​Мо ҷонибдорӣ сулҳу суботем!

Даҳаи гузаштаи моҳи сентябр дар шаҳри Душанбе музокироти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Иброҳим Раисӣ баргузор гардид, ки ин ҳамоиш аз гузаштаи таърихӣ, пайвандҳои фарҳангӣ, забонӣ, нажодӣ ва динии муштарак аз муҳимтарин хусусиятҳоянд, ки Тоҷикистонро бо Эрон дар як ҳавзаи фарҳангӣ ва тамаддунӣ қарор медиҳанд ва заминаи лозим барои ҳамгироии бештарро фароҳам месозанд.

Ҳамкориҳои гуногунпаҳлӯи Тоҷикистону Эрон, ки пас аз истиқрори ризоияти миллӣ ва пойдории сулҳ дар Тоҷикистон ба таври густурда оғоз гаштаанд, сол аз сол амиқтар,пурмазмунтарвағанитар мегарданд. Ва чунин ҳам бояд бошад, зеро ин сатҳ ва умқимусаллами муносиботи халқҳои ба ҳам хешу табор аст.

Ҳамакнун ин ҳамкориҳо дар пойдорӣ ва фарогири манфиатҳои ҳамаи гурӯҳҳои иҷтимоӣ ва қавму миллатҳои сокинони Афғонистон гардидааст. Дар ин росто Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон таъсиси ҳукумати ҳамашумулро омили калидии истиқрори сулҳу суботи пойдор дар Афғонистон донистаанд.

Дар музокироти рӯзи 17.09.2021 бо ҷониби Покистон барпо намудаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки “дар ҳукумати фарогир тоҷикон ва дигар қавмиятҳо бояд ҷойгоҳи шоиста дошта бошанд.

Ҳарчи тезтар аз байн бурдани низоъ ва ташаннуҷ дар вилояти Панҷшер тавассути эълон кардани оташбас ва кушодани роҳҳо барои расонидани кумакҳои башардӯстона ба мардуми ин минтақа аз вазифаҳои муҳимтарини имрӯза дониста шуданд.

Мо бар онем, ки дар пешбурди ин раванд Созмони Милали Муттаҳид бояд нақши калидӣ дошта бошад”.

Албатта, дар бесарусониҳои давлати ҳамҷавор як нафар набояд, бетараф бошад, зеро нооромии он кишвар ба вазъи кишварҳои ҳамсоя низ таъсир хоҳад расонд. Халқи тоҷик оид ба ҳаққи ҳамсоягӣ мақоли хубе дорад, ки “ҳамсоя ҳамсояат бемор шавад, хабар бигир!”. Вазъи имрӯзаи кишвари ҳамсоя дар ҳақиқат ба беморӣ шабоҳат дорад. Зеро он ҷангу нобасомониҳои дар он давлат рух дода таърихи анқариб нимасра дорад, ба қавле кӯдаки кӯчак 40 сола шудаасту дар Ватанаш оташи ҷанг ҳеҷ не хомӯш гардад....

Агар он ҷангу ҷидол оташбас нашаваду давлатҳои ҳамсояву Созмони Миллали Муттаҳид, ки аҳдофу маромаш ин оромии мардуми рӯи замин аст, муттаҳид гардида алангаи оташу нобасомониҳоро хомӯш насозанд, тақдир, ҳуқуқ ва вазъи халқи он ҷо иқоматдошта чи мешуда бошад?...

Мо ҳамчун шаҳрванди давлати гулгулшукуфо пешниҳодҳои Садри муаззами худро сад дар сад дастгирӣ менамоему итминон дорем муаммои давлати ҳамсоя бо тези ҳалли худро дармеёбаду ҷанги хонумонсӯзи онҳо бас.....

Шарифзода М. – устоди ДДХ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ