Мубориза алайҳи терроризму экстремизм масоили мубрами рӯз
«Имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст... Мубориза бо терроризм ва экстремизм фароҳам овардани фазои боварӣ, эҳтиром ба манфиатҳои ҳамдигар ва муттаҳид шудани ҳамаи кишварҳои дунёро дар пешорӯи ин хатари умумӣ тақозо менамояд».
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
Дар ҷаҳони муосир хатари терроризм ва экстремизм яке аз масъалаҳои ташвишовар ба ҳисоб меравад. Ин раванди номатлуб ҷомеаи башариро нигарон намуда, баҳри пешгирии омилҳои террористӣ тамоми давлатҳои ҷаҳон сабабҳо ва дарёфти роҳу усулҳои самарабахши мубориза алайҳи онро пайдо карда истодаанд.
Ин ақидаҳо исботи он аст, ки «терроризм» эҷоди шуур буда, берун аз ислом аст. Дар охири қарни XX ва ибтидои қарни XXI инсоният ба хатари ҷиддӣ, мисли ифротгароӣ ва терроризм рӯ ба рӯ шуд, ки ба бақои одаму олам таҳдид мекунад. Албатта онҳое, ки мегӯянд ифротгароӣ ва терроризм падидаҳое мебошанд, ки инсониятро дар тамоми тӯли таърих ҳамроҳӣ намуданд, беасос нест. Решаҳои онҳо хеле чуқур мебошанд. Ҳоло касе гуфта наметавонад, ки якумин амалиёти террористӣ кай, дар куҷо ва бо кадом мақсад cap задааст.
Умуман, экстремист шахсест, ки дар фаъолияти худ ҷонибдори амалҳои якравию тундравӣ аст. Ин амалу зуҳурот метавонад, дар тамоми соҳаҳои фаъолияти инсон – дар дин, сиёсат, идеология, илм ва ҳатто дар варзиш низ ба миён ояд. Дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26-уми апрели соли 2013 чунин таъкид шудааст:
«Мутаассифона, дар олами ислом равияҳое низ арзи вуҷуд кардаанд, ки баъзе амалҳояшон ба фитнакориву тафриқаандозӣ равона гардидаанд. Ин ба моҳияти дини мубини ислом мухолиф аст ва ба он иснод меорад».
Шуури ҳақиқии исломӣ мусулмононро аз терроризм ва ифротгароӣ ҳифз менамояд. Мафҳуми «ислом» аз калимаи арабии «салом» реша гирифта маънояш «сулҳ» мебошад. Аввалан, дар ислом ҳаёт ва озодии инсон муқаддасанд. Ҳаёт, ҷону рӯҳ, ҷисми инсон ва дунёро Офаридгор амонат офаридааст. Асос ва моҳияти исломро нияти неки муслимин ташкил медиҳад. Уотт Монтгомери яке аз муҳаққиқи дини ислом ақоиди аврупоиён, гӯё «ислом дини шамшер ва зӯрӣ аст» рад намуда, ин ақидаро аз ҳақиқат дур меҳисобад. Фаъолияти созмонҳои динӣ нишон медиҳад, ки ҳеҷ як дин аз ҷараёнҳои ифротӣ холӣ нест ва ин ҷараёнҳо моҳияти таълимоти диниро ба манфиати худашон таҳриф мекунанд.
Терроризм бошад чунон зуҳуроти мудҳиш аст, ки ҳар инсони бегуноҳеро, ки ба он мансубият надорад, метавонад ҳадафи худ қарор диҳад. Ҳамаи мо шоҳидем, солҳои охир терроризм то ҳадде хуруҷ кард, ки боиси валангор гардидани ободтарин кишварҳо ва хонабардӯш шудани миллионҳо одамони бегуноҳ шуд. Мушкилӣ дар он аст, ки терроризм ягон марз ва қонунро риоя намекунад ва ҳамеша нобаҳангом, аз ҷойе, ки касе интизор нест, бехабар ҳуҷум мекунад. Ягон гӯшаи дунё нест, ки дасти терроризм ба он нарасида бошад ва ин даҳшат моро бар он вомедорад, ки ҳамеша ба муқобили терроризм ва экстремизм садо баланд кунем ва дар мубориза бо он омодаву бо ҳам бошем.
Имрӯз терроризм ҷиддитарин мушкили ҷомеаи ҷаҳонӣ гардидааст. Ҳатто пешрафтатарин кишварҳои олам, аз ҷумла Амрикою Аврупо аз хатару зиёни терроризм эмин нестанд. Терроризми байналмилалӣ таҳдиди бузурге ба кишварҳои алоҳида ва дар маҷмуъ ба кулли инсоният дорад.
Чуноне Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми солонаашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи декабри соли 2017 қайд карда буданд:
“Мо бояд ҳамеша дар назар дошта бошем, ки терроризм ва террористро ба худӣ ва бегона, ашаддӣ ва ислоҳгаро ё хубу бад ҷудо кардан мумкин нест. Баръакс, тавре ки ман борҳо таъкид намуда будам, террорист ватан, дин, мазҳаб ва миллат надорад”.
Оре, террорист мавҷуди беҳуввиятест, ки аз шуур, огоҳӣ, дарки маънои зиндагӣ ва дигар эҳсосу отифаи инсонӣ маҳрум буда, хатар, ваҳшоният ва зарари он ҳатто аз хунхортарин ва бераҳмтарин ҳайвон низ бадтар аст.
Солҳои охир терроризм ва экстремизм ба хатари глобалӣ табдил ёфта, ҷаҳони муосирро ба ташвиш овардааст. Аз ин ҷост, ки ҳоло таъмини амният дар ҷаҳон дар сархати масъалаҳои мубрами рӯз қарор дорад. Дар даҳаи дуюми асри XXI мо шоҳиди содир шудани амалҳои мудҳиши террористӣ дар Осиёву Африқо ва Аврупову Амрико гардидем ва қариб рӯзе нест, ки сокинони ин ё он гӯшаи ҷаҳон қурбони ҷиноятҳои террористӣ нагарданд ва ин зуҳуроти номатлуб ба суботу амнияти кураи замин хавфу хатари бениҳоят зиёд дорад.
Ифротгароӣ ва терроризм бо номҳои гуногун ва шаклҳои гуногуни зуҳур инсониятро аз давраҳои қадим таъқиб мекарданд. Дар шароити ҷаҳонишавӣ мамолики мусулмон арзишҳои миллӣ ва динии худро зери хатар мебинад.
Мо муътақидем, ки ифротгароӣ ва терроризм динӣ буда наметавонад, балки терроризм ва ифротгароии мавҷудбуда метавонад, ки шиорҳои диниро ҳамчун ниқоб истифода кунанд.
Яке аз омилҳои тезу тунд шудани муносибати баъзе кишварҳои мусулмонӣ бо давлатҳои Ғарб маҳз ҳамин сиёсати риёкорона, муғризона, дурӯягӣ ва мунофиқона аст, ки он боиси пайдо шудан ва густариши мухолифат байни пайравони дини ислом ва масеҳият, тамаддуни Шарқу Ғарб ва дар айни замон тавлиди ҷараёнҳои тундрав (экстремистӣ) дар дину мазҳабҳои ҳам Ғарб ва ҳам Шарқ аст.
Ҷумҳурии Тоҷикистон муборизаро бар зидди терроризм ҳамчун вазифаи муҳимтарини таъмини амнияти миллии худ, минтақа ва ҷаҳон баррасӣ намуда, барои тақвияти минбаъдаи ҳамкориҳои байналмилалӣ дар ин самт талош меварзад. Тоҷикистон дар радифи дигар кишварҳои мутараққии ҷаҳон бо ин зуҳуроти марговар мубориза бурда, талош менамояд аз пайомади ногувори ин гуна амалҳо ҷилавгирӣ намояд. Бо ин мақсад аз тарафи Ҳукумати мамлакат якчанд қонунҳо ва санадҳо, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мубориза бар зидди терроризм" (соли 1999), Консепсияи ягонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ) (соли 2006), Конвенсияи Созмони ҳамкории Шанхай барзидди терроризм, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи консепсияи ягонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ)" (соли 2006), “Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” (аз 1.06.2021, №187) ба тасвиб расиданд, ки барои муборизаи оштинопазир бурдан бо зуҳуроти номатлуб мусоидат менамояд.
Иллати сар задани чунин падидаҳои номатлуб, хатари тафриқаандозӣ ва ҷудоӣ дар байни мусалмонони кишвар дар солҳои охир дар ҷомеаи мо пайдо шудани иғвоангезӣ, таҳрибкорӣ, ҳизбгароиву гурӯҳбандӣ аз тарафи баъзе ходимони дин, имомхатибон, аз минбарҳои масоҷид садо додани таблиғоти бегонапарастӣ, зидди манфиатҳои миллӣ, давлатӣ суханони таҳқиркунанда, қабеҳу фаҳш ва беасосу бадномкунанда, таҷлили маросимҳои ба мазҳаби мо бегона, итоат накардан ба имому ҳоким, қонун ва дар ин замина ба вуҷуд овардани дуҳокимиятӣ дар фазои кишвар аст.
Мутаассифона, дар амри дифоъ ва пуштибонӣ аз нангу номус, ҳувият ва арзишҳои миллӣ, манфиатҳои умумихалқиву умумидавлатӣ миёни баъзе уламои дин ва зиёиёни эҷодкори дин баҳс ба миён омада, аҳли ҷомеаро бетараф намегузорад.
Раҳоӣ аз ин буҳронҳо тақвияти тарбияи худшиносӣ ва шинохти асили ҳуввияти миллиро талаб мекунад. Расидан ба худшиносиву худогоҳии миллӣ бидуни рӯ овардан ба омӯзиш, парвариш, эҳёву гиромидошти таъриху фарҳангу тамаддуни оламгири миллат, суннату анъанаҳои гузаштагон ва ифтихороти давлатдорӣ имконпазир нест. Зиракии сиёсиро бошадшарти аввали ташаккул ва бедору фаъол нигоҳ доштани ҳувият ва худшиносии миллӣ ва соҳибистиқлолии давлат номидаанд. Бо дарки баланди зиракии сиёсӣ метавон ба равандҳо, таҳаввулот ва зуҳуроти замони муосир бо таҳлили амиқу дақиқ ва хулосаҳои мустанад баҳои ҳаққонӣ дод.
Ин гуфтаҳо бори дигар исбот намуданд, ки терроризм ва экстремизм аз як тараф, чун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, аз тарафи дигар таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷони ҳар як сокини сайёра аст. Ҳодисаҳои зикршуда, равандҳои муосири сайёра ва вазъи минтақа ҳушдор медиҳанд, ки пеш аз ҳама ҷавонони тоҷик ҳаргиз зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва барои ҳимояи амният, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот, волоияти қонун ва оромиву осудагии кишвари маҳбубамон ҳамеша омода бошанд.
Чи тавре ки Пешвои миллат -Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ 26 декабри соли 2018 қайд карданд: “Ҳифзи сарҳад вазифаи танҳо сарҳадбонон нест. Ҳар як фарди ватандӯст бояд дар ҳифзи марзу буми Ватан, таъмини амнияти давлат ва оромиву суботи ҷомеа бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ ҳамкорӣ намояд”. Зеро, ҳисси баланди миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва садоқати ҷавонони мо ба Ватан, миллат ва обу хоки сарзамини аҷдодӣ гарави амнияту осоиши ҷомеа, пешрафти давлат ва ободии имрӯзу фардои Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.Агар мо дар рафъи ҳама гуна мушкилу хатар бо талоши созанда ва саъйу кӯшиши қатъӣ дар канори сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарҷамъу иттифоқ бошем, ҳеҷ неруе ва ҳеҷ бадхоҳе тавоноии муқобилият карданро бо миллати сарбаланди тоҷик нахоҳад дошт.
Ахмедова З.Д., муаллими калони
кафедраи забони олмонӣ
ва забони хориҷии дуюм