Мубориза бар зидди падидаҳои хатарзо – ҳадафи мост!
Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, таваҷҷӯҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар хусуси ҷавонон, дастгирию сиёсати давлат таъкид менамоянд, ки имрӯз мушкилоти ниҳоят ҳаллаш вазнин-гаравиши ҷавонони сустирода ва соддалавҳ ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ мебошад.Аз ҷумлаэкстремизм ва терроризм ҳамчун вабои аср зуҳур кардааст, моро ҳушдор медиҳад, ки дар ҳар шароит ва ҳар лаҳза зиракии сиёсиро аз даст надиҳем.
Азбаски ин падидаи номатлуб дар ҷомеаи муосири мо ягон асоси мӯътамад надорад, барои ба тезӣ маҳв карданаш бояд ақли солим ба кор бурда, ғалаба кунад ва садди роҳи пешгирии он гардад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ чунин таъкид менамоянд: “Имрӯзҳо гурӯҳҳои террористиву эктремистӣ барои даъват ва ҷалб намудани шаҳрвандон ба сафҳои худ бо истифода аз технологияҳои муосири иттилоотӣ роҳу усулҳои навро истифода карда, ҷавонони камтаҷрибаву ноогоҳро бо ғояҳои тундгароӣ гумроҳ месозанд”.
Ин суханони Пешвои миллат моро водор месозад, ки ба масъалаи ҳушёриву зиракии сиёсӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, дар самти муқовимат бар зидди ин падидаи хатарафзо устуворона фаъолият намоем.
Солҳои охир яке аз мушкилиҳое, ки имрӯз тамоми ҷомеаи муосирро фаро гирифтааст, ин экстремизму терроризм ва дигар зуҳуроти номатлубу хатарзо мебошад.
Барои ба ҳадафҳои сиёсӣ расидан аксаран ташкилотҳои экстремистӣ ба эътиқоди динии шахсон таъсир расонида, шаҳрвандони гуногуни дунёро бовар кунониданӣ мешаванд, ки сиёсати давлатдорӣ бар зидди ақидаҳои динии онҳост.
Маҳз бо ин роҳу восита мехоҳанд дини мубини Исломро барои ба ҳадафҳои нопоки худ ноил шудан истифода баранд.
Қурбони терроризим дар ин ё он минтақа асосан ҷавонон мебошанд. Аз ин рў, ҷавононро мебояд, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, сабабу омили шахсони ифротгар ва гурӯҳҳои терроризмро биёмўзанд ва барои дифоъи он кўшиш кунанд, то сулҳ, ваҳдат ва амнияти кишвар ҳифз гардад.
Мо дар даврони истиқлолияти давлатӣ ва дар фазои Ваҳдати миллӣ кору пайкор ва зиндагӣ дорем. Мо бояд хурду бузурги кишвари биҳиштосо аз неъмати муқаддасу муаззам шукрона бигӯем, махсусан, омӯзгорону падару модарон ва фарзандон талқин намоем, ки ватан модар асту модар Ватани аз ҷон азиз мебошад. Ба ин ду калимаи як мафҳуми хеле балеғдошта хиёнат кардан танҳо кӯрнамакӣ кардан асту бас. Аз ин лиҳоз, омӯзиши таҷрибаи зиндагӣ, ҳаёту фаъолияти собиқадорони ҷангу меҳнат-яъне падарони шӯҳратманд ва маслиҳату машварати онҳо ба наслҳои имрӯзу фардои Ватани азизамон дар роҳи ҳимояи марзу буми сарзамини аҷдодӣ ва рушди давлатии соҳибистиқлоламон дастурамал ба ҳисоб меравад.
Агар он шахсон-яъне бархе аз ҷавонон, ки ба равияи ифродгароӣ шомил шудаанд, агар иродаи ҷавонмардӣ медоштанд, агар обу хоки Ватанро муқаддаму муқаддас медонистанд, имрӯз шомили гурӯҳҳои ифротӣ ва ғаразнок нагардида хору залил, сарсону саргардон намегардиданд. На танҳо худашон, балки оилаи худ-ҳамсару фарзандонашонро ғуломи аҷнабиён намуда, ба сарашон азобу уқубати ногуфтаниро ба ҷои зиндагии хоксоронаву озод тарсу бим ва ваъдаҳои бемағзу дурӯғин кор кардаанд, ин камоли ноодамӣ ва ноҷавонмардист.
Экстремизм ва терроризм ин ба маънои томаш фурӯхтани Ватан, ба падару модар ва кӯрнамакӣ дар ҳаққи неъматҳои кишвари маҳбубу ҷаннатмисоламон аст. Шахси террорист хоин аст, вай ба пуфаке шабоҳат дорад ки мекафаду тамом.
Имрӯз ҷавонони соҳибиродаи мо ба ғайр аз донишу эҷодкориҳо, ки дар дасту китф ва камар доранд, боз онҳо шуури соҳибистиқлолӣ, худшиносиву худогоҳӣ, садоқат ба Ватан, озодӣ ва Истиқлолияти давлатӣ, Ваҳдати миллиро соҳибанду сазовор мебошанд. Зеро дар ҳама шароит устувор будан, маърифату ҳуввияти миллӣ доштан нишон аз қарзи фарзандии худро бо камоли шараф ва обрӯмандӣ ба ҷо овардан аст.
Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд: “Ҳар фарди бедордили ҷомеа, ҳар як шаҳрванди бонангу номуси Тоҷикистон, ки барояш Ватан, ва сарзамини аҷдодӣ қадру манзалат дорад, бояд сулҳу Ваҳдатро чун гавҳараки чашм ҳифз карда, барои ободиву пешрафти кишвар ҷаҳду талош намояд”.
Ҳаёти имрӯзаи мо аз сиёсати оқилонаву хирадмандонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, ба дилҳои мо, алалхусус, ҷавонон гармӣ ва ҳарорати бебадал ато менамоянд.
Бинобар ин, мо омӯзгорон вазифадорем, ки ҷавононро дар рӯҳияи меҳанпарастӣ ва ифтихордории миллат тарбия намоем, ки он набояд фирефтаи маъниҳои пучу бебунёди гурӯҳҳои иғвопеша гарданд. Волидайни азизро мебояд, ки дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” кору рафтор намоянд, зеро ин қонуни миллӣ санади даврони соҳибистиқлоли кишварамон мебошад.
ҚОБИЛОВ З.З. – сарнозири Маркази бақайдгирӣ ва машварати донишгоҳ, номзади илмҳои таърих