошта, бо ин ё он тарз фаъолияти мафкуравию амалӣ зоҳир мекарданд. Аксаран нодурустию арзиш надоштани ақидаҳои онҳоро худи таъриху фарҳанги башарият тасдиқ менамуд. Хусусан, дар ҷараёни пайдоиш, таҳаввул ва паҳншавии динҳои ҷаҳонӣ (буддоия, насрония, ислом) ақидаҳои гуногуни динию мазҳабӣ, иҷгимоию сиёсй ва фалсафию ахлоқӣ пайдо шуданд, ки боиси cap заданӣ низою муноқишаҳо гардиданд.

Истифодаи истилоҳи «ифротгароии динӣ», ё ки ба ин ё он дин мансуб донистани ин зуҳурот, сабаби пайдоиши норизогӣ ва тундравӣ шуданаш мумкин аст. Ислом ё дигар динро манбаи ифротгароӣ эътироф кардан аслан хатост. Президенти кишварамон Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба ин мавзӯь гуфтаанд: «Гузашта аз ин, имрӯз дар миёни ҷаҳони ислом ва Ғарб садо аз нофаҳмӣ ба вуҷуд омадаст, ки торафт азиму хатарнок мегардад, Мутаассифона дар тафаккурӣ доираи муайяни Ғарб чунин ақида ҷой гирифтааст, ки гўё ифротгароӣ хоси табиати дини ислом - яке аз динҳои ҷаҳонӣ бошад. Чунин муносибат ба мардуми мусулмон ки аз уқёнуси Ҳинд ва Ором то уқёнуси Атлантик маскунанд ва панҷяки аҳолии сайёраро ташкил медиҳанд, аз рўӣ инсофу адолат нест. Дини мубини ислом чун ҳама динҳои дигар инсониятро ба таҳаммул, тараҳҳум ва тавозӯъ ҳидоят намуда, ҳар гуна зӯроварӣ ва кушторро маҳкум месозад. Бинобар ин терроризм ва ифротгароиро бо ислом пайванд додан хатоӣ маҳз аст. Терроризм ба ягон дин, мазҳаб ё миллат хос нест. Барои он, ки дини мубини ислом минбаъд ҳамчун манбаи зӯроварию фишор қаламдод карда нашавад, мо бояд ба ҷаҳолат маърифатро муқобил гузорем ва бо ҷои муқовимати тамаддунҳо гуфтугӯи тамаддунҳоро ба роҳ монем. То замоне инсоният ба ин ҳамкорӣ ва гуфтугӯи судманд муваффақ нагардад, хатари терроризм ва ифратгароӣ боқӣ мемонад».

Вобаста ба ҳамин қайд кардан лозим аст, ки ягон дини мавҷуда одамонро ба тундгароӣ, золимӣ, бераҳмӣ, куштани одамони бегуноҳ ва фаҳш даъват намекунад.

Баръакс, ин динҳо одамонро ба рафтори парҳезгарона, олиҳимматӣ, риояи қонунҳо, эътироз ба зўроварӣ ва дигар сифатҳои баланди инсонй даъват менамояд. Аз рўӣ адолат нест, ки ба дини инсонпарвар тундгароӣ, золимӣ ва намудҳои гуногуни зӯроварӣ нисбат дода шавад. Одамон (хоҳ яҳудӣ, мусулмон, насронӣ ё бутпараст) метавонанд бо ин ё он тарз ифротгар ва террорист бошанд, вале дар ҳеч ҳолат ин баёнгари он нест, ки масулияти корҳои онҳо ба ҳамон дине, ки нисбат дода шавад, онҳо пайравӣ мекунанд, Ҳақ ба ҷониби Муҳаммад Иқбол аст, ки гуфта буд:

Ислом ба зоти худ надорад айбе,

Ҳар айб, ки ҳаст, дар мусулмонии мост.

Аксаран ҳаракатҳои ноодилона, рафтору муносибати бераҳмона ва дастгирӣ аз ҷониби абарқудратҳо бар он меоваранд, ки баъзе ҷавонон ба эҳсос дода шуда, ба корҳои ношоистаи гуногун даст зада, ҳатто худкушӣ мекунанд, худро метарконанд, гумон мекунанд, ки бо ин роҳ қасос мегиранд. Қисми зиёди чунин рафторҳои ифратгаронаро чун таассуб дониста, бояд маҳкум карда шавад. Лекин он нафароне, ки баҳри ҳимояи Ватан ва сарзаминаш аз дасти истилогарон ё гурӯҳи террористон чунин амалро ба иҷро расониданд, қаҳрамон дониста хотираи некашон ёдоварӣ карда шавад. Дар бораи ифротгароӣ ва хатарҳои он сухан ронда ба ҳамаи навъҳои зоҳиршавии он диққат додан лозим аст. Масалан, ифротгарони сиёсӣ низ хатари ҷиддӣ доранд, чунки онҳо ба вуҷудорандаи дигар тамоилҳои ифратгароӣ мебошанд, аз он ҷумла онҳо динро барои манфиатҳои сиёсии худ истифода бурда метавонанд. Барои пайдо шудани ифротгароӣ сабабҳо ва омили муайян боис шуда метавонад.Барои муайян кардани сабабҳо мо бояд умумияти одамонро омӯхта ҷиҳатибаэътидоловардани вазъият корбарӣ намоем. Бо роҳи зӯри бо усули сахт ва бераҳмона бо ифротгароӣ мубориза бурдан хеле мушкил аст. Баръакс, рафтори боадолатона ва хирадмандона барои пешгирӣ кардани ба вуҷуд омадани ифротгароӣ имконият медиҳанд.

Дар бисёр ҳолатҳо сабабҳои муносибати одамон ба ҳаракатҳон тундрав ва ифротӣ боиси вайрон кардани ҳуқуқҳои онҳо, ноӯҳдабароӣ дар таъмини тариқи муколама ва дарёфти ҳамдигарфаҳмӣ мешавад. Байни гурӯҳҳои ҷинояткори ифротӣ, дастаҳои террористӣ ва дигар унсурҳои мафиозӣ аксар вақт ягон мақсади сиёсй ё миллӣ вуҷуд надорад. Онҳо фақат кӯшиш мекунанд, ки сарчашмаҳои калони молӣ ва иқтисодиро ба даст оранд ва байни ташкилоту ҳаракатҳое, ки барои мақсад ва ҳуқуқҳои худ мубориза мебаранд, тафриқа гузоранд.

Омили дигари пайдоиши ифротгароӣ ин баланд шудани таъсири нуфузи хориҷӣ ба масъалаҳои дохилии кишвар аст. Ба воситаи паҳн намудани таълимотҳо ҳизбҳои гуногун, ки хилофи таълимоти анъанавии ислом аст, мехоҳанд нооромӣ ва норозигиро байни ташкилотҳои динӣ ва мусулмонон ба вуҷуд оваранд. Чунин ҳаракатҳо ва ҳизбҳо ба мисли «Ҳизб-ут таҳрир», «Ҷамоати таблиғ», «Салафия», «Аҳмадия», ки фаъолияти онҳо дар қаламрави Тоҷикистон мань шудаанд, метавонанд на танҳо вазъи диниву сиёсиро дар мамлакат вайрон намоянд. Барои пешгирӣ кардани ифротгароӣ ва терроризм манбаҳои молӣ ва иқтисодии фаъолияти ғайрирасмии чунин ташкилотҳои динӣ бояд ҳатман муайян карда шавад.

Айни замон нафарони зиёде аз бошандагони Тоҷикистон, асосан ҷавонон, бо сабаби набудани ҷойи кор, ба хотири таъмини ризқу рӯзии аҳли оилаи худ Ватани худро тарк намуда, дар Руссия ва дигар кишварҳо кор мекунанд. Дар байни онҳо шахсоне ёфт мешаванд, ки барои таъмини молиявии оилаи худ ба ҳама кор, аз он ҷумла содир кардани ҷиноят омода ҳастанд.

Дар ин ҷо бояд фикр кард, ки гўё бекорӣ, сатҳи пасти зиндагӣ, маърифат омили асосии пайдоиши терроризму ифратгароӣ ҳастанд, пурра розй шудан нашояд. Шояд омилҳои номбурда, то дараҷае ба зуҳури терроризм, ифротгароӣ мусоидат намояд, аммо онҳо наметавонанд сабаби асосии пайдоиши ин зуҳурот бошанд. Баръакс, решаҳои пайдоиши ифротгароӣ дигар омилу сабабҳоянд, ки онҳо аксар вақт ба эътибор гирифта намешаванд. Масъалаҳои асосии Шарқи Наздик, Исроил, Фаластин, Афғонистон, Сурия, Поикистон, ки то ҳоло ҳал нашудаанд, ба зуҳури ифротгароӣ мусоидат менамоянд. Оё Исроил метавонад бо иқтидори ҳарбии худ ва дастгирии Амрико муқовимати халқи Фаластинро шикаст диҳад ва бо ибораи собиқ сарвазири Исроил Шарон, тамоми «террористҳо»-и ҳаракати «Хамос»-ро аз рӯи замин комилан рӯфта партояд? Хулосаи Президенти кишварамон Эмомалӣ Раҳмон мутлақо дуруст ва мантиқист «терроризм ва ифротгароиро танҳо бо усули зӯровари мағлуб кардан мумкин нест».

Аз ин лиҳоз, роҳҳои пешгирӣ аз ифротгароиро ба масоили зерин марбут меҳисобем:

- баланд бардоштани сатҳи маърифати дунявй ва динии тамоми табақаҳои ҷомеа бо роҳи ташкил намудани мактабҳои доимоамалкунанда дар маҳалҳои зист;

- тайёр намудани кадрҳои ҳаматарафа саводноки ҳам динӣ ва ҳам дунявӣ ба хотири тарбияи дурусти ҷавонон;

- ба роҳ монанди муносибати хуби одилонаи кормандони хифзи хуқуқ нисбати ташкилотҳои динӣ руҳониёни ҷудогона, омӯзиши назария ва амалии Қонун дар бораи «Озодии виҷдон ва ташкилоҳотҳои динӣ».

- ташкили таҳрири назариявии муассисаҳои мактабҳои ҳамагонӣ, донишкадаҳои олӣ, мадрасаҳо, ки фанни таърихи дин, маърифати ислом ё ки диншиносиро меомӯзонанд;

-беҳтар намудани вазъи иқтисодиву иҷтимоии зиндагии мардум;

- ба роҳ мондани принсипҳои адолати иҷтимоӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ дар ҳамаи системаҳои идоракунии давлатӣ.

Шаҳидов Насиридин - муаллими калони кафедраи умумидонишгохии психологияи умумӣ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ