МУҚОВИМАТ БА ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ: ТАҲДИДҲО, САБАБҲО ВА РОҲҲОИ ПЕШГИРӢ ОНҲО
Дар ҷаҳони муосир, ки равандҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва динӣ бо суръати баланд тағйир меёбанд, таҳдидҳои нав ба амният ва суботи давлатҳо падид меоянд. Яке аз хатарҳои глобалӣ ва пурфоҷиа — терроризм ва экстремизм аст. Ин зуҳуроти номатлуб на танҳо ҳаёти осоиштаи мардум, балки рушди иқтисодӣ, фарҳангӣ ва сиёсати дохилии кишварҳоро халалдор мекунад. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ аз ин таҳдид эмин намондааст ва дар солҳои охир масъалаи муқовимат ба терроризм ва экстремизм ба яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ табдил гаштааст.
1. Мафҳум ва хусусиятҳои терроризм ва экстремизм
Терроризм — амали зӯроварӣ, тарсондан ва қатли оммавӣ мебошад, ки бо мақсадҳои сиёсӣ, идеологӣ ё динии як гурӯҳ ё шахсони алоҳида анҷом дода мешавад. Ин амалиётҳо аксар вақт бо истифодаи силоҳ, гаравгонгирӣ ва тарсондани аҳолӣ сурат мегирад.
Экстремизм бошад, мафкураи ифротгароёнаест, ки хостори тағйир додани сохтори мавҷудаи сиёсӣ, иҷтимоӣ ё динӣ бо роҳҳои ғайриқонунӣ ба назар мерасад. Он метавонад шаклҳои гуногун дошта бошад: экстремизми динӣ, сиёсӣ, этникӣ ва иҷтимоӣ.
Терроризм ва экстремизм гарчанде дар шакл фарқ дошта бошанд ҳам, дар замина ва ҳадаф қариб яканд: вайрон кардани низоми муқарраршудаи давлат ва ҷорӣ намудани андешаи худ ба тариқи зурӣ мебошад.
2. Омилҳои асосии паҳншавии терроризм ва экстремизм
Сабабҳо ва омилҳои пайдоиши терроризм ва экстремизм гуногунанд, ки онҳо ба шиддати вазъияти дохилӣ ва хориҷии ҳар як давлат вобастаанд. Аз ҷумла ба назар мерасад:
Фақр ва бекорӣ – набудани имкониятҳои иқтисодӣ, бекорӣ ва вазъи нохуби иҷтимоӣ ҷавононро ба роҳи хатои ифротгароӣ мебарад.
Камсаводӣ ва надоштани таҳсилоти дуруст – сатҳи пасти маърифат ва маърифати динӣ замина мегузорад барои таъсири таблиғгарони гурӯҳҳои ифротӣ аст.
Таъсири берунӣ – аз кишварҳои хориҷӣ маблағгузорӣ шудани созмонҳои террористӣ барои ҷалби аъзои нав мебошад.
Технологияҳои иттилоотӣ – истифодаи интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ барои таблиғи идеологияи ифротӣ ва радикалӣ мебошад.
Истифодаи дин ба манфиати шахсӣ – таҳриф ва тафсири ғалати матнҳои динӣ аз ҷониби рӯҳониёни ноҳақ бо мақсади ҷалб ва идораи одамон аст.
3. Сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти мубориза бо терроризм ва экстремизм
Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз аввалин кишварҳои пасошӯравист, ки паёмадҳои фоҷиавии ҷанги шаҳрвандиро паси сар намуда, нақши таҳдидҳои ифротиро дарк кард ва барои пешгирии он барномаҳои мушаххасро амалӣ сохтааст.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба экстремизм», ки соли 2003 қабул шуда буд, санади ҳуқуқиест, ки заминаи ҳуқуқии мубориза бо ин падидаҳоро муайян мекунад. Инчунин, барномаҳои стратегии давлатӣ, аз ҷумла:
Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба терроризм ва экстремизм барои солҳои 2021–2025, барномаи давлатии баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва динӣ, низоми омодасозии кадрҳои кор бо ҷавонон, қадамҳои муассиреанд, ки дар сатҳи кишвар амалӣ мешаванд.
Сохторҳои давлатӣ — Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо ва дигар мақомоти дахлдор дар ин самт фаъолияти пайваста бурда истодаанд.
4. Нақши маориф ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар пешгирии экстремизм
Яке аз роҳҳои муассири пешгирии ифротгароӣ — баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ ва динӣ, хусусан миёни ҷавонон мебошад. Донишгоҳҳо, муассисаҳои таҳсилоти миёна ва ибтидоӣ бояд дар баробари таълим, инчунин тарбияи шаҳрвандии ҷавононро ба роҳ монанд. Маърифати дуруст метавонад ҷавонро аз таъсири гурӯҳҳои ифротгаро нигоҳ доранд.
Омӯзгорон, олимон, рӯҳониёни ботадбир ва зиёиён бояд дар сафи пеши муқовимат бо ифротгароӣ бошанд. Дарсҳои тарбиявӣ, сӯҳбатҳои гурӯҳӣ, баргузории конфронсу семинарҳо ва чопи мақолаҳои илмӣ дар расонаҳо, ҳамаи ин метавонад барои ташаккули шуури солими ҷавонон ва шаҳрвандон кӯмаки калон расонад.
Шабакаҳои иҷтимоӣ низ бояд бо масъулияти бештар дар таблиғи арзишҳои ватандӯстӣ, таҳаммулпазирӣ ва фарҳанги сулҳ амал намояд.
5. Нақши дин дар муқовимат ба ифротгароӣ
Аксарияти созмонҳои террористӣ худро ба номи дин муаррифӣ мекунанд, дар ҳоле ки асли дин — инсондӯстӣ, бахшиш ва раҳмат мебошад. Дар Ислом қатли як шахси бегуноҳ баробар бо қатли тамоми инсоният шумурда шудааст (сураи «Моида», ояти 32).
Имом-хатибон ва уламои шинохта бояд дар шарҳи дурусти таълимоти дини Ислом нақши муассир дошта бошанд. Маърифати дурусти динӣ метавонад ҷавонро аз таъсири таблиғоти нодуруст эмин нигоҳ дорад.
6. Таҳдидҳои нав ва зарурати ҳамкории байналмилалӣ
Имрӯз терроризм аз марзҳо гузашта, хусусияти трансмиллӣ гирифтааст. Гурӯҳҳои террористӣ бо истифода аз интернет, сармояи беруна ва шабакаҳои муташаккил ба ҳадафҳои худ мерасанд. Аз ин рӯ, ҳамкории байналмилалӣ ва тағйири стратегияи мубориза муҳим мебошад. Тоҷикистон дар доираи созмонҳои байналмилалӣ чун СММ, СҲШ (ШОС), СААД ва ИДМ фаъолона иштирок намуда, муборизаи муштаракро зидди терроризм дастгирӣ мекунад.
Терроризм ва экстремизм танҳо мушкили мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нест — он таҳдиди умумимиллӣ ва умумибашарист. Барои муқовимат ба он, зарур аст:
Маърифат ва шуури мардум, бахусус ҷавонон баланд бардошта шавад;
Маориф ва дин дар пешгирии экстремизм саҳми фаъол дошта бошанд;
Қонунгузорӣ пурқувват ва иҷрояш таъмин гардида бошад;
Ҳамкорӣ миёни сохторҳои давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ устувор бошанд;
Таблиғи фарҳанги сулҳ, таҳаммул ва ватандӯстӣ ба шаклҳои гуногун роҳандозӣ гардида бошад.
Танҳо бо саъю кӯшиши дастаҷамъӣ, мо метавонем аз ин хатарҳо ҷилавгирӣ карда, барои наслҳои оянда ҷомеаи бехатару осоишта бунёд намоем.
Воҳидова Барно,
устоди Муассисаи давлатии таълимии
«Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи
академик Бобоҷон Ғафуров»