​Мазҳабгароӣ душмани ислом

Мувфиқи сарчашмаҳои таърихи дини ислом гуфтори зерин ба Муҳаммад Пайғамбар (с) таалуқ дорад: Яҳудиҳо ба ҳафтоду як мазҳаб пароканда шудаанд, масеҳиҳо ба ҳафтоду ду мазҳаб пароканда шудаанд. Ҷамоаи ман низ пароканда мешавад ба ҳафтоду се мазҳаб.

Таърихан дар ислом парокандагӣ ва низо байни пайравони дин аз сабаби ба мазҳабҳо ҷудо шудани он пайдо шуда будааст. Аниқтараш тибқи ривоят нахустин низоъ дар даврони халифати Усмон соли 656 бо сабаби норозигии мисриҳо аз ҳукмронии ў сар задаст. Пас аз изҳори норозигӣ Усмон тариқи мактуб фармони қатли эътирозгаронро ба миср фиристода, мактуб дар роҳ ба дасти худи мисриҳо фаромадааст. Онҳо бо роҳбарии Абдуллоҳ писари Абубакр шўриш бардошта, Усмонро ба қатл расонидаанд. Ҳамин тариқ барои интихоби халифаи нав нофаҳмӣ сар зада, тарафдорони ақидаҳо ба ду мазҳаб ҷудо шудаанд, тавре таърих собит сохт низоъ байни онҳо солҳо идома меёбад.

Низои мазҳабӣ тавре маълум аст, дар ҳаёти маънавии ҷамъият падид омада, бо масъалаҳои эътиқод ва арзишҳои маънавӣ алоқаманданд. Низои мазҳабӣ – задухурд ва муқобилияти байни пайравони мазҳаби гуногун, ки бо мухталифати арзиш, тафаккур ва муносибат ба намояндагони дигар мазҳаб. Дар замони муосир низ асоси низоъҳои динӣ парокандагии мазҳабӣ буда, тавре аз воситаҳои ахбори умум шоҳид ҳастем, то ба хунрезиҳо анҷом меёбад. Ҳамарўза тариқи ВАО-и ватаниву хориҷӣ доир ба чунин задухурди мазҳабҳо иттилоъ ба назар мерасад. Бояд қайд кард, ки чунин ахбор солҳои охир бештар ба назар мерасад. Агар оғози солҳои 2000 ин задухурдҳо бо кашокаш ва сангпартоӣ анҷом ёбад, солҳои охир дар чунин задухурдҳо даҳҳо нафар ҷони худро нисор кардаанд. Мисоли рўшани гуфтаҳо аз сомонаҳои интернетӣ низ ҳамарўза мушоҳида мекунем.

Тавре нависандаи аврупоӣ Ҷотатан Свифт таъкид менигорад: «Имони мо барои бадбинии ҳамдигар кифоягӣ мекунад, аммо барои дўст дошатни ҳамдигар кофӣ нест». Ин суханони нависанда ҳақиқати талхи вазъияти муосирро ифода мекунад, зеро мутаасифона дар кишваре, ки байни аҳолӣ дину мазҳабҳои мухталиф мавҷуд аст, задухўрдҳо, нофаҳмиҳо, бо натиҷаҳои нохуш ва марговар бештар гардида истодаанд. Мисол дар Бангладеш ҳолатҳои куштори рўҳониёни масеҳӣ, буддоӣ сўзонидани хонаи онҳо ба қайд гирифта шудааст. Ин гурўҳ асосан аз ҷониби мусалмонони суннимазҳаб таъқиб мегарданд. Худи мусалмонон бошанд дар ин кишвар аз ҳамлаҳои мусаллаҳонаи пайравони мазҳаби ҳинду азият мекашанд. Байни худи мусалмонони Бангладеш низ задухўрдҳои зиёд ба қайд гирифта шудааст. Тавре аз сарчашмаҳои иттилоотӣ бар меояд дар Бангладеш мазҳаби аҳмадия низ мавҷуд буда, байни дигар мазҳабҳои ислом задухўрдҳои мусаллаҳлона зуд-зуд ба амал меояд. Дар дигар мамолики дунё Алҷазоиру Индонезия, Филипин, Миср барин кишварҳо нооромӣ ва мухолифат аз сабаби зиддиятҳои мазҳабӣ сар зада истодаанд. Ё дар кишварҳои Шарқи наздиқ, Покистон, Афғонистон ва даҳҳо кишварҳоро мисол оварда метавонем, ки дар онҷо маҳз мухолифати мазҳабӣ боиси муноқиша байни аҳолӣ гардадаанд. Маҳз ин задухурдҳо сабаби хароб гардидани маҳаллаву, шаҳрҳо, бепарастор мондани фарзандон шудааст.

Имрўз дар тамоми ҷаҳон зуҳуроти «Низои мазҳабҳо» паҳн гардида, то ба ҷангҳои мусаллаҳона расидааст. Ҷангҳои Ироқу Сурия далели қотеъи он аст, ки мазҳабгароӣ оқибати нохуш дорад. Барои роҳ надодан ба чунин оқибатҳо, дар макотиби миёнаву олӣ, масҷидҳои ҷомеъ тариқи васоити ахбори омма, натиҷаи нохушӣ мазҳабгароиро ба пуррагӣ фаҳмонидан мувофиқи мақсад аст. Зеро мазҳабгароӣ душмани ислом буда, аксари андешаҳои мазҳабҳои кунунии аксаран тундрав бо арзишҳои аслӣ ва покӣ дини ислом муносибате надоранд.

Қосимова И.Т., дотсенти кафедраи журналистика ва назарияи тарҷума

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ