​Масъалаи глобалӣ: таъсири терроризм ва экстремизм ба суботи ҷаҳонӣ

Имрӯз масъалаи терроризм ва ифротгарои яке аз масалаи доғе мебошад, ки дар ҳар гӯшаю канори дунё амалҳои дахшатноки террористӣ бо истифодаи моддаҳои тарканда, аслиҳаҳои оташфишон , яроқи сард ва шпхсони худкуш ба амал меояд. Асосан амалҳои номбурда дар байни мусулмонон содир шуда истодааст.

Ифротгарои ва терроризм яке аз масъалаҳое мебошад,ки нафақат ҷомеаи моро балки ҷаҳонро низ ба ташвиш оварааст.

Терроризм ва ифротгарои-аз зуҳробҳои номатлуби замони имрӯза ба ҳисоб рафта, боиси ба миён омадани оқибатҳои вазнин ва нохуши зерин сабаб мешавад:

-таҳдид ё истифодаи зӯроварӣ, расонидани зарари вазнин, таҷовуз ба ҳаёти шахс ё шахсони фаъоли ҷомеъа;

-бенизомӣ;

-тағйири сохти конститутсионӣ;

-ғазби ҳокимият ва аз они худ карданиваколатҳои он;

-ба миён овардани низоҳои миллӣ, иҷтимоии дунё ва ғайра.

Истифодаи терроризм мақсади ҷисмонан бартараф кардани рақибони сиёсӣ, вайрон намудани осоиштагии ҷамъиятӣ, ба тарзу таълука андохтани аҳолӣ ва расонидани таъсир барои иҷро ё қабули зарарҳои ҳокимият мебоҳад. Зулм, зҳровари, фишороварӣ таҳқир ва паст задани шаъну шарафи инсон. Гурӯҳҳои дигари этники ва динӣ аз ҷониби ҷомеа ва давлатӣ мумкин аст эътирозро ба вуҷуд оварад ва дар он мумкин то ба ифротгароӣ сабзида расад.

Имрҳз хиёнаткорон ва душманони миллат, ки аслан дар хориҷа зиндаги мекунанд, аз дур истифода ба мисли афроди “носипосу кҳрнамак” миллату ватанро танқиду мазомат мекунанд, ба наздикони худ хиёнатро дареғ намедоранд муқобили давлату ҳукумати Тоҷикистон фитнакори мекунанд, дар сомонаҳои иҷтимои фикру андешаҳои ғаразноки худро баён менамояд. Барои ба мақсад расидан қабл аз ҳама ҷавононро ҳадафи худ қарор медиҳанд, то инки ба ҷалби ҷавонон гурӯҳҳоим фитнаан гез рашкил дода онҳоро барои амали намуданимақсадҳоинопокихуд истифода намояд. Бино бар он моро зарур аст, ки бояд ба донишу қаҳогбинии васеъ мусаллаҳ бошем ва аз фитнаангезон ҳамида дури ҷӯем , ба онҳо мубориза барем, зеро решаи терроризм ва ифротгарои дар фитна мебошад.

Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд карданд, вазъи имрӯзаи минтақа ва ҷаҳон аз ҳамаи мақомотҳои қудрати тақозо дорад, ки дар ҳама вақту замон барои пешгири аз ҳама ҳолатҳо омода бошанд. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии кишвар бояд диққати асосиро ба қобилият ва омодабошии ҳайъати шахсии равона карда, ҳама вақт дар мубориза бар зидди тероризм, ифродгарои тайёр бошанд.

Агар мо ҳақиқатро, дастовардҳои миллатро ба тариқи муташаккилона ҳифз намоем, дигар касе наметавонад мардуми моро бо ишораҳои ғайри ҳуқуқи фирефта, дар ҷомеаи навини тоҷикон тафриқа эҷод намоед. Сулҳи тоҷикон ба осони ба даст наомадаас, ва аз ин рӯ ҳамагон бояд тамоми кӯшишро ба харҷ диҳем, то парчами сулҳамон абадӣ ҷилвагар бимонад.

Дар айни ҳол надонистану сарнавишти таърихи миллати худ, фориғболию бехабарӣ ва носипосӣ нисбати мероси меъёри фарҳангӣ он шахсро ба ин кори ҳақиқат гузошта, ба бегонапарастию қадр накардани арзиши дастовардҳои истиқлолиятӣ миллӣ оварда мерасонад.

Қайд кардан ба маврид аст, ки нақши фарҳанг, ташфиқоту тарғиботи таълиму тарбияи наврас дар ҳамин раванд дар таҳкими эҳсоси ватандорӣ, худшиносии миллӣ эҳтиром ва таърихи ниёгон ва дар пешгирии низоъҳои иҷтимоии ниҳоят бузург аст. Беҳуда нест, ки қувваҳои манфиатҷӯӣ дар оғози амалҳои ғаразноки худ аввал арзишҳои фарҳанги-маънавӣ (ахлоқию-динӣ)-ро коҳиш дода, фалақ месозанд, баъдан ҳисси нобовари ва таҳдит намуда, ба амалҳои зишт ва хафноки худ даст мезананд.

Сабаби пайдоиш ва паҳн гардидани ин гуна падидаҳо номатлуб аз он шаҳодат медиҳанд, ки сптҳи пасти шароити зиндагӣ, бехабар будан аз маърифати ҳуқуқи ва худшиносӣ, таълиму-тарбияи нокифояи насли наврас хусусан ҷавонон боиси шомил шудани онҳо ба гурӯҳҳои зидди ноҳуқуқӣ мегардад. Дар чунин вазъият масъулияти азими таърихи ва рисолати шаҳрванди истиқлолияти ва осоиштаги ҷомеаи худро аз чунин пайомадҳои манфи ва таъсири қувваҳои моҷароҷӯ эмин нигоҳ дорем.

Дар шароити ҷаҳонашавию душвор гардидани муносибатҳои байналмилали сиёсию-иқтисоди ва масъалаҳои ҳифзи симои миллию маънавӣ, пос доштани арзишҳои маънавӣ, баланд бардоштани сатҳи фарҳангӣ, сиёси ва маърифати ҳуқуқи аҳолии кишвар хусусан ҷавонон диққати махсус зоҳир намуданд ба мақсад мувофиқ аст.

Бинобар ин мо шаҳрвандон, омӯзгорон, мураббиён ва дигар фаъолони ҷомеаро зарур аст, ки дар марзи ҷаҳонишавӣ ба дарки масъулияти истиқлолияти худро на танҳо бо шиору гуфтор, ситоишу парастиш, балки бо меҳнати софдилона ва самими дар ҳама соҳаҳо таҳким бахшем, бепарво набошем, масъулиятро ҳис намоемва барои таълиму тарбияи наврасон, ҷавонон дар рӯҳи ватандӯстӣ, худогоҳиву худшиносӣ, инчунин ҷалби онҳо дар корҳои созандагиву ободкорӣ ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, таҳким бахшидани ваҳдатӣ миллӣ саҳмгузор бошем.

Раҷабов Т.Ю., омӯзгори калони кафедраи нақшакашӣ, геометрияи тасвирӣ ва методикаи таълим

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ